Мундариҷаи ғоявии достони «Кремл»-и Абулқосим Лоҳутӣ (иншо)

Нақша:

Сарсухан

  1. Ҳаёти мухтасари шоир
  2. Мазмуни асосии достон

Хулоса

Абулқосим Лоҳутӣ зодаи шаҳри кирмоншоҳи Эрон буда, ҳамчун шоири бузургу тавонои асри ХХ шинохтаву эътироф гардидааст. Ӯ соли 1887 дар оилаи Аҳмад ном шахси бофарҳанге таваллуд ёфтааст. Гузаштагони Лоҳутӣ ба ҷоруқдӯзӣ машғул буданд. Бинобар ин дар адабиёти ҳамон давра бо тахалуси «Илҳомӣ» маъруфият пайдо кардааст. Абулқосим шогирди падари худ будааст, зеро таҳсили ибтидоиро дар назди ӯ касб кардааст. Абулқосими хурдсол аз овони кӯдакӣ ҳамчунин ба корҳои падари меҳрубонаш ёрӣ мерасондааст. Дар назди падар ҳамчун шогирд фаъолият намуда, баъзан-баъзан ба ҳунари гевакашӣ низ машғул мешудааст. Мероси адабии Лоҳутӣ бою ғанӣ мебошад. Ӯ асарҳои зиёде таълиф намудааст. Достони «Кремл» дар осори Лоҳутӣ мавқеи муҳим дорад. Лоҳутӣ дар бораи таълиф намудани ин достон гуфтааст, ки Ҳоқонӣ ҳафтсад сол пеш барои зиёрат намудани харобаҳои қасри Анушервон ба шаҳри овозадори Мадоин рафта достоне эҷод менамояд. Лоҳутӣ бошад аввалин маротиба Кремлро дида, тасвирҳои шоири бузурги Озарбойҷон Ҳоқонии Шервониро ба хотир меорад. Лоҳутӣ достони мазкурро дар муддати ниҳоят кӯтоҳ таълиф намуда, ин ду қасри шоҳиро дар муқоисаи якдигар тасвир мекунад. Шоир таваҷҷӯҳи хонандаро ба қасри Кремл ҷалб намуда мефармояд:

То чанд кунӣ гиря бар маснади Нӯшервон?

Дар қасри Кремл, эй дил, асрори ниҳон бархон!

Достони «Кремл» аз рӯи ғоя аз достони «Харобаҳои Мадоин» куллан фарқ мекунад. Ҳоконӣ дар достони худ бузургвории шоҳони қадимро таърифу тавсиф менамояд, аз хароб шудани қасрҳои боҳашамат афсӯсу надомат мекунад ва ҳиссиёти рӯҳафтодагиву маъюсиро тарғиб менамояд. Аммо фикру андешаи Лоҳутӣ тамоман дигар аст. Аввалан, Лоҳутӣ бар он ақида аст, ки Кремлро ҳалқияту миллатҳои гуногун сохтаанд. Баъдан, Лоҳутӣ қайд мекунад, ки Кремл низ дар замони то инқилоб монанди қасрҳои дигар маркази зулму истибдод будааст.

Бар давраи ин гунбад мурғон зи чӣ мегирянд?

Яъне ки аз ин гунбад олам шуда саргардон.

Шоир таъкид мекунад, ки бо пирӯзии инқилоб қаср аз қасри зулм ба қасри адлу инсоф мубаддал гашта, синфи коргар ба он соҳиб шуд:

Ногоҳ замин ларзид, в-аз дур фалак тарсид,

Чун дод дурафши сурх бар маҳви ситам фармон.

Сипас, халқи меҳнаткашро барои мудофиаи обу хоки сарзамини худ даъват менамояд:

Зинҳор пас аз ин фатҳ ғафлат манамо, зинҳор!

То бар сари мо з-ин пас душман назанад ҷавлон.

Дар охир бо ҳисси худшиносии миллӣ пирӯзии ҳаракати озодии халқҳои дунё, хушбахтиву озодии ояндаи онҳо, илму маданият, адолат ва ободии сарзаминро тарғибу тантана намудааст. Лоҳутӣ дар қисми охирини достон мазмун ва моҳияти нав пайдо кардани қасри Кремлро васфу ситоиш менамояд. Лоҳутӣ низ бо мақсади тасвир намудани қасри Кремл озодиву хушбахтии халқи меҳнаткашро тарафдорӣ менамояд. Пирӯзии инқилоб, мустаҳкам шудани синфи коргару деҳқон, осудагиву осоиштагии дунё, афзалият доштани илму хирадро тарғибу ташвиқ намуда, гуфтааст:

Рӯзе ки ба пирӯзӣ бо маслаки имрӯзӣ,

Якранг шавад гетӣ, ҳамсанг шавад даврон,

Ҷаҳл афтаду илм ояд, иқлим биёроянд,

Озод шавад ҳар кас з-Аҳриману в-аз Яздон.

Бо ин фикру андеша Лоҳутӣ несту нобуд шудани сохти сармоядорӣ, пирӯзии халқи меҳнаткаш ва ягонагии қавму миллатҳои гуногунро талабу дархост менамояд.


Калидвожаҳо: Мундаричаи гоявии достони «Кремл»-и Абулкосим Лохути, иншои точики.

Шарҳ баста аст.