Намунаҳо аз рубоиёти Абуалӣ ибни Сино

0
221

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал1.

Загрузка...

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.


Куфри чу мане газофу2 осон набувад,

Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,

Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад.


Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,

Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.

Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.


Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Маънояш: аз қаъри замин то осмонҳо (Зуҳал-номи ситора) аз сирру асрори ҳамаи мушкилот огоҳ шудам, онҳоро ҳал намудам, вале сирру асрори маргро ёфта натавонистам.
  2. Газоф — беҳуда, беасос.

Намунахо аз рубоиёти Абуали ибни Сино, рубоиёти Сино, рубоиет, шеърхои Сино, газалхои Сино