Нақшаи бизнес-план ва унсурҳои он

0
63

Дар шароити бозор фаъолияти фирма, асосан дар чорчӯбаи нақшаи бизнес (бизнес-план) ташкил карда мешавад. Охирон, ҳамчун плани тараққиёти комплексии фирма, ҳуҷҷати муҳимта-рини асосноккунонии сармоягузорӣ хизмат мекунад.

бизнес план бо забони точики

Загрузка...

Бизнес — план ҳамчун олот ё худ воситаест, ки аз ҷониби соҳибкорон барои муайян кардани мақсади ниҳоии ташкили истеҳсолот ва фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ истифода карда мешавад.

Ҳадафи муҳимтарини он ба маъмурияти ширкат пешниҳод намудани вазъ ва ҳолати мавҷудаи корхона ва имконияти инкишофи он дар ояндаи наздик мебошад.

Бизнес-план, аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кунонда шуда, барои сармоягузорон асоси боварии сармоягузорӣ ва асоси дилпурии худи маъмурият хизмат мекунад. Он ба мӯҳлати аз 3 то 5 сол таҳия гардида, ҳамчун ҳуҷҷат бораи асоснок кунонии сармоягузорӣ, ҷалб кардани саҳмгузорон, ба мақсади гирифтани маблағҳои гуногуни молиявӣ аз ҷониби давлат, шахсҳои ало-ҳида, сектори хусусӣ, киро кардани қувваи коргарии ихтисоснок, идораи корхона, кормандони инженерию техникӣ ва ғайра истифода карда мешавад.

Он ҳамчун тарз ва воситаи ташаккули фирма, баланд бардоштани даромаднокӣ ва самаранокии кори он, роҳ надодан ба хатогиҳову норасогиҳо хизмат мекунад.

Бо воситаи таҳияи бизнес-план вазъи кунунӣ ва дурнамоии фаъолияти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, бурунмарзии фирма муайян карда мешавад. Ҳангоми нақшагирӣ бештар ба чунин фаслҳо диққат дода мешавад:

— таҳлили бозор ва стратегияи маркетингӣ;

— стратегияи озуқа;

— стратегияи истеҳсолӣ;

— инкишофи низоми идораи фирма ва моликият;

— стратегияи молиявӣ ва ғайра.

Баъди таҳияи пурраи “Бизнес-план”, барои таблиғ дар байни омма, бидуни нишон додани ягон сирру асрори фирма, бо таври мухтасар реферат оиди ҳар як фасли он тайёр карда мешавад. Он аксар вақт ба доираи маҳдуд — шиносону кормандони масъул фиристода мешавад.

Аз сабаби гуногуншаклии корхонаҳо ва ташкили бизнес рефератҳо низ якхела буда наметавонанд. Корхонаҳо низ ба як масъала аҳамият дода наметавонанд. Бинобар ин ба ҳар як фасли “Бизнес-план”, вобаста ба мақсади фирма, ҳархела аҳамият дода мешавад. Яъне диққат ба ин ё он масъала (бозор, истеҳсо-лот, молия, озуқа) дода мешавад. Аз ин лиҳоз таркиби “Бизнес-план” дар ҳар як корхона ё худ ширкат ҳархела сурат мегирад (25, 358-369).

В.Д. Камаев чунин фаслҳои “Бизнес-план”-ро мавриди таҳ-лил қарор медихад: пешгуфтор, мол (хадамот), бозори фурӯш, рақобат, стратегияи маркетинг, нақшаи тавлид, нақшаи ташки-лӣ, нақшаи ҳуқуқ, баҳодиҳии таваккалӣ ва суғурта, нақшаи молия, стратегияи маблағгузорӣ, ҳавзаҳои нави ташаббус (18, 142).

  1. Пешгуфтор. Дар он сирати зоҳирӣ, мақсад ва нақши фирма, вазифаҳои ҷорӣ ва дурнамоии он, навигариҳо, тавсифи маҳсулоти нав нисбат ба пештараи худ ва маҳсулоти рақибон, хислатҳои зоҳирию диққатҷалбкунанда ва ҷозибавии он, ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши он, ҳаҷми масрифот, фоида, қарз ва ғайра маълумоти мухтасар дода мешавад.
  2. Мол (хадамот). Дар он тавсифи умумии маҳсулот, хусусиятҳои истеъмолӣ ва фарқи он аз молҳои рақибон, дараҷаи ҳифзи махфият (патенту литсензияҳо), айёнияти ихтироотҳо, қиммати масрифоти солҳои оянд, дурнамои онҳо дода мешавад.
  3. Бозори фурӯш. Қисми муҳимтарини “Бизнес-план” буда, оиди андӯхти зиёди иттилоот дар хусуси муайян кардани қис-матҳои алоҳидаи бозор, харидору фурӯ-шанда ва қобилияти харидории омма бахшида мешавад.
  4. Рақобат. Дар ин бахши нақша маълумотҳо перомуни рақибон, нақш ва мавқеи онҳо дар бозор ва тавлиди неъматҳову хадамот, ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти онҳо, истифодаи намудҳои навтарини техникаю технология, сифат, нарх ва ғайра гирд оварда мешаванд.
  5. Стратегияи маркетинг. Он асосан барои таҳлил ва андӯх-тани маълумотҳо оиди ҳаракати молҳо, нархмуқарраркунӣ, таблиғ, усулҳои ҳавасмандгардонии фурӯш ва хизматрасонии баъди фурӯши онҳо, ташаккули тафаккури иқтисодӣ дар бораи фирма ва ғайра бахшида мешавад.
  6. Нақшаи тавлид. Дар он маълумотҳо оиди истеҳсолот, иқтидори он, теъдоди истеҳсоли он, мӯҳлати иҷроиши фармо-ишҳо, истеъмолгарону таъмингарони ашёву материалҳо, нарх, сифат, назорат ба маҳсулоти истеҳсолкардашуда, хароҷот ва тағйиротхои онҳо дар оянда андӯхта мешаванд.
  7. Нақшаи ташкилӣ. Он ҳамчун нақшаи идораи корхона, қабули қарору иҷроиши онҳо, муайян кардани сохтори идора (менеҷмент), дараҷаи ихтисоснокии кормандон, сарчашмаи ба кор ҷалб намудани мутахассисон, ҳаҷми масрафи музди кор ва ғайра сурат мегирад.
  8. Нақшаи ҳуқуқ. Ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ барои инъикос кардани сохтори ҳуқуқии фирма аз нигоҳи гуногуншаклии моликият, таҳсиси ҳуҷҷатгузорӣ ва муайян кардани статуси фирма ва ғайра хизмат мекунад.
  9. Баҳодиҳии таваккалӣ ва суғурта. Ҳангоми таҳсиси нақшаҳои фаъолияти соҳибкорӣ дараҷаи хатарот(таваккали)-и молу воситаҳои пулӣ, сарчашмахои бавуҷуд омадану рӯпӯш кар-дани онҳо, эҳтимолияти таваккал, воситаҳои подош кардани суғурта ва ғайра ба назар гирифта мешавад.
  10. Нақшаи молия. Ҳамчун нақшаи ҷамъбасткунандаи фаъолияти нақшаҳои пешбинишуда баромад карда, дар хусуси пешбинии ҳаҷми истеҳсол, фурӯши мол, баланс(тароз)-и фаъолу пассив, тарози даромад, хароҷот, сармоягузорӣ, таҳияи нақша-ҳои оперативӣ, моҳона, солона, ҷадвали даромаднокӣ, фоида, нарх ва ғайра маълумот медиҳад.
  11. Стратегияи маблағгузорӣ. Барои муайян кардани сарчашма ва ҳаҷми сармоягузорӣ, мӯҳлати пурраи подош кардани маблағҳо, бозгашти онҳо ба корхона, мӯҳлати худхаридкунии онҳо тавсиф карда мешавад.
  12. Ҳавзаҳои нави ташаббус. Таҷрибаи корхонаҳои бузург нишон медиҳад, ки дар доираи онҳо фаъолияти соҳибкорӣ, ташаббус ва фаъолияти беҳтарини молиявӣ дар соҳаи: таблиғот, навоварӣ (ҳавзаи хизматҳои корчаллонӣ), хӯроки умумӣ, савдои молҳои гуногуни истеъмолӣ, таъмири автомобил, сохтмони манзилгоҳ (хонаҳои шахсӣ), ба вуҷуд овардани техникаю технология, электроника, компютерикунонӣ ва ғайра имконпазиранд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фирма ҳангоми ба нақша гирифтани фаъолияти хеш ба ҳалли чунин масъалаҳо диққати худро ҷалб менамояд:

— дар истеҳсоли неъматҳо ва хадамот монополист (яккаҳукмрон) бошад;

— ҳаҷми фоидаи аз фаъолияти соҳибкорӣ ба даст овардашаванда на камтар аз 50 фоиз бошад;

— сармояи корхона, новобаста аз давраҳои бӯҳронҳои иқтисодӣ, мунтазам гардиш намояд;

— дар фаъолияти хеш нормаи баланди фоида ва фармоишҳои доимӣ вуҷуд дошта бошанд;

— кореро ба сомон расондан зарур мебошад, ки он бештар ба фаъолияти шахсии мудир (менеҷер) наздик бошад (7, 142-145).


Накшаи бизнес-план ва унсурхои он, точики, бизнес план чист? Бо забони точики, бизнес планро чи тавр тартиб медиханд?