географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Ноҳияи иқтисодии Ҳисор

Ҳисор дар қисми Ғарбии ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст. Вай аз Шимол бо ноҳияи иқтисодии Зарафшон, аз Ҷануб бо ноҳияи Вахш, аз Шарқ бо ноҳияи Ғарм (Рашт) ва аз Ғарб бо Ӯзбекистон ҳамҳудуд мебошад. Мавқеи иқтисодӣ-географии он хело мувофиқ аст. Роҳи оҳан ноҳияро бо ИДМ  пайваст менамояд. Алоқаи дохилӣ ва байни ноҳиявӣ ба воситаи роҳҳои мошингард ба амал бароварда мешавад. Дар Шимол роҳи мошингард ба ноҳияи Зарафшон ва Тоҷикистони Шимолӣ ба воситаи ағбаи Анзоб ва Шаҳристон мегузарад. Баъди кушодани туннели Анзоб робитаҳои ноҳияи Ҳисор бо ноҳияи Зарафшон ва Шимол хуб ба роҳ монда шудааст. Роҳи Душанбе-Хоруғ низ беҳтар шуда истодааст. Бо дигар ноҳияҳо (Рашт, Вахш, Кӯлоб), алоқаи нақлиётии он мунтазам мебошад. Чунин мавқеи иқтисодӣ-географӣ барои ташаккул ва инкишофи иқтисодиёти бисёрсоҳаи ноҳия роли муҳим бозида аст. Ноҳия ба яке аз минтақаҳои саноатии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.

Шароит ва сарватҳои табиӣ. Ноҳия аз вилояти Суғд бо қаторкӯҳи Ҳисор ҷудо мешавад. Аз ноҳияи Рашт онро шохаҳои доманакӯҳҳои Қаротегин ва Вахш ҷудо менамоянд. Ҳудуди табиии ноҳия ва ноҳияи Кӯлоб, кӯҳи Вахш ва дарёи Вахш ба ҳисоб мераванд. Шохаҳои кӯҳҳои Боботоғ ва Оқтоғ ноҳияро аз ноҳияи Вахш ҷудо менамоянд. Сатҳи ноҳия ноҳамвор мебошад. Қисми зиёди қаламрави онро қаторкӯҳи Ҳисор ва доманакӯҳҳои он ишғол менамояд. Доманакӯҳҳоро дарёҳои Шеркент, Қаротоғ, Хонакоҳ, Лучоб, Варзоб ва ғайра аз Шимол ба самти Ҷануб бурида гузаштаанд. Канори Ҷанубии ноҳияро доманакӯҳҳои қисми Шимолии кӯҳҳои Боботоғ ва Оқтоғ ишғол намудаанд. Дар байни канори Шимолӣ доманаи ин кӯҳҳо ва канори Ҷанубии доманакӯҳҳои қаторкӯҳи Ҳисор, водии Ҳисор аз Ғарб ба Шарқ кашол ёфтааст. Вай аз сатҳи баҳр дар баландии 700-1000 метр воқеъ гардидааст. Дарозии он 70 километр, бараш 20 километрро ташкил менамоянд. Водиро дарёи Кофарниҳон, шохобаҳои он ва шохобҳои Сурхандарё (Шеркент, Қаротоғ), обёрӣ менамояд.

Иқлими ноҳия хушки континенталӣ мебошад. Барои он тобистони гарми дароз, зимистони кӯтоҳи нисбатан хунуки нам хос мебошад. Ҳаракати миёнаи моҳи июл +280, моҳи январ тақрибан 00, баъзе рӯзҳои тобистон то 400 гарм ва дар зимистон то -20 -250 хунук мешавад. Боришот дар ҳамворӣ 500-600 мм, кӯҳҳо (нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор), аз 700 то 1200 мм меборад. Хоки ноҳия гуногун аст. Дар водӣ хоки хокистари муқаррари тира, дар кӯҳҳо равшани ҷигарӣ ва марғузории баландкӯҳӣ паҳн гардидаанд. Аз сабаби зиёд будани боришот намудҳои мухталифи наботот ва ҳайвонот паҳн гардидаанд. Хусусан, дар инҷо дарахтони мевадиҳандаи ёбоӣ зиёданд, ки онҳо аҳамияти хоҷагӣ доранд.

Аз сарватҳои зеризаминӣ дар ноҳия ангиштсанг, нефт, газ, фосфорит, флюорит, доломит, оҳаксанг, гил, волфрам, обҳои маъданӣ ва ғайра мавҷуданд. Зимни обҳои маъданӣ дармонгоҳҳои  Хоҷаобигарм ва Шамбарӣ амал мекунанд. Ҳамин тавр шароити табиии ноҳия барои фаъолияти хоҷагидорӣ мусоид буда, бо сарватҳои табиии худ барои ташаккул ва инкишофи хоҷагии бисёрсоҳа замима гузоштааст.

Давраҳои ташаккули хоҷагӣ. Ташаккулёбии хоҷагии ноҳия давраҳои гуногунро аз сар гузаронидааст. Ҳанӯз аз давраҳои қадим дар қаламрави ноҳия аҳолӣ маскун шуда буд. Аксарияти он ба кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Кишоварзӣ дар ҳамон мавзеъҳо бештар инкишоф ёфта буд, ки замин аз оби дарёҳои гирду атроф бевосита обёрӣ карда мешуданд. Заминҳои лалмиро барои кишти ғалладонагиҳо ва парвариши ток ва дарахтони мевадиҳанда истифода мебурданд. Дар айлоқҳои баландкӯҳ, миёна ва пасткӯҳу адирҳо чорво парвариш мекарданд. Дар шаҳрчаи Ҳисор косибон ва ҳунармандон ҳама гуна асбобҳои хоҷагӣ ва матоъу палос истеҳсол мекарданд. Маҳсулоти кишоварзӣ ва косибону ҳунармандон асосан барои қонеъ гардонидани талаботи маҳаллӣ равона карда шуда буд. Чунин ҳолат то давраи Ҳокимияти Шӯравӣ давом кард. Баъди гузаронидани роҳи оҳани Душанбе-Термиз кишоварзӣ ва саноат тараққӣ кард. Барои васеъ ва аз об таъмин кардани замини кишт канали Калони Ҳисор сохта шуд. Дар натиҷа ноҳия ба ноҳияи истеҳсоли ғалла ва зироатҳои техникӣ (пахта ва геран), табдил ёфт. Дар як вақт боғу токпарварӣ ва обчакорӣ низ тараққӣ кард. Зимни инкишофи кишоварзӣ ва мавҷуд будани масоҳати васеи айлоқҳои баҳориву тобистонӣ ва тирамоҳиву зимистонӣ чорводорӣ  инкишоф ёфт. Ноҳия бо парвариш намудани гӯсфанди ҳисорӣ ва аспи маҳаллӣ машҳур мебошад.

Афзудани маҳсулоти кишоварзӣ сабаби ба миён омадани як қатор корхонаҳои саноатӣ гардид. Ғайр аз заводи орди Ваҳдат дигар корхонаҳое, ки бо ашёи хоми кишоварзии маҳаллӣ кор мекарданд (заводи нонбарорӣ заводи оби нӯшокӣ, фабрикаи дӯзандагӣ, пойафзол) шир, гӯшт, вино, фабрикаи абрешимресӣ, заводи чармгарӣ, дар Душанбе ҷойгир карда шуданд. Баробари сохтани роҳҳои мошингард, Душанбе ба дигар мавзеъ ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ пайваст гардид. Ин ҷойгиркунии корхонаҳои саноатиро тағйир дод. Корхонаҳои саноатӣ на фақат дар Душанбе, балки дар дигар маҳалҳои ноҳия (Чиптӯра, Ҳисор ва ғайра), сохта шуданд. Минбаъд сохтмони манзилгоҳ ва корхонаҳои саноатӣ дар Душанбе сохтани корхонаҳои истеҳсоли маснуоти сохтмонро талаб намуд. Ин буд, ки зимни ашёи хоми маҳаллӣ (гили ба оташ тобовар, оҳаксанг, мергел), заводи хишт, семент ва асфалту бетон бино гардиданд. Баробари афзудани аҳолии ҷумҳурӣ талабот ба матоъҳои пахтагин зиёд гардид. Бинобар он дар гиреҳи роҳи оҳан ва дар маркази ноҳияи пахтакорӣ воқеъ гардидани Душанберо ба инобат гирифта, дар инҷо, дар самти Ғарбии шаҳр комбинати абрешим ва комбинати истеҳсоли матоъҳои пахтагиро сохтанд. Барои аз қувваи барқ таъмин кардани хоҷагии халқи ноҳия ва корхонаҳои саноатии Душанбе дар дарёи Варзоб НБО-ии Варзоби Боло ва Варзоби Поёнро бунёд намуданд.

Мавқеи географии ноҳия ва Душанбе ниҳоят мувофиқ мебошад. Ин имконият дод, ки зимни ашёи хоми бо роҳи оҳан оварда, (берун аз марзи ҷумҳурӣ), як қатор корхонаҳои машинасозӣ ва заводи алюминии Турсунзода сохта шавад. Калонтарин корхонаи машинасозӣ заводи «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», «Гидроагрегат», ба номи Ордҷоникидзе, корхонаи истеҳсоли яхдон, кабел ва ғайра мебошад. Ҳамин тавр, ташаккул ёфтан ва инкишофу ҷойгиркунии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия давраҳои мухталифро дар бар мегирад, ки он дар ҷойгиршавии соҳаҳои истеҳсолот ва аҳолӣ инъикос ёфтааст.

Ноҳия аз ҷиҳати миқдори нуфус ва зичии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. Зичии аҳолӣ дар як километри мураббаъ 83 нафарро ташкил мекунад. Зичии аҳолӣ дар ду тарафи роҳи мошингарди Ваҳдат-Турсунзода бештар ба назар мерасад. Зиёда аз 52 %-и аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Шаҳрҳои ноҳия Душанбе, Кофарниҳон ва Турсунзода ба ҳисоб мераванд. Деҳаҳои қисми ҳамвории ноҳия нисбат ба деҳаҳое, ки дар доманакӯҳҳо ва дараҳо ҷойгир шудаанд, калон ва обод мебошанд. Дар таркиби аҳолии шаҳру деҳаҳо ҳиссаи ҷавонон зиёд аст. Ба ҷои кор таъмин кардани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мебошад.

Комплекси хоҷагии халқи ноҳия дар заминаи сарватҳои гуногуни табиӣ, захираҳои меҳнатӣ, мавқеи хуби географӣ, шабакаи васеи нақлиётӣ инкишоф ёфтааст. Дар таркиби он мавқеъи асосиро саноат ва кишоварзӣ ишғол менамояд. Дар ин ҷо, тақрибан қариб 35 %-и маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда мешавад. Корхонаҳои саноати ноҳия зиёда аз 40 %  маҳсулоти саноатии Тоҷикистонро истеҳсол менамояд. Саноати он бисёрсоҳа мебошад. Дар  таркиби он ҷои асосиро саноати вазнин (машинасозӣ, истеҳсоли масуноти сохтмон, энергетика, металлургияи ранга ва ғайра), ишғол менамояд. Саноати мошинасозӣ ва коркарди металлу чӯб, истеҳсоли маснуоти сохтмон, матоъҳои пахтагин, кешбофӣ, чармгарӣ ва пойафзол, равғанбарорӣ ва шаробпазӣ соҳаҳои махсусонидаи саноати ноҳия ба шумор мераванд. Кишоварзии ноҳия ҳам ба якчанд соҳа махсус гардонида шудааст, ки пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ аз қабили онҳо мебошанд. Соҳаҳои номбурда 15 %-и маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамоянд. Зимни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ашёи хоми кишоварзӣ ва иштироки соҳаҳои хизматрасонӣ (энергетика,  нақлиёт, сохтмон ва алоқа) дар ноҳия якчанд сиклҳои истеҳсолӣ ташаккул ёфтаанд: кишоварзию саноатӣ, металлургияи ранга ва индустриалию сохтмонӣ. Онҳо дар якҷоягӣ асоси комплекси минтақавию истеҳсолии ноҳияро ташкил менамоянд. Инкишофи минбаъдаи онро масъалаҳои оқилона истифода бурдани захираҳои меҳнатӣ, шароит ва сарватҳои табиӣ (об, замин, ашёи хом, шароити иқлим), тайёр кардани мутахассисон ва ғайра муайян менамояд.

Шарҳ баста аст.