ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Ҷомеаи шаҳрвандӣ низоми махсуси муносибатҳо ва институтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, оилавӣ ва шахсие мебошад, ки дар миёни одамон дар раванди фаъолияти ҳаётии онҳо зоҳир мегардад. Гуногунрангӣ ва ташаккули баланди институтҳо ва муносибатҳои мазкур аз дараҷаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дарак медиҳанд.

Раванди таҳаввулоти давлат дар марҳилаҳои муайян ва шароитҳои мушаххаси таърихӣ боиси пайдоиш ва рушду инкишофи давлати ҳуқуқӣ мегардад. Аммо амалишавии давлати ҳуқуқӣ бе ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулёфта ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандӣ бо пайдоиши давлат алоқаманд буда, пайдоиши мафҳуми «ҷомеаи шаҳрвандӣ» баробари мафҳумҳои «сиёсат» ва «ҳокимият» қаламдод мегардад.


Калидвожаҳо: сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, чомеаи шахрванди, реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, ЧОМЕАИ ШАХРВАНДИ.

Шарҳ баста аст.