бозор, бозори мехргон дар ш Душанбе

Қонуни тақозо ва хусусиятҳои он

Тақозо раванди доимию устувор, такроршаванда ва ба ҳам алоқаманди байни субъектҳои иқтисодиро оид ба қонеъ гардондани эҳтиёҷу дархост ва ниёзмандӣ нисбат ба неъматҳои иқтисо-дию ғайрииқтисодӣ ифода мекунад. Дар ин мазмун он ҳамчун қонуни  иқтисодӣ сурат мегирад. Он сирати айнӣ дошта, бидуни хоҳиши субъектҳои иқтисодӣ ба роҳ монда мешавад.

    Ба сифати қонун сурат гирифтани тақозоро дар: таҳсиси муносибатҳо оиди эҳтиёҷмандӣ, вобастагии он нисбат ба нарх ва ҳаҷми неъматҳои ба бозор пешниҳод кардашаванда, алоқа-мандии нархи молҳо ва миқдори молҳои харидашаванда, пайдо шудани талабот ба молҳои нав ва аз байн рафтани он, бо мурури бештар истеъмол (истифода) кардани он ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.

Тибқи дархости қонуни тақозо, миқдори молҳои истеъмолшаванда ба дараҷаи нархҳои онҳо бояд мусоидат намоянд. Чӣ қадаре ки нархи молу маҳсулот ва хизматҳо баланду тамоюли боло рафтан дошта бошанд, ҳамон қадар онҳо аз ҷониби харидорон камтар харида гирифта мешаванд. Дар ҳолати бемайлон баланд гардидани нарх ҳаҷми фурӯши молҳою хизматҳо тибқи паст гардидани талабот мувофиқан паст мегарданд. Яъне, имконияти қонеъ гардондани талабот бо молҳои зарурию хизмат-ҳои пешниҳод кардашаванда, бо мурури боло рафтани нархҳо торафт маҳдуд карда мешавад. Ва баръакс, агар нарх паст шудан гирад, онгоҳ ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот ва хадамот афзалтар мешавад. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки дар бозор байни нарх (пасту баландшавии он) ва ҳаҷми маҳсулот (каму зиёд  гаштани он) ва тақозо (маҳдуд ё худ васеъшавии он) алоқамандӣ ва вобастагии зич ва доимӣ вуҷуд дорад. Дар ҳар як ҳолат тағйир ёфтани ҳар яке аз онҳо, хоҳ нохоҳ, ба ҳамдигар бетаъсир намемонад.

Ҳамин гуна вобастагии мутақобиларо ҳангоми камбуди(дефитсит)-и баъзе аз чизҳо ё худ бозорҳо мушоҳида кардан мумкин аст.

Худ аз худ маълум аст, ки агар намуди ин ё он мол дар бозор набошад, талабот ба он меафзояд ва нарх ба он баланд шудан мегирад. Ин вазъиятро мо бештар нисбати молҳои озуқа-ворию хӯрокворӣ ҳангоми фасли зимистон ҳис мекунем. Бо фаро расидани фасли тобистон воридшавии молҳо ба бозор паи ҳам афзун мегардад ва нархҳо оҳиста-оҳиста рӯ ба поён мениҳанд.

Вале ин пастшавии нархҳо то ба ҳадди муайян сурат мегирад. Ин ҳадро масрафи истеҳсолу муомилот (нархи хариди молу маҳсулот, ашё, музди кор, хароҷоти роҳ, борпечонӣ ва дигар сарфиятҳои ғайричашмдошт) муайян мекунад. Дар ин ҳолат молу хадамот ба ҳамон нархе фурӯхта мешавад, ки он ҳамаи ха-роҷотҳоро рӯпӯш кунад ва ба соҳибкор (фурӯшанда) фоидаи муайянро таъмин намояд. Маҳз, мақсади фоидаҷӯӣ водор месозад, ки молистеҳсолкунандагон, миёнаравон, фурӯшандагон, хизматгорон ва табақоти ҳавасманд бозорро бо молу маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ таъмин намоянд. Аз ин ҷиҳат та-қозо ба миқдори фурӯшандагон, теъдоди пешкаш кардани неъматҳои моддӣ аз ҷониби онҳо, шумораи харидорон, қобилияти харидории муштариён, дараҷа ва сатҳи сифати молу хизматҳои пешниҳодшаванда ва ғайра вобаста мебошад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки кам шудани миқдори молҳо дар бозор на фақат ҳангоми боло рафтани нархи онҳо, балки аз сабаби пур шудани бозор аз дигар намуди молу маҳсулот, яъне чизҳои пешниҳодшаванда низ ба вуҷуд омада метавонад. Агар як намуд ва хели маҳсулот ҳамеша ба бозор пешкаш ва харида шавад, он гоҳ он ба истеъмолкунанда кайфият ва ҳаловат намебахшад.

Маҳз мавҷуд будани талаботҳои гуногуну беохир ва манфи-атҳои шахсӣ сабаби рақобатпазирию васеъ гаштани бозор, афзудани доираи истеҳсолоту пешниҳоди молу маҳсулот, натиҷаи кофтукову ихтироотҳо ва навовариҳои ҷаҳони иқтисодӣ мегардад.

Аз гуфтаҳои боло чунин хулоса бармеояд: дар аснои бидуни тағйир вогузоштани ҳама ҷанбаҳои нарх, хоҳ нохоҳ, пастшавии он таносубан ба баландшавии тақозо оварда мерасонад. Ва баръакс, дар аснои баланд гадидани нарх аз ҳисоби  ҳамагуна  шарту  шароит ва омилҳои мавҷуда, ба мувофиқан паст рафтани сатҳ ва дараҷаи тақозо оварда мерасонад. Ин алоқамандӣ ва ҳамбастагии байни тақозову нарх ҳамчун қонуни тақозо сурат мегирад (7,62).


Конуни такозо ва хусусиятхои он, хусусиятхои конуни такозо

Шарҳ баста аст.