Пандномаи Аттори Нишопурӣ

0
460

Дар баёни он, ки се чиз аломати саодатмандӣ аст

Ҳар ки онро се аломат бошадаш,
Дар ҷаҳон аҳли саодат бошадаш.
Аввалан, бо айб набвад дар ҷаҳон,
Дар маломат ҳеҷ накшояд забон,
Заҳмати худро зи мардум дур дор,
Бори худ бар кас маяфган, зинҳор.
Ҳар киро бинӣ ба роҳи носавоб,
Сар ба роҳаш ор, то ёбӣ савоб.

Зиндагиномаи Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Дар баёни он, ки се чиз аломати растагорист

Гар ҳамехоҳӣ, ки бошӣ растагор,
Рух мегардон, эй бародар аз се кор:
Зиллате дидан бувад ҳукми казош,
Баъд аз он ҷустан ба ҷону дил ризош;
Чист савум? – дур будан аз риё.
Ҳар кӣ ин дорад бувад аҳли сафо.
Садақа, к-олуда гардад бо риё,
Кай бувад он садақа мақбули Худо?

Загрузка...

Зиндагиномаи Фаридуддин Аттори Нишопурӣ инҷо <<

Дар баёни он, ки фасоди подшоҳон аз чор чиз аст

Чор чиз омад фасоди подшоҳ
Бо ту мегуям, вале дораш нигоҳ.
Аввалан, дар мамлакат ҷаври амир,
Дигар он бошад хиёнат бо вазир.
Чун шавад ғофил вазири бехабар,
Мулки шоҳ аз вай шавад зеру забар.
Подшоҳро з-ин сабаб девон шавад,
Оқибат ранҷи дили султон шавад.
Гар амиронро шавад қувват падид,
Дар вилоят фитнаҳо гардад надид,
Чун салобат4 ӯ дар вуҷуди шаҳ шавад,
Дасти мирон аз ситам кутаҳ шавад.
Гар наорад шаҳ салобатро ба кор.
Мулк вайрон гардад аз ҳар нобакор.
Бо раъият гар кунад султон ситам,
Марваро бошад бақо дар мулк кам.

Рӯйхати маводҳои “Пандномаи Аттор” <<

Пандномаи Аттори Нишопури, эчодиёти Аттори Нишопури, Фаридун Аттори Нишопури.