Нишони бозиҳои олимпӣ чӣ маъно дорад?

0
221

варзиш, бозихои олимпи

Рамзи бозиҳои олимпӣ яке аз нишонаҳои шинохтатарин дар ҷаҳон ба шумор меравад. Оиди пайдоиш ва чӣ чизеро ифода кардани ин нишона на ҳама маълумот доранд. Хостем оиди ин нишона маълумот оварда бошем.

Загрузка...

Ин нишона соли 1913 аз тарафи Пйером де Кубертеном тасвир ва пешниҳод карда шуда буд.  Мақоми расмии бозиҳоро соли 1914 ҳангоми гузаронидани бозиҳо дар Белгия соҳиб гашт.

Ҳангоми муаррифи рамз худи де Кубертен қайд намуд, ки панҷ ҳалқаи олимпӣ ки дар рамз тасвир ёфтааст, панҷ қисми рангҳоро ташкил медиҳад, ки рӯҳи Олимпизмро ташкил медиҳанд. Якчанд гуна (версия)-ҳои гуногуни маънидодкунии ин рамз мавҷуд аст, ки дақиқтаринашонро баҳри шумо меорем:

Гунаи аввал чунин аст, ки ҳар як ҳалқаи рангшуда ба қитъаи мухталиф тааллуқ дорад: Аврупо – кабуд, Африқо – сиёҳ, Амрико – сурх, Осиё – зард, Австралия – сабз. Баъдан ба хулосае омаданд, ки ин рангҳо аз он сабаб дарҷ гардидаанд, ки парчами ҳар давлат ҳадди ақал як ранги ин рамзро доро мебошад.

Гунаи дигар чунин аст, ки 5 ҳалқаи бозиҳои олимпӣ бо рангҳои мухталиф нишонаҳои намудҳои гуногуни варзиш мебошанд.

Ҳамин тавр:

шиноварӣ бо об алоқаманд аст, аз ҳамин сабаб рангаш кабуд;

шамшербозӣ – оташ, рангаш сурх;

давдидан ба масофаи муайян – замин, рангаш зард;

аспдавонӣ – дарахт рангаш сабз;

тирпаронӣ – металл, рангаш сиёҳ.

Бозиҳои олимпӣ чӣ гуна пайдо шудаанд? Ҷавоб ба ин суол инҷо <<