географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Ноҳияи иқтисодии Вахш

Ноҳия қаламрави Ҷанубу Ғарбии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Масоҳати он 11,4 ҳазор километри мураббаъро ташкил менамояд. Ноҳия аз Шимол бо ноҳияи иқтисодии Ҳисор, дар Шарқ бо ноҳияи Кӯлоб, дар Ҷануб бо давлати Афғонистон ва дар Ғарб бо Ӯзбекистон ҳамҳудуд мебошад. Чунин мавқеи иқтисодиву географӣ барои инкишофи иқтисодиёти ноҳия аҳамияти ҳаматарафа дорад. Роҳҳои мошингард ва оҳан ноҳияро бо ноҳияҳои Кӯлоб ва Ҳисор пайваст менамояд. Ба воситаи роҳи мошингарди Қӯрғонтеппа-Душанбе-Варзоб ноҳия ба водии Зарафшон ва ноҳияи иқтисодии Суғд баромад дорад. Алоқаи ноҳия бо ноҳияҳои Рашт ва Бадахшон бо воситаи роҳи калони Помир ва бо роҳи Кӯрғонтеппа-Кӯлоб-Қалъаи Хум-Хоруғ сурат мегирад. Дар байни ноҳия ва давлати Афғонистон ва истгоҳи Термизи Узбекистон ба воситаи дарёи Панҷ ва Ому киштиҳои хурди боркашӣ ҳаракат мекунанд. Дарозии хатти роҳи обӣ 260 километр аст. Ҳамаи ин имконият медиҳад, ки иқтисодиёти ноҳия ба таври комплексӣ инкишоф ёбад.

Шароити табиии ноҳия ба шароити табиии ноҳияи иқтисодии Суғд шабоҳат дорад. Релефи ноҳия он қадар мураккаб нест. Дар қаламрави он қаторкӯҳҳои начандон баланд воқеъ гардидаанд. Аксарияти онҳо ба таври меридионалӣ кашол ёфтанд. Дар байни онҳо водиҳои васеъ ҷойгир шудаанд. Калонтарини он водиҳои Вахш, Кофарниҳони Поён ва Ёвон мебошанд. Ин водиҳо мутавозӣ бо қаторкӯҳҳо кашол ёфта, аз сатҳи баҳр дар баландии 350-450 метр воқеъ гаштаанд. Ҳамчун минтақаи аз қаламравиҳо ба қаторкӯҳҳо гузаранда силсилаи адирҳои гунбазшакл кашол ёфтаанд. Доманаи қаторкӯҳҳо ва нишебии адирҳоро хоки зард пӯшидааст. Дар адирҳои пасти сатҳаш ҳамвор зироати лалмӣ кишт мекунанд. Адирҳои баландро ҳамчун чарогоҳи баҳорӣ ва зимистонӣ истифода мебаранд. Барои ноҳия тобистони гарму хушк ва зимистони кӯтоҳи мулоим хос мебошад. Ҳарорати миёнаи моҳи июл аз +280 то +300, январ бошад,  аз -10  то -30 дараҷа тағйир меёбад. Боришоти солона 150-400 мм-ро ташкил менамояд. Вобаста ба тақсимоти ҳарорат дар қаламрави ноҳия зонаи биёбон ва нимбиёбон ва дашт ташаккул ёфтаанд. Дар шароити обёрии сунъӣ ва ба замин андохтани нуриҳои минералӣ ҳосили баланд гирифтан мумкин аст. Инчунин, иқлими гарму хушки ноҳия бо пайвастагии обёрии сунъӣ барои то 2-3 ҳосил гирифтан имконият медиҳад. Бо ин мақсад аз оби дарёҳои Вахш ва Кофарниҳон истифода мебаранд.

Дар қаламрави ноҳия захираи маъдан гуногун тадқиқ ва аниқ карда шудаанд: нефт, гази табиӣ, намаки ошӣ, оҳаксанг,  доломит, гаҷ, ашёи хом барои истеҳсоли семент, гили хиштӣ, крамзит ва ғайра. Ҳамаи ин сарватҳои табиӣ бо истифода аз қувваи барқ барои ташаккул ёфтани комплекси минтақавию истеҳсолии ноҳия имконият фароҳам меоварад. Алоқаи иқтисодӣ ва истеҳсолии онро бо дигар ноҳияҳои иқтисодии ҷумҳурӣ мустаҳкам ва бисёрҷабҳа мегардонад.

Давраҳои ташаккули хоҷагӣ. Дар гузашта қаламрави ноҳия ба ҳайати аморати Бухоро дохил мешуд. Дар он давра танҳо канорҳои водии Кофарниҳон ва Панҷ аз худ карда шуда буданд. Дигар водиҳо хусусан водии паҳновари Вахш қариб тамоман беаҳолӣ буд. Аҳолии ноҳия ба кишоварзӣ машғул буд. Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ аз худ намудани сарватҳои табиии ноҳия оғоз ёфт. Аммо аз худ намудани онҳо бе роҳҳои мошингард, роҳи оҳан ва обёрӣ ғайри имкон буд. Инро ба инобат гирифта,  солҳои 1931-1935 роҳи оҳани камбари Қӯрғонтеппа бо бандари Панҷи Поён ва соли 1941 роҳи оҳани камбари Душанбе-Қӯрғонтеппа сохта шуданд. Дар як вақт баробари сохтани роҳҳои оҳан сохтани роҳҳои мошингард оғоз ёфт. Солҳои 1925-1927 роҳи мошингарди Қурғонтеппа бо роҳи Душанбе-Термиз пайваст гардид. Соли 1932 қитъаи Душанбе-Қӯрғонтеппа сангфарш карда шуд. Сохтани аввалин роҳҳои оҳан ва мошингард барои обёрии водии Вахш имконият фароҳам овард. Ин буд, ки соли 1933 канали Калони Вахш сохта шуд. Барои аз худ кардани заминҳои бекорхобидаи водӣ аз ноҳияҳои кӯҳистони Ғарм ва Кӯлоб ба ин ҷо шумораи зиёди аҳолӣ кӯчонида шуд. Баробари ба итмом расидани сохтмони канал аз дарёи Вахш истгоҳи барқии «Шаршара» ва «Сарбанд» ва минбаъд истгоҳи Марказро бино карданд. Ҳамин тавр, дар рафти аз худ намудани водии Вахш масъалаҳои сохтмони роҳҳо, обёрии замин, сохтани нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва кӯчонидану ҷойгир кардани аҳолӣ ҳалли худро ёфтанд. Ҳалли ин масъалаҳо имкон дод, ки дар як вақт таркиб ва равияи хоҷагидорӣ  такмил дода шавад.

То давраи Шӯравӣ, аҳолӣ асосан ба чорводорӣ ва ғаллакорӣ машғул буд. Баъди аз худ намудани водии Вахш, ноҳия асосан ба парвариши  пахта  (80 %-и онро кишти пахтаи маҳиннах ташкил мекард), ҷут (ноҳияи Панҷ), ва меваҳои ситрусӣ махсусгардонида шуд. Дар як вақт ба боғу токпарварӣ асос гузошта шуд, ки дар гузашта соҳаи ақибмонда ба ҳисоб мерафт. Мавҷудияти чарогоҳҳои васеъ барои инкишофи чорводорӣ аз ҷумла, соҳаи анъанавии он қароқӯлпарварӣ, мусоидат намуд. Дар ноҳия якчанд хоҷагиҳои қароқӯлпарварӣ (Қубодиён, Яккадин, Кофарниҳон), ташкил карда шуданд. Барои парвариши зоти гӯсфанди гУшту равғандиҳанда, совхози ба номи Куйбишев таъсис ёфт.

Саноати ноҳия зимни коркарди ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ташаккул ёфт. Дар Қӯрғонтеппа, ки дар сари роҳи оҳан ҷойгир шудааст, аввалин корхонаҳои пахтатозакунӣ, равған, осиёи механикӣ, заводи таъмири мошин, корхонаи истеҳсоли маснуоти сохтмон бино ёфтанд. Баробари беҳтар гардидани роҳҳои алоқаи байни хоҷагиҳо ва афзудани миқдори ашёи хоми кишоварзӣ дар дигар қисматҳои ноҳия ҳам корхонаҳои саноатӣ қомат афрохтанд. Аз ҷумла дар деҳаҳои Уялӣ, Ҷиликӯл, Қумсангир, Панҷ заводҳои нави пахта сохта шуданд. Дар Панҷ инчунин заводи равған ва чӯбкоркунӣ бино карда шуд. Барои беҳтар намудани алоқаи иқтисодии ноҳия роҳҳои ноҳияҳои маъмурӣ ба роҳи оҳан ва роҳи калони мошингарди Қӯрғонтеппа-Душанбе пайваст карда шуданд. Ин барои давом додани кори обёрии заминҳои бекорхобида ва аз худ кардани сарватҳои табиии энергетикию минералии он имконият дод. Пеш аз ҳама заводи нуриҳои азотӣ ва дар дарёи Вахш нерӯгоҳҳои барқии Норак ва Бойғозӣ сохта шуданд. Зимни қувваи барқи арзони нерӯгоҳи Норак ва ашёи хоми маҳаллӣ (намак, оҳаксанг, доломит) дар Ёвон корхонаи барқии кимиёвӣ, бино гардид, ки маҳсулоти он барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарур аст. Бо қувваи истгоҳи барқии Норак, инчунин стансияҳои обкашии механикӣ ба кор даромаданд. Онҳо заминҳоеро, ки аз сатҳи дарёҳо ва наҳрҳои сунъӣ баланд воқеъ гардидаанд, обшор менамоянд.

Ҳамин тавр, дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ дар ноҳия хоҷагии бисёрсоҳа ташаккул ёфт, ки дар ҷойгиршавии аҳолӣ ва соҳаҳои хоҷагӣ тағйироти ҷиддӣ даровард.

Ҳамаи он чорабиниҳои иқтисодие, ки дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ барои баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия гузаронида шуд, ба нуфус ва зичии аҳолӣ таъсири калон расонид. Мувофиқи баруйхатгирии аҳолӣ, соли 1939 ҳамагӣ дар ноҳия 259 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Аз ин миқдор 125 ҳазор ба водии Вахш, 25 ҳазор ба водии Кофарниҳони Поён ва 10 ҳазор ба водии Панҷи Поён рост меомад. Баъди ба охир расидани сохтмони канали Калони Вахш ба водии Вахш аз кӯҳистони ҷумҳурӣ аҳолии зиёд ба ин ҷо кӯчонида шуданд.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар иқтисодиёти ноҳия тағйироти калон рух дод, ки он қариб ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияро фаро гирифт. Барои инкишофи кишоварзӣ, саноат ва нақлиёт дар ҳамаи панҷсолаҳо давлат маблағи калон ҷудо мекард. Барои сохтмони наҳрҳои сунъӣ, корхонаҳои саноатӣ, хатҳои нақлиёт аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мутахассисон ва коргарони ихтисосманд даъват мешуданд. Аз ҳисоби онҳо ва аҳолии аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ омада, шаҳрҳо ва шаҳракҳои нав қомат рост карданд. Шумораи аҳолӣ нисбат ба гузашта афзуд. Дар айни замон дар ноҳия 18 %-и аҳолии ҷумҳурӣ ҳаёт мегузаронад. Қисми зиёди онро аҳолии деҳот ташкил менамояд. Аҳолии шаҳрҳо ҳамагӣ 20 %-ро аҳолӣ ташкил менамояд. Ҳиссаи зиёди он дар шаҳрҳҳои Қӯрғонтеппа, Норак, Сарбанд ва Ёвон зиндагӣ мекунад. Зичии аҳолӣ дар ҳар як километри мураббаъ зиёда аз 50 нафарро ташкил медиҳад.

Комплекси хоҷагии халқи ноҳия асосан дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ ташаккул ва инкишоф ёфтааст. Вай дар хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти умумии саноат ва кишоварзӣ пас аз ноҳияи иқтисодии Ҳисор ва Суғд ҷойи сеюмро ишғол менамояд.

Ноҳия 22 %-и маҳсулоти умумии саноати ҷумҳуриро истеҳсол менамояд. Дар таркиби истеҳсоли маҳсулоти умумии ҷамъиятӣ мавқеи асосиро саноат ишғол менамояд. Саноат 57 %-и маҳсулоти умумии ноҳияро медиҳад. Саноати ноҳия бисёрсоҳа мебошад. Аксарияти онҳо зимни ашёи хоми маҳаллӣ (ғайр аз соҳаи мошинсозӣ ва металлкоркунӣ) кор мекунанд. Ба соҳаҳои асосии он саноати сабук, хӯрокворӣ ва вазнин дохил мешаванд. Аз саноати сабук саноати пахтатозакунӣ бештар инкишоф ёфтааст. Заводҳои пахта дар наздикии хоҷагиҳои пахтакор ҷой гирифтаанд. Як қатор соҳаҳои саноати ноҳия ба монанди саноати пахтатозакунӣ, электроэнергетика, кимиёвӣ ва равғанкашӣ ба соҳаҳои тахсисгардонидаи ноҳия дохил мешаванд.

Ноҳия соҳаи кишоварзии инкишофёфта дорад. Ин соҳа 40 %-и маҳсулоти кишоварзии ҷумҳуриро истеҳсол менамояд. Дар таркиби кишоварзӣ ҷойи асосиро зироатҳои техникӣ ишғол менамояд. Соҳаи махсусгардонидаи он пахтакорӣ мебошад. Вай зиёда аз 80 %-и маҳсулоти зироатро медиҳад. Дар ноҳия асосан пахтаи маҳиннах истеҳсол мекунанд. Ғайр аз ин ноҳия қисми асосии пӯсти қароқӯлӣ ва меваҳои ситрусиро истеҳсол менамоянд.

Ноҳия дорои шабакаи инкишофёфтаи нақлиёт мебошад. Аз ҷиҳати таъмин будани роҳ ноҳия дар байни ноҳияҳои иқтисодӣ ҷои муҳимро ишғол менамояд. Ба ҳар 1000 километри мураббаъ зиёда аз 213 километр роҳ рост меояд. Дар ноҳия 17 % роҳи мошингард ва 34 % хати роҳи оҳани ҷумҳурӣ воқеъ гардидааст.

Ҳамин тавр, зимни истифодаи захираҳои табиӣ, энергетикӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва захираҳои меҳнатӣ дар ноҳия комплекси ягонаи минтақавию истеҳсолӣ ташаккул ёфтааст. Асоси онро сиклҳои барқию кимиёвӣ, кишоварзию саноатӣ ва саноатию сохтмон ташкил менамояд.

Шарҳ баста аст.