Паҳн шудани буддоия ба кишварҳои дигар

          Паҳн шудани буддоия дар кишварҳои хориҷа бештар якҷоя бо фаъолияти тоҷирони ҳиндӣ сурат мегирифт. Дар асри III то мелод он ба Цейлон ва аз он ҷо то асри V ба Бирмаву Сиам ва аз асри V ба Индонезия роҳ ёфт. Буддоия ва браҳманизм дар Индонезия то асри XIV вуҷуд доштанд  ва баъд ислом ҷои онҳоро гирифт. Дар ин кишварҳои ёдшуда мазҳаби буддоияи ҳинаянӣ, яъне буддоияи давраи аввал ҳукмрон гардид. Дар Хитой бошад мазҳаби ҳинаяна, ки ҳанӯз дар асри I мелод ба он ҷо роҳ ёфта буд, дар асри V ҷои худро ба мазҳаби маҳаяна дод. Аз Хитой буддоия дар асри IV ба Корея ва аз он ҷо дар асри VI ба Япония роҳ ёфт. Буддоия ҳанӯз дар давраи Ашока дар Непал паҳн шуд ва баъд он  шакли буддоияи туббатиро гирифт. Ҳозир бошад буддоиҳо дар Непал камтар аз 10% аҳолии онро ташкил медиҳанд.

           Кишвари асосие, ки буддоия дар он инкишоф ёфта ниҳоят мустаҳкам гардид, ин Туббат буд. Буддоия ба Туббат дар асри VII роҳ ёфт дар шакли мазҳаби ҳинаяна. Ва он дар ин кишвар муддати дароз ҳамчун дини аҳли дарбор боқӣ монд.

          Буддоия аз асри IX сар карда дар байни мардуми одии Туббат низ акнун дар шакли  мазҳаби маҳаяна роҳ ёфт. Паҳнкунандаи он Падма Самбава (асри VIII) бо ҷонибдоронаш буд. Ӯ дар баробари ин аз сеҳру ҷоду, даъвати рӯҳ, фолбинӣ, дуохонӣ низ васеъ истифода мебурд. Ӯ барои бештар ҷалб кардани омма нафақат ваъдаи биҳишти Сукҳавата, балки дӯзахи сӯзонро низ барои гунаҳкорон ваъда дод. Ва дар ҳақиқат ҳам омма ба буддоия рӯ овард. Акси ин ҳол ҳам дар байни баъзе қабилаҳо ҷой  дошт. Чунончи, дар замони ҳукмронии шоҳ Лангдарм (асри Х) буддоия мавриди таъқиб қарор гирифт. Аммо буддоиҳо дар соли 925 он шоҳро кушта ғалаба ба даст оварданд. Буддоия дар асри XI дар Туббат ғалабаи пурра ба даст овард ва он дар шакли равияи тантризм ривоҷ ёфт. Асосгузори тантризм ҳамон Падма Самбава ба ҳисоб меравад. Аммо намояндаи машҳури он роҳиб Ҷу- Адиша мебошад, ки ӯ дар асри XI аз Ҳинд ба Туббат омада буд. Тантризм ё низоми тантрҳо таълимоти тасаввуфӣ буда, дар он аз таълимоти буддоияи ибтидоӣ қариб чизе боқӣ намонда буд. Тантризм дар ҷои аз ҳама олӣ Адибудда-мавҷуди олии беибтидою беохирро мегузорад. Буддоҳо тибқи тантризм ба 3 гурӯҳ ҷудо мешаванд: одамӣ, мушоҳидавӣ ва бешакл. Тантристҳо ба мушоҳидаю дуоҳои сеҳрнок (даранӣ) диққати калон медиҳанд ва ба ақидаи онҳо донистани даранӣ азнавтавлидшавӣ ва расидан ба нирванаро  метезонад ва осон месозад.

Шарҳ баста аст.