Оинҳои ведӣ ва браҳманӣ.

Таърихи динҳо дар Ҳинд ба се давра ҷудо мешавад: давраи ведӣ, давраи браҳманӣ давраи ҳиндуизм.
Давраи аввалро ведӣ ба он хотир меноманд, ки маҷмӯаҳои матнҳои қадимаи аз кишвари мазкур ёфташуда «веда» ном доштанд (веда, яъне дониш). Матнҳои ведаҳо ба забонҳои аврупоӣ тарҷума карда шудаанд. Ведаҳо ин маҷмӯаҳои матнҳое мебошанд, ки дар замонҳои гуногун пайдо шудаанд. Ведаҳо ба чор маҷмӯаи асосӣ-самҳитҳо тақсим мешаванд. Маҷмӯаи аз ҳама қадим дар байни онҳо «Ригведа» мебошад, ки он китоби гимнҳост. Ба ин маҷмӯа китоби «Самаведа» марбут аст. Он дорои матнҳои намоз ва урфу одатҳо мебошад. Баъди он маҷмӯаи «Яҷурведа», китоби ибодатҳо ва сипас маҷмӯаи аз ҳама дер «Атҳарваведа» меояд, ки ин ахир дорои сурудҳою дуоҳои соҳирӣ мебошад.
Ин маҷмӯаҳо ҳаҷман хеле калон буда, як Ригведа дорои 1028 гимн мебошад. Дар давоми асрҳои зиёд онҳо даҳонакӣ аз як кас ба каси дигар гузашта, хеле баъд дар замонҳои дер ба рӯи коғаз оварда шудаанд. Аз ҳамин рӯ, муайян кардани таърихи пайдоиши онҳо кори хеле душвор аст. Новобаста ба ин, матнҳои Ригведа аз текстҳои замонҳои дер хеле фарқ мекунанд. Маҳз онҳо манзараҳою саҳифаҳои равшану воқеии динҳои аввалаи ҳиндуориёиҳоро ба мо нишон медиҳанд.
Дар ибтидо қабилаҳои ориёие, ки аз пуштакӯҳҳои Эрон ба Ҳинд ҳуҷум оварданд, дар вазъи нимкӯчигӣ қарор доштанд ва аз сохти обшинаи ибтидоӣ ба сохти ҷамъияти синфӣ мегузаштанд. Ин қабилаҳо бо мардуми маҳаллии Ҳинд аз ҷиҳати маданӣ умумияте надоштанд. Онҳо ҳавзаи дарёи Ҳинд ва баъдтар ҳавзаи дарёи Ганга ва сипас Шимолу Ғарб ва Шарқи Ҳиндустонро низ ишғол намуданд. Ин давраи гузариш дар Ригведа ва ведаҳои дигар инъикос гардидааст.

Шарҳ баста аст.