Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусиятҳои он

Бори аввал ба таҳқиқи масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ Афлотун машғул гардида, дар баробари «давлати сиёсӣ» инчунин мавҷудияти «ҷомеаи шаҳрвандӣ»-ро низ нишон додааст. Ба ақидаи ӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои қонеъ сохтани талаботи шаҳрвандон хизмат мерасонад. Дар баробари Афлотун, инчунин Арасту низ давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро аз ҳам фарқ менамуд. Чунин шакли тафаккур ва ҷаҳонбиниро дар Рими Қадим Ситсерон ташаккул дода, ҳамзамон аввалин шуда моҳияти давлати ҳуқуқиро низ муайян намудааст. Аммо танҳо дар асрҳои XV-XVII масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таври назариявӣ ва бонизом таҳқиқ мегардад ва маҳз дар ҳамин давра фарқиятҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мушаххас карда мешаванд.

Масалан, Н.Макиавелли фарқияти давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар муносибат бо ахлоқ ва сиёсат мебинад. Ба ақидаи ӯ, давлат аз маҷмӯи муносибатҳои сиёсӣ иборат буда, сиёсат муносибатҳои ғайриахлоқӣ аст. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ маҷмӯи муносибатҳои ғайрисиёсӣ буда, асоси онро арзишҳои ахлоқӣ ташкил медиҳанд. Ба ақидаи Н.Макиавелли, давлат набояд ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат намояд ва ҳамзамон чӣ гунае ки ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастаи давлат аст, он низ бояд вобастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад. Томас Гоббс бошад, ҷомеаи шаҳрвандиро аз давлат ҷудо намуда, қайд менамояд, ки қонунҳо ва анъанаҳои шаҳрвандӣ бо давлат алоқамандие надоранд ва давлат аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷудо аст. Ҷон Локк пайдоиши ҷомеаи шаҳрвандиро пештар аз пайдоиши давлат медонад. Ба ақидаи ӯ, давлат дар марҳилаи муайяни рушду инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада, дар вақти зарурат боз аз байн меравад. Жан-Жак Руссо ҷомеаи шаҳрвандиро ба мисли ҷомеае медонад, ки барои пайдоиши давлат замина гузошта, асоси шартномаи ҷамъиятиро ба вуҷуд овардааст. Ба ақидаи ӯ, мавҷудияти шартнома оид ба озодиҳо ва маҳдудиятҳо моҳияти чунин ҷомеаро ташкил медиҳад. Шарл Луи Монтеске ҷомеаи шаҳрвандиро натиҷаи рушду инкишофи дурударози таърихӣ медонад. Ба ақидаи Монтеске, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳамдигар монанд нестанд, аммо бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Кӯшиши аз байн бурдани яке аз онҳо боиси шиддатнокӣ ва таркиши иҷтимоӣ мегардад. Бинобар ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ барои гирифтани пеши роҳи диктатура ва худсарӣ беҳтарин ва муҳимтарин кафолат ба шумор меравад. Ҳамзамон, Монтеске қонунҳои шаҳрвандӣ ва давлатиро аз ҳам фарқ намуда буд.

Масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби олимони немис ба таври васеъ таҳқиқ карда шуда, амиқу дақиқ назарияпардозӣ гардидааст. Ба ақидаи Иммануил Кант, мувофиқат ва мутобиқати озодиҳои як инсон бо озодиҳои инсони дигар асоси рушду инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин ӯ қайд менамояд, ки меъёрҳои зерин асоси ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳанд: 1) озодии инсон ҳамчун узви ҷомеа; 2) баробарии инсон ҳамчун узви ташкилоти ҷамъиятӣ; 3) мустақилияти инсон ҳамчун шаҳрванд. Дар баробари Кант инчунин Фридрих Гегел низ ба масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, моҳияти онро ба таври дигар муайян намудааст. Ба ақидаи ӯ, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақиланд. Давлат иродаи умумии шаҳрвандонро ифода намуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ гардонидани манфиатҳои шахсии шаҳрвандони алоҳида хизмат мерасонад. Аз сабаби он ки ҷомеаи шаҳрвандӣ аз уҳдаи ҳалли низоъҳои дохилии ҷомеа баромада наметавонад, идора ва танзими давлатию ҳуқуқии ҷомеа дар мадди аввал гузошта мешавад.

Таълимоти сиёсии Алексис де Токвил дар рушду инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ марҳилаи наверо ба вуҷуд овардааст. Ӯ мавҷудияти институтҳои давлатии пурқудратро зарур мешуморад, аммо барои паст кардани дараҷаи суиистифодаи ҳокимият мавҷуд будани институтҳои ҳамвазни институтҳои давлатиро низ муҳим арзёбӣ мекунад. Ба ақидаи ӯ, ба вуҷуд овардани ҷомеаи шаҳрвандии мустақиле, ки вобастаи давлат нест, дар рушду инкишофи демократия мусоидат намуда, ҳамзамон ҷомеаро аз хатари суиистифодаи ҳокимият эмин нигоҳ медорад.

Гузашта аз ин, ҳарчанд асосгузорони марксизм-ленинизм диктатураи пролетариатро ба ҷомеаи шаҳрвандӣ монанд накарда бошанд ва давлати ҳуқуқиро ба давлати сотсиалистӣ ҳамшабеҳ дониста бошанд ҳам, онҳо оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ибрози андеша намуда буданд. Аммо чунин андешаронӣ дар доираи таҳлили ҷомеаҳои буржуазӣ сурат гирифтааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳлилҳои марксистӣ аз таълимоти Карл Маркс сарчашма мегирад. Ба ақидаи ӯ, ҷомеаи шаҳрвандӣ асосе мебошад, ки фаъолиятҳои ҳаётии инсонро дар ҷомеа ташкил медиҳад ва он «сарчашма ва саҳнаи воқеии таърих» аст[1]. Ҳамзамон, Карл Маркс қайд намуда буд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ давлатро ба вуҷуд оварда, он қувваи пешбарандаи пешрафти ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Пайравони К.Маркс, аз ҷумла В.И.Ленин, дар таҳлил ва омӯзиши масъалаи мазкур амалан кореро анҷом надодаанд.

Илмҳои сиёсии замони муосир барои шарҳи моҳияти масъалаи мазкур муносибатҳои мухталиферо ба вуҷуд овардааст, ки ҳар яки он арзиши илмӣ дошта, паҳлуҳои мухталифи ҷомеаи шаҳрвандиро ифода менамоянд. Дар маҷмӯъ ҷомеаи шаҳрвандӣ низоми институтҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ ва умумиятҳои одамонеро дар бар мегирад, ки онҳо барои худташаккулдиҳии фардҳои алоҳида ва коллективҳои мухталиф шароити муосид фароҳам оварда, ба воситаи ин шароитҳо талабот ва манфиатҳои худро ифода менамоянд ва маҷмӯи муносибатҳои ғайрисиёсиро дар ҷомеа ташаккул медиҳанд (муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ, миллӣ, динӣ, маънавӣ ва ғ.). Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқоиса бо давлат, ки он сохтори иерархӣ ва амудӣ дорад, дорои сохтори уфуқӣ мебошад ва ин сохторҳо дар миёни одамон ва давлат ҷойгиранд.

Ҳарчанд ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳиятан аз давлат вобаста набошад ҳам, он бо давлат алоқамандии зич дорад. Кафолатҳои ҳуқуқии давлат ба таври воқеӣ амалӣ гардидани фаъолияти институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин менамоянд.


Калидвожаҳо: сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, чомеаи шахрванди, Чомеаи шахрванди ва хусусиятхои он. Хусусиятхои чомеаи шахрванди, хусусиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.


[1] Карл М., Энгельс Ф. Соч. – Т.3. – С.35.

Шарҳ баста аст.