Ҳокимият ва сиёсат

Як қатор олимон ҳокимият ва сиёсатро як шуморида, баъзан онҳоро ба ҳам монанд менамоянд. Гурӯҳи дигари олимон дар байни сиёсат ва ҳокимият алоқаҳои ногусастаниеро нишон медиҳанд. Воқеан, ҳокимият сарчашмаи марказии сиёсат буда, воситаи дар амал татбиқ намудани он ба шумор меравад. Мубориза барои ба даст овардан, нигоҳ доштан ва самаранок истифода намудани ҳокимият бечунучаро масъалаи сиёсӣ мебошад. Масъалаи мазкур баъзан тариқи интихобот, баъзан тариқи таъйинот ва баъзан тариқи забт карда гирифтани ҳокимият ҳал карда мешавад. Одатан, ҳокимият барои неруҳои иҷтимоие, ки кӯшиши дар амал татбиқ намудани мақсадҳои худро доранд, ҳадафи ягона нест. Аммо онҳо баъди ба даст овардани ҳокимият сохтори мушаххаси ҳокимиятро дар сатҳҳои гуногун ташаккул медиҳанд. Ҳукуматдорони нав манфиат ва ҳадафҳои худро дар амал татбиқ намуда, сиёсати шахсии худро дар ҳаёт ҷорӣ менамоянд. Дар чунин ҳолат сиёсат сабаби пайдоиши ҳокимият ва ҳокимият сабаби пайдоиши сиёсат мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки мавҷудияти ҳокимият ва сиёсат аз ҳам вобастаанд.

Масъалаи мазкур на танҳо мазмуни назариявӣ, балки хусусияти амалӣ низ дорад. Дар ҳама гуна вазъият масъалаҳои ҳокимият, нигоҳ доштан ва истифода бурдани он асоси сиёсатро ташкил медиҳанд. Масалан, дар раванди баргузории маъракаҳои интихоботӣ ҳокимият сиёсати популистиро ба роҳ монда, мардумро бо ваъдаҳои хушку холӣ ба самти муайян сафарбар менамояд. Аз ҷониби бозингарони сиёсӣ пешниҳоди неъматҳои ҷамъиятӣ ба намоиш гузошта мешавад. Масалан, ғамхорӣ нисбат ба ятимон, камбизоатон, беморон ва монанди инҳо. Дар раванди мазкур ҳамчунин давлатҳои хориҷии аз ҳокимияти мавҷуда манфиатдор иштирок намуда, намояндагони воломақоми худро мефиристанд, ки онҳо, дар навбати худ, дар бораи сармоягузориҳои муфид ва қарзҳои имтиёзнок суҳбатҳо намуда, мардумро ба ояндаи дурахшони ватанашон умедвор месозанд ва бо ин роҳ низоми сиёсии мавҷударо дастгирӣ менамоянд. Ҳамин тариқ, масъалаи ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият бо тамоми унсурҳои худ сиёсат аст. Ба ибораи дигар, коркарди стратегияҳо, интихоби мақсадҳо, истифодаи воситаҳо, дар амал татбиқ намудани усулҳои мубориза ва ғ. мазмун ва мундариҷаи сиёсатро ташкил медиҳанд.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, хокимият, хокимияти сиёси, ҳокимияти сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси

Шарҳ баста аст.