географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Рашт минтақаи кӯҳсор аст. Масоҳати он 17,1 ҳазор километри мураббаъро ташкил менамояд. Қисми асосии онро қаторкӯҳҳо ишғол кардаанд. Ин ҳолат ба мавқеи иқтисодӣ-географии ноҳия таъсири калон мерасонад. Ноҳия дар гузашта бо ноҳияҳои ҳамсоя аз тариқи ағба робита дошт. Дар айни замон ягона роҳе, ки ноҳияро бо дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваст менамояд, шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Рашт мебошад. Воридот ва содироти ноҳия бо ҳамин роҳ сурат мегирад. Чунин мавқеи иқтисодию географӣ аз қадим боиси инкишофи сусти иқтисодиёти ин ноҳияи кӯҳистон гардидааст.

Қаламрави ноҳия дорои релефи мураккаб аст. Дар ин ҷо чандин водиҳои калону хурд мавҷуданд, ки онҳоро аз ҳамдигар қаторкӯҳҳо ҷудо менамоянд. Қаторкӯҳҳо ва мутавозӣ ба онҳо водиҳо аз Ғарб ба Шарқ тӯл кашидаанд. Водиҳо аз сатҳи баҳр дар баландиҳои гуногун воқеъ гардидаанд. Аз ҷумла, водии Вахш — Сурхоб ва Қизилсу дар баландии 1200 то 2100 метр ҷойгирд шудаанд. Водии Оби Хингоб дар баландиҳои 1200-3200 метр, водии Муғсу дар баландиҳои 1800-2700 воқеъ гардидаанд. Қаторкӯҳҳое, ки водиҳоро иҳота кардаанд, аз сатҳи водиҳо 1500-3500 метр баланд мебошанд. Баланд будани мавқеи водиҳо аз сатҳи баҳр ва бо барфҳои доимию пиряхҳо пӯшида будани баландии қаторкӯҳҳо ва ба самти Ғарб кушода будани баъзе водиҳо (водии Сурхоб ва Оби Хингоб), ба хусусияти иқлими ноҳия таъсири гуногун расондаанд. Иқлими ин ҷо нисбат ба иқлими Ҷануби Тоҷикистон, континенталитар аст. Водиҳо бо тобистони гарми мӯътадилу салқин, қаторкӯҳҳо бо иқлими хунуки худ фарқ мекунанд. Ҳарорати миёнаи моҳи июл дар водиҳо аз 160-200  то +240  дараҷа баланд ва дар моҳи январ аз -30 то -70-80 дараҷа паст мешавад. Дар қаторкӯҳҳо ҳарорати миёнаи моҳи июл дар минтақаи субалпӣ +120-160, моҳи январ ба -100-160 дараҷа баробар аст. Миқдори боришоти солона дар водиҳо ва доманакӯҳҳо 400-600 мм, дар кӯҳҳо 800-1200 мм-ро ташкил менамояд. Дарёҳои ноҳия асосан аз барфҳои доимӣ ва пиряхҳои кӯҳӣ сарчашма мегиранд. Аз ҳамин сабаб, барои онҳо ғизогирии пиряхию барфӣ ва барфию пиряхӣ хос аст. Онҳо ду маротиба пуроб мешаванд: баҳорон ва тобистон. Ин барои кишоварзӣ аҳамияти ниҳоят зиёд дорад. Ғайр аз ин дарёҳои ноҳия барои истеҳсоли энергияи барқии арзон имконияти васеъ доранд. Хусусан, дарёи Вахш барои сохтмони истгоҳҳои барқии азим имконияти калон дорад. Вобаста ба релеф ва иқлим дар ноҳия ба тарзи амудӣ зонаҳои табиӣ аз зонаи даштии ба зонаи ҷангал гузаранда, зонаи беша, субалпию алпӣ ташаккул ёфтаанд. Аҳамияти хоҷагии ин минтақаҳо гуногун аст. Масалан, дар хоҷагӣ зонаи даштии ба беша гузаранда ҳаматарафа истифода бурда мешавад. Зонаи беша ва субалпиро ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд. Сарватҳои зеризаминии ноҳия ҳоло пурра татқиқ карда нашудааст. Қатъи назар, аз ин дар ҳудуди ноҳия аз сарватҳои зеризаминӣ ангишт, ашёи хоми алюминий, санги мармар, обҳои маъданӣ, ашёи сохтмон муайян карда шудаанд. Ҳамаи ин омилҳои табиӣ барои дар ноҳия ташаккул додани хоҷагии бисёрсоҳа имкон медиҳанд.

Дар ташаккули хоҷагии ноҳия ва мустақилияти он релефи кӯҳӣ нақш гузоштааст. Маҳз водиҳои ҷудогона сабаби дар қаламрави ноҳия ба миён омадани бекигариҳои алоҳида гардида буд. Водии Сурхоб ба бекигарии Қаротегин тааллуқ дошт. Хоҷагӣ дар аввал хусусияти натуралӣ дошт. Баъди ба хонигарии Бухоро ҳамроҳ кардани ин мавзеъҳо робитаи иқтисодии ноҳия бо дигар ноҳияҳои атроф ва аморати Бухоро каме беҳтар гардид. Дар қаламрави ноҳия бозорҳои дохилӣ ташаккул ёфтанд. Аз ҳама гӯшаю канори ноҳия ба бозорҳо маҳсулот оварда, ба тоҷироне, ки ба ин ҷо молҳои гуногун меоварданд, мефурӯхтанд. Махсусан, равобити водии Қаротегин ба Фарғона хело зиёд буд. Аммо барои ба роҳ мондани равобити васеи иқтисодӣ роҳҳои душворгузар ва ағбагузар ҳамеша мамоният мерасонид. Ноҳияро бо водии Ҳисор пайроҳаҳои водихои Сурхоб ва Оби Хингоб пайваст мекард. Ғайр аз водии Фарғона ба водии Панҷ низ ба воситаи ағбаҳо рафтуомад мекарданд. Ҳамаи ин роҳҳо дар фасли зимистон баста мешуд. Робитаи ноҳия бо ноҳияҳои атроф муддати дароз қатъ мегардид.

Машғулияти аҳолӣ асосан аз заминдорӣ ва чорводорӣ иборат буд. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ аз соли 1923 сар карда дар ноҳия азнавсозии хоҷагӣ оғоз ёфт. Аммо дар шароити камии замин гузаронидани он душвор буд. Мувофиқи маълумоти соли 1939, ба ҳар як нуфуси ноҳия 0,1 гектар замини обӣ ва 0,5 гектар замини лалмӣ рост меомад. Афзоиши мунтазами аҳолӣ бо кор таъмин кардани онро душвор гардонид. Бинобар солҳои 30 ва 40-уми асри гузашта ин як қисми аҳолӣ ба заминҳои водии Вахш, Кофарниҳони Поёнӣ ва дигар водиҳои Ҷануби Тоҷикистон кӯчонида шуданд. Мардуми ноҳия табиатан меҳмондӯст буда, баъди муҳоҷират дӯстона кор карда, бо дигар халқҳо водиҳоро дар ҳамкорӣ водии Вахшро ба сарзамини сабзу хуррам табдил доданд. Аммо танҳо бо кӯчонидани як қисми аҳолӣ масъалаҳои иқтисоди ноҳияро ҳал кардан ғайри имкон буд. Барои ҷоннок  гардониданииқтисодиёти ноҳия пеш аз ҳама сохтмони роҳҳои замонавӣ лозим буд.  Бо ин мақсад соли 1932 роҳи мошингарди Сталинобод (ҳозира Душанбе)-Ғарм сохта шуд. Соли 1940 Роҳи калони Помир Сталинободро бо маркази кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри  Хоруғ пайваст. Роҳи Ғарм ба шохаи он табдил ёфт. Аз ин роҳҳои асосӣ ба дигар гӯшаю канори ноҳия роҳҳои дохили ноҳиявӣ гузаронида шуданд. Сохтани роҳҳо алоқаи иқтисодии ноҳияро бо дигар қисматҳои ҷумҳурӣ беҳтар намуд, инкишофи хоҷагии халқи онро ба зинаи нав гузошт. Зиёда аз 46 %-и роҳҳо мумфарш карда шуданд.

Аҳолии ноҳия 2,6 % аҳолии ҷумҳуриро ташкил менамояд. Дар як километри мураббаъ 23 нафар рост меояд. Қисми зиёди аҳолӣ дар водии Сурхоб ва Оби Хингоб зиндагӣ мекунад. Дар таркиби миллии аҳолӣ тоҷикон афзалият доранд. Фақат дар ноҳияи Ҷиргатол қирғизҳо зиндагӣ менамоянд. Бештар аз 90 %-и аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки аҳолии ноҳия асосан ба соҳаи кишоварзӣ машғуланд.  Барои инкишофи ин соҳа шароити табиӣ мусоидат менамояд. Вале имконияти минбаъд инкишоф додани он маҳдуд мебошад. Зеро замини барои заминдорӣ мувофиқ ниҳоят кам аст. Масоҳати замини кишт 12,4 % замини кишоварзиро ташкил менамояд. Боқимондаи он заминҳо ба алафзор ва чарогоҳ рост меояд. Чарогоҳҳоро асосан дар фасли баҳор ва тобистон истифода мебаранд. Барои зимистонгузаронии чорво, чарогоҳҳои зимистона кифоягӣ намекунад. Бинобар он дар фасли зимистон як қисми чорворо дар чарогоҳҳои вилояти Хатлон нигоҳ медоранд.

Соҳаҳои асосӣ кишоварзӣ, чорводорӣ ва картошка парварӣ мебошад. Онҳо ҳиссаи зиёди даромади кишоварзиро медиҳанд. Солҳои охир боғдорӣ низ инкишоф ёфта истодааст. Барои васеъ кардани майдони боғҳо аз заминҳои нишебии 15-16 дараҷавӣ истифода мебаранд. Дар заминҳое, ки нишебиашон аз ин зиёд аст, зинабоғҳо ташкил кардаанд. Картошка, себ ва ноки Раштро нафақат дар қаламрави ҷумҳурӣ, инчунин берун аз марзи он эътироф мекунанд.

Чорводорӣ асосан аз чорвои шохдори калон ва гӯсфандпарварӣ иборат аст. Сифати говҳои ҷӯшоӣ ва гӯсфандони маҳаллиро бо роҳи бо зотҳои сермаҳсул ҷуфтӣ кунонидан беҳтар намудаанд. Дар баъзе хоҷагиҳо кирмакпарварӣ аҳамияти калон дорад.

Саноати ноҳия соҳаи ҷавон буда, дар арафаи ташаккулёбӣ мебошад. Дар айни замон дар ин ҷо истеҳсоли ангишт, коркарди чӯб, дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст.

Инкишофи минбаъдаи саноати ноҳия ба гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи геологӣ, сохтмони НБО-и Роғун, коркарди сарватҳои табиии мавҷуда ва истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ вобаста мебошад.

Шарҳ баста аст.