ТАБРИКОТ барои Наврӯз

Наврӯзи Аҷам – Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони шумо Муборак бошад! Шукр, ки Худованд мову Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорам, ки боз Наврӯзи дигар мерасонад!


Муборак бошад!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад,
Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Чашми фархундаю фирӯз муборак бошад!

Куртаи сабз ба бар карда зи нав кӯҳу камар,
Чун арӯсон шуда ҳар шохаи гул тозаву тар.
Марди деҳқон ба замин донаи армон пошад,
Сар кашад донаи афтода ба уммеди самар.

Боз аз хоб табиат шуда бедор имрӯз,
Соғари лолаи хандон шуда саршор имрӯз.
Дар кафи барг чу дурдона дурахшад борон,
Таҳ ба таҳ дар дили мо мисраи ашъор имрӯз.

Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,
Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!



Шуморо бо идиҷаҳонии Нарӯзи мардуми тоҷики форс муборак гуфта, бароятон рӯзгори фаровон ва пирӯзию хушиҳо таманно дорам. Бигузор файзу баракати Наврӯз ба зиндагониатон рангу таровати тоза бахшида дастархонатонро пурфайз гардонад. Нарӯз муборак!


Наврӯзӣ муборак бод!

Имрӯз баҳор омад,
Бо ханда нигор омад,
Вай аз паи кор омад.
Наврӯзӣ муборак бод!
Фирӯзӣ муборак бод!

Шодӣ бидамад бар ҷон,
Аз бӯи гулу райҳон
Ҳар кас бишавад хандон.
Наврӯзӣ муборак бод!
Фирӯзӣ муборак бод!

Бар кишвари ободӣ,
Бар дидаи эҷодӣ,
Овард басе шодӣ.
Наврӯзӣ муборак бод!
Фирӯзӣ муборак бод!

Наврӯз равон бахшад,
Сад тобу тавон бахшад,
Бар пиру ҷавон бахшад.
Наврӯзӣ муборак бод!
Фирӯзӣ муборак бод!

Фаррӯх зи дили ҷӯшон,
Дар боғи ҳазористон,
Гӯяд: Чӣ хуш эй ёрон,
Наврӯзӣ муборак бод!
Фирӯзӣ муборак бод!



Дар чунин лаҳзаҳои шукуфтанҳо баҳори фараҳбахшу Наврӯзи бостониро сидқан ба шумо ва аҳли оилаатон муборак мегӯяму бароятон саломативу хотири ҷамъ, хушбахтию дили беғам ва пеш аз ҳама хонаободию сарбаландӣ хоҳонам!


Табрикоти наврӯзӣ

Рафиқо, дар сабоҳи фасли наврӯз,
Чу гул шуд аз рӯхи гул хандаомӯз.
Дар айёме, ки шомаш субҳранг аст,
Шабаш чун рӯзу рӯзаш оламафрӯз.
Фиристонам саломи гарму ҷӯшон,
Ба ту бо орзуи бахти фирӯз.
Ба ёд ояд зи нав ин байти Саъдӣ
Барои дӯстон дар рӯзи Наврӯз:
“Ҳумоюн бодат имсолу ҳама сол,
Муборак бодат имрӯзу ҳама рӯз”.



Баҳор

Баҳор омад гули хандон баромад,
Раёҳин бо қади ларзон баромад.
Зи машриқ то ба Мағриб баъди борон,
Камони Рустами Дастон баромад.
Табиат тоза шуд чун рӯи ёрон,
Чу ҳавре дуди дил кайҳон баромад.
Насим аз боғу саҳро мужда овард,
Ки базми булбули хушхон баромад.
Дилам аз сина бар тарфи чаманҳо
Шитобону ғазалгӯён баромад.
Зи пеши роҳ дид он марди деҳқон
Миёнро бастаю майдон баромад.
Ки аз гуфтору рафтору зи кораш
Ту гӯй дар заминҳо нон баромад,
Барои зиндаҳо омад баҳорон,
Баҳор андар баҳористон биёмад.



Шуд баҳору …

Шуд баҳору лолаҳо ҳар ҷо шукуфтанд,
Байни гандумзору хирманҷо шукуфтанд.
Ҳам ба боғу лаб-лаби дарё шукуфтанд,
Дар бари рухсори духтарҳо шукуфтанд.

Шуд баҳору сар зад аз ин хок дона
Ҳамчунон, ки аз дили шоир тарона.
Чашмаҳои шеърҳои ошиқона,
Гашт сӯи ҳар дили сӯзон равона.

Шуд баҳору боз шуд гӯё хамӯшак,
Паҳн шуд бӯи хуши пудинаҷӯшак.
Давр-даври бачагони гулфурӯшак,
Давр-даври духтарони гулбагӯшак.

Шуд баҳору ман шудам гӯё ҷавонтар,
Дилбарам ҳам дилрабою меҳрубонтар.
Шеърҳои рӯҳбахшою равонтар,
Боғи умрам сербору гулфишонтар.