Қонуни ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо

Тазодҳо гуфта, тарафҳоеро меноманд, ки самти ҷараёни ба ҳамдигар муқобил доранд. Таъсири мутақобилаи ҳамин тарафҳо зиддият ё муборизаи баҳамзидҳоро ташкил медиҳад. Зиддият аз тафовут вобаста аст. Вале ба инобат бояд гирифт, ки на ҳар кадом тафовут ба зиддият сабаб мегардад. Танҳо ҳамон тарафҳои тафовутнок муносибати зидҳоро ташкил дода метавонанд, ки агар тамоили гуногун, самти гуногуни тағйироту инкишоф дошта бошанд.

Ҳамчун шакли мавҷудияти материя зиддият (ягонагӣ ва муборизаи баҳамзидҳо) қонунияти воқеияти объективӣ ва маърифат буда, бо назардошти ин яке аз қонунҳои диалектика мебошад. «Зиддият, – менависад Гегел, – ана он чиз, ки ба олам ҳаракат мебахшад, ва гуфтан хандаовар аст, ки зиддиятро андешидан номумкин аст». «… Зиддият, – қайд мекунад ӯ, – асоси ҳар гуна ҳаракат ва қобили ҳаёт будан аст».

Таснифоти гуногуни зиддиятҳои ҳастӣ ва маърифат мавҷуданд. Зиддиятҳои дохила ва беруна, шаклӣ-мантиқӣ ва диалектикӣ, асосӣ ва ғайриасосӣ, муҳим ва ғайримуҳим, антагонистӣ ва ғайриантагонистӣ ва ғ. ҷудо карда мешаванд. Дар таҳқиқи зиддиятҳои инкишоф алҳол таснифоти зиддиятҳо, назар ба механизми ҳалшавии худи зиддиятҳо, начандон муҳим аст.

Зиддияти диалектикӣ ин таъсири мутақобилаи хосиятҳо, тарафҳо, равандҳо дар низом мебошанд, ки ба сифати сарчашма ва қувваи ҳаракатдиҳандаи он баромад мекунанд. Зиддиятҳо дар ҳар кадом зинаи сохтории ҳастӣ, дар андозаҳои ҳам моддӣ ва ҳам маънавии он ҷой доранд. Албатта, онҳо ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ ҷой дар намуди ҷудогона вуҷуд надоранд, балки ягонагии генетикию функсионалиро ташкил медиҳанд, ки дар он ҳалли як зиддият восита-асоси ҳалли зидиятҳои дигари низом шуда метавонанд.

Зиддиятҳои диалектикӣ тарзҳои гуногуни ҳалшавӣ доранд. Ба назар бояд гирифт, ки баҳамзидҳо на танҳо бо ҳамдигар зиддият, инчунин ягонагӣ доранд. Бинобар ин, яке бе дигаре амал карда наметавонад. Ғолиб гардидани як тарафи муқобил аз болои дигараш имконпазир аст, ки дар ин ҳолат доимо худи тарафи музаффарёфта низ бетағйир намемонад, чунки низом ба сифати нав мегузарад. Яке аз шаклҳои муҳими ҳалшавии зиддиятҳои диалектикӣ ин интиқолёбӣ, баҳамгузарии тарафҳои он дар ягон доираи сеюм мебошад, ки ҳар дуи ибтидоҳои зидро муттаҳид месозад. Масалан, зиддиятҳои байни ҷамъият ва табиат, шахс ва ҷомеа, озодӣ ва масъулият ва ғ. аз ҳамин ҷумла мебошанд. Онҳоро бо роҳи «ғолиб созондан»-и яке аз тарафҳои муқобил ҳал кардан номумкин аст.

Шарҳ баста аст.