Навъҳо ва назарияҳои фаҳмиши ҳуқуқ

Навъи фаҳмиши ҳуқуқ аз маҷмӯи якчанд назарияҳои ҳуқуқ иборат аст, ки асоси ягонаи назариявию методологӣ доранд. Навъи фаҳмиши ҳуқуқ дар заминаи ин ё он нуқтаи назар ва назарияи ҳуқуқ ташаккул меёбад. Чунончи, дар заминаи нуқтаи назар ва назарияи позитивии (расмӣ-давлатии) ҳуқуқ фаҳмиши расмии (позитивии) ҳуқуқ ҳосил мешавад, яъне ҳуқуқ дар вобастагӣ бо давлат, чун маҳсули давлат фаҳмида мешавад. Ҳуқуқ дар заминаи нуқтаи назари фалсафӣ, пеш аз ҳама фитрӣ-ҳуқуқӣ новобаста аз давлат, дар иртибот бо табиати инсон, Худованд, ё чизи дигар, дар вобастагӣ бо ахлоқ, ҳуқуқҳои инсон ва падидаҳои дигар таҳлил мешавад. Аз нигоҳи сотсиологӣ ҳуқуқ дар робита бо воқеияти ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар иртибот бо ҳуқуқи судӣ, ё ҳуқуқи ташкилотҳои гуногун дарк мешавад. Агар асоси фаҳмиши ҳуқуқро нуқтаи назари либертарӣ ташкил диҳад, пас мафҳуми ҳуқуқ дар алоқамандӣ бо шакли меъёрии адолат, баробарӣ, озодӣ муайян мешавад. Ҳамзамон мафҳумҳои адолат, озодӣ, баробарӣ дар назарияҳои дигари фалсафӣ, пеш аз ҳама дар назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ дар робита бо инсон, ҳуқуқҳои фитрии инсон дарк мешаванд.

Бештари муҳаққиқон навъҳои фаҳмиши позитивӣ, фитрӣ-ҳуқуқӣ (ё фалсафӣ) ва сотсиологиро ҷудо намуда, фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқиро ҷузъи фалсафаи ҳуқуқ эътироф мекунанд. Ҷонибдорони назарияи либертарӣ-ҳуқуқӣ бошанд, навъҳои фаҳмиши фалсафӣ ва фитрӣ-ҳуқуқиро фарқ намуда, назарияи либертарии ҳуқуқро қисми фалсафаи ҳуқуқ мешуморанд. Фаҳмиши сотсиологии ҳуқуқ дар бештари назарияҳо навъи мустақили фаҳмиши ҳуқуқ шинохта шуда, вале дар назарияи либертарӣ қисми назарияи позитивӣ эътироф мешавад.

Фаҳмиши позитивии ҳуқуқ ба дарки ҳуқуқ чун низоми муқаррароти меъёрии, ё қоидаҳои рафтори муқаррарнамуда ва кафолатдодаи давлат асос меёбад. Фаҳмиши позитивӣ дар назарияҳои гуногуни позитивии ҳуқуқ истифода мешавад. Ин назарияҳо ҳуқуқро новобаста аз моҳияташ, бидуни паҳлӯҳои фалсафию ахлоқияш, дар робита бо далелҳои воқеӣ, мушоҳидаву таҳлили маълумоти воқеӣ, аз ҷумла зимни таҳлил, тасниф, тафсир, мураттабсозии маводи меъёрии ҳуқуқӣ меомӯзанд. Дар ҳуқуқшиносии позитивӣ ҳуқуқ дар робита бо давлат, чун маҳсули давлат, дар алоқамандӣ бо иродаи давлат таҳлил мешавад. Худи ҳуқуқи позитивӣ низ ба маънои ҳуқуқи расмии давлат фаҳмида мешавад. Аз ин рӯ, мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонун аз ҳам фарқ карда намешаванд, зеро ҳуқуқ ба маънои меъёрҳои ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, ки дар шакли қонунгузорӣ (конститутсия, қонун, кодекс, санадҳои дигари меъёрӣ), амалияи судӣ, одатҳои ҳуқуқӣ, шарномаҳои меъёрӣ ва ғ. арзи вуҷуд доранд.

Ташаккули заминаҳои фаҳмиши позитивии ҳуқуқ таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳанӯз Арасту ҳуқуқи шартӣ, ё иродавиро, ки бо иродаи одамон муқаррар мешавад, аз ҳуқуқи фитрӣ ҷудо карда буд. Мутафаккири римӣ Ситсерон қонуни ҳақиқиро (абадиро) аз қонуни навиштаи давлат фарқ мекард. Дар давраи минбаъдаи ривоҷи қонунгузории давлат, дар робита бо қабули қонунҳо, кодификатсияи қонунгузорӣ  ва қабули кодексҳо, ташкилу фаъолияти васеи парламентҳо ва мақомоти дигари ҳуқуқэҷодкунӣ зарурат ба таҳлил, тасниф, тафсир, мураттабсозии меъёрҳои ҳуқуқӣ, конститутсия, қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ торафт бештар дарк мегардад. Дар натиҷа таҳлилҳои позитивии ҳуқуқ ва дар ин замина фаҳмиши позитивии ҳуқуқ рӯ ба инкишоф меёбанд.

Бояд зикр намуд, ки анъанаи аз ҳам ҷудо намудани ҳуқуқи муқаррарнамудаи давлат (ҳуқуқи позитивӣ) ва ҳуқуқи аз иродаи давлат новобаста танҳо бо афкор ва амалияи ҳуқуқии Ғарб маҳдуд намешавад. Чунончи, дар ҷаҳони ислом низ дар баробари шариат ҳамчунин қонунгузории давлат низ арзи вуҷуд дорад. Дар кишварҳои исломӣ конститутсияҳо, қонунҳо, кодексҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ қабул мешаванд, мақомоти қонунгузор (парламентҳо) амал мекунанд, сарварони давлат, ҳукумат, мақомоти дигари давлатӣ санадҳои гуногуни меъёрӣ қабул мекунанд. Аз ин рӯ, файласуфон ва мутафаккирони гузашта ба масъалаи мувофиқати қонунҳои давлат ба аҳкоми ислом таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Мутобиқати санадҳои қонунгузорӣ ба шариати исломӣ ҳоло аз ҷумлаи талаботи аввалиндараҷаи конститутсияҳои давлатҳои имрӯзаи исломист.

Азбаски фаҳмиши позитивии ҳуқуқ ба ягонагии мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонун асос ёфта, ҳуқуқро ба маънои қонун дарк мекунад, онро фаҳмиши легистӣ  (аз кал. lex – қонун) низ меноманд. Асосгузорони позитивизми легистӣ Т. Гоббс (1588 – 1679) ва Д. Остин (1790 – 1859) ҳуқуқро ҳамчун фармон, ё қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳокими волӣ таъриф медиҳанд. Ҳамзамон Д.Остин зимни таҳлили мафҳумҳои ҳуқуқӣ ба ҳуқуқшиносии таҳлилӣ асос мегузорад, ки ҳоло ҷузъи назарияи умумии ҳуқуқ буда, бо ҷамъу таҳлили мафҳумҳои умуминазариявии ҳуқуқ (муносибатҳои ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқӣ ва диг.), тасниф, тафсир, мураттабсозии маводи меъёрии ҳуқуқӣ (меъёрҳои ҳуқуқ, қонунҳо ва диг.) машғул аст. Дар инкишофи ҳуқуқшиносии таҳлилӣ дар асри XX ҳуқуқшиноси англис Г. Харт ва ҳуқуқшиносони шӯравӣ (С.С. Алексеев, М.Н. Марченко, А.В. Митскевич, А.С. Пиголкин ва диг.) саҳми муҳим мегузоранд.

Инкишофи ҳуқуқшиносии позитивӣ дар ҳуқуқи англисӣ дар шакли назарияи қарорҳо сурат мегирад, чунки ҳуқуқи англисӣ аслан чун ҳуқуқи судӣ инкишоф ёфта, ҳамчун қарорҳои судӣ фаҳмида мешавад. Дар ҳуқуқи романиву олмонӣ, ки дар Фаронса, Олмон, Португалия, Италия. Испания ва кишварҳои дигар паҳн шудааст, ҳуқуқшиносии позитивӣ дар шакли назарияи қонун  инкишоф меёбад, зеро сарчашмаи асосии ин навъи ҳуқуқро санади меъёрии ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама қонун ташкил медиҳад. Барои ҳамин, фаҳмиши ҳуқуқ дар ин кишварҳо аз ҳам фарқ мекунад. Чунончи, ҳуқуқшиносони англис ҳуқуқро ҳамчун ҳуқуқи мушаххас, дар шакли қарорҳои мушаххаси судӣ дарк мекунанд, мафҳуми меъёри ҳуқуқро чун меъёри умумиҳатмӣ истифода намебаранд. Дар кишварҳои шомили ҳуқуқи романиву олмонӣ бошад, баръакс, фаҳмиши ҳуқуқ ба мафҳуми меъёри ҳуқуқ чун меъёри умумиҳатмӣ (ғаримушаххас) асос ёфта, дар робита бо мафҳуми меъёрии ҳуқуқ арзи вуҷуд дорад.

Сипас дар асрҳои XIX – XX ҳуқуқшиносии позитивӣ дар шакли назарияи манфиатҳои ҳуқуқшиноси Олмон Р. Иеринг (1818 — 1892) ва назарияи нави позитивии, ё шаклӣ-меъёрии ҳуқуқшиноси Австрия ва Амрико Г. Келзен (1881 — 1973) инкишоф меёбад. Дар назарияи манфиатҳо ҳуқуқ ҳамчун манфиатҳои аз тарафи давлат ҳимояшаванда фаҳмида мешавад, ки тавассути қонунгузорӣ ҷомаи амал мепӯшанд. Г. Келзен бо мақсади ҷудо намудани ҳуқуқ аз падидаҳои ғайриҳуқуқӣ назрияи «софи» ҳуқуқро пешкаш намуда, ҳамзамон арзиши ҳуқуқро дар он мебинад, ки он дар шакли меъёр амал мекунад.

Дар давати шӯравӣ назарияи позитивии ҳуқуқ дар робита бо материализми диалектикӣ ва таърихӣ инкишоф ёфта, моҳияти синфӣ ва идеологии ҳуқуқи сотсиалистиро, аҳамияти онро ҳамчун воситаи амалӣ намудани диктатураи пролетариат, аслиҳаи сохтмони сотсиалистиву коммунистӣ эътироф ва ҳимоя мекунад. Пайдоиши ҳуқуқ дар робита бо омилҳои иқтисодӣ, вобастагии ҳуқуқ аз шароитҳои моддии ҳаёти ҷомеа низ эътироф мешавад. Ҳамзамон хислати муваққатӣ доштани ҳуқуқ, аз байн рафтани он дар ҷомеаи коммунистӣ таъкид мешавад. Ҳуқуқ бо давлат, бо иродаи синфи ҳукмрон, ё халқ (дар давлати сотсиалистӣ) вобаста карда мешавад. Мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонун ҷудо карда намешаванд, ҳуқуқ ба маънои маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад, ки дар қонунгузорӣ ифода гаштаанд. Назарияи фитрӣ-ҳуқуқӣ ва фаҳмиши фитрии ҳуқуқ эътироф намешаванд. Солҳои 1960-1970 фаҳмиши васеи ҳуқуқ ташаккул меёбад, пеш аз ҳама дар робита бо эътирофи робитаи ҳуқуқ бо муносибатҳои ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ. Ҳамзамон назарияи шӯравии ҳуқуқ хислати сотсиологӣ пайдо мекунад, чунки ҳуқуқро дар робита бо ахлоқ, шуури ҳуқуқӣ, шаклҳои дигари шуури ҷамъиятӣ меомӯзад. Хизмати ҳуқуқшиносони шӯравӣ дар истифода ва инкишофи анъанаҳои ҳуқуқшиносии таҳлилӣ, аз ҷумла инкишофи техникаи қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ зоҳир мешавад, ки дар рафти таҳлил, тасниф, тафсир ва мураттабсозии муқарароти меъёрӣ ва санадҳои конунгузорӣ васеъ истифода мешаванд.

Дар ҷаҳони имрӯза ҳуқуқшиносии нави позитивӣ дар робита бо нуқтаҳои назари дигари ҳуқуқ, аз он ҷумла фаҳмиши фалсафию фитрии ҳуқуқ инкишоф меёбад. Дар кишварҳои имрӯзаи пасошӯравӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаҳмиши нави позитивӣ дар робита бо фаҳмиши фалсафӣ, фитрӣ, сотсиологӣ инкишоф меёбад. Ҳуқуқ

дар робита бо муқаррароти меъёрӣ ва талабои фитрӣ-ҳуқуқӣ, ки якҷоя дар қонунгузорӣ ифода гаштаанд, таҳлил мешавад. Фаҳмиши нави позитивӣ истифода мешавад, аз ҷумла ҳуқуқ ба маънои муқаррароти меъёрӣ дарк мешавад, ки меъёри адолат ва озодӣ мебошанд. Паҳлӯҳои ахлоқӣ ва фалсафии моҳияти ҳуқуқ ба инобат гирифта мешаванд, ҳуқуқ дар робита бо адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад, ҳуқуқҳои фитрии инсон таҳлил мешавад, чунки ин талаботи фитрӣ-ҳуқуқӣ акнун бевосита дар қонунгузорӣ ифода гаштаанд. Аз ин рӯ, дар илми муосири ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла аз ҷониби С.С. Алексеев фалсафаи ҳуқуқи позитивӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад, аз ҷумла зимни омӯзиши масоили умуминазариявии (фалсафии) ҳуқуқ, аз қабили низоми ҳуқуқӣ, шакл ва мазмуни ҳуқуқ, моҳият ва зуҳуроти ҳуқуқ, функсияи ҳуқуқ ва ғ. Ҳуқуқ чун ҷузъи тамаддуни инсонӣ, падидаи маънавию фарҳангӣ, дастоварди фарҳанги инсонӣ дарку таҳлил мешавад.

Ҳамзамон фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ дар ду самт инкишоф меёбад: 1) фаҳмиши фитрии ҳуқуқ ва 2) фаҳмиши либертарии ҳуқуқ. Дар ин замина ду назарияи фалсафаи ҳуқуқ истифода мешаванд: назарияи фитрӣ-ҳуқуқии фалсафаи ҳуқуқ ва назарияи либертарӣ-ҳуқуқии фалсафаи ҳуқуқ. Дар натиҷа фаҳмишҳои фитрӣ ва либертарии ҳуқуқ пешкаш мешаванд.

Назарияи фитрӣ-ҳуқуқии фалсафаи ҳуқуқ ба фаҳмиши фитрии ҳуқуқ ҳамчун маҷмӯи ҳуқуқҳои фитрии инсон ва талаботи фитрӣ-ҳуқуқӣ асос меёбад. Фаҳмиши фитрӣ ба ғояҳои фалсафӣ асос меёбад, аз қабили «инсон — маҳаки ҳамаи чизҳост», «ғояҳо оламро идора мекунанд» ва ғ. Ҳуқуқи ҷавобгӯи ин ғояҳои зикршуда «ҳуқуқи оқилона» номида мешавад.

Назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ, ки замони инқилобҳои буржуазӣ нуфузи баланд доштанд, дар давраҳои минбаъда, дар шароити вусъати фаъолияти қонунгузорӣ бо назарияҳои позитивӣ, пеш аз ҳама ҳуқуқшиносии таҳлилӣ маҳдуд карда мешаванд. Бо мақсади ҳимояи назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ асрҳои XIX – XX  назарияҳои ҳуқуқи фитрии эҳёгашта инкишоф меёбанд. Яке аз онҳо назарияи ҳуқуқи фитрии мазмунан тағйирёбанда мебошад, ки аз ҷониби Штаммлер (1856 — 1938) пешкаш шуда, зурурати мутобиқ намудани ҳуқуқро ба арзишҳои ҷомеаи инкишофёбанда, аз ҷумла ба адолат, ки ҳуқуқи фитрии мутлақ аст, тарғиб мекунад.

Аз назарияи ҳуқуқи фитрии эҳёгашта муҳаққиқони асри XX Лон Фуллер, Роналд Дворкин, Артур Кауфман, Ҷ. Роулс, Ҷ. Финнис пуштибонӣ мекунанд. Л. Фуллер ҳуқуқи эҳтимолӣ ва ҳуқуқи шаклгирифтаро ҷудо намуда, арзиши ахлоқии меъёри ҳуқуқро эътироф мекунад, ҳуқуқро шакли  ифодаи ақлонаи муносиабтҳои инсонӣ эълон мекунад. Р. Дворкин солҳои 1970-ум бо ақидаи дарки ахлоқии ҳуқуқ баромад мекунад, ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи инсонро ченаки дарки ахлоқии ҳуқуқ аз назари адолат эълон мекунад, ҳуқуқ ба баробариро ҳамчун ҳуқуқ ба эҳтироми баробар баррасӣ мекунад. А. Кауфман дар асараш «Ҳуқуқи фитрӣ ва таърихият» (с. 1957) ақида пешкаш мекунад, ки дарки фитрии ҳуқуқ ба асосҳои ҳуқуқии ғайрипозитивӣ такя намуда, ҳуқуқ дар робита бо омилҳои ғайриҳуқуқӣ доимо тағйир меёбад. Ҷ. Роулс, муаллифи асар бо номи «Назарияи адолат» (с. 1972), зарурати тақсими неъматҳои ҷомеаро (аз қабили озодӣ, имконоти баробар, сатҳи вазъи моддӣ) мутобиқи талаботи хамдигарии одамон ва ҳадди имконпазири баробарӣ ҳимоя мекунад. Ҷ. Финнис, муаллифи асари «Қонуни фитрӣ ва ҳуқуқи фитрӣ» (с. 1980), аз тақсими боадолати неъматҳо (ҳаёт, таҷрибаи эстетикӣ, хирад, рафоқат, дин) пуштибонӣ намуда, ҷавобгӯи адолат будани ҳуқуқро тарғиб мекунад.

Оид ба шакли вуҷуди ҳуқуқи фитрӣ ду нуқтаи назар ҷой дорад. Тибқи яке аз онҳо, ҳуқуқи фитрӣ дар шакли мафкуравӣ, чун ҷузъи шуури инсон, шакли инъикоси адолат, ҳуқуқҳои инсон, арзишҳои дигари иҷтимоӣ арзи вуҷуд дошта, ба сифати талаботи ҳуқуқӣ амал мекунад. Қонунгузории давлат бояд ҷавобгӯи ҳамин талаботи ҳуқуқӣ бошад. Дар ин замина қонунгузории ҳуқуқӣ ва қонунгузории зиддиҳуқуқӣ, ба ибораи дигар, ҳуқуқ ва қонун ҷудо карда мешаванд. Тибқи нуқтаи назари дигар, ҳуқуқи фитрӣ дар шакли ҳуқуқҳои фитрии инсон, талаботи фитрӣ-ҳуқуқӣ дар қонунгузорӣ (конститутсия ва қонунҳо) ифода гаштааст. Дар ин ҳолат низ талаботи қонуни ҳуқуқӣ ҳимоя мешавад, аз ҷумла ҳуқуқҳои фитрии инсон маҳаки фаъолияти мақомоти қонунгузор ва дигари давлатӣ, муайянкунандаи сифати ҳуқуқии қонунҳои давлат эълон мешаванд. Талаби қонуни ҳуқуқӣ аз ҷумла дар моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифода гаштааст.

Аз назарияи фитрӣ-ҳуқуқии фалсафаи ҳуқуқ ҳоло бештари муаллифони пасошӯравӣ (В.А. Туманов, С.С. Алексеев, М.Н. Марченко ва диг.) пуштибонӣ мекунанд. Онҳо сатҳи фалсафии ҳуқуқро маҳз бо фаҳмиши фитрии ҳуқуқ вобаста мекунанд, ҳуқуқи фитриро дар заминаи арзишҳо ва талаботи ахлоқӣ (адолат, озодӣ ва ғ.) дарку таҳлил мекунанд. Чунончи, В.Д. Зоркин ҳуқуқи фитриро ба маънои меъёрҳои ахлоқӣ мефаҳмад, ки дар раванди ташаккули тасаввуротҳои омма оид ба адолат шакл мегирад.

Фаҳмиши фитрии ҳуқуқ дар сатҳи ҳам назария ва ҳам қонунгузорӣ инкишоф ёфтааст. Ҳуқуқҳои фитрии инсон ҳанӯз дар Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванди Фаронса (с. 1789), Конститутсияи Фароса (с. 1791), Бил оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки соли 1791 ҷузъи Конститутсияи ИМА гашта буданд, ифодаи қонунӣ ёфта буданд. Баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳон ҳуқуқҳои фитрии инсон дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (с. 1948), дар паймонҳои байналмилалӣ, конвенсияҳо ва санадҳои дигари байналмилалӣ эълон мешаванд. Сипас ҳуқуқҳои фитрии инсон дар конститутсияҳои давлатҳои демократии ҷаҳон эълон мешаванд.

Дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ паҳлӯҳои ҷудогонаи назарияи фитрӣ-ҳуқуқӣ истифода мешаванд, аз ҷумла эътирофи арзиши волои ҳуқуқҳои фитрии инсон дар моддаи 5, бевосита амал намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунӣ будани ҳуқуқҳои инсон дар мддаи. 14, номгӯи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон дар бобби дуввум, аз қабили ҳаққи зиндагӣ, ҳуқуқ ба қадру номус, ба дахлнопазирии шахсӣ, ба ҳифзи судӣ, ба муносибати озодона ба дин, ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбор, ба моликият ва мерос ва дигарҳо. Аз ин рӯ, назарияи фирӣ-ҳуқуқӣ асоси назариявии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар сатҳи Қонуни асосии давлат фаҳмиши фитрии ҳуқуқ эътироф гаштааст, ки барои дарку таҳлили фалсафии ҳуқуқ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар таҳлилҳои ғарбӣ ташаккулу инкишофи фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқӣ дар сатҳи ҳам афкор ва ҳам қонунгузорӣ бо таърих ва амалияи сиёсиву ҳуқуқии кишварҳои Ғарб маҳдуд карда мешавад. Вале дарку фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқӣ дар шакли ҷаҳонбинии васеи ҳуқуқӣ, арзишҳои ахлоқии ҳуқуқ, дар робита бо мафҳумҳои адолат, озодӣ, баробарӣ, хирад ва ғ. ба кишварҳои Шарқ низ хос аст. Нахустин ифодаи қонунии ҳуқуқҳои фитрии инсон низ маҳз дар Шарқ ҷомаи амал пӯшидааст. Чунончи, якчанд ҳазор сол пеш аз санадҳои қонунгузории Аврупову Амрико, ҳанӯз дар Эъломия Куруши Кабир (асри VI то солшумории мелодӣ) ҳуқуқҳои фитрии инсон эълон шуда буданд, аз ҷумла ҳуқуқ ба интихоби озоди дин, интихоби озоди ҷои зист ва ғ.

Бояд зикр намуд, ки ташаккули фаҳмиши фитрии ҳуқуқ дар манотиқи гуногуни олам дар робита бо дин сурат гирифтааст. Чунончи, дар Юнони қадим ҳуқуқи фитрӣ чун ҳуқуқи табиӣ дар робита бо табиати илоҳӣ дарк мешуд. Дар Рими қадим қонуни фитрӣ (ҳуқуқи фитрӣ) ҳамчун ифодагари назму тартиботи илоҳӣ эътироф мешуд. Дар Аврупои асрҳои миёна назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ дар заминаи дин ва ҷаҳонбинии масеҳӣ таҳлил шуда, табиати илоҳии ҳуқуқҳои фитрии инсон эълон мешавад.

Дар Шарқ низ ташаккулу инкишофи ҳуқуқҳои инсон дар робита бо дин сурат мегирад. Дар кишварҳои имрӯзаи исломӣ ҳуқуқҳои инсон, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва санадҳои дигари байналмилалӣ эълон шудаанд, бо дарназардошти мутобиқати онҳо ба талабот ва арзишҳои ислом амалӣ мешаванд. Чунончи, бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои миллии хеш, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз арзишҳои волои ислом давлатҳои исломӣ соли 1990 Эъломияи исломии ҳуқуқҳои инсонро, соли 1999 бошад, Шӯрои Лигаи давлатҳои араб Хартияи арабии ҳуқуқҳои инсонро қабул мекунанд. Дар моддаҳои 24 ва 25-и Эъломияи исломии ҳуқуқҳои инсон аз ҷумла таъкид мешавад, ки истифода, тавзеҳ ва шарҳи ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои дар ин ҳуҷҷат ифодагашта дар робита бо шариати исломӣ сурат мегиранд.

Фаҳмиши либертарии ҳуқуқ (аз кал. libertas – озодӣ) аз ҷониби олими ҳуқуқшиноси  Россия В.С. Нерсеснс пешкаш шуда, ба дарки ҳуқуқ ҳамчун ифодаи меъёрии баробарии шаклӣ асос меёбад. Баробарии шаклӣ ҳамчун ифодаи меъёри баробарӣ, адолат ва озодӣ эътироф гашта, дар натиҷа ҳуқуқ ба маънои шакли меъёрии муносибатҳои баробарӣ, озодӣ ва адолат фаҳмида мешавад. Баробарии шаклӣ ба маънои зикргашта моҳияти ҳуқуқро ташкил медиҳад. Чунин фаҳмиши моҳияти ҳуқуқ маҳаки дарки ҳуқуқи позитивиро ташкил медиҳад. Баробарии шаклӣ ҳамчун баробарӣ дар озодӣ, баробарӣ дар назди қонун ва суд, баробарии байни кирдор ва ҷазо ва ғ. фаҳмида мешавад. Ҳуқуқ ҳамчун «андозаи баробари озодӣ», «математикаи озодӣ» дарк мешавад.

Назарияи либертарӣ фаҳмиши фалсафӣ ва фитрӣ-ҳуқуқиро аз ҳам ҷудо мекунад. Агар ба назари ҷонибдорони назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқии фалсафаи ҳуқуқ, фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ дар заминаи ҳуқуқи фитрӣ имконпазир бошад, пас ҷонибдорони назарияи либертарӣ (В.С. Нерсесянс, В.В. Лапаева) фаҳмиши фалсафиро аз фаҳмиши фитрӣ-ҳуқуқӣ ҷудо мекунанд. Назарияи либертарӣ, дар қатори назарияҳои И. Кант, Гегель, В.С. Соловёв, Б.Н. Чичерин, ҷузъи фаҳмиши фалсафии ҳуқуқ эътироф мешавад.

Тафовути фаҳмишҳои фалсафӣ ва фитрӣ-ҳуқуқӣ дар назарияи либертарӣ чунин ҳал мешавад. Тибқи фаҳмиши фалсафӣ, моҳияти ҳуқуқро хислатҳои объективии ҳуқуқ ташкил медиҳанд, ки моҳияти онро муайян мекунанд. Зуҳуроти ҳуқуқро ифодаи зоҳирии ин моҳият дар ҳаёти воқеӣ ташкил медиҳад. Моҳияти ҳуқуқ маҳаки сифати ҳуқуқии қонунҳо ва табиати ҳуқуқии ҳуқуқҳои фитрӣ эътироф мешавад. Ҳуқуқи фитрӣ дар ҳолати ҷавобгӯй набудан ба ин маҳак аз ҳудуди ҳуқуқ берун баромада, ба соҳаи ахлоқ, дин ва падидаҳои дигари ғайриҳуқуқӣ паҳн мешавад. Барои ҳамин, назарияи либертарӣ камбудии назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқиро дар дарки ҳуқуқ зимни робита бо падидаҳои ахлоқӣ, динӣ ва  ва ғ. мебинад. Дар натиҷа дар назарияи либертарӣ адолат, озодӣ, баробарӣ ҳамчун падидаҳои ҳуқуқӣ эътироф мешаванд. Айни замон маҳз ҳамин ақидаи либертарӣ мавриди танқиди муҳаққиқоне қарор мегирад, ки адолат, озодӣ, баробариро арзишҳои ахлоқӣ мешуморанд.

Тибқи назарияи либертарӣ, таносуби моҳият ва зуҳуроти ҳуқуқ дар назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ каме дигар шарҳ дода мешавад. Либертаристон таъкид мекунанд, ки таносуби ҳуқуқи фитрӣ ва ҳуқуқи позитивӣ дар асл таносуби моҳияти ҳуқуқ (ҳуқуқи фитрӣ) ва зуҳуроти ҳуқуқ (ҳуқуқи позитивӣ) набуда, балки ба ҳам муқобил гузоштани ҳуқуқи фитрӣ ва ҳуқуқи позитивист. Дар ин ҳолат ҳуқуқи фитрӣ аз рӯи ҳам моҳият ва ҳам зуҳуроташ ҳамчун ҳуқуқи воқеӣ (аслӣ) эътироф мешавад. Ҳуқуқи позитивӣ бошад, аз рӯи моҳият ва зуҳуроташ ҳуқуқи ғайривоқеӣ эълон мешавад. Ба назари либертаристон, маҳаки дарки ҳуқуқи позитивиро дар назарияҳои фитрӣ-ҳуқуқӣ на моҳияти ҳуқуқ (баробарии шаклӣ), балки ҳуқуқҳои фитрии инсон ташкил медиҳанд.

Ҳуқуқшиносии сотсиологӣ аз як қатор назарияҳо иборат аст, аз қабили назрияи «ҳуқуқи зинда», ё «ҳуқуқи судии» ҳуқуқшиноси Австрия Е. Эрлих (1862 — 1922), мактаби амрикоии сотсиологии Р. Паунд(1870 — 1954), мактаби воқеанигорони амрикоӣ, назарияи «ҳуқуқи иҷтимоии» ҳуқуқшиноси Россия ва Фаронса Ж. Гурвич, назарияи муносибатҳои ҳуқуқии олими рус С.А. Муромтсев. Аз назарияи сотсиологӣ ҳуқуқшиноси шӯравӣ Л.С. Явич низ пуштибонӣ намудааст. Дар назарияи Е. Эрлих «ҳуқуқи зинда», ки дар ҳаёти воқеӣ ташаккул меёбад, ҳимоя мешавад. Р. Паунд ҳуқуқи китобӣ (қонунгузорӣ) ва ҳуқуқи воқеиро ҷудо мекунад. Ба назари воқеанигорони амрикоӣ, қонун дар ҳамон ҳолат хислати воқеиро соҳиб мешавад, ки агар дар шакли қарорҳои судӣ амалӣ гардад. Дар назарияи Ж. Гурвич ҳуқуқи иҷтимоӣ, ки мансуб ба гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ аст, аз ҳуқуқи фардии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фарқ карда мешавад. С.А. Муромтсев ҳуқуқро ба маънои низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ фаҳмида, вазифаҳои судяҳоро дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ зимни талаботи адолат, ахлоқ ва ғ. мебинад. Л.С. Явич низ, ки як давра дар кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), сипас дар донишгохи Ленинград кор кардааст, ҳуқуқро ба маънои низоми муносибатҳои ҳуқуқии танзимгашта баррасӣ мекунад.

Дар назарияҳои антропологӣ (аз кал. юнонии antropos – инсон) моҳияти ҳуқуқ дар робита бо табиати иҷтимоиву биологии инсон муайян мешавад. Чунончи, дар назарияҳои психологӣ (Л.И. Петражитский, Н.С. Тимашев, М.А. Райснер ва диг.) ҳуқуқ ҳамчун падидаи рӯҳӣ, маҷмуи эҳсосоти ҳуқуқӣ баррасӣ мешавад. Назарияҳои феноменологии ҳуқуқ (Н.Н. Алксеев, Ж.-Л. Бержел, А.В. Поляков ва диг.) дар заминаи равияи феноменологӣ дар фалсафа (Э. Гуссерл) ташаккул ёфта, таъкид мекунанд, ки ҳуқуқ нисбатан мустақил буда, ғояи дохилӣ ва зуҳуроти он дар робита бо замон ва макон тағйир ёфта меистад, аз ҷумла аз муҳит, пеш аз ҳама низоми ҳуқуқӣ вобаста аст, ё ин ки ҳуқуқ дар шакли вобастагии коммуникативии рӯҳиву иҷтимоии байни одамон арзи вуҷуд дорад. Тибқи назарияҳои экзистентсиалии М. Хайдеггер, К. Ясперс ва дигарон (аз кал. лот. existentia – вуҷуд доштан, ҳастӣ), озодӣ, ки вобаста ба шароитҳои вуҷуди инсон истифода мешавад, сифатҳои фардии инсонро, шахсияти ӯро маҳдуд мекунад. Файласуфи рус Н.Я. Бердяев озодиро ҳамчун мабдаи илоҳӣ, дар шакли озодии рӯҳӣ, озодии виҷдон, озодии андеша таҳлил намуда, ҳуқуқро чун каломи Худованд, давлатро бошад, чун падидаи худоношинос ва воситаи зӯроварӣ эълон мекунад. Зимни назарияи герменевтӣ, ки дар заминаи фалсафаи герменевтӣ (М. Хайдеггер, Х.Г. Гадамер) ташаккул ёфтааст, фаҳмиши ҳуқуқ аввал дар сатҳи ҳиссиёти ҳуқуқӣ сурат гирифта, дар натиҷа мафҳуми ҳуқуқи мутобиқ ба ҳолати мушаххаси ҳаётӣ ташаккул меёбад.


Навъхо ва назарияхои фахмиши хукук, Фахмиши позитивии хукук, Назарияи фитри-хукукии фалсафаи хукук, Фахмиши либертарии хукук, Хукукшиносии сотсиологи

Шарҳ баста аст.