Омилҳои рушди туризми байналмилалӣ

Индустрияи туризм ва меҳмондорӣ солҳои охир зери таъсири як қатор омилҳо инкишоф меёбад ва ин омилҳо ба ду гурӯҳ, яъне беруна ва дохилӣ ҷудо мешаванд. Ба омилҳои беруна: сиёсӣ – ҳуқуқӣ, бехатарии саёҳат, иқтисодӣ ва молиявӣ, фарҳангӣ, демографӣ, инфрасохтори-коммуникатсионӣ ва технологияи навин дохил мешаванд.

Омилҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ. Вобаста ба он ки давлат чи гуна сиёсатро мутаносибан ба туризм роҳандозӣ менамоянд, захираҳои туристӣ дар сатҳҳои гуногун истифода мешавад. Агар сиёсати кишварҳои Аврупо ба ҳарчи бештар ҷалб намудани туристон бобати истифодаи захираҳои туристӣ равона шуда бошад, баръакс дар як қатор кишварҳои Шарқи исломӣ вобаста ба сиёсати давлат захираҳои туристӣ ба тариқи интенсивӣ истифода намегардад. Дар ин гурӯҳ кишварҳо муносибат ба туристони хориҷӣ беҳбудиро талаб менамояд.

Омили бехатарии саёҳат. Вобаста ба ин меъёри рушди туризм масъалаи бехатарӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Туристони кишварҳои мутараққӣ ба таъминоти бехатарӣ диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Низоъҳои байналмилалӣ ё амалиётҳои ҳарбӣ, экстремизму терроризм на танҳо рушди туризмро боз медорад, балки боиси он мегардад, ки ҳукуматҳои кишварҳои содиркунандаи туристон рӯйхати давлатҳои номуносиби туристиро нашр менамоянд. Чунончӣ солҳои охир ба рӯйхати ин гуна мамлакатҳо Афғонистон, Ироқ, Сомалӣ, Ливия, Судан ва ғайра дохил карда шудаанд (вобаста ба вазъи ноороми дохилии сиёсӣ).

Гузашта аз ин ҳолати беҳдоштию эпидемиологӣ, солимии маводи ғизоӣ, бехатарии туристиро таъмин менамояд.

Омилҳо молиявӣ — иқтисодӣ. Ба индустрияи меҳмондорӣ омили макро ва микроиқтисодӣ низ таъсир мерасонад. Номуназамии макроиқтисодӣ, болоравии сатҳи таваррум, афзоиши бекорӣ низ яке аз омилҳои муҳими иқтисодии таъсиррасонанда дар рушди туризм мебошад. Дар мамлакатҳое, ки даромад аз туризм саҳми бештари ММД-ро ташкил медиҳад, сармоя барои сохтмони меҳмонхонаҳои нав ва беҳгардонии инфрасохтори туризм равона мегардад.

Омили фарҳангӣ. Мероси фарҳангӣ ҳамеша туристонро ба худ ҷалб менамуд. Муҳити фарҳангӣ яке аз он захираҳоест, ки ба омехташавии ҷараёни оммавии туристон таъсир мерасонад. Масалан: осорхонаи Лувр дар Париж, Эрмитаж дар Санкт – Петербург, девори бузурги Чин, Диснейленд дар Токио вобаста ба хусусиятҳои фарҳангӣ туристонро ба худ ҷалб менамояд.

Омили иҷтимоӣ-демографи. Дар натиҷаи афзоиши аҳолӣ иқтидори туристии ҷаҳон низ зиёд мегардад ва дар натиҷа ба фаъолияти туристӣ шумораи бештари захираҳои меҳнатӣ ҷалб мегардад.

Ҳайати синну солӣ ва хонаводагии аҳолӣ дар рушди туризми байналмилалӣ ниҳоят муҳим аст. Қисми зиёди туристонро нафароне ташкил медиҳанд, ки синнашон аз 18 то 35 сола аст. Қариб 20%-и ҳамаи туристонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин саҳми ашхосони пиронсол низ (аз 55 сол боло) бузург аст, ки онро «туризми синни сеюм» меноманд.

Омили инфрасохторӣ-коммуникатсионӣ. Нақлиёт ва инфрасохтори туризм интиқоли туристро ба макони истироҳат ва баръакс таъмин менамояд. Ба кулли дестинатсияҳои туристии машҳур вазъи инфрасохтор бахусус фурудгоҳҳо, роҳҳои автомобилӣ аҳамияти хоса дорад. Қобили зикр аст, ки аввалин таассуротҳои оид ба сафари туристӣ маҳз аз сифати ҳамлу нақл пайдо мешавад.

Туристон ба ба ҷое сафар намуданро меписанданд, ки амният ва сатҳу сифати баланди хизматрасонӣ таъмин бошад. Дар аксарияти кишварҳо полиси туристӣ фаъолият менамояд, ки ба масоили таъмини амнияти туристон машғул аст.

Таъминоти иттилоотӣ низ хеле муҳим аст. Дар шаҳрҳои калон марказҳои иттилоотӣ вуҷуд доранд, ки он ҷо метавон шаҳр ва хадамот ба меҳмонҳои хориҷӣ ба забони модариашон пайдо намуд. Мутаассифона, дар шаҳрҳои чумҳурии Тоҷикистон ин гуна марказҳои махсус надоранд.

Рушди савдо. Ҳангоми сафар ба хориҷа туристон аксаран бар андешаи онанд, ки аз куҷо ва чӣ метавон харид намуд. Он метавонад маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ, армуғонҳо ва ғайра бошад. Як қатор кишварҳои ба монанди Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Юнон, Италия, Сингапур туристонро ба савдои фаъол ва нархҳои дилхоҳ ба худ ҷалб менамояд, яъне – шоптуризм инкишоф меёбад.

Омили технологӣ. Дастовардҳои раванди илмӣ-техникӣ дар индустрияи туристӣ бахусус дар чунин соҳаҳо ба монанди ҳамлу нақл, низоми ташвиқот ва иттилооти истеъмолӣ васеъ истифода мешавад. Рушди технологияи телекоммуникатсионӣ ба ташкили низоми компютеркунонии банднамоӣ (брон) дар реҷаи онлайн оварда расонидааст.

Мукаммалгардонии маҳсулоти туристӣ. Маҳсулоти туристӣ натиҷаи талоши намояндагони бахшҳои гуногуни индустрияи туристӣ мебошад. Робита миёна бахшҳои ҷойгиркунонии нақлиёти мусофирбар, ташкилкунандагон ва фурӯшандагони хадамоти туристӣ ниҳоят муҳим аст. Боиси тазаккур аст, ки вазъи муҳити атроф ва инфрасохтор ба сифати маҳсулоти туристӣ таъсир мерасонад. Агар макони ҷойгиршавии захираи туристӣ аз лиҳози экологӣ носолим бошад ва ё зери таъсири омили антропогенӣ хароб шуда бошад, сабаби коҳиш ёфтани ҷалби туристон мегардад.

Маркетинг. Моҳияти маркетинг дар рушди туризми байналмилалӣ аз як ҷониб бо ниёзҳои истеъмолӣ ва хоҳиш, аз ҷониби дигар дар натиҷаи рақобат дар бозори туристӣ вобаста аст. Таваҷҷуҳи зиёд ба гурӯҳи омилҳои географии рушди туризми байналмилалӣ равона карда мешавад. Ба ин омилҳо захираҳои рекреатсионӣ, мавқеи географӣ, вазъи геополитикӣ ва ғайра шомиланд.

Шарҳ баста аст.