Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ

Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ гуфта он муносибатҳои ҷамъиятиро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ба худ хусусиятҳои хос доранд. Муносибатҳои ҳуқуқии мазкур муносибатҳои ягона ва якхела набуда, аз маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ оиди замин, муносибатҳои амволӣ, меҳнатӣ ва ташкилӣ-идоракунӣ таркиб ёфтаанд, ки дар алоҳидагӣ ба соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ, меҳнатӣ ва маъмурӣ шомиланд. Хусусиятҳои ба худ хоси муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ инҳоянд: мавҷудият ва баробарии шаклҳои сершумори моликият; шаклҳои зиёди ташкилотҳои истеҳсолии хоҷагии қишлоқ; истифодаи замин ва дигар сарватҳои табиӣ ба сифати воситаҳои асосии истеҳсолот; ба сифати воситаҳои истеҳсолот истифода намудани ҷисмҳои зинда; номувофиқии давраи корӣ бо давраҳои истеҳсолот ва ғ.[1]. Хусусиятҳои мазкури ҳуқуқи кишоварзӣ омилҳои асосии объективӣ буда, ифодакунандаи манфиатҳои давлат дар танзими муносибатҳои ҷамъиятии хоҷагии қишлоқ мебошад.

Таркиби муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ аз инҳо иборат аст:

  1. Субъекти муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ;
  2. Объекти муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ;
  3. Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ.

Субъекти муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ гуфта иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи кишварзиро меноманд. Намудҳои субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ инҳоянд: шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат. Ба сифати субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ истеҳсолкунандагони маҳсулоти хоҷагии кишлоқ баромад менамоянд. Ба гурӯҳи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ инҳо шомиланд:

  1. Шахсони ҳуқуқии соҳаи хоҷагии кишлоқ – тамоми шаклҳои корхонаҳои кишоварзӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятҳо, рафоқатҳои хоҷагӣ, корхонаҳои давлатии кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), иттиҳодияҳои онҳо;
  2. Шахсони воқеии соҳаи хоҷагии кишлоқ – шаҳрвандоне, ки маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол менамоянд, хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон;
  3. Давлат вобаста ба функсияи баамалбарории сиёсати давлатӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ[2] – Ҳукумати ҶТ, Вазорати хоҷагии қишлоқи ҶТ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи замини ҶТ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ, Кумитаи ҷангали ҶТ, Вазорати иқтисод ва савдои ҶТ, Вазорати молияи ҶТ, Кумитаи амволи давлатии ҶТ, Вазорати саноати ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати маорифи ҶТ, Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, Хадамоти назоратии байтории Вазорати кишоварзии ҶТ, раёсату шуъбҳои мақомоти мазкур дар вилояту шаҳру ноҳияҳо, дигар мақомоти давлатӣ вобаста ба соҳаи хоҷагии қишлоқ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳои давлатии соҳаи хоҷагии қишлоқ.

Объекти муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ гуфта неъматҳои моддӣ ва ғайримоддиеро меноманд, ки амали субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ба онҳо равона гардидааст. Намудҳои объектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ инҳоянд: неъматҳои моддии соҳаи хоҷагии қишлоқ; неъматҳои маънавии вобаста ба соҳаи хоҷагии қишлоқ; неъматҳои шахсии ғайримолумулкӣ; рафтори субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ; натиҷаи фаъолияти субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ. Объекти муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ бо истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ вобаста аст.

Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ аз ҳуқуқҳои зеҳнӣ ва вазифаҳои ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ иборат аст. Ҳуқуқҳои зеҳнии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ гуфта имкониятҳои ҳуқуқии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи кишварзиро меноманд, ки дар онҳо андозаи рафтори имконпазири иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ таҷассум гардидааст. Ҳуқуқҳои зеҳнии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ ду намуд дорад: ҳуқуқҳои зеҳние, ки мазмуни онҳоро имконияти иҷрои ҳаракатҳои шахсӣ ташкил медиҳанд ва ҳуқуқҳои зеҳние, ки ба шахс имконияти ҳуқуқи талабкунӣ медиҳанд. Вазифаҳои ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ гуфта ӯҳдадории иҷрои он вазифаҳоеро меноманд, ки бо меъёрҳои ҳуқуқ ба зиммаи шахс гузошта шуда, дар онҳо андозаи рафтори ҳатмию зарурии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ муайян гардидааст. Шаклҳои иҷрои вазифаҳои ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқи кишварзӣ ду хел мешавад: фаъолона ва ғайрифаъолона.

Пайдоиш, тағйирёбӣ ва қатъшавии муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ бо ҷой доштани ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ вобастагӣ доранд. Ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ гуфта ҳолатҳои мушаххаси ҳаётиро меноманд, ки мазмуни воқеӣ дошта, ҳамчун асоси муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ дорои табиати ҳуқуқӣ мебошанд. Таснифоти ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ ба намудҳо бо асосҳои муайян гузаронида мешавад. Ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ вобаста ба оқибати ҳуқуқӣ ба се намуд ҷудо мешавад: ҳуқуқпайдокунанда – дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ пайдо мешаванд; ҳуқуқтағйирдиҳанда – дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ тағйир меёбанд; ҳуқуққатъкунанда – дар асоси онҳо муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ қатъ мегарданд. Ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ вобаста ба аломати иродавӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд: ҳодиса – ҳолатҳое, ки оқибати онҳо аз иродаи шахс вобаста нестанд; ҳаракат – ҳолатҳое, ки оқибатҳои онҳо аз иродаи шахс вобастаанд. Ҳаракат ба ду намуд ҷудо мешавад: ҳаракати қонунӣ (амали шакли ҳуҷҷатӣ ва рафтори ҳуқуқӣ[3]); рафтори зиддиҳуқуқӣ (ҷиноят ва кирдор[4]). Оқибатҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ дар натиҷаи як, ду ва зиёда ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ пайдо мешаванд.

Муносибатҳои ҳуқуқи кишоварзӣ вобаста ба асосҳои танзимсозӣ (маҳакҳои иқтисодӣ ва маҳакҳои ҳуқуқӣ) ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: муносибатҳои дохилӣ ва муносибатҳои берунӣ[5]. Муносибатҳои қарзӣ-молиявии хоҷагии қишлоқ ва бозори маводи ғизоӣ низ мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифтаанд[6].


[1] Ниг.: Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 26-27.

[2] Ниг.: Аграрное право. Китоби дарсии зикршуда. – С. 49-57.

[3] Ниг.: Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 27-28.

[4] Ниг.: Сотиволдиев Р.Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат. Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ. – Душанбе: «Эҷод», 2005. – С. 348-349.

[5] Ниг.: Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 29-40.

[6] Ниг.: Ҳамон ҷо. – 40-46.


Калидвожаҳо: хукуки кишоварзи, ҳуқуқи кишоварзӣ, хукук, ҳуқуқ, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ

Шарҳ баста аст.