Оқибатҳои иҷтимоии гузариш ба ҷомеаи пасосаноатӣ

Ин тағйиротҳо дар ташаккули таркиби нави сохтори иҷтимоии ҷомеаҳои муосир низ таъсири амиқ мегузоранд. Зеро вобаста ба ҳар кадоме аз ин зинаҳо дар соҳаҳои муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ қисми бештари истеҳсолоти маҳсулот ва даромади миллӣ ба даст оварда мешавад. Дар зинаи аграрӣ агар ин кишоварзӣ, чорводорӣ, саноати истихроҷкунанда ва дар зинаи индустриалӣ саноати коркардкунада бошанд, пас дар зинаи индустриалӣ соҳаи хизматрасонӣ ва истеҳсоли маълумот, дониш афзалият пайдо мекунад. Вобаста ба ҳар кадоме аз ин соҳаҳои татбиқи фаъолияти инсон сохтори иҷтимоии ҳамон ҷомеа ташаккул ёфта, ниҳодҳо ва гурӯҳҳои бартириятдошта зоҳир мешаванд:

Ҷомеаи аграрӣ – ниҳодҳои бартиридошта — масоҷиду артиш;

гурӯҳҳои афзалиятдоштаи иҷтимоӣ— ходимони дин ва феодалҳо

ҷомеаи индустриалӣ— ниҳодҳои бартиридошта— саноату компанияҳои молиявӣ;

гурӯҳҳои афзалиятдоштаи иҷтимоӣ—  соҳибкорону банкирҳо

ҷомеаи постиндустриалӣ – ниҳодҳои бартиридошта— университетҳо ва

марказҳои таҳқиқотю таҳлилӣ;

гурӯҳҳои афзалиятдоштаи иҷтимоӣ— олимону мутахассисони баландпоя.

Чуноне ки дида мешавад дар ҷомеаи постиндустриалӣ низ гуногунии табақаҳои иҷтимоӣ боқӣ мемонад, вале аксариятро табақаи миёнаҳол ташкил медиҳад ва он аз рӯи даромади мӯътадилу маълумотнокияш ҳавасманди нигоҳдории устувории суботи ҷомеа мебошад. Онҳо дар фарқият аз табақаи камбизоат ҷомеаро аз рӯ ба рӯ шудан бо тағиротҳои хусусияти инқилобӣ дошта эмин нигоҳ медоранд ва ҳама гуна навовариҳоро тавассути ислоҳот ба ҳаёти ҷомеа ворид месозанд. Бинобар ҳамин ҳам ҷомеаи постиндустриалӣ ҳамеша кушиш менамояд, ки сафи ин табақа бештар гардад.


Окибатхои ичтимоии гузариш ба чомеаи пасосаноати

Шарҳ баста аст.