Оғози ташаккулёбии синфи коргар ва буржуазияи миллӣ

Оғози ташаккулёбии синфи коргари миллӣ. Ибтидои ташаккулёбии синфи коргар дар Осиёи Миёна асосан ба солҳои 80-90-и асри ХIХ мувофиқ меояд. Зеро, ба вуҷудоӣ ва инкишофи соҳаҳои гуногуни саноат ва сохтмони роҳи оҳан маҳз ба ин солҳо хос аст. Аммо оиди миқдори синфи коргари он солҳо маълумотҳо гуногунанд.

Албатта шумораи коргарон аз иқтидори заводҳо ва корҳои сохтмони роҳҳои оҳан вобастагӣ дошт. Маълум аст, ки корхонаҳои саноатии солҳои 80-90-и асри ХIХ хеле хурд ва аз ҳамин сабаб миқдори коргарон низ дар онҳо хеле кам буданд. Чунончӣ, соли 1885 дар 27 корхонаи нисбатан калони шаҳри Тошкент ба ҳисоби миёна 10 нафар коргар кор мекардаанд.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо, танҳо дар кишвари Туркистон, то охири асри ХIХ, шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатӣ тақрибан 10 ҳазор нафар будаанд, ки аз онҳо 70,7 фоизро намояндагони халқҳои маҳаллӣ, 22,8 фоизро русҳо, 6,5 фоизро намояндагони дигар миллатҳо ташкил мекардаанд. Ҳиссаи коргарони маҳаллӣ махсусан дар вилояти Фарғона зиёд буда, он 79,3 фоизро ташкил медод. Сабаби ин пеш аз ҳама дар он аст, ки аксарияти кулли коргарони заводҳои пахтатозакунӣ аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ буданд. Инчунин тақрибан сеяки ҳиссаи коргарони заводҳои пахтатозакунии вилояти Фарғонаро мардуми Қаротегин, ки бечоратарин мардуми аморати Бухоро буда ва бо ҳамин сабаб ҳар сол ба ҷустуҷӯи кор ба ин диёр мерафтанд, ташкил мекарданд.

Дар аввалҳои асри ХХ қисме аз корхонаҳои Осиёи Миёна ҳаҷман васеъ ва сифатан беҳтар гардида, дорои шумораи зиёди коргарон мешуданд. Дар сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон аввалин намояндагони синфи коргар дар гурӯҳи ноҳияҳои шимолии ҷумҳурӣ, махсусан дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ва атрофи он ташаккул меёфт. Аз ҷумла соли 1916 танҳо дар корхонаҳои саноатии уезди Хуҷанд — 416 нафар коргар, дар кони ангишти Сулукта — 580 нафар коргар кор мекарданд. Вале дар шароити уезди Хуҷанд ҳам, чун ба монанди бисёр дигар шаҳрҳои кадимаи Осиёи Миёна, ҳанӯз миқдори зиёди коргаронро коргарони корхонаҳои ҳунармандӣ ва косибӣ ташкил медоданд. Мувофиқи баъзе маълумотҳо соли 1916 шумораи чунин коргарон танҳо дар уезди Хуҷанд ба 2492 нафар расидааст. Яъне аз ин маълум мешавад, ки дар уезди Хуҷанд миқдори коргарони корхонаҳои ҳунармандию косибӣ нисбат ба коргарони корхонаҳои саноатӣ хеле зиёд будаанд.

Дар сарзамини Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубии имрӯза марҳилаи ташаккулёбии синфи коргар дар аввалҳои асри ХХ ҳам ҳанӯз дар ибтидои худ буд. Вале яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ташаккулёбии синфи коргар дар ин қисми Тоҷикистони то шӯравӣ он аст, ки як ҳиссаи мардуми он, аз ҷумла танҳо аз водии Қаротегин тахминан 20 ҳазор нафар  ҳар сол ба шаҳрҳои гуногуни кишвари Туркистон (махсусан водии Фарғона) ва маркази аморати Бухоро рафта, дар заводҳо, фабрикаҳо ва корхонаҳои хурди ҳунармандию косибӣ кор мекарданд. Аксари онҳо коргарони мавсимӣ буданд.

Музди кор. Албатта дараҷаи зиндагонии чӣ коргарони заводу фабрикаҳо ва чӣ коргарони кирояи соҳаи кишоварзӣ аз музди коре, ки мегирифтанд, вобастагӣ дошт. Сараввал ба музди меҳнати коргарони яке аз корхонаҳои саноатии кишвар, заводи равғанкашии дар шаҳри Чуст доштаи рафоқати «К.М. Соловев ва КО» назар мекунем. Дар ин завод ҳамагӣ 67 — 70 коргар кор мекардаанд. Музди меҳнати солонаи ҳар як коргар (аниқтараш дар як мавсим) тақрибан ба 400-500 сӯм мувофиқ меомад. Қисме аз корхонаҳои саноатӣ дар назди бинои худ барои коргарон хобгоҳ доштанд. Хароҷоти ҷои хоб ва либоси корӣ аз ҳисоби корхона набуда, балки ҳама дар души худи коргар буд. Дар натиҷа, агар дар тамоми мавсими кор (ин тақрибан ним сол давом мекард) коргари завод барои хӯроки худ 200-250 сӯм харҷ кунад, боқӣ 200-250 сӯми дигарро метавонист барои сарфи оилааш захира намояд.

Вале коргарони кирояе, ки дар хоҷагиҳои заминдорон кор мекарданд, нисбат ба коргарони соҳаи саноатӣ, музди ночизе мегирифтанд. Бояд ба эътибор гирифт, ки аввалҳои асри ХХ коргарони кирояи хоҷагиҳои заминдорон низ ба ивази меҳнаташон, на ин ки чун пештара маҳсулот, балки пул мегирифтанд. Миқдори (ҳаҷми) хизматпулӣ, чӣ моҳҳонаю солона ва чӣ рӯзона (рӯзбай) бештар ба характери маҳалҳо, ба талабот нисбати чунин коргарон вобастагӣ дошт. Аз ҷумла, дар аввали аср мардикорон дар уезди Хуҷанд, ки талабот ба онҳо нисбатан кам буд, ба ивази меҳнати солонаашон 35-50 сӯм мегирифтанд, ҳол он ки дар уезди Самарқанд (дар ин ҷо талабот ба коргарони кироя зиёдтар буд) он аз 50 то 120 сӯмро ташкил мекард. Мардикори дар хоҷагиҳои заминдорони уезди Самарқанд коркарда ба ивази музди солонааш метавонист 2 ва ё 3 асп ё худ гови ҷӯшоӣ харида гирад. Дар уезди Хуҷанд мардикорони рӯзбай ба ивази меҳнаташон 30-45 тин ва дар уезди Самарқанд 25-45 тин мегирифтаанд. То ҷанги якӯми ҷаҳонӣ дар бозорҳои Осиёи Миёна нархи як гови ҷӯшоӣ ё худ аспи корӣ тақрибан 30-40 сӯм буд.

Умуман дар шароити Осиёи Миёна музди меҳнатӣ корхонаҳои саноатӣ нисбат ба музди хоҷагиҳои заминдорон аз 5 то 10 баробар зиёд буд. Бинобар ҳамин ҳам мардуми ба ҷӯстуҷӯи кор аз мулкҳои дур, аз ҷумла аз Бухорои Шарқӣ омада, кӯшиш мекарданд, ки маҳз дар заводҳои равғанкашӣ, пахтатозакунӣ ва ғайра барои худ кор пайдо кунанд. Онҳо танҳо ҳангоми аз корхонаҳои саноатӣ пайдо накардани кор, пас ноилоҷ ба хоҷагиҳои заминдорон ба мардикорӣ дохил мешуданд.

Оғози ташаккулёбии буржузияи миллӣ. Нисбат ба синфи коргар Ташаккулёбии буржуазияи миллии Осиёи Миёна пештар оғоз гардида буд. Ба ин табақа тоҷирон, ки асрҳо боз фаъолият мекарданд, чун замина ба ҳисоб мерафтанд. Минбаъд ҷараёни ташаккулёбии буржуазияи миллиро инкишофи муносибатҳои молию пулӣ ва махсусан васеъ гардидани амалиёти сармояи бонкӣ тезонид. Зеро, чуноне дар боби пеш қайд намудем, шӯъбаҳои Осиёимиёнагии бонкҳои Русиягӣ дар шароити кишвар аз кӯмаки миёнаравҳо васеъ истифода мебурданд. Аксарияти кулли он миёнаравҳо аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ, махсусан тоҷикон, ӯзбекҳо, ва яҳудиёни маҳаллӣ буданд. Онҳо баробари қарзро ба истеҳсолкунандагон, ба ивази фоизи баланд расонидан, инчунин аз истеҳсолкунандагон маҳсулотро харида ба ширкатҳо ва савдогарони калон мефурӯхтанд, ё худ, агар худ гумоштаи онҳо бошанд, он маҳсулотҳоро ба нуқтаҳои таъиншуда мерасониданд. Дар натиҷаи чунин амалиёт миёнаравҳо оҳиста-оҳиста бою бадавлат мешуданд, худ соҳиби маблағ ва мулкҳои зиёд гардида, барои ташаккулёбии буржуазияи миллӣ ибтидо мегузоштанд.

Дар охири асри Х1Х ва махсусан аввалҳои асри ХХ аз ҷумлаи намояндагони буржуазияи миллӣ соҳибони заводҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ ва ғайра кам набуданд. Баъзеи онҳо аллакай соҳиби заводҳои зиёд гардидаанд. Масалан, соли 1915 рафоқати Вадяевҳо соҳиби 12 заводи пахтатозакунӣ ва рафоқати Потеляхов соҳиби 10 адад чунин заводҳо буданд. Онҳо инчунин соҳиби заводҳои равғанкашӣ низ ба ҳисоб мерафтанд. Сарварони рафоқати Вадяевҳо бародарон Сион ва Ёқуб, дар натиҷаи кордонии худ, на танҳо рафоқаташонро дар соҳаи амалиёти пахта ва равған ба ҷумлаи рафоқатҳои калонтарини империяи Русия табдил додаанд, балки худашон ҳам дар арафаи инқилоби Октябр ба қатори сармоядорони номии Русия дохил шудаанд. Намояндагони буржуазияи навташкилшудаистодаи миллиро дар тамоми вилоятҳои кишвари Туркистон мушоҳида кардан мумкин буд. Онҳоро аз рӯи муносибаташон нисбат ба заводҳои пахтатозакунӣ ба тарзи зайл ном бурдан мумкин: дар вилояти Фарғона — Миркомил Мӯъминбоев, Юсуфбой Матмусобоев, Саид Аҳмад Хоҷаев, Султонмуродбек Худоёрбеков, ҳар кадоми онҳо соҳиби 4 завод, Аҳмадбек Темирбеков — соҳиби 3 завод; дар вилояти Самарқанд — Абдуҳакимбой Мӯъминҷонов — соҳиби 3 завод, Аҳмадҷон Абоев (Валиев), Мулло Умар Абдуғаффоров, Абдуҳакимбоев, бародарон Абрам ва Бениам Фузайловҳо ҳар кадом соҳиби 2 завод ва ғайраҳо. Онҳое, ки соҳиби як ё ду заводи пахтатозакунӣ, ё худ дар қатори заводи пахтатозакунӣ боз заводҳои дигарро ихтиёрдорӣ мекарданд, хеле зиёд буданд. Дар аморати Бухоро соҳибони заводҳои пахтатозакунӣ аз ҳисоби намояндагони буржуазияи миллӣ хеле кам буданд. Чунин миллионерҳои бухороӣ, ба монанди бародарон Қосимхоҷаевҳо, бародарон Арабовҳо ва дигарон барои бунёди заводҳо ҳавасмандӣ надоштанд. Онҳо махсусан дар соҳаи савдои пӯсти қарокулӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд.

Аксарияти буржуазияи навташкилшудаистодаи Осиёи Миёна худ соҳиби сармояи хусусӣ гардида, онро  ба гардиш гузоштаанд. Аз ҷумла, мувофиқи маълумоти соли 1911 тоҷирони номии бухороӣ Латифхоҷа Қосимхоҷаев ба амалиёт 250 ҳазор сӯм сармояи худро низ гузоштааст. Гардиши солонаи ӯ аз корҳои тиҷорат қариб 3 млн. сӯмро ташкил медод. Аммо тоҷирони чӣ бухороию чӣ фарғонагӣ қисми асосии тиҷорати худро маҳз дар асоси ҳамон сармояе пеш мебурданд, ки онро аз шӯъбаҳои бонкҳои дар кишвар доштаи Русия қарз гирифтаанд. Дар чунин ҳолат ба онҳо сармояи шахсиашон як ҳиссаи иловагӣ хизмат мекард.

Дар шароити худи Осиёи Миёна дар ҳайати буржуазияи навташаккулёфтаистода фарқияти ҷиддие мавҷуд буд. Аз ҷумла, махсусан намояндагони буржуазияи миллии водии Фарғона даромади худро бештар барои ба вуҷуд овардани соҳаҳои гуногуни саноат сарф менамуданд. Аз ҳамин сабаб ҳам дар шаҳру нохияҳои водӣ, аз он ҷумла уезди Хуҷанд (агарчанде он аз ҷиҳати маъмурӣ ба вилояти Самарқанд дохил мешуд) соҳаҳои гуногуни саноат сол аз сол меафзуд. Дар натиҷа буржуазияи навташкилшудаистодаи водии Фарғона аз намояндаи буржуазияи тиҷоратӣ ба буржуазияи саноатӣ ё худ саноатию тиҷоратӣ табдил меёфт.

Аммо тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллӣ дар аморати Бухоро аз тарзи ташаккулёбии буржуазияи миллии водии Фарғона тамоман фарқ мекард. Чунончӣ, агарчанде дар аморати Бухоро миллионерҳои маҳаллӣ буданд, вале аксари онҳо даромади худро бештар ба тиллою нуқра ва дигар сангҳои қимматбаҳо табдил дода, барои сохтани заводу фабрикаҳои нав чандон ҳавасманд набуданд. Аз ҳамин сабаб афзоиши соҳаҳои гуногуни саноат дар сарзамини аморати Бухоро хеле суст ба назар мерасид. Ҳол он ки эҳтиёҷот ба хелҳои гуногуни он, чун дар водии Фарғона, дар Бухоро ҳам зиёд буд. Дар натиҷаи ин ҳама буржуазияи навтавлидёфтаистодаи бухороӣ на ин ки чун буржуазияи саноатӣ, балки буржуазияи тиҷоратӣ ва судхӯрӣ ба ҳисоб меравад. Чунин ҳолат ба    буржуазияи самарқандӣ ва хевагӣ ҳам хос аст.

Бинобар ҳамин ҳам баъди сарнагун намудани тартиботи кӯҳна ва бунёди тартиботи Шӯравӣ аз бойҳои водии Фарғона ақалан заводҳои харобгашта мерос монд. Аммо аз бойҳои бухороӣ бошад  қариб тамоми зару зевари онҳо, ба монанди хазинаи амир, ҳама ба яғмо расиданд. Бинобар ин аз онҳо ба ғайр аз биноҳои истиқоматии тороҷгардида, дигар меросе намонд.

Шарҳ баста аст.