Паҳлавони тарсончак

0
63

Соле аз Балх ба Бомиён сафар мекардам ва роҳ аз ҳаромиён (дуздон) пурхатар. Ҷавоне ба бадрақа (барои роҳнамоӣ) ҳамроҳи мо шуд сипарбоз, чархандоз (тирандоз) ва пилзур, ки дах марди тавоно зеҳи камоии ӯро кашида руи замин пушти ӯро зада наметавонист. Лекин нозпарвард буд, на ҷахондидаву сафарқарда. Раъди куси (овози накораи) диловарон ба гушаш нарасида ва барқи шамшери саворон надида (буд).

Загрузка...

Байт

На афтода дар дасти душман асир,
Ба гирдаш на борида борони тир.

Иттифоқо ману ин ҷавон ҳар ду дар паи ҳам давон будем. Ҳар девори қадим, ки ба пешаш мебаромад, ба қуввати бозу меафканд ва ҳар дарахти азим, ки медид, ба зури сарпанҷа аз бех меканд ва фахркунон мегуфт:

Байт

Пил ку, то китфу бозуи гурдон бинад?
Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад?

Мо дар ин ҳолат (будем), ки ду ҳинду аз паси санге cap бароварданд ва оҳанги китоли (қасди куштани) мо карданд. Дар дасти яке чубе ва дар бағали дигаре кулухкубе буд. Ба ҷавон гуфтам:

-Чӣ пой (ба чӣ нигоҳ карда истодӣ)?

Бисёр он чӣ дорӣ зи мардию зурӣ,
Ки душман ба пои худ омад ба гуре.

Тиру камонро дидам аз дасти ҷавон афтода ва баданаш ба ларза даромада.

Чорае чуз он надидем, ки либосу силону ҷома раҳо кардем (кашида додем) ва ҷон ба саломат бурдем.