географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Масъалаи ноҳиябандии иқтисодӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҳар як мамлакат мебошад. Он аҳамияти калони иқтисодӣ дорад: пеш аз ҳама роҳбарӣ ва идора кардани қаламрави мамлакатро осон менамояд, аз дигар тараф барои ба нақша гирифтани инкишофи хоҷагии халқи он асоси объективӣ ба вуҷуд оварда, алоқаи иқтисодии қисмҳои алоҳидаи мамлакатро ба танзим медарорад. Коидаҳои асосии ноҳиябандиро ҳоло дар давраи Шӯравӣ олимон ҳангоми тартиб додани нақшаи Гоэлро (ноҳиябандии энергетикӣ) кор карда буданд. Минбаъд онро бо баъзе иловагиҳо дар ноҳиябандии иқтисодӣ истифода бурданд.

Ноҳиябандии иқтисодӣ чизи сохта ва бофта набуда, балки ҳодисаи объективии олами ҳастӣ мебошад, ки асоси онро тақсимоти минтақавии меҳнат ташкил менамояд. Олимони варзида Н.Н.Колосовский, Т.М.Калашникова, В.С.Жекулин ва дигарон дар он ақидаанд, ки тақсимоти минтақавии меҳнат дар ҳама давраҳо вуҷуд дошт. Аммо аксарияти олимон ин ғояро тарафдори намекунанд. Мувофиқи фикри онҳо тақсимоти минтақавии меҳнат ин зуҳуроти давраи капитализм мебошад. Зеро, мегӯянд, ки махсусгардонӣ ва ба фурӯш баровардани мол     дар давраи капитализм ба миён омадааст.

Дар шароити ҳозира ноҳиябандии иқтисодӣ масъалаи асосии татқиқоти географияи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар омӯзиши он як зумраи олимон, ба монанди Н.Н.Баранский, Н.Н.Колосовский, А.Е.Пробст, И.Г.Александров, П.А.Алампиев, Э.Б.Алаев, Ю.Г.Саушкин, Н.Т.Агафонов, Д.Р.Богарад, Н.И.Коржов ва ғайра саҳми зиёд гузоштаанд. Бояд гуфт, ки ноҳияҳои иқтисодӣ ҳеҷ гоҳ худ ба худ ташаккул намеёбанд. Ташаккулёбии онҳо дар зери таъсири омилҳои табиию иқтисодӣ мегузарад. Ба омилҳои ноҳияи иқтисодӣ ташаккулдиҳанда, тақсимоти минтақавии меҳнат, махсусгардонӣ, кашиши иқтисодӣ ба марказ, нақлиёт, инкишофи комплексии хоҷагӣ, мавчудияти сарватҳои табиӣ ва тақсимоти сиёсию маъмурии мамлакат дохил мешаванд.

Ҳамин тавр, заминаи объективии ташаккулёбии ноҳияҳои иқтисодиро тақсимоти минтақавии меҳнат ташкил менамояд. Ба ин маънӣ, К.Маркс навиштааст, ки тақсимоти ҳудуди меҳнат «ин ҷойгир кардани соҳаи муайяни истеҳсолот ба ноҳияи муайяни мамлакат». Яъне тақсим намудани қаламрави мамлакат ба ноҳияҳои иқтисодӣ ҳамчун қисми хоҷагии халқи он бо умумияти ҳаёти ҷомеа, махсусгардонии истеҳсолот ва бо алоқаи муайяни дохили аз якдигар фарқ мекунанд. Аз ин ҷо, тақсимоти минтақавии меҳнат сабаби тахассус пайдо кардани ноҳияҳо ба соҳаҳои муайяни истеҳсолот ва сабаби алоқаи иқтисодии байни ноҳияҳо, кашиши иқтисодии хоҷагии ин ва ё он мавзеъҳо дар атрофи марказҳои иқтисодии онҳо мегардад. Тахассусгардонии  ноҳия ба ин ва ё он соҳа аҳамияти калони иқтисодӣ дорад, зеро он пеш аз ҳама маҳсулотнокии истеҳсолотро баланд мебардорад ва ба муттамарказонии истеҳсолот, истифодаи техникаю технологияи муосир имконият медиҳад. Ин бо роҳи ҳаматарафа истифода бурдани шароити мусоиди табиӣ ва иқтисодии ҳар як маҳал, муттаҳид намудани воситаҳои моддӣ ва захираҳои меҳнатӣ дар соҳаҳое, ки истеҳсоли маҳсулоти он аз нигоҳи иқтисодӣ дар он маҳал самарабахш мебошад, ба амал бароварда мешавад. Одатан чунин соҳаҳо асоси хоҷагии халқи ноҳияҳои иқтисодиро ташкил менамоянд. Аммо алоқаи байни корхонаҳои соҳаҳои тахассусонида, байни соҳаҳо ва ноҳияҳои иқтисодиро бе нақлиёт тасаввур намудан ғайриимкон аст. Аз ин ҷо, дар ташаккулёбӣ ва инкишофи ноҳияҳои иқтисодӣ саҳми нақлиёт ниҳоят калон аст. Беҳуда нест, ки нақлиётро «артерия»-и хоҷагии халқи мамлакат меноманд. Суст тараққӣ кардани нақлиёт дар баъзе ҳолатҳо инкишофи тақсимоти ҳудудии меҳнат, тахассусонидани соҳаҳои хоҷагӣ ва тараққиёти комплексии ноҳияҳои иқтисодиро маҳдуд менамояд. Набудани нақлиёт аз худ намудани сарватҳои табииро душвор намуда, тахассусонидани ноҳияҳои иқтисодиро ба ин ва ё он соҳаи саноат, хоҷагии қишлоқ ва ғайра ғайриимкон мегардонад. Агар ноҳияҳои иқтисодиро ҳамчун воситаи ташкили оқилонаи хоҷагии халқ ба инобат гирем, ҳудуди онро дар асоси омилҳои ноҳия ташаккулдиҳанда чунон бояд ҷудо кард, ки он харҷи нақлиётро ба дараҷаи ақал паст намояд. Ба ҳамин мақсад,  ҳангоми ҷудо намудани ноҳияи иқтисодӣ ба масофаи дур кашонидани бор ва боркашонии ғайриоқилона ва бартараф намудани он диққати хос дода мешавад. Агар дар дохили ноҳия ба ин масъала диққат дода нашавад, ноҳиябандии иқтисодӣ моҳияти худро ҳамчун шакли ташкили оқилонаи хоҷагии халқ гум  мекунад. Нақлиёт ҳамчун омили асосӣ бо дигар омилҳои ноҳияташаккулдиҳанда ва инкишофи комплексии ноҳияҳои иқтисодӣ зич алоқаманд мебошад. Тараққиёти комплексӣ гуфта, дар асоси самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ, захираҳои меҳнатӣ бо ҳам алоқаманд ва бо таносуби муайян фаъолият намудани соҳаҳои тахассусгардида ва ёрирасону хизматрасонро мегӯянд, ки вобаста ба шароити табиӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, хусусияти таърихӣ ва мавқеъи географӣ дар ҳар як ноҳияи иқтисодӣ он ба худ тамоюли хос пайдо мекунад. Асоси онро комплексҳои соҳавӣ ва интегралӣ (ҳамгиро) ташкил менамоянд, ки дар заминаи корхонаҳои соҳаҳои тахассусонида ташаккул ва инкишоф ёфтанд. Комплексҳои интегралӣ асоси ноҳияҳои иқтисодиро ташкил мекунанд. Дар адабиётҳои илмӣ онҳоро ба таври васеъ комплексҳои минтақавию истеҳсолӣ ҳам мегӯянд. Ин фаҳмиш ба ноҳияи иқтисодӣ ҳамчун комплекси ҳудудию истеҳсолӣ мутобиқат менамояд. Вале ноҳияи иқтисодӣ ва комплекси минтақавию истеҳсолиро тамоман як чиз гуфтан нашояд. Ба он хотир, ки дар ноҳияи иқтисодӣ унсурҳои иҷтимоӣ ва иқтисодие ҳастанд, ки ба комплекси минтақавию истеҳсолӣ дохил намешаванд.

Ҳамин тавр, корхонаҳои истеҳсолии дар марзи комплекси минтақавию истеҳсолӣ бо ҳам алоқаманд сохта шуда, нисбат ба корхонаҳои алоҳида сохташуда дар сатҳи баланд меистад. Ин дар натиҷаи якҷоя истифода бурдани ашёи хом, базаи сохтмон, сӯзишворӣ, нерӯи барқ, нақлиёт, захираҳои меҳнатии марзи корхона, муассисаҳои хизматрасон ва бартарии кооперативию муштариконии истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолӣ ба даст оварда мешавад. Дар марзи комплекси минтақавию истеҳсолӣ, корхонаҳои баъзе соҳаҳо бо якдигар робитаи истеҳсолию технологӣ надоранд ва дар онҳо алоқаи умумииқтисодӣ, ягонагии минтақа, истифодаи қувваи корӣ, манбаи нерӯи барқ, об, хатти алоқа, муассисаҳои маданию равшаннамоӣ ва ғайра нақши асосӣ мебозанд. Онҳо мувофиқи ин робитаҳо дар марзи комплекси минтақавию истеҳсолӣ ду шакли минтақавии бо ҳам алоқамандро ташкил менамоянд: гурӯҳи саноатӣ ва комплекси саноатӣ. Аз ин ҷо ҳам вобастагии истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ дар заминаи технологияи коркарди ашёи хоми минералӣ, хоҷагии қишлоқ ва баррасии нақлиёт асоси ташкилӣ ва истеҳсолии шаклҳои комплекси минтақавию истеҳсолии на фақат саноат, балки хоҷагии халқи ноҳияҳои иқтисодиро ташкил менамоянд. Дар ин ҷараёни ташаккулёбии минтақаҳои истеҳсолию комплексӣ қаламравию истеҳсолӣ, инчунин муносибатҳои ягонаи технологияи коркарди ашёи хом ва истифодабарии ашёи хомро низ иҷро менамояд, ки онро Н.Н.Колосовский сиклҳои истеҳсолӣ номидааст. Ӯ сикли истеҳсолиро чунин таъриф медиҳад: «иттиҳодияҳои устувори истеҳсолии бо ҳам алоқаманд, ки дар атрофи истеҳсолоти асосии барои муайян намудани ашёи хом ва энергия хос аст, инкишоф меёбад». Аз ҷиҳати фарогирии ҷараёни коркарди ашёи хом (аз истеҳсоли маҳсулот то истифодаи партов) онҳоро ба ду ҷудо мекунад: сикли пурра ва нопурра. Сиклҳое, ки аз коркарди ибтидои ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва истифодаи партовро дар бар мегирад, онҳоро сикли пурра меномад. Он сиклҳои истеҳсолие, ки ҳама зинаҳои технологии ашёи хомро дар бар намегирад, онҳоро сикли нопурра меномад. Ҳамаи сиклҳои истеҳсолӣ дар якҷоягӣ бо корхонаҳои хизматрасон комплексҳои минтақавию истеҳсолиро ташкил менамоянд.

Дигар омиле, ки ташаккул ёфтани ноҳияҳои иқтисодӣ ва идора намудани хоҷагии он мусоидат менамояд, ин сохтори сиёсию маъмурии давлат мебошад. Он дар асоси ба инобат гирифтани хусусияти хоси қисмҳои алоҳидаи мамлакат ва таркиби миллии аҳолӣ ва маскуншавии он гузаронида мешавад. Бинобар он таркиби ин сохтор дар ҳама мамлакатҳо як хел нестанд. Масалан, дар Тоҷикистон вобаста ба роҳбарии хоҷагӣ ва идора намудани аҳолӣ ҳамчун воҳиди сиёсию маъмурии шаҳр, ноҳияи маъмурӣ, вилоят, вилояти худмухтор, ноҳияҳои маъмурии тобеи ҷумҳурӣ қабул карда шудааст. Ҳудуди ноҳияи иқтисодӣ мувофиқи ҳудуди воҳидҳои сиёсию маъмурӣ гузаронида мешавад. Бинобар ҳудуди як воҳиди маъмуриро дар байни ду ноҳияи иқтисодӣ тақсим намудан роҳ дода намешавад. Тақсимоти сиёсии маъмурӣ доимӣ нест, баробари пеш рафтани иқтисодиёт ва талаботи нави идоракунии он тағйир дода мешавад.

Шарҳ баста аст.