Об ва масоили он дар ҶТ. Ҳифзи ҳуқуқии об дар ҶТ

Об ва масоили он дар ҶТ. Об сарчашмаи ҳаёт буда, яке аз мавҷудоти рӯи олам ба шумор меравад. Атокунандаи ҳаёт ба ҳамаи мавҷудоти зинда буда, аз он тамоми мавҷудоти зинда ва замин ғизо мегиранд. Бо шарофати он инсон зиндагонӣ менамояд. Беҳуда нест, ки мардуми Шарқ мегӯянд: «Дар куҷо, ки об ҳаст, дар он ҷо ҳаёт низ ҳаст»[1]. Об омили муҳими табиат буда, аз борону барф сарчашма мегирад ва бавуҷудоии он аз одамон вобастагӣ надорад. Бесабаб нест, ки паёмҳои офаридгори осмону замин, табиату ҳаёти мавҷудоти зинда ба об бахшида шудаанд[2].

Дар миқёси сайёраи мо аз 100 фисади захирахои об 97,5 фисадаш обҳои шӯр буда, 2,5 фисадаш обҳои тоза ҳастанд. Обҳои тозаро инсон барои хурок, қонеъ намудани талаботи хоҷагии қишлоқ, саноат ва бо дигар мақсадҳо истифода мебарад. Аз ин бармеояд, то чи андоза оби тоза лозим ва арзишнок аст. Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки дар Замин захираи оби тоза дар як андозаи муайян буда, миқдори он худ аз худ зиёд намегардад.

Аз оби тоза, ки гавҳари ноёб аст инсон сол аз сол зиёдтар истифода мебарад. Сабаби истифодабарии зиёдтари об дар потенсиали саноатӣ, васеъ гаштани шабакаҳои обтаъминкунии хоҷагии қишлоқ ва беҳтар гардонидани шароити санитарии муҳити атроф мебошад.

Об ва масоили онро асноди ҳуқуқии байналхалқӣ ва дохилидавлатӣ ба танзим даровардааст. Асноди ҳуқуқии байналхалқӣ ва дохилидавлатӣ вазъи ҳуқуқии обро муайян намуда, баҳри ҳалли масоили он, ки аз ҷабҳаи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва ғ. иборат аст, равона гардидаанд. Ба асноди ҳуқуқии байналхалқии об ва масоили он Ҳуҷҷати Ҷамъбастии «Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо», ки масоили обро дар баробари дигар масоилҳо пешбинӣ кардааст, мисол шуда метавонад[3]. Ба асноди ҳуқуқии дохилидавлатӣ, ки ба об ва масоили он бахшида шудаанд, ҳуқуқи давлатҳои алоҳида шомиланд. Дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон асноди ҳуқуқии бахшида ба об ва масоили онро Конститутсия, Кодекси об ва дигар асноди қонунгузорие, ки мутобики онҳо қабул гардидаанд, ташкил медиҳанд.

Асноди меъёрию ҳуқуқии ҶТ бахшида ба об ва масоили онро мумкин аст ба таври зайл пешниход кард: 1) Конститутсияи ҶТ; 2) Кодекси оби ҶТ; 3) дигар қонунҳои ҶТ, ки масоили истифодабарии обро баррасӣ менамоянд; 4) асноди зериқонунӣ, ки ба масоили об дахл менамоянд; 5) шартномаҳои байналхалқие, ки аз ҷониби ҶТ ба тавсиб расидаанд ва ба истифодабарии об ва тозагии он вобастаанд.

Дар моддаи 13 Конститутсияи ҶТ омадааст, ки «Об моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодабарии самаранокии онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Асоси қонунгузории ҶТ роҷеъ ба об ва масоили он маҳз муқаррароти мазкур аст, чунки дар асоси он тамоми асноди ҳуқуқӣ доир ба об ва масоили он қабул мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки муқаррароти Конститутсияи ҶТ оид ба об баҳри амалӣ гардидани истифодаи самаранок ва ҳифзи ҳуқуқии он равона гардидааст.

Дар Кодекси оби ҶТ об ва масоили он ба танзим дароварда шудааст. Кодекси оби ҶТ муносибатҳои вобаста ба обро бо мақсади таъмини истифодабарии самаранок, баҳри қонеъ гардонидани талаботҳои аҳолӣ, соҳаи иқтисодӣ ва муҳити табиии атроф, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, заҳролудшавӣ вa камшавӣ, пешгирӣ ва бартарафсозии таъсироти бад, беҳтар гардонидан ва муҳофизати объектҳои обӣ, мустаҳкамкунии қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои обӣ, ба танзим медарорад.

Дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ инсон бояд бо об эҳтиёткорона муносибат намуда, онро сарфакорона истифода бурда, ба ифлосшавӣ, заҳролудшавӣ ва камшавии об рoҳ надиҳад. Ашхоси ба ифлосшавӣ, заҳролудшавӣ ва камшавии об роҳ дода, мутобиқи қонунгузории ҶТ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд[4]. Масалан, Кодекси ҷиноятии ҶТ дар моддаи 226 ҷавобгарири ҷиноятиро нисбати об ва захираҳои он бо номи «Ифлос кардани об» овардааст, ки мақсадаш таъмини ҳифзи иншооти обӣ аз таъсири антропогеннӣ буда, бо роҳи риоя кардани қоидаҳои истифодаи об, нигоҳ доштани сифати об, пешбинии расонидани зарар ба олами ҳайвонот ва наботот, захираҳои моҳӣ, хоҷагии ҷангал ва кишоварзӣ, ҳаёт ва саломатии инсон амали мегардад[5].

Об сарвати табииест, ки дар тараққиёту пешрафти давлат нақши муҳим мебозад. Давлат баҳри самаранок истифода бурдан ва ҳифз намудани об чораҳои лозимӣ меандешад. Ба амал баровардани чорабиниҳо аз рӯи самаранок истифода бурдан ва ҳифз намудани об низоми назорати давлатиро таъмин менамояд. Назорати давлатӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.

Ба асноди зериқонунӣ дар соҳаи об амру фармонҳои Президенти ҶТ, қарорҳои Маҷлиси Олии ҶТ, қарорҳои Ҳукумати ҶТ ва дигар асноди зериқонунӣ мансубанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол як қатор асноди зериқонунӣ бахшида ба об қабул гардидаанд, ки амалашон баҳри ҳалли масоили вобаста ба об равона гардиданд[6].

Давлатҳо баҳри ҳалли масоили вобаста об дар ҳамкориҳои зич қарор доранд. Танҳо бо роҳи ҳамкории наздики давлатҳо ин масоилро ҳал кардан мумкин аст. Давлатҳо баҳри ҳалли ин масоил якчанд чораҳо андешида истодаанд. Бастани созишномаву шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи экология ва об ба зумраи онҳо дохил мешаванд. Масалан, Созишномаи ИДМ «Дар бораи ҳамкорӣ намудан дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити табиии атроф» аз қабили онҳоянд[7].

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз қабили он давлатҳое мебошад, ки ба ҳалли масоили вобаста ба об чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар арсаи ҷаҳон кушиш ба харҷ медиҳад. Дар ин ҷода саҳми Президенти Эмомалӣ Раҳмон хело назаррас аст. Президенти ҶТ ба вазъи экологии ҷумҳурӣ, камшавии захираҳои оби ҶТ ва таъсири он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ диққати махсус медиҳад[8]. Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ «Ҷумҳурии Тоҷикистон: дар остонаи асри XXI»[9] масоили вобаста ба обро хеле бамаврид нишон дода, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намудааст. Маҳз бо таклифи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон СММ Қарори махсус дар бораи «Соли байналмиллалии оби тоза эълон шудани соли 2003» қабул кард[10].

Бахшида ба соли байналмиллалии оби тоза – 2003 сол Созмони Миллали Муттаҳид бо мақсади ҳарчи хубтар дарк намудани масоили об аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ва ҳалли онҳо Форуми умумиҷаҳонии обро ташкил намуд. Бояд қайд кард, ки саҳми Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар кори Форуми умумиҷаҳонии об низ калон аст[11].

Ҳамин тариқ, дар асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи башарӣ баҳри он кӯшиш карда истодаанд, ки об ва масоили онро ҳаматарафа омӯхта, таҳлил намуда, масоили вобаста ба обро тарзе ҳал намоянд, ки он имконияти рушди иқтисодӣ ва ободии сокинони сайёраро дар садсолаҳои оянда барои наслҳои фардо муҳайё созад.

Ҳифзи ҳуқуқии об дар ҶТ. Об манбаи ҳаёт, яке аз қисмати асосии муҳити атроф буда, функсияҳои махсуси экологиро ба амал бароварда, аҳамияти калони иқтисодию экологӣ дорад. Дар асоси омӯзишу тадқиқотҳои олимону муҳаққиқон оид ба об ҳамчун объекти ҳуқуқи экологӣ[12] ва қонунгузории оби ҶТ[13] кушиш ба харҷ дода мешавад, ки ҳифзи ҳуқуқии об дар ҶТ мавриди арзёбӣ қарор гирад.

Ба низомдарории ҳуқуқии об мувофиқи қонунгузории он, ки аз Кодекси об ва санадҳои қонунгузорие, ки мутобиқ ба он қабул гардидаанд, иборат буда, ба амал бароварда мешавад.

Дар зери мафҳуми ҳуқуқии об захираҳои табиии обҳоро мефаҳманд, ки дар алоқамандии зичи муҳити табиии зист буда, онҳоро объектҳои обӣ – дарёҳои дохилимарзӣ, кулҳо, обанбору каналҳо, обҳои зеризаминию пиряхҳо, обҳои дарёҳои байнидавлатие, ки майдонҳои обҷамъшавиашон қисман ё пурра дар қаламрави ҶТ ҷойгир гардидаанд, ташкил медиҳанд.

Ҳифзи ҳуқуқии обро Кодекси оби ҶТ аз ифлосшавӣ, харобу камшавӣ, ки метавонад ба саломатии аҳолӣ зарар расонида, боиси кам шудани захираҳои моҳӣ, инчунин дар асари тағйир ёфтани хусусиятҳои табиӣ, химиявию биологии обҳо, паст шудани қобилияти онҳо ба тозашавии табиӣ, вайрон шудани низоми гидрофизикию гидрогеологии обҳо боиси бад шудани обтаъминкунӣ ва дигар шароитҳои номусоид, пешбинӣ менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳифзи обҳоро Ҳукумати ҶТ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва мақомоти махсуси ба ин ваколатдор ба амал мебароранд.

Ба ҳайси субъектони ҷавобгарии иқтисодии муносибатҳои обӣ ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии идоракунии истифода ва ҳифзи фонди об, мақомоти давлатии идоракунии фонди қаъри замин, мақомоти махсуси ваколатдор дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф баромад менамоянд.

Он ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеие, ки фаоляташон ба вазъи обҳо таъсир мерасонанд вазифадоранд тадбирҳои технологӣ, мелиоративии ҷангал, агротехникӣ, гидротехникӣ, санитарӣ ва дигар тадбирҳоро баҳри ҳифзи обҳо аз ифлосшавӣ, харобшавӣ, камшавӣ ва беҳтар шудани вазъу низоми обҳоро бо мувофиқати мақомоти ҳифзи обҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, мақомоти давлатии назорати санитарӣ ва дигар мақомоти давлатии манфиатдор ё бо дастури мақомоти давлатии ба ин ваколатдор ба анҷом расонанд.

Баҳри ҳифзи обҳо аз ифлосшавӣ ва харобшавӣ ба объектҳои об, сатҳи объҷамъкунакҳо, яхи болои махзанҳои об ва сатҳи пиряхҳо, партофтани партовҳои рӯзгор, дигар ахлоту пасмондаҳо, равғанҳо, чубу тахта ва маҳсулоти химиявию нафтӣ манъ буда, партовҳои обҳои ганда танҳо бо риоя намудани талаботҳои Кодекси оби ҶТ иҷозат дода шуда, соҳибони воситаҳои нақлиёти обӣ, хатти қубурҳо, иншоотҳои шинокунандаи болои объектҳои об, инчунин дигар шахсони ҳуқуқӣ вазифадоранд ба ифлосу камшавии обҳо, сатҳи обҷамъкунакҳо, яхи болои махзанҳои об ва сатҳи пиряхҳо роҳ надиҳанд, ки боиси сифатан бад шудани обҳои рӯизаминӣ ва тагизаминӣ бо нуриҳои маводи химиявии заҳрнок (нуриҳо ва пестисидҳо) роҳ дода, тибқи қонунгузории ҶТ ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашида мешаванд.

Баҳри ҳифзи обҳо аз камшавӣ (нигоҳ доштани низоми мусоиди оби дарёҳо, кулу обанборҳо, обҳои зеризаминӣ, дигар объектҳои об ва пешгири намудани бодлесии заминҳо, лойқанокшавии махзанҳои об, бадшавии шароити муҳити зисти ҳайвоноти обӣ, кам кардани ноустувории резиши обҳо ва ғ.) минтақаҳои ҳифзи обҳои ҷангалҳо муқаррар гардида, тадбирҳои пешбиникардаи қонунгузории ҶТ (тадбирҳои зиддибодлесии мелиоративии ҷангал, гидротехникӣ ва ғ.) андешида мешаванд.

Қонунгузорӣ дар соҳаи об ифлосшавии объектҳои обиро дар асари таъсири транссарҳадии садамаю офатҳои табиӣ барраси намуда, бо муқаррароти худ пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровари онҳоро ба обҳо пешбини мекунад. Обҳои зеризаминӣ низ кафолати ҳифзиро соҳибанд[14].

Бо мақсади ҳифзи обҳое, ки баҳри эҳтиёҷоти таъминоти нушиданию маишӣ, муолиҷавӣ ва солимгардонии аҳолӣ истифода мешаванд тибқи қонунгузорӣ ҳавзаҳою минтақаҳои ҳифзи санитарии обҳо муқаррар карда мешаванд.

Ҳифзи ҳуқуқии об ҷавобгарии шахсони ба ифлосшавӣ, харобшавӣ ва камшавии обҳо роҳ додаро пешбини намуда, ашхоси ба ин гунаҳгор тибқи қонунгузории маъмурӣ ва ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҳамин тариқ, тамоми обҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории он ҳифз мегарданд.


[1] Ниг.: Холиқов А.Ғ., Шоев Ф.М. Об ва масоили он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. // ТГНУ. Материалы научно-теоретической конференции профессорско-преподавательского состава и студентов, посвященная международному году пресной воды. «Человек и вода: история развития, настоящее и будущее». Часть I. – Душанбе: «Диловар-ДДМТ», 2003. – С. 160.

[2] Ниг.: Об ва паёмҳои Оллоҳ / Мураттибон: Салимов Т., Асроров М. – Душанбе, 2000. – 20с.

[3] Ниг.: Барои сулҳу осоиш, амният ва ҳамкорӣ.Ҷамъбасти Маҷлиси машваратӣ оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Европа. – Душанбе: «Ирфон», 1986. – С. 52-58.

[4] Ниг.: Холиқов А.Ғ., Шоев Ф.М. Мақолаи илмии зикршуда. – С. 161.

[5] Ниг.: Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Муҳаррири масъул Ҳ.Ҳ. Шарипов. – Душанбе: «Глобус», 2006. – С. 464-467.

[6] Ниг.: Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM.

[7] Ниг.: Холиқов А.Ғ., Шоев Ф.М. Мақолаи илмии зикршуда. – С. 162; Информационно-правовая система «Энциклопедия таджикского права – АДЛИЯ» – Проект Коммерческого Законодательства в Таджикистане USAID/ ARD/CHECCHI. – CD-ROM.

[8] Ниг.: Маҳмудов М.А. Сиёсати оқилона гарави осоиштаи Тоҷикистон. // Ҳуқуқшинос, № 1-2 (14), аз моҳи январ-феврали 2001с.

[9] Ниг.: Раҳмонов Э.Ш. Ҷумҳурии Тоҷикистон: дар остонаи асри XXI. // Ҷумҳурият, № 104 (20.277), аз 16.12.2002с.

[10] Ниг.: Маҳмудов М.А. Пойдевори ҷомеаи навин устувор гаштааст. // Садои мардум, № 4 (1377), аз 12.01.2002с.

[11] Ниг.: Чистая вода – долгая жизнь. Речь Президента Республики Таджикиста Э.Ш. Рахмонова на третьем всемирном форуме. // Народная газета, № 23-24 (19318), от 26.03.2003г.

[12] Ниг.: Боголюбов С.А. Китоби дарсии зикршуда. – С. 275-294; Бринчук М.М. Китоби дарсии зикршуда. – С. 526-534; Ерофеев Б.В. Экологическое право. Учебник для вузов. – М.: «Юриспруденция», 1999. – С. 247-276; Ҷабборов Р.Ҷ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 91-93; Шоев Ф.М. Ҳифзи ҳуқуқии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. // Материалы научно-теоретической конференсии профессорско-преподовательского состава и студентов «День науки». – Душанбе: ТГНУ. – С. 169-170.

[13] Ниг.: Кодекси оби ҶТ. // Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 2001, № 11. – Моддаи 510.

[14] Ниг.: Кодекси оби ҶТ. // Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ. – Душанбе, 2001, № 11. – Моддаи 510.

Шарҳ баста аст.