Нақши роҳибон дар Мисри қадим

Роҳибон дар ҳаёти динии мардуми Миср нақши азим доштанд. Дар замонҳои қадимтарини таърихи Миср роҳибон миқдоран кам буда, худашон мустақил набуданд. Маросимҳои диниро бошад бештар ашрофону дарбориён, волиҳои вилоятҳо ва худи фиръавнҳо дар маркази давлат ба иҷро мерасониданд. Роҳибон бошанд гӯё ба ҷои подшоҳ он маросимҳои диниро иҷро мекарданд. Дар ибтидо роҳибони маъбадҳои асосии Птаха дар Мемфис ва Ра дар Гелиопол мавқеи бонуфузро ишғол намуданд. Маъбадҳои онҳо ва баъзе маъбадҳои дигар аз ҳисоби тӯҳфаҳои подшоҳону ҳокимон соҳибони амволи қимат гардида буданд. Инҳо пеш аз ҳама мавзеъҳои муқаддас дар назди мақбараҳо буданд. Масалан мақбараи Некур, писари подшоҳ Хафр аз 12 шаҳр маблағи даромад дошт. Ин гуна вазъият чанд муддате идома ёфт. Вале баъдтар дар замони ҷангҳо бо гиксосҳои ҳамсоя (тақрибан дар солҳои 1700-1570 то мелод) қудрати подшоҳон суст гардид, аммо нуфузи роҳибон бошад баланд шуда онҳо мустақилият ба даст оварданд. Баъд  аз рондани гиксосҳо дар замони сулолаи 18-уми фиръавнҳо (асрҳои XVI-XIV то мелод) бори аввал мансабҳои роҳибон меросию авлодӣ шуданд.

          Роҳибони маъбадҳои гуногун бо ҳам маслиҳат карда дар зери байрақи маъбадҳои асосӣ муттаҳиду муттамарказ мешуданд. Хусусан вақте ки Фива маркази Миср гардид, роҳибони маъбади худои Амони Фива мавқеи худро пурзӯр карданд. Раиси роҳибони маъбади Амон дар Фива дар ҳаёти сиёсии кишвар мавқеи намоёнро ишғол намуд. Ҳангоми муборизаҳои байни фиръавн Тутмос ва подшоҳзан Хатшепсут роҳибони фивагӣ дар ин ҷанҷолҳои дарборӣ фаъолона иштирок варзида, мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуданд. Аз тарафи дигар, худи подшоҳон низ ба хотири такягоҳ ёфтан дар мубориза ба муқобили ашрофон ба роҳибон такя карда, ба онҳо маблағу амволи зиёд тақдим мекарданд. Онҳо дар Фива маъбадҳоро васеъ карда маъбадҳои нави азим месохтанд. Ҳангоме ки Тутмоси III дар ҳуҷумҳои осиёгии худ ғолиб омад, маъбади Амони Фива аз подшоҳ дар Лубнони Ҷанубӣ се шаҳр ва заминҳои зиёдеро дар худи Миср соҳиб гардид. Дар замони Амонхотепи III бошад, қудрати роҳибон чунон боло рафт, ки подшоҳон аз онҳо дар ҳарос афтоданд. Писари ӯ Амонхотепи IV (1419-1402 то мелод) кӯшиши ҷасуронае карда, хост аз таъсири роҳибон халос гардад ва қудрати онҳоро заиф гардонад. Дар аввал ӯ дар муқобили роҳибони Амон ба роҳибони Гелиопол такя кард, аммо дастгирӣ наёфт. Дар натиҷа ӯ фармон баровард, ки парастиши ҳама гуна худоҳо дар кишвар манъ карда, маъбадҳо баста шаванд. Дар баробари ин ӯ фармуд, ки мардум худои нав Атон- (қурси офтоб)-ро парастиш намоянд. Ӯ худро роҳиби дараҷаи аввали ин худои нав эълон дошт ва худро Эхнатон (яъне-«маъқул ба Атон ») номид. Подшоҳ ба ин муносибат шаҳри Фиваро тарк намуда, маркази давлаташро  ба шаҳраки Ахетатон кӯчонид. Подшоҳ дар ин мубориза бо роҳибон ба табақаи миёнаҳоли мардум такя  мекард. Аммо роҳибон ба оммаи васеи мардум ва ашрофон такя карда, ба муқобили таълимоти подшоҳ баромаданд. Баъд аз сари Эхнатон роҳибон тавонистанд аз нав парастиши худоҳои пештараро барқарор ва дини Эхнатонро бекор намоянд. Дар натиҷа акнун фираъвнҳои сулолаҳои 19-уму 20-ум (миёнаҳои асри XIV-миёнаҳои асри XI то мелод), ки қудрати худро аз даст медоданд ва маҷбур буданд, ки ба роҳибон такя намоянд, заминҳои васеъ ва амволи  дигарро ба миқдори зиёд ба роҳибон медоданд. Хусусан Рамзеси III заминҳои зиёдеро ба онҳо медод. Дар охирҳои давраи ҳукмронии ӯ маъбадҳои Миср соҳибони 3 ҳазор километри мураббаъ заминҳои коркардшавандаи кишвар буданд, ки 15 фоизи заминҳои кишварро ташкил мекарданд. Дар маъбадҳо 103 175 ғулом кор мекарданд. Маъбадҳо 490 ҳазор сар чорво  доштанд. Аз ғуломону деҳқонон фақат роҳибони Амон ҳар сол 310 ҳазор халта ғалла, 25 ҳазор кӯза шароб, садҳо сар чорво, садҳо ҳазор сайд, қариб ҳазор кг нуқра, 52 кг тилло ва ғайра меситониданд. Fайр аз ин роҳибон аз мардум садақот низ мегирифтанд.

          Ҳамин тавр, роҳибон ба як қувваи азими иқтисодию сиёсии кишвар табдил ёфта буданд. Кор ба ҷое расид, ки ҳангоми пошхӯрии давлати Миср дар соли 1050 то мелод дар Фива роҳиб Херихор  подшоҳ шуда ҳокимияти дунявӣ меронд. Дар маъбадҳои Фива тамоми маросимҳои диниро (то 60 маросим дар сол) роҳибон мегузарониданд. Мумиёкунии ҷасадҳо, гузаронидани маросимҳои мураккабу зиёди мотаму гӯркунӣ, қурбоникунӣ, навиштани навиштаҷотҳо, роҳбарӣ ба корҳои нигоҳубини мақбараҳо ҳама дар дасти роҳибон қарор доштанд. Идеология, санъати тасвирӣ, сохтмону архитектура низ асосан бо мавзӯъҳои динӣ робита доштанд. Рассомону ҳайкалтарошон дар назди роҳибон қарор дошта, барои онҳо ва ба фармудаи онҳо кор мекарданд.

          Баъдтар, вақте ки Миср алоқаҳои худро бо кишварҳои ҳамсоя пурқувват кард, дар маҷмӯаи худоҳои мисрӣ худоҳои бегона низ пайдо шуданд. Ба монанди худоҳои нубиягӣ Дедун ва Бес ва худозани ливиягӣ Нейт. Ҳамзамон акси ин ҳол низ ҷой дошт. Чунончи худоҳои мисрии Амон, Осирис ва Исидаро дар Финикия, Сурия ва Юнон низ мепарастиданд.

          Дар Миср, ҳарчанд ки динҳо ва роҳибон пурқувват буданд, замоне (асри XVIII то мелод) мардум ба шӯриш бархоста, аҳрому мақбараҳоро чаппа ва ғорат карданд. Ҳангоми шӯриш маъбадҳо холӣ шуда, ҳеҷ кас қурбонӣ намекард ва ба роҳибон чизе дода намешуд. Дар якчанд асарҳои аз он айём боқимонда гуфта мешавад, ки мардумон оид ба ҳаёти баъди марг шубҳа мекарданд. Муаллифи папируси лейденӣ аз мардум талаб мекард, ки аз нав ба парастиши худоҳо ва адои қурбониҳою намозҳо руҷӯъ намоянд.

Шарҳ баста аст.