Пайдо шудани ҷараёну мазҳабҳо дар протестантизм

Баъдтар дар протестантизм як қатор равияҳои дигар низ пайдо шуданд, ба монанди: баптистҳо, квакерҳо, методистҳо, меннониҳо ва ғайра.

а. Баптизм. Яке аз равияҳои ниҳоят калону паҳншудаи масеҳият ин баптизм мебошад. Баптизм хусусан дар асри XIX дар ШМА ба тарзи васеъ паҳн гардид. Аз рӯи маълумотҳо дар ШМА аз аввали асри  XIX то соли 1890 шумораи баптистҳо аз 56-345 нафар то ба 3717 969 нафар расида буд. Ба паҳншавии босуръати ин ҷараён дастгирии моли буржуазия ёрӣ расонид, хусусан дастгирии молии миллионер Ҷон Рокфеллер.

Дар давоми асри XIX баптизм дар ҷаҳони масеҳият тез интишор меёфт. Дар соли 1905 дар Лондон Конгресси якуми умумиҷаҳонии баптистҳо шуда гузашт, ки дар он Иттиҳоди умумиҷаҳонии баптистҳо созмон дода шуд. Дар Англия низ баптизмро намояндагони барҷастаи сиёсии давлат дастгирӣ менамуданд. Аз баптизм бо мурури замон ҷараёнҳои мухталифи динӣ ҷудо шуданд.

б. Адвентистҳои рӯзи 7-ум

          Дар солҳои сиюми асри XIX пешгӯии пайғамбаронаи фермери одӣ Уилям Миллер (1782-1849), узви яке аз ҷамъиятҳои баптистии Ню-Йорк ба пайдоиши ҳаракати адвентистҳо сабаб гардид. Библияро омӯхта истода Миллер ҳисоб кард, ки ба зудӣ дар соли 1843 дунё ба охир мерасад ва Иисус ба сӯи замин бозмеояд, вале дар он сол чизе рӯй надод. Миллер бо шогирдонаш, ки онҳоро акнун «адвентист» меномиданд, бори дигар ҳамаи арқомро ҳисоб намуда ба хулосае омаданд, ки Христос 22 октябри соли 1844 омадааст, вале на ба замин, балки ба ҷои махсуси осмон. Пешгӯиҳои охирини онҳо омадани Христосро дар соли 1995 муайян карда буд. Ба ақидаи онҳо дар ин мартабаи дуюми омадани Иисус олам бо оташ нест карда хоҳад шуд ва мӯминон барои зиндагӣ замини нав пайдо хоҳанд кард. Парҳезкорон дарҳол зинда мегарданд, гунаҳкорон – баъди 1000 сол, баъзеҳо бошанд абадӣ нест мешаванд. Онҳо дӯзаху биҳишт, абадияти рӯҳ ва  ҳамагуна вақтхушиҳоро инкор менамоянд. Онҳо ҳоло аз пешгӯиҳо дар бораи омадани Христа даст кашидаанд.

          в. Шоҳидони Йегов. Дар соли 1827 дар ШМа аз адвентистҳо як гурӯҳе ҷудо шуд, ки аъзоёни он худро «муҳаққиқони Библия» номиданд. Сардори ин гурӯҳ Ҷ. Руссель буд. Ӯ аз соли 1879 сар карда то имрӯз журналеро бо номи «Башня стражи» (Манораи посбонӣ) аз чоп мебарорад. То соли 1931 гурӯҳи мазкур «Ҷамъияти Библиявӣ ва рисолавии манораи посбонӣ» номида мешуд. Аз соли 1931 то имрӯз ин ҷамъияти динӣ «Шоҳидони Йегов» номида мешавад. Ин ташкилоти динӣ дар бисёр кишварҳои Аврупо ҷамъиятҳои худро дорад. Аз он ҷумла он дар Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда буд, вале ба сабаби баъзе аъмоли ношоистаи аъзоёни он фаъолияти ташкилоти динии мазкур манъ карда шуда буд.

          г. Панҷоҳгонаҳо. (Пятидесятники)

          Дар охири асри XIX аз калисои методистӣ равияи наве бо номи «ҳаракати қудсият» ҷудо шуд. Ба ақидаи асосгузори он Ҷон Уэсли гузаштан ба ҳолати қудсият дар як лаҳза рӯй медиҳад. Онҳо аз китоби муқаддас мисол меоварданд, ки чи тавр дар рӯзи Пятидесятнитса Рӯҳи муқаддас ба шогирдони Христос тӯҳфаҳо дод: ба яке имон, ба дигарӣ – хосияти табобаткунӣ, ба сеюмӣ – мӯъҷизаофарӣ ва ғайра.

          Дар 1 январи соли 1901 дар мактаби омӯзиши Библия дар шаҳри Топики штати Канзаси ШМА толибае нохост ба забони хитоӣ сухан гуфтан гирифт. Баъд аз вай эпидемияи глоссолалий (сухан гуфтан ба забони ношинос, бегона  ҳамаи мактабро фаро гирифт. Дар ҳамин асос таълимоте пайдо гардид, ки тибқи он ҳангоме  одам ба забони барояш номаълум гап мезанад, бо даҳони ӯ худи Рӯҳи муқаддас сухан мегӯяд. Глоссолалия шаҳодати ғусли таъмиди Рӯҳи муқаддас гардид. Ба зудӣ роҳбари мактаб Ч.Парҳем тарғиби таълимоти навро дар штатҳои ҷанубӣ оғоз кард. Баъд аз якчанд сол Д.Сеймури негр, шогирди Парҳем дар давоми се сол идеяҳои Пятидесятнитсаи муқаддасро паҳн кард. Ибодату намозҳои дар ҳолати ваҷд иҷро мекардагии ӯ, ки дорои глоссолалия низ буданд, мардуми зиёдеро аз тамоми кишвар ҷамъ меовард. Ҳамин тавр, ҳаракати Панҷоҳгонаҳо дар Амрикову Аврупо ва Африқо паҳн гардид. Дар Русия низ равияи Панҷоҳгонаҳо бо номи Масеҳиёни Инҷил ва ғайра вуҷуд дорад. «Пятидесятнитса»-рӯзи панҷоҳуми пас аз пасхаи яҳудиён мебошад. Дар ин рӯз Рӯҳи муқаддас ба назди апостолҳо (авлиёҳои дини масеҳӣ) нузул карда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуда буд.

          Шумораи равияҳое, ки аз мазҳаби протестантизм дар давоми асрҳо баромадаанд, дар ҷаҳони имрӯза хеле зиёданд ва барномаи маҳдуди мактаби олӣ имкони фарогирии ҳамаи онҳоро надорад.

Шарҳ баста аст.