Натиҷаи дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар шароити Тоҷикистон

Натиҷаи дигаргунсозиҳо. Солҳои 1929-1941 дар Тоҷикистон ба тамоми душвориҳо ва хатогиҳо нигоҳ накарда, дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст дароварда шуд. Махсусан дастовардҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва фарҳанг назаррас буд. Бо сабаби он ки ҷумҳурии мо хело қафомонда ва қашшоқ буд, ҳукумати Иттифоқ барои пешрафти ин соҳаҳо зиёда кӯмак расонид. Дар солҳои 30-ӯм низ  тахминан 70-80% маблағгузории ҷумҳурии мо аз ҳисоби буҷаи Иттифоқ буд. Маҳз чунин дастгириҳо имконият дод, ки Тоҷикистон низ аз ҳолати қафомондагию қашшоқӣ то андозае ба дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқ баробар шавад, Аз ҳолати соф аграрӣ ба ҷумҳурии аграрию саноатӣ табдил ёбад. Натиҷаҳои ин гуна пешравиҳоро дар соҳаҳои ҷудогонаи ҷумҳуриамон дида метавонем. Чунончӣ:

  Дар соҳаи саноат, ҷумҳурие, ки дар ҳудудаш то замони Шӯравӣ (ба ғайр аз баъзе ноҳияҳои Шимол, махсусан шаҳри Хуҷанд), қариб ягон хел корхонаи саноатӣ надошт, соҳиби аввалин чунин корхонаҳо шуд. Тахминан дар як давраи хеле кӯтоҳи таърихӣ, дар муддати 15 сол яъне солҳои 1925-1940 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 273 адад корхонаҳои нисбатан бузурги саноатӣ сохта шуданд, ки онҳо тахминан зиёда аз 20 соҳоҳои саноатиро дар бар мегирифтанд. Дар ин корхонаҳо 30,7 ҳазор нафар коргарон ва мутахассисон кор мекарданд. Аллакай аввали солҳои 30-юм роҳҳои мошингарди Сталинобод – Қӯрғонтеппа, Сталинобод – Оби Гарм, Ош – Хоруғ сохта шуданд. Шаҳрсозӣ инкишоф ёфт. Соли 1937 аввалин нақшаи генералии шаҳри Салинобод тасдиқ гардид. Дар натиҷа дар ҷумҳурии мо на танҳо барои инкишофи минбаъдаи саноат, энегетика, шаҳрсозӣ ва ғайра асос гузошта шуд, балки синфи коргар низ ташаккул ёфт, ки дар замони Шӯравӣ ба ин аҳамияти махсус медоданд.

  Албатта дар Тоҷикистон мувофиқи нақша асосан чунин соҳаҳои саноати сабук: коркарди пахта (махсусан заводҳои пахтатозакунӣ), хӯрокворӣ, масолеҳи  сохтмон ва ғайраҳо инкишоф ёфт. Аммо дар ҳамон солҳо аввалин соҳаҳои саноати вазнин низ, ба монанди коркарди фузулот (барои таъмири мошинҳо, корҳои обёрӣ, сохтмони роҳҳо), металлургияи ранга (маъданҳои рангаи Қарамазор), электроэнергетика ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд. Маҳз дар ҳамин давр иқтидори энергетикии дарёҳои ҷумҳурӣ ва боигарии зеризаминии он аз ҷиҳати илмӣ омӯхта шуд. Ин ҳама имконият муҳайё намуд, ки дар оянда соҳаҳои гуногуни саноати ҷумҳурии мо, аз ҷумла саноати вазнин, махсусан инкишофи энегетика, дар нақшаи дурнамои Иттифоқ дохил карда шавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ,  дар ҷумҳурӣ ба инкишофи пахтакорӣ диққати махсус медоданд. Заминҳои обёрӣ асосан барои кишти он муайян карда мешуд. Маҳз азхудкунии заминҳои нав, махсусан дар водиҳои Ҳисор, Вахш, ноҳияҳои Кӯлоб, сохтани каналҳои бузурги Вахш, Фарғона ва Ҳисор,аз тарафи давлат бо техника таъмин намудани кишоварзон ва ғайраҳо сабаби пешравии ин соҳа гардид. Дар натиҷа, дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта хеле зиёд шуд. Чунончӣ: агар соли 1929 ҳамгӣ 37,1 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда бошанд, пас соли 1938 он ба 183 ҳазор тонна расид, яъне қариб 5 маротиба афзуд. Соли 1937-1938 Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳосилнокии пахта дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи аввал ва аз ҳаҷми истеҳсоли пахта ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Бо сабаби инкишофи пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалла, ки дар замони то Шӯравӣ соҳаи асосии кишоварзии Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ ба ҳисоб мерафт, қатъ нагардид. Соли 1929 дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалла ба дараҷаи замони то Шӯравӣ расид. Солҳои 1929-1932 ба ҳисоби миёна дар як сол 383,3 ҳазор тонна ғалла истеҳсол карда шуд. Соли  1937 бошад истеҳсоли он ба 488,1 ҳазор тонна расид. Албатта ин миқдор нисбат ба афзоиши аҳолӣ хело кам буд. Аллакай ҳамон солҳо барои кишти ғалла асосан талу теппаҳо ва заминҳои лалмиро муайян мекарданд. Аз ин сабаб ҳосилнокии ғалла аз ҳар гектар 7-10 сентнерро ташкил медоду халос.

Ба ғайр аз пахтакорию ғаллакорӣ, дар ҷумҳурӣ боз чорводорӣ, истеҳсоли сабзавоту мева, кирмакпарварӣ (истеҳсоли пилла), геранпарварӣ (геран – анҷабир, ки парваришаш дар ҷумҳурӣ соли 1931 оғоз гардид), истеҳсоли тамоку ва ғайраҳо пеш рафтанд.

Албатта агар ҳамон солҳо сиёсати ба тарзи зӯрӣ ба хоҷагиҳои коллективӣ ҷалб намудани деҳқонони миёнаҳол намешуд, барои рақобат, дар баробари хоҷагиҳои коллективӣ, ақалан қисман хоҷагиҳои деҳқонони миёнаҳол нигоҳ дошта мешуд, эҳтимол пешравӣ дар кишоварзӣ боз ҳам зиёдтар мешуд. Аммо ин бо сиёсати ҳамон вақт пеш гирифтаи ҳизби коммунистӣ, ки ҳизби яккаҳукмрон буд, мувофиқат намекард.

Дар соҳаи фарҳанг, аз ҳама муваффақиятҳои бузургтарини ин самт, ин саросар саводнок намудани мардум, бунёди мактабу донишкадаҳои замонавӣ, китобхонаҳо, театрҳои касбӣ, филмбардорӣ, радиошунавоӣ, нашри рӯзномаю маҷаллаҳо, китобҳо ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад. Албатта, мардуми мо – тоҷикон то замони Шӯравӣ ҳам саросар бесавод набуданд. Балки чуноне дар бобҳои гузашта таъкид шуд қисме аз онҳо таълими мактабу ҳатто мадрасаро доштанд. Аммо он давр ҳамаи ин таълимот дар асоси илмҳои динӣ сурат мегирифтанд. Ҳол он ки ҳамон давр ҳам талабот нисбат ба илмҳои дунявӣ зиёд буд. Бо ҳамин сабабҳо, бо ташаббуси ҷадидон мактабҳои усули нав (ҷадидӣ) таъсис гардид, ки дар онҳо дар як вақт илмҳои динӣ ва дунявиро меомӯхтанд. Вале ҳукуматдорони амирӣ ба чунин мактабҳо имконияти фаъолиятро надоданд ва худи ҷадидонро таъқиб намуданд. Дар замони Шӯравӣ бошад баръакси ин воқеат рух дод. Яъне мактабҳои динӣ, ё худ мактабҳои усули кӯҳна, ки дар назди масҷидҳо ва мадрасаҳо фаъолият мекарданд, ҳама баста шуданд. Мактабу донишкадаҳои замони Шӯравӣ бошанд танҳо илмҳои дунявиро таълим медоданд. Аз ҳама муҳимаш таълим дар онҳо асосан ройгон буд. Давлат барои мактубу маориф зиёда харҷ мекард. Омӯзгорон ҳар лаҳза ғамхории давлатро эҳсос мекарданд.

Аммо дар ҳамаи ҷабҳаҳои самти фарҳанг дигаргунсозиҳо дар асоси дар тафаккури одамон ҷорӣ намудани танҳо таълимоти марксистӣ – ленинӣ, аз ҷумла атеистӣ (бехудоӣ) ва муборизаи беамон ба муқобили таълимоти динӣ ва урфу одатҳои динию миллӣ, махсусан таъқиби шахсоне, ки дар ҳамин самтҳо фаъолият доштанд, мегузашт. Нодиртарин дастхату китобҳоро маводҳои динӣ ҳисобида, нест карданд. Биноҳои масҷиду мадрасаҳо, ки нишонаеаз фарҳангамон ба ҳисоб мерафтанд, хароб намуданд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурӣ. Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ, яъне солҳои 1929-1937 се Конститутсияи худро қабул кард. Аввалин Конститутсия – ин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон буд, ки онро апрели соли 1929 анҷумани II Шӯроҳои ҷумҳурӣ қабул намуд. Дар он ҳуқуқу сохторҳои замони мухторӣ акси худро ёфта буд. Баъди тасдиқи Конститутсияи аз тарафи Шӯроҳои ҶМШС Тоҷикистон онро бояд анҷумани Шӯроҳои ҶШС Ӯзбекистон тасдиқ мекард. Аммо ба ин зарурият намоянд. Зеро, ҶМШС ба ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Бинобар  ин дар асоси Конститутсияи соли 1924-и Иттиҳоди Шӯравӣ феврали соли 1931 дар анҷумани IY Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон Конститутсияи нав қабул гардид. Акнун дар ин конститутсия ҳуқуқ ва сохторҳои ҷумҳурии иқтисодии Тоҷикистон акси худро ёфт. Аммо чӣ Конститутсияи соли 1929 ва чӣ соли 1931 асосан манфиати синфи коргар ва иттифоқчии он деҳқонон, инчунин зиёиёни аз онҳо баромадаро ҳимоя мекард. Ба амалдорони собиқ, руҳониён, бойҳо ягон хел ҳуқуқ намедод. Бинобар ҳамин ҳам ҳокимияти сиёсии он давраро ба тарзи умумӣ «диктатураи пролитариат» меномиданд.

Дар миёнаи солҳои 30-юм асри ХХ бо амалӣ гардидани вазифаҳои сохтмони ҷамъият сотсиалистӣ, ба хулосае омаданд, ки дар дохили Иттиҳоди Шӯравӣ дигар қуввае вуҷуд надорад, ки ҷамъияти сотсиалистии бунёднамударо барҳам диҳад. Бо ҳамин «диктатураи пролетариат» ҳам гӯё вазифаи худро иҷро намуд. Бинобар ин 5 декабри соли 1936 Конститутсияи нави ИҶШС қабул гардид, ки онро «Конститутсияи сотсиализми ғолиб», ё худ «Конститутсияи Сталинӣ» ҳам меномиданд. Ин ҳуҷҷат гӯё Давлати Шӯравиро аз «диктатураи пролетариат» бо давлати умумихалқӣ табдил дод. Дар асоси ҳамин Конститутсия 1 марти соли 1937 дар анҷумани YI Шӯроҳои ҶШС Тоҷикистон Конститутсия (қонуни асосӣ) — и нави ҷумҳурӣ қабул гардид. Консатитутсияи нав барои ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи баробар ва овоздиҳии махфиро дод. Ин Конститутсия ғалабаи сотсиализмро қонунӣ гардонида, давлатро давлати сотсиалистии синфии коргару деҳқонон номид. Инчунин эълон кард, ки асоси иқтисодии мамлакатро низоми хоҷагии сотсиалистӣ ва моликияти сотсиалистӣ будани воситаҳои истеҳсолот ташкил менамояд. Мувофиқи банди 13-уми он таъкид мегардид, ки ҶШС Тоҷикистон ихтиёран ба ҳайати ИҶШС  дохил мешавад ва мувофиқи банди 14 ҶШС Тоҷикистон ҳуқуқи озодона аз ИҶШС баромаданро нигоҳ медошт.

Соли 1939 дар ҶШС Тоҷикистон ислоҳоти маъмурӣ гузаронида шуд ва дар натиҷаи он аз тақсимоти округӣ ба шакли вилоятӣ гузаштанд. Он вақт ҷумҳурӣ аз вилоятҳои Сталинобод, Ленинобод, Ғарм ва Кӯлоб иборат буд.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар давраи дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии солҳои 1929 – 1941, Точикон дар давраи дигаргунсозихои сиёси, ичтимоию иктисоди ва фархангии солхои 1929 – 1941, Натичаи дигаргунсозихои ичтимоию иктисоди ва  фарханги дар шароити Точикистон, Кабули Конститутсияи Чумхури, Аввалин конститутсияи Точикистон.

Шарҳ баста аст.