Панду андарзхои бузургон

0
639

Чанд панду насиҳати аз бузургонамонро баҳри шумо, корбарони сомонаи Donishju.tj гирдоварӣ намудем, то дар ҳаёти ҳаррӯзаамон мавриди амал қарор диҳед. Барои зиёд намудани маводҳо сомонаи моро ба дӯстонатон тавсия диҳед ва маводро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо паҳн кунед. Марҳамат панду андарзҳои бузургон >>

гуфтахои бузургон, панду андарзи бузургони точики

Загрузка...

Толеи ҳар кас ба дасти худаш аст.


Роз, ки аз се гуш гузашт дигар роз нест.


Хоби посбон чароғи дузд аст.


Касе, ки як бор маро фиреб медиҳад барои ӯ нанг аст, вале касе, ки ду бор маро фиреб медиҳад барои ман нанг аст.


Духтари оқил ҷавони фақирро ба пирамарди сарватманд тарҷеҳ медиҳад.


Он касе, ки аз ранҷи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранҷ хоҳад буд.


Одами дурусткор ба хотири як қитъа устухон худро ба саг табдил намекунад.


Марди чоплус як душмани махфӣ аст.


Он ки тӯҳмат мезанад, ҳазор бор мекушад ва қотил як бор.


Дӯстонро дар хилват сарзаниш кунед ва дар малои омм таҳсин.


Агар намедонӣ бипурс.


Офати саховатмандӣ исроф аст.


Сиришт, ки аз дар ронда шуд аз тиреза медарояд.


Касе, ки дар берун аз хона худро оқилтар аз муҳити хонааш нишон медиҳад, аҳмақе беш нест.


Онки ашкҳои як кӯдакро нахушконад, худ хоҳад гирист.


Дуруғгӯ ба фиреби дигарон шурӯъ мекунад ва ба фиреби худаш поён меёбад.


Бо қарз агар домод шудӣ бо ханда Худоҳофизӣ кун.


Забонатро нигоҳ дор ҷойгоҳат боло меравад.


Агар ба меҳмонии гург меравӣ саг ба ҳамроҳат бубар.


Одами хашмгин наметавонад ҳақиқатро бигӯяд.


Сари мор бурида шавад дигар як ресмон аст.


Оқил забонашро дар қалб ва аҳмақ дар даҳон ҷой додааст.


Касе, ки аз ранxи зиндагӣ битарсад, аз тарс дар ранx хоҳад буд.


Дунё пас аз марги мо чи дарё чи сароб.


Шароби бепулро ҳам қозӣ мехӯрад.


Шағол, ки аз боғ қаҳр кунад фоидаи боғбон аст.


Кӯр аз Худо чӣ мехоҳад? Ду чашми бино.


Бодовардаро бод мебарад.


Мурғашро куша гуфта намешавад.


Ҷавоби аблаҳ хомўшист.


Марг ба фақиру ғанӣ нигоҳ намекунад.


Мақолаҳои гузашта дар ин мавзӯъ >> Гуфтаҳои бузургон

Рӯйати Панду андарз<<