Оғӯши модар – биҳишти инсон (иншои озод)

Як шаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзем. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти мост. Ба зери болини кӯдак гузоштани китоб ё муқаддасоти дигар, рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тифлаш бенуқс сабзида, мададгори даврони пирии ӯ гардад. Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба ин маънӣ шодравон Лоиқ хуб ҳам фармудааст:

Ту монанди замин танҳоӣ, модар,

Ту монанди замин яктоӣ, модар.

Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро баҳри фарзанд мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест. Барҳақ, шоир фармудааст:

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Модар дар ҳама ҳолат, чӣ ҳозиру чӣ дар ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида, аз шодӣ меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо ва беназир дорад, модар…

Мутаассифона, на ҳама вақт мо ба қадри ин ганҷи нодир мерасему иззату эҳтиромашро ба ҷо меорем. Ҳолатҳое мешаванд, ки дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро бо он ҳама дилсӯзию мушфиқиаш, бо он ҳама меҳру муҳаббаташ ба коми фаромӯшӣ месупорем ва гоҳҳо, баҳраш раво медорем. Аммо баъд, аз кирдор ва рафтори хеш пушаймон мешавем, ки кайҳо дер шудаасту дигар ӯро пайдо карда наметавонем. Моро тарк гуфтани модар дар ин дунёи бевафо фоҷиаи хеле гарон аст:

Модар, модар, каси баҳиммат бошад,

Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.

Аз махзани панди он бигир арзонӣ,

Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.

Ҷои шакку шубҳа нест, ки такя дар паҳлӯи модар ва хоб дар рӯйи зонуи модар беҳтарин лаҳзаи умри мо буду ҳаст:

Такя дар паҳлӯи модарҷон, ғанимат будааст,

Хоб дар зонуи модарҷон, ғанимат будааст.

Оре, давлати фарзанд модар аст. Образи ин шахсияти нотакрор дар адабиёт мақоми хоса касб кардааст. Пайғамбарону анбиё ва шуаро симои воқеии ӯро дар сухан нишон дода, номашро то ба фалак баровардаанду дар наздаш сари таъзим фуруд овардаанд. Дар ҳадиси Расули акрам (с) омадааст: «Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст». Шоири тавоно ва сӯфии беназир Шайх Аттор ин ҳадисро дар пироҳани назм пешкаши хонандагон қарор додааст:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,

Дар зери қудуми модарон аст.

Бe муҳобот, модар ба чунин қадрдонӣ сазовор аст. Зиндагии мо худ каломи мавзун аст, ки бо аллаи модар ибтидо гирифта, бо номи мубораки он ҳусни анҷом мепазирад. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро ба назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд.  Ҳар фарзанде, ки қимати модарро донад, бо дуояш сарсабзу хушбахт ва шӯҳратёр мегардад:

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Хира бар он касонам к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар…

Ҳама пайғамбарону анбиё, олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад.

Калидвожаҳо: donishju tj, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент, мавзуи озод, мавзухои озод, мавзӯи озод, иншо, иншохо, сайти точики, сайти омузиши, сомонаи точики, сомонаи тоҷикӣ, сайтхои точики, сайти donishju tj, сайти донишчу тч, сомонаи омӯзишӣ, Огуши модар бихишти инсон. Мавзуи озод дар мавзуи модар, иншо дар мавзуи модар.

Шарҳ баста аст.