Оғози ҷанги дуюми ҷаҳон ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ

0
62

Оғози ҷанги дуюми ҷаҳон. Ҳарчанд ҷанги якӯми ҷаҳон соли 1918 ба итмом расида буд, вале  вазъи ҷаҳон беҳтар нагардид. Минбаъд, на танҳо душмании давлатҳои бузурги капиталистии ҷаҳон бо Иттиҳоди  Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ аъзои он буд, сол аз сол боло  гирифт, балки зиддияти байни худи давлатҳои бузурги  капиталистӣ ҳам дар авҷ буд. Фашистон, ки соли 1922 дар Италия ва соли 1933 дар Олмон ба ҳокимият соҳиб шуда буданд, рӯйрост ташвиқоти ҷанги нави ҷаҳониро мебурданд. 25 ноябри соли 1936 давлатҳои Олмон ва Япония «иттифоқи зиддикоммунистӣ» — ро имзо карданд, ки он ба муқобили  ҳаракати коммунистии ҷаҳон нигаронида шуда буд. Соли 1937 ба он Италия низ ҳамроҳ шуд.

Ҳукуматдорони ҳамонвақтаи Англия, Франсия, ИМА ва ғайра мехостанд, ки Олмони  фашистӣ ҳар чӣ зудтар ҷангро бо Давлати Шӯравӣ сар кунад. Зеро, руҳияи бадбинии онҳо нисбат ба Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд буд. Бо ҳамин  мақсад, сарварони ҳукуматҳои Англия, Франсия ва Италия 29 – 30 сентябри соли 1938 дар шаҳри Мюнхен бо канслери Олмон — Гитлер во хӯрда, ба ӯ вилояти Судети давлати Чехословакияро «тӯҳфа» карданд, ки ин воқеа дар таърих ҳамчун «сӯиқасди Мюнхен» маълум аст. Аммо 15 марти соли 1939 Гитлер тамоми Чехословакияро забт намуд.

Загрузка...

Августи соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ бо Олмони фашистӣ «Шартнома дар бораи ба муқобили якдигар ҳуҷум накардан»-ро имзо кард. Он ҳуҷҷат дар вақте имзо гардид, ки дар Москва ҳанӯз гуфтушуниди Иттиҳоди Шӯравӣ бо давлатҳои Англия ва Франсия, оиди шартномаи дарозмуддати ҳамкорӣ дар қитъаи Аврупо, ҳангоми ҳуҷум ба муқобили яке аз ин  давлатҳо, ба итмом нарасида буд. Яъне, хусумате, ки тарафҳо нисбати якдигар доштанд, ҳамон лаҳза онҳоро  нагузошт, оиди тақдири қитъаи Аврупо ҳамфикр бошанд. Мувофиқи банди иловагӣ ва махфии шартномаи байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмони фашистӣ, онҳо дар қитъаи Аврупо «ҳудуди  нуфузи» худро муайян карданд. Ин банд, ки дар таърих бо номи вазирони корҳои хориҷии ҳар ду давлат — Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмон — «Пакти Молотов — Рибентроп» маълум аст, моҳиятан муқобили сиёсати пешгирифтаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва идеологияи коммунистӣ буд.

То 1 сентябри соли 1939 аксарияти давлатҳои Аврупо аллакай ба зери таъсири фашистони Олмон монда буданд. Минбаъд тамоми иқтисодиёт ва  иқтидори ҳарбии ин давлатҳо ба манфиати Гитлер ва мақсадҳои забткоронаи ӯ фаъолият мекарданд.

1 сентябри соли 1939 Олмони фашистӣ ба муқобили Лаҳистон (Полша) ҷанг сар кард. Лаҳистон бо Англия ва Франсия иттифоқчӣ буд. Бинобар ин ҳукумати ин давлатҳо 3 сентябри он сол ба муқобили Олмони фашистӣ ҷанг эълон карданд. Ҳамин тавр ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд, ки он то 2 – юми сентябри соли 1945, яъне маҳви иттифоқчии Олмони фашистӣ – Япония давом кард. Дар ин ҷанг 72 давлатҳои ҷаҳон иштирок намуданд, ки дар сафи қувваҳои  мусаллаҳашон 110 млн нафар сарбозон сафарбар карда шуда буданд. Амалиёти ҷангӣ бошад дар ҳудуди 40 давлатҳои ҷаҳон мегузашт.

Чорабиниҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии худ. Сарварони Иттиҳоди Шӯравӣ, новобаста аз  мавҷуд будани шартнома бо Олмон (дар бораи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан), боварии комил доштанд, ки дер ё зуд мамлакати Шӯравӣ ҳам ба ин ҷанг кашида хоҳад шуд. Бинобар ин Ҳукумати Шӯравӣ аз вазъият истифода бурда, барои мустаҳкам кардани сарҳадоти давлатӣ ва кувваи мудофиавии мамлакат шурӯъ намуд.

7 марти соли 1938 қарори КМ ҲК (б) Умумииттифоқӣ ва СКХ ИҶШС дар бораи ба хизмати ҳарбӣ даъват намудани шаҳрвандони ҷумҳуриҳои миллӣ баромад. Ин ҳоло даъвати умумӣ набуд. Аз Тоҷикистон тахминан 20% — и сафарбаршавандагон ба хизмат фиристода шуданду халос.

1 сентябри соли 1939 дар Иттиҳоди Шӯравӣ Қонун «Дар бораи хизмати умумии ҳарбӣ» қабул гардид. Мувофиқи он тамоми шаҳрвандон аз синни 15 то 50 сола ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешуданд. Дар ин сол, дар Тоҷикистон  ҷавонон бори нахуст ба  тарзи умумӣ ба сафи аскарони сурх сафарбар карда шуданд. Барои иҷро намудани талаботҳои ин қонун  дар ҷумҳуриҳо, вилоятҳо ва шаҳрҳо коммисариатҳои ҳарбӣ ташкил гардиданд.

26 июни соли 1940 укази раёсати Шӯрои Олии ИҶШС «Дар барои гузаштан ба рӯзи кори ҳаштсоата, ҳафт рӯзи корӣ дар як ҳафта ва манъи аз ташкилотҳо ва корхонаҳо ихтиёран рафтани коргарон ва хизматчиён» баромад. Дигар ҳамин гуна указ оиди трактористҳо, комбайнёрҳо ва кормандони ИМТ-МТС бароварда шуд.

Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, низ аз вазъи ба амаломада истифода бурда, ҳамон банди махфии шартнома бо Олмони  фашистиро ба манфиати худ амалӣ карданд. 17 сентябри соли 1939 Давлати Шӯравӣ заминҳои Ғарбии Украина ва Ғарбии Белорусияро, ки давлати Лаҳистон (Полша) онҳоро соли 1920 забт карда буд, ба ихтиёри худ даровард ва ин заминҳоро ба ҷумҳуриҳои иттифоқии Украина ва Белоруссия ҳамроҳ намуд. Августи соли 1940 мардуми «исёнбардошта» — и ҷумҳуриҳои Назди Балтика, бо кӯмаки аскарони сурх, ҳукумати буржуазии худро сарнагун карданд. Дар натиҷа, ҳамон моҳ дар ҳудуди Эстония, Латвия ва Литва тартиботи шӯравӣ барпо карда шуд ва онҳо ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуданд.

Масъалаи сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва  давлати Финландия яке аз масъалаҳои  душвортарин ба ҳисоб мерафт. Иттиҳоди Шӯравӣ аз давлати Финляндия талаб кард, ки хати сарҳадии худро аз шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт – Петербург), ба дохили  мамлакати худ дуртар барад. Зеро, ҳангоми амалиётҳои ҷангӣ, ин  шаҳри барои Шӯравиҳо муқаддасро аз ҳудуди Финляндия бо тӯпҳои дурзан ба нишон гирифтан мумкин буд. Давлати Шӯравӣ тайёр буд, ба  ивази заминҳои гузашткардаи Финляндия, аз ҳудуди Корелияи Шӯравӣ зиёдтар замин гузашт намояд. Ҳукумати Финляндия ба ин розӣ нушад. Ниҳоят, 30 ноябри  соли 1939 баҳси сарҳадии байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва  Финляндия ба ҷанги байни онҳо оварда расонид. Дар ҳамин ҷанг фарзанди халқи тоҷик Неъмат Қарабоев шуҷоат нишон дода, на танҳо аз фиристодагони Тоҷикистон, балки аз тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна аввалин шуда, ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуд. (Укази раёсати Шӯрои Олии ИҶШС дар ин бора 21 марти соли 1940 баромада буд). Дар ин ҷанг давлати Финляндия мағлуб гардид. Мувофиқи шартномае, ки дар  байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финляндия 12 марти соли 1940 имзо намуданд, хати сарҳадиро аз шаҳри Ленинград 150 км. дуртар  партофтанд.

Охири соли 1940 аскарони сурх Бессаробияро ба даст дароварданд ва онро ба ҷумҳурии мухтории Малдавия ҳамроҳ намуданд. Дар натиҷаи  он Малдавия аз ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфта, бевосита ба Иттиҳоди  Шӯравӣ хамроҳ шуд.

Ҳамин тавр, Иттиҳоди Шӯравӣ, баъди оғози ҷанги дуюми ҷаҳон, ба «пакти Молотов — Риббентроп» такя намуда, солҳои 1939 – 1940 на танҳо ҳудуди худро васеъ намуд ва аҳолиаш зиёдтар гардид, балки вазъи  стратегии худро дар Ғарб каме беҳтар намуд.

Оғози ҷанги бузурги ватанӣ. Саҳарии 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ, бе эълони ҷанг, аҳдшиканона ба ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард. Худи ҳамон рӯз иттифоқчиёни он, давлатҳои Италия, Финляндия, Венгрия ва Руминия ҳам ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг эълон карданд. Якбора ба  муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ қувваи хело бузурги душман: 190 дивизияи иборат аз 5,5 млн нафар аскар ва афсарон, 3,7 хазор адад танк, қариб 5 ҳазор  адад самалиётҳои ҷангӣ, зиёда аз 47 ҳазор адад тӯп ва минамётҳо нигаронида шуда буд. Душман, аз баҳри Сиёҳ то баҳри Балтик якбора ба ҳуҷум гузашт. Яъне Олмони фашистӣ на танҳо иқтидори ҳарбии худ ва иттифоқчиёнаш, ҳатто қувваи давлатҳои забтнамудаашро низ ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ равона кард.

Аммо Иттиҳоди Шӯравӣ барои якбора  баргардонидани чунин қувваи бузурги душман ҳанӯз пурра омода набуд. Зеро, ҳарбикунонии мамлакат, ки  соли 1939 сар шуда буд, ҳанӯз ба итмом нарасида буд. Махсусан, хатти сарҳадии он мулкҳое, ки солҳои 1939 – 1940 ба ихтиёри Иттиҳоди Шӯравӣ гузаштанд, ҳанӯз пурра мустаҳкам набуданд. Роҳбарияти ҳамонвақтаи Иттифоқ боварӣ доштанд, ки Олмони фашистӣ тақдири давлати Англияро пурра ҳал накарда, ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ ҷанг сар  намекунад. Бо ҳамин сабаб ба хабарҳои агентурӣ, оиди мӯҳлати ҳуҷуми ногаҳонии фашистон, ки  хело гуногун ва зиёд буданд, кам аҳамият медоданд. Ба ғайр аз ҳамаи ин «тозакунии» сарварони қисмҳои аскарони сурх, ки миёнаи солҳои 30 – юм  сар шуда буд, ҳанӯз идома дошт. Дар натиҷаи ин чорабинӣ, бо ҳар гуна тӯҳматҳо як қисми афсарону  генералҳо, ҳамчун «душмани халқ» нест карда шуданд, ки ин ба омодагии қобилияти ҷангии аскарони сурх таъсири  манфӣ расонида буд.

Новобаста ба ҳамаи ин, дар ҳамон лаҳзаи хело мураккаб мустаҳкамии иттифоқи байни халқҳои Шӯравӣ исбот гардид. Зеро, ҳамаи онҳо ҳуҷуми душманро ба хона – ватани худ ҳисобида, якбора барои мудофиаи он бархестанд. Аз ҳамин сабаб ҳам ин ҷанг аз тарафи мардуми Шӯравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад.


Калидвожаҳо: Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва азнавбарқароркунии баъдиҷангӣ (солҳои 1941 – 1950), Точикистон дар солхои Чанги Бузурги Ватани ва азнавбаркароркунии баъдичанги (солхои 1941 – 1950),  Огози чанги дуюми чахон ва Чанги Бузурги Ватани, Огози чанги дуюми чахон, Чорабинихои Иттиходи Шурави барои мустахкам намудани иктидори мудофиавии худ, Огози чанги бузурги ватани, Огози ЧБВ, огози ЧБВ.

ЧАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИ