Неъмат — мояи асосии истеҳсолоти молӣ

Дар ҳаёти муқаррарӣ инсон бо ибораҳои зиёде ба монанди неъмат, маҳсулот, мол, сарват, боигарӣ ва ғ. дучор меояд ва онҳоро бамавриду бемаврид дар як маънову мазмун истифода мебарад. Тоҳатто дар фарҳанги забони тоҷикӣ таҳти «неъмат» — мол, сарват, боигарӣ, сарвати моддию маънавӣ, молу мулк тасниф карда шудааст. Илми иқтисод ба фарқ аз зикри шифоҳӣ, ҳар яке аз онҳоро ҳамчун истиллоҳи мустақил ва мушаххас эътироф карда, аз нигаҳи ташаккули субъект ва объекти иқтисодӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ  қарор медиҳад.

Неъмат заминаи айнии бунёду ташаккул ва унсури муҳимта-рини ба низомдарории истеҳсолоти молӣ мебошад. Дар мояи он маҳсулот ва мол таркиб ёфта, истеҳсолоти молии оддию капита-листӣ густариш меёбад. Мафҳуми неъмат, мантиқан пеш аз хо-ҷагиҳои натуралӣ (молӣ), дар давраи низоми иқтисоди суннатӣ ба миён омада, то кунун истифода карда мешавад.

Неъмат ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои байни субъектҳои иқ-тисодӣ дар зинаҳои гуногуни низомҳои иқтисодӣ, вобаста ба сират ва хусусиятҳои густариши онҳо ҳархела сурат мегирад. Аз ин ҷиҳат байни иқтисоддонон оиди мазмун, нақш ва мақоми он-ҳо маънидодкуниҳои гуногун ба назар мерасад. Масалан, А. Маршалл таҳти неъмат чизҳои лозимӣ ё худ дархостшавандае, ки қодиранд талаботи инсонро қонеъ гардонанд мефаҳмад. Ж.Б. Сей — неъматро ҳамчун воситаҳои дар ихтиёр доштаи инсон, ки барои қонеъ гардонидани талаботҳои он нигаронида шудаанд тасаввур мекунад. А. Шторх қайд мекунад, ки қарори андеша ва мулоҳизаи мо оиди манфиатнокии чизҳо худ ба худ аллакай неъ-мат мебошад. А. Смит таҳти неъмат манфиатнокии сарватҳои ҷомеаро мефаҳмад. Намояндаи мактаби Австрия К. Менгер махсус қайд мекунад, ки сирати маҳсулотҳое, ки имконияти қонеъ гардонидани талаботи муайяни инсонро дошта бошанд, ҳоло маънои неъматро надоранд. Барои он, ки чизҳои табиат (предметҳои меҳнат) неъмат шуда тавонанд, инсон бояд хусусиятҳои манфиатнокии онҳоро пешакӣ муайян ва минбаъд онро ба мақсади мушаххас  истифода  карда  тавонад (5,51).

Аз нуқтаи назари дини мубини ислом неъмат аз ҷониби худованд ҳамчун неъматҳои олами наботот, олами ҳайвонот, олами баҳру коинот ва ғайра офарида шуда, онҳо ба ихтиёри инсон барои истифода дода шудаанд. Инсон тибқи қудрату тавоноӣ ва меъёри талабот аз онҳо истифода мебарад. Асоси неъматҳоро манфиатнокӣ ташкил медиҳад. Масалан, чорво барои кор фармудан, ҳамчун воситаи нақлиёт истифода кардан, ба ҳайси хӯрока, нӯшиданӣ, истифода кардан ва ғайра.

Ин тарзи истифодаии неъматҳо, бидуни заҳмату ранҷ (меҳ-нати инсон), дигаргунсозиҳои таркибӣ, ҳамчун неъмати тайёри худованд сурат мегиранд. Аз ин лиҳоз, онҳо ҳамчун неъмати иқ-тисодӣ баромад карда наметавонанд, чунки аз ин неъматҳо (об, алаф, ҳаво, замин…) на фақат инсон, балки дигар махлуқоти рӯи замин низ истифода карда метавонанд. Аз он даврае, ки инсон бо меҳнати худ ба он неъматҳои худованд таъсир расонд, шаклу намуд ва таркиби онҳоро тағйир дод ва онҳоро тибқи дархост ва эҳтиёҷи худ барои хӯрока, пӯшока, пойафзол, хонаву ҷой ва ғай-ра истифода кард, аз он рӯз сар карда неъматҳо мазмуни моддӣ гирифта, ҳамчун объекти иқтисодӣ дониста мешаванд.

Барои исботи масоили мазкур ва давоми назарияи К. Менгер чунин мисолро истифода кардан бамаврид аст. Масалан, гандум дар шакли табиӣ, яъне худрӯии худ неъмат нест. Он ҳам-чун хӯрока аз ҷониби паррандагон, чаррандагон, ҳайвонот ва ғайра низ истифода карда мешавад. Кадом вақте ки инсон манфиатнокии онро пешакӣ донист, онро ҷамъоварӣ намуд, кишт кард, парвариш намуд, ғун кард, кӯфт, орд кард, аз он нон пухт ва тарзу услуби аз он тайёр кардани масолеҳу маҳсулотҳои гуногунро ёд гирифт ва донишу малакаи худро ботадриҷ сайқал дод, аз он вақт сар карда гандум ба неъмати иқтисодӣ табдил меёбад. Он на фақат талаби шахси алоҳида, балки талаботи оила, давлат ва олами башариятро қонеъ мегардонад. Сайқал ва такмил ёфтани худи гандум ва унсурҳои таркибии он — натиҷаи меҳнати «мурдаи» дар он таҷассумёфтаи чандинасраи инсон мебошад.

Аз мисол ва таҳлили баъзе аз ақидаҳои мутафаккирони со-ҳаи иқтисод хулоса бармеояд, ки неъмат: мазмуни моддӣ дошта бошад; он натиҷаи меҳнат ва манфиатнокӣ бошад; талаботи инсонро қонеъ гардонад; моҳияти он пешакӣ дарк карда шуда, ба мақсади муайян истифода карда шавад; ба худ хос қиммат дошта бошад ва таносубан ба чизи дигар мубодила шуда тавонад.

Дар ин мазмун, агар неъмат дар доираи хоҷагиҳои муайян, аз ҷониби субъектҳои иқтисодӣ истеҳсол ва истеъмол карда шавад, он гоҳ мувофиқи ақидаи К. Маркс ҳамчун маҳсулот ва агар ба бозор барои хариду фурӯш бароварда шавад — ба мол табдил меёбад. Ин тарзи тафриқасозии неъматҳо дар шароити ҳозира аз тарафи иқтисоддонони мамлакатҳои Ғарб қариб ки ҷонибдорӣ карда намешавад. Масалан, «Мол, — қайд мекунад К. Менгер, — новобаста аз қобилияти ҳаракаташ, новобаста аз шахсиятҳои онҳоро барои фурӯш тавсиякунандааш, новобаста аз мазмуни моддию аз сирати маҳсулотӣ доштааш ва натиҷаи меҳ-нати ода-мон буданаш, — неъмати иқтисодӣ мебошад». Аз нуқтаи назари К. Менгер, фарқ байни неъмат, маҳсулот ва мол вуҷуд надорад.

Бояд тазаккур дод, ки дар илми иқтисод шакл ва намудҳои гуногуни неъматҳо тавсия карда мешаванд. Аз нуктаи назари маҳдуд будан нисбат ба эҳтиёҷу ниёзҳои мардум, неъматҳоро ба неъматҳои иқтисодӣ ва фаровон буданашон — ба неъматҳои ғайрииқтисодӣ тақсим мекунанд.

Таҳти неъматҳои иқтисодӣ теъдод ва манфиатнокии чизҳое фаҳмида мешаванд, ки дар ҳаёти воқеӣ захираҳои онҳо маҳду-данд ва барои қонеъ гардондани талаботи ҷамъият кофӣ нес-танд. Онҳо ба ҷумлаи неъматҳои нодир дохил карда мешаванд.

Таҳти неъматҳои ғайрииқтисодӣ неъматҳое фаҳмида мешаванд, ки талаботи рӯзмарраи аҳолиро мустақим ё ғайримуста-қим қонеъ мегардонанд. Вале аз сабаби зиёд ва фаровон будани захира ва шумораашон қадру қиммат надоранд (масалан, об, ҳаво, санг, хок, алаф…). Ҳадду ҳудуд байни онҳо вуҷуд надорад ва яке ба дигаре табдил ёфта наметавонад. Масалан, об ҳамчун захираи иқтисодӣ нисбатан фаровон аст ва аз ин боис он неъмати ғайрииқтисодӣ дониста мешавад, вале ҳамин об дар ҳолати сафар, дар биёбону коинот будан ба чизи нодир табдил меёбад ва тилло тоҳатто назди он қадр надорад. Дар ин ҳолат он аз неъ-мати ғайрииқтисодӣ ба неъмати иқтисодӣ табдил меёбад.

Қисме аз иқтисоддонон ба ҳайси меъёри муайянкунандаи неъмат дараҷаи манфиатнокӣ ва судмандии чизҳоро тавсия менамоянд. Масалан, Ж.Б. Сэй ба ҷумлаи неъматҳои ғайрииқти-содӣ, доираи фаъолияти тоҷирон, сарлашкарони ҳарбӣ (низомиён), ҳимоятгарон (адвокатҳо); А. Маршалл — хидмати ҳимоятга-рон, хондани лексия дар донишгоҳ, ки тақозои маънавии инсонро қонеъ мегардонад, дохил менамоянд. Ба неъматҳои иқтисодӣ К. Менгер чизҳоеро дохил менамояд, ки онҳо объект ё худ нати-ҷаи фаъолияти иқтисодӣ бошанд ва миқдори ба даст овардани онҳо нисбат ба истеъмол маҳдуд бошад.

Неъматҳои иқтисодӣ ва ғайрииқтисодӣ дар амалия шакл ва намудҳои гуногун дошта, ҳамчун ғизодиҳандаи истеҳсолоти муосири мамлакатҳо хизмат мекунанд (ниг. нақшаи 12):

1) неъматҳои истеъмолӣ (неъматҳои зинаи поёнӣ, ё худ  мустақим) — неъматҳое мебошанд, ки бевосита барои қонеъ гардонидани талаботи инсон истифода карда мешаванд. Ба онҳо молҳои ниҳоӣ (охирон) ва хизматҳое, ки сирати истеъмолӣ доранд,  дохил карда мешаванд;

2) неъматҳои истеҳсолӣ (неъматҳои зинаи болоӣ, ё худ ғайримустақим) — захираҳое мебошанд, ки бевосита дар ҷараёни истеҳсолот (станок, мошин, дастгоҳ, бино, таҷҳизот, замин…) истеъмол (истифода) карда мешаванд;

3) неъматҳои хусусӣ — неъмат ва хизматҳое ба ҳисоб мераванд, ки ҳангоми адои ягон кор (мусофиркашонӣ, роҳпулӣ, кинопулӣ, ҳаққи адои хӯрока дар ошхона) дода мешавад;

4) неъматҳои ҷамъиятӣ — неъмат ва хизматҳое мебошанд, ки аз ҷониби бозор тавлид ва эътироф карда намешаванд. Онҳо асосан аз тарафи давлат, ҳамчун тадбирҳои фавқулфавқ, яъне миқёсан бузург ташкил карда шуда, барои қонеъ гардондани талаботи тамоми аъзоёни ҷамъият нигаронида мешаванд. Масалан, истифода аз роҳ, музей, театр, китобхона, таълим ва табобати бепул, подоши заҳбуру қубурҳои обгузар, тадбирҳо оиди нигоҳдории тартиботи умум, артиш, солимгардонии аҳолӣ, им-тиёзпулӣ ва ғайра ба ҷумлаи ин неъматҳо дохил шуда метавонанд. Аз онҳо ҳама (фардҳои хусусӣ, соҳибкорон, тоҷирон, сиёсатмадорон…) як хел баҳра мебардоранд. Онҳо аз ҳисоби захи-раҳои дохилии худи корхонаҳо, андозу пардохтҳо ба буҷаи давлат ва тақсими минбаъдаи онҳо ҳамчун сиёсати фискалӣ (хазинадории давлат) — подош карда мешаванд. Ин гурӯҳи неъматҳо сирати моддӣ (ғайримоддӣ) дошта, ҳамчун неъматҳои моддӣ ё худ неъматҳои ғайримоддӣ ташкил карда мешаванд (7, 91-102).

5) неъматҳои моддӣ — ҳамчун маҷмӯи неъматҳои табиат (замин, ҳаво, иқлим…), маҳсули истеҳсолот (чизҳои истеъмолӣ, бино, таҷҳизот, мошин) ва ғайра ташкил меёбад. Баъзан ба неъ-матҳои моддӣ (А. Маршалл) муносибатҳо оиди азонихудкунии неъматҳо дар шакли навовариҳо, ихтироотҳо,  патентҳо, гаравхатҳо ва ғайра низ дохил карда мешаванд. Бо ибораи дигар, неъматҳои моддӣ ҳамчун ягонагии неъматҳои истеъмолӣ, истеҳ-солӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ, ҳамчун ангезандаи манфиат ва ҳам шакли  азхудкунии  он тасаввур карда мешавад.

6) неъматҳои ғайримоддӣ — неъматҳое ба шумор мераванд, ки дар ҳавзаи ғайриистеҳсолӣ (илм, маориф, тандурустӣ, маданият) ба вуҷуд оварда шуда, бо фазилати худ қобилияти маънавии инсонро фаррох ва афзун мегардонанд.

Неъматҳои ғайримоддӣ таҳти омилҳои гуногун (дараҷаи та-раққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, характер ва инкишофи ни-зомҳои иқтисодӣ, омилҳои табиӣ, шароитҳои таърихӣ…) ҳар-хела сурат мегиранд. Аз ин ҷиҳат онҳоро ба неъматҳои ғайримоддии дохилӣ ва табиӣ (берунӣ) тақсимбандӣ мекунанд.

Ба неъматҳои дохилӣ — қобилияти табии (худодод)-и инсонро, ки дар натиҷаи меҳнат ва фаъолияти мустақилонаи ҳар як шахс (овозхонӣ, сурудан, шунавоӣ, навохтан, рақс…) ташкил ва такмил ёфта, ба сатҳ ва дараҷаи волои худ мерасад, дохил мекунанд.

Ба неъматҳои берунӣ қобилияти фавқуллодаи инсон, ки ҳамчун қобилияти модарзод дар шахсҳои алоҳида ҳувайдо гардида, ба раванди талаботи инсону ҷомеа метавонад мусбат таъсир расонанд (некномӣ, шӯҳратмандӣ, кордонӣ, ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ, ҳимоятгарӣ…) ворид мекунанд.

Ингуна неъматҳо метавонанд ҳамчун неъматҳои ҷорӣ, оянда, кӯтоҳмуддат, дарозмуддат, пешбинӣ ва ғайра сурат гиранд (10,66-67).


Неъмат — мояи асосии истехсолоти моли

Шарҳ баста аст.