Назарияи иқтисод (сарсухани китоб)

Иқтисод оинаи миллат аст, ки маҳсули меҳнаташро акс ва дастурхонашро сершор аз неъмат мегардонад.

Иқтисод аз зумраи илмҳои нодире мебошад, ки инсоният ба туфайли он санъати хонадорию хоҷагидорӣ, идораю тарҳрезӣ, бозоргонию тиҷоратро аз худ намуда, ба сатҳ ва дараҷаи волои давлатдорӣ расидааст.

Аз ин нигоҳ, надонистани иқтисод, на танҳо асоси хирагии ақлу хирад, балки бефурӯзӣ ва нафарҷомии инсон мебошад. Мутахассисе, ки иқтисоди хона, корхона, ноҳия ва миллати худро надонад, оиди онҳо ақидаву андешаи амиқ, мустақилу мушаххас надошта бошад, дирӯзу фардои онро қадр карда натавонад, он абадан дар ботлоқи нодонӣ, ҷаҳони нокомӣ, селоб ва маҷрои гилолуди ҷоҳили зиндагӣ, хоҷагидорӣ ва давлатдорӣ боқӣ мемонад.

Мавзӯҳои пурраи иқтисодиро инҷо мутолиа намоед >>> НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Ин гуфтаҳою санҷидаҳои бузургон ва мутафаккирони илму фарҳангро муаллифон беҳтару амиқтар дарк намуда, кӯшиш ба харҷ доданд, то ки шумо хонандагон ва шогирдони арҷмандро ба сайли гузаштаю ҳозираи олами иқтисод баранд ва андаке бошад, ҳам шуморо аз риштаҳову зинаҳои инкишоф ва таҳаввули мураккабу пурпечутоб, бурду бохти он ва натоиҷи ақлу заковати инсони иқтисодӣ воқиф созанд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз заволи низоми амрӣ (сотсиалистӣ) то кунун дар доираи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дарсӣ ё худ васоити таълимие, ки бо таври комил, тибқи барномаи муташаккили таълимӣ таҳия гардида, масоили умдаи замони ҳозира, махсусан масъалаи гузариш ба иқтисоди бозориро дарбар гирифта, қодир бошад ба масъалаҳои асоситарини илми «назарияи иқтисод» ҷавобгӯй бошад вуҷуд надорад1.

Аз ин нуқтаи назар, ба муаллифон муяссар гардидааст, ки тӯли 10-соли охири сабақ гуфтан дар мактабҳои олии шаҳри Душанбе (Донишгоҳҳои технологӣ, кишоварзӣ, тиҷорат…) барномаҳои таълимии курси назарияи иқтисодро омода созанд1 ва тибқи он васоитҳои таълимӣ2 ва дар асоси онҳо китоби дарсии мазкурро пешниҳод намоянд.

Муаллифон, тибқи имконият кӯшиш ба харҷ доданд, то ин ки дар баҳри беканори донишҳои иқтисодӣ, падида ва гузориш-ҳои беҳтаринро интихоб намуда, мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор диҳанд; мавқеи худро нисбат ба равияҳову мактабҳои мухталифи гузаштаву муосири иктисодӣ муайян созанд, ба онҳо пайравӣ намуда, фикру андешаашонро инкишофу густариш дода аз баъзеи онҳо худдорӣ ва нисбати дигарон дастгирӣ ё худ андешаронию мулоҳизакорӣ нишон диҳанд.

Дар назди муаллифон интихоби алтернативӣ вуҷуд дошт3, вале онҳо тавонистанд нақш ва мавқеи худро бо таври айнӣ муайян намоянд, фишурдаи маҳдуд ва мушаххаси мавзӯҳоро, ки минбаъд ҳамчун фан ё худ силсилаи илмҳои иқтисодӣ сабақ дода мешаванд гирд оварда, пешкаши хонандагон гардонанд ва бо ҳамин бо алифбои иқтисод онҳоро ошно созанд.

Бояд қайд намуд, ки тақозо ба китоби дарсии пурмазмун ва нисбатан илмию баҳсталаб, ки ба стандарти ҷаҳонӣ ва дараҷаи таълими университетӣ ҷавоб дода тавонад кайҳо боз пайдо шудааст. Шояд ин китоби дарсӣ ба як андоза, дар ҳаллу фасли ин муаммои замона, ба шогирдон кӯмаке расонда тавонад.

Китоби дарсии мазкур мувофиқи барномаи «курси назарияи иқтисодӣ», ки донишҷӯёни бахши иқтисодӣ дар ҳаҷми 280 соат меомӯзанд пешниҳод шудааст. Он дар шакли фишурдаю маҳдуд барои ҳамаи ихтисосҳои мактабҳои олии мамлакат — донишҷӯён, шунавандагони курсҳо, бакалаврҳо, магистрҳо, аспирантон, устодон ва дигар аҳли илму адаб, ки майл ба дониши иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва дараҷаи он доранд тавсия карда мешавад.


Муаллифон: ЭРГАШЕВ АШРАФ ЭРГАШЕВИЧ, ҲАҚБЕРДӢ МУҲАДБЕРДИЕВ


1 Б.Исоматов. Асосҳои назарияи иқтисод. Ҷилдҳои 1-2, ки  солҳои 1993, 1994 ба чоп омода гаштааст.

1 Х. Мухадбердиев. Программа курса «Экономической теории», 1994; Х. Мухадбердиев., Обидов Ф. барномаи курси назарияи иқтисодӣ 1997., Эргашев А., Мухадбердиев Х., Барномаи курси «назарияи иқтисодӣ», 2000с.

2 Эргашев А., Мухадбердиев Х. 1.Муқаддимаи назарияи иқтисодӣ, 1999. 2. Раванди истеҳсолот ва моликият, 2000; 3. Масоили умдаи бозор, механизм ва танзими он, 2000; 4. Фаъолияти фирма дар шароити бозор, 2001; 5. Муносибатҳои рентавӣ ва иқтисоди ноҳия, 2001.

3 Китобҳои дарсӣ ва васоилҳои таълимии зиёде, ки бо забони русӣ вуҷуд доранд ва илмҳои иқтисодие, ки дар давоми таълим дар донишгоҳ меомфзанд дар назар дошта мешавад.


Назарияи иктисод, кори курси, реферат, мавзухои назарияи иктисоди, китоби назарияи иктисоди, иқтисод, кори курсӣ, мавзӯҳои назарияи иқтисод, микроиқтисод, макроиқтисод, иқтисоди корхона.

Шарҳ баста аст.