Намудҳои андоз дар ҶТ. Мақомоти давлатии идоракунии соҳаи андоз

Тибқи моддаи 6 Кодекси андози ҶТ, андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.

Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:

1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);

2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксизҳо;

5) андози иҷтимоӣ;

6) андози замин;

7) андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;

8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

9) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;

10) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;

11) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;

12) боҷи давлатӣ;

13) андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);

14) андози ҳадди ақал аз даромадҳо;

15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;

16) роялти барои об; (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493)

17) дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.

2.Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:

1) андоз аз амволи ғайриманқул;

2) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;

3) андоз аз фурӯши чакана;

4) дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ

Дар ҶТ идоракунии давлатии соҳаи андоз пеш аз ҳама ба зиммаи Ҳукумати ҶТ ва сохторҳои таркибии он, махсусан Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ гузошта шудааст. То соли 2006 идоракунии бевоситаи соҳаи андоз аз ҷониби Вазортаи даромад ва пардохтҳои давлатии ҶТ амалӣ сохта мешуд. Баъди гузаронидани ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ ин вазорат барҳам дода шуда, функсияи танзими гумрукии он ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, функсияи полиси андоз ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба муқобили коррупсия ва функсияи андозбандии он ба Кумитаи андоз гузошта шуд.

Вазифаҳои асосии мақомоти андоз аз инҳо иборатанд:

1) таъмини иҷро ва риоя намудани қонунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо ба буҷетҳои тамоми сатҳҳо;

2) иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ, аз ҷумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо;

3) ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон;

4) сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз.

Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андозро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси андози ҶТ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипҳои зерин фаъолият менамоянд:

1) қонуният;

2) риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

3) таҳти назорат ва ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ.

Мақомоти андоз фаъолияти худро дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон, инчунин мақомоти андози дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳо ва ӯҳдадориҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва воҳидҳои дахлдори ҳудудии он – раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳрҳо, нозироти андози андозсупорандагони калони назди мақоми ваколатдори давлатӣ бо шӯъбаҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе иборат буда, системаи ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ – Кумитаи андози ҶТ ба ҳисоб рафта, татбиқи амалии вазифаҳои мақомоти андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ — берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда, системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро идора менамояд ва мустақиман ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.

Мақомоти андози ҳудудҳо воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар маҳалҳо мебошанд ва мустақиман ба таври амудӣ (вертикалӣ) ба мақомоти дахлдори болоии андоз итоат менамоянд.

Шарҳ баста аст.