«Мухторияти Қӯқанд» ва барҳам додани он

0
13

Ба вуҷуд омадани масъалаи мухторияти Туркистон. Чуноне дар боби пешина таъкид кардем, ақидаи мухторияти Туркистон дар байни зиёиёни кишвар ҳанӯз то барҳам хӯрдани ҳукумати подшоҳӣ вуҷуд дошт. Он пас аз шӯриши миллию озодихоҳии соли 1916 дар Осиёи Миёна ва махсусан бо ғалабаи инқилоби буржуазию демократии /февралии соли 1917/ Русия бештар паҳн гардид. Дар маркази ин ҳаракат ташкилотҳои Шӯрои исломия, Шӯрои уламо, инчунин ҷадидони туркистонӣ меистоданд, ки онҳо дар ҳайати худ қисми бузурги зиёиёни бедоргаштаи кишварро муттаҳид мекарданд. Аммо он лаҳза амалдорони Ҳукумати Муваққатии Русия чандон тарафдори фавран ба Туркистон додани ҳуқуқи мухториятро надоштанд. Вале ин таклифро рад ҳам накарданд.

Моҳи сентябри соли 1917 анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистон, ки дар шаҳри Тошкент шуда гузашт, ба тарафдории мухторияти Туркистон овоз доданд. Дар анҷуман инчунин муносибати минбаъдаи Туркистону Русия низ муайян карда шуд. Мувофиқи он ҷумҳурияти Русия фақат муҳофизати сарҳади Туркистонро ба ӯҳда дошту ба корҳои дохилии он бояд дахолат намекард. Мухторияти Туркистон дар навбати худ барои нигаҳдории оромии дохилиаш қӯшунҳои худро ташкил медод.

Загрузка...

Тарафдорони мухторияти Туркистон пурра умед доштанд, ки Маҷлиси Муассисони Умумирусиягӣ қарори анҷумани III мусулмонони кишвари Туркистонро оиди мухторият тасдиқ хоҳад кард. Вале Инқилоби Октябр умеди онҳоро барбод дод. Ҳукумати Муваққатии Русия, ки бо он тарафдорони мухторият ҳамкорӣ карданд, сарнагун карда шуд. Дар Русия ба сари ҳокимият болшевикон омаданд.

Сабабҳои фаъолтар гардидани мухториятхоҳон. 2 (15) ноябри соли 1917 аз тарафи Ҳокимияти Шӯравӣ “Эъломияи ҳуқуқи халқҳои Русия” ва 20 ноябр (3 декабр)-и ҳамон сол муроҷиати он “Ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Русия ва Шарқ” бароварда шуд. Ин ҳуҷҷатҳо ба халқҳои собиқ мазлуми Русия ҳуқуқи васеъ, то ҳуқуқи мустақилии миллиро дод. Вале амалӣ гардидани он ҳуҷҷатҳо аз мавқеъ ва кордонии ҳукуматҳои маҳаллӣ вобастагӣ дошт.

Аввалин Ҳукумати Шӯравии Туркистон-Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) чуноне дар боло аллакай қайд намудем, бо кашмакашиҳои зиёди сиёсӣ, дар анҷумани III Шӯроҳои кишварӣ (ноябри соли 1917) бо сарварии Ф.И. Колесов, асосан аз ҷумлаи намояндагони болшевикон, эсерони чап ва максималистон, аз рӯи баромади миллӣ аз ҳисоби русҳо ва русзабонҳо ташкил карда шуд. Ба ҳокимият тарафдорони мухторияти Туркистон: шӯроиисломиҳо, шӯроиуламоиҳо, ҷадидон ва ғайра роҳ дода нашуданд. Зеро, он лаҳза дар доираи ҳукуматдорони кишвар мавқеи миллатчиёни рус зиёдтар буд ва онҳо нисбати мардуми маҳаллӣ таваҷҷӯҳе надоштанд. Ба ақидаи онҳо мардуми маҳаллӣ гӯё “барои иштирок дар идоракунии кишвар ҳанӯз омода нестанд”. Дар натиҷаи ҳукмрон будани чунин ақидаи зарарнок, дар ташкили нахустин Ҳукумати Шӯравии кишвар, аввалин хатои ҷиддӣ содир гардида буд.

Хатои дуюми ҷиддии аввалин Ҳукумати Шӯравии кишвари Туркистон ва болшевикони он ин номуайянии мавқеи онҳо оиди масъалаи мухторият буд. Яъне, он ақидаи мухториятро рад ҳам накарду амалан дастгирӣ ҳам. Ба ақидаи онҳо Туркистон гӯё барои мухторият ҳанӯз омода набудааст. Ин гуна мавқеи ноаниқ мухториятхоҳонро норозӣ намуд. Ба ақидаи онҳо ҳокимияти марказии шӯравӣ (яъне Федератсияи Русия) гӯё дар асоси он ҳуҷҷатҳо барои туркистониён ҳуқуқи мухториятро додаасту аммо ҳокимияти кишварӣ онро намехостааст. Бинобар ин мухториятчиёни кишвар фаъолтар амал карданро зарур шумориданд.

Анҷумани Қӯқандии мухториятчиён ва эълон гардидани мухторияти Туркистон. 26 ноябр (9 декабр)-и соли 1917 дар шаҳри кӯҳнаи Қӯқанд анҷумани IV таъҷилии мусулмонони кишвар, бо иштороки 205 намоянда, ба кори худ шурӯъ кард. Дар анҷуман намояндагони ғайримусулмон, аз ҷумла русҳо, яҳудиҳо ва ғайра низ иштирок доштанд.

Масъалаҳои асосие, ки он анҷуман муҳокима кард, ин: 1) оиди ба ҳайати “Иттифоқи Ҷанубу Шарқӣ” дохил шудани кишвари Туркистон ва 2) оиди мухторияти кишвари Туркистон ба ҳисоб мерафтанд. Масъалаи якум боиси баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ гардид. Зеро, махсусан як қисми зиёиёни маҳаллӣ ба ҳайати иттифоқи номбурда, ки бо ташаббуси атамани казакҳои Оренбург-Дутов ташкил шуда буд, хоҳиши ҳамроҳ гардидани кишвари Туркистонро надоштанд. Онҳо чунин ҳолатро як шакли нави мустамликашавии кишвари худ меҳисобиданд. Ба ғайр аз ин аз хотираи онҳо кирдорҳои ваҳшиёнаи отрядҳои казакӣ- чун қисми асосии аскарони ҳукумати подшоҳӣ, ҳангоми пахш намудани шӯриши соли 1916 ҳанӯз фаромӯш нашуда буд. Вале анҷуман шароити мураккабро ба инобат гирифта, махсусан барои ба муқобили Ҳокимияти Шӯравӣ истодагарӣ карда тавонистан, ба иттифоқи номбурда дохил шуданро лозим шуморид.

Бегоҳии 27 ноябр (10 декабр) анҷуман мухторияти кишвари Туркистонро дар ҳайати Федератсияи Русия эълон намуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси Муассисони Умуми туркистонӣ пешниҳод намуд. Анҷуман инчунин муҳофизати манфиати миллатҳои камшумори кишварро низ эълон намуд.

Яке аз роҳбарони фаъоли ҳизби миллии “Алаш-Ордӣ”, собиқ аъзои кумитаи туркистонии Ҳукумати Муваққатии Русия, пантуркисти ашаддӣ Мустафо Танишбоев сарвари ҳукумати муваққатии Мухторияти Туркистон таъин гардид. Ба ҳайати ҳокимияти мухториятчиён инчунин намояндагони рафоқатҳои машҳури тиҷоратию саноатии-Вадяевҳо ва Потеляхов (ҳар ду намояндаи яҳудиёни маҳаллӣ) низ дохил шуда буданд. Мустафо Чоқай нозири корҳои хориҷӣ таъин гардид.

Дар натиҷа, дар кишвари Туркистон дуҳокимятии нав ба вуҷуд омад, ки яке ҳокимияти шӯравии Туркистон бо марказ дар Тошкент ва дигаре ҳокимияти мухторияти Туркистон бо марказ дар Қӯқанд, Ҳокимияти охирин дар таърих бо номи “Мухторияти Қӯқанд” маълум аст. Агар мутобиқи шароити ҳамонвақтаи кишвар ба сифати кордонию мутобиқати фаъолияти аъзоёни ҳар ду ҳокимият назар афканем, пас ҳокимияти ташкилкардаи мухториятчиён нисбат ба ҳокимияте, ки Ф.И.Колесов сарварӣ мекард, бештар ба талабот ҷавоб дода метавонист.

Ҳукумати муваққатии мухторӣ бо мақсади қонунӣ гардонидани муваффақияти ба даст дароварда, яъне эълони мухторияти Туркистон, лоиҳаи қонуни асосӣ (конститутсия)-ро тайёр карда буд, ки онро бояд Маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ қабул менамуд. Мувофиқи нақшаи эсерҳо интихобот ба маҷлиси Муассисони Умумитуркистонӣ бояд то 10 марти соли 1918 гузаронида шуда, 20 март кушодашавии он маҷлис барпо мегардид. Минбаъд ҳамин гуна андешаро ҳукумати муваққатии мухторӣ низ дастгирӣ намуд.

Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки дар сиёсати ҳукумати мухториятчиён нуфузи диндорони мусулмон хело зиёд буд. Аз ин рӯ дар мухторияти Туркистон ба дини ислом мақоми давлатӣ дода мешуд. Ин ҳама сиёсатмандони Туркистони шӯравиро, ки муқобили нуфузи ҳар гуна дин буданд, боз ҳам ба ғазаб овард. Умуман мавҷудияти ҳукумати мухтории Қӯқанд Ҳукумати Шӯравии Туркистонро ором нагузошт. Ҳукумати Колесов маҳви “Мухторияти Қӯқанд”-ро, ки аллакай аввали декабри соли 1917 оғоз намуда буд, идома дод. Бо кӯмаки қисмҳои аскарони сурх 20 декабр дар Андиҷон, 28 декабр дар қисми нави шаҳри Қӯқанд /яъне Қӯқанди Нав/ Ҳокимияти Шӯравӣ барпо гардид.

Маҳви «Мухторияти Қӯқанд» аз тарафи аскарони сурх. Ҳукумати мухториятчиён кӯшид, ки аз ҳисоби мардум сафи муҳофизони худро зиёд кунад. Вале аз як тараф чунин хоҳишмандон хеле кам буданд, аз тарафи дигар, барои ин пули зиёд лозим буд. Зеро Ҳукумати Шӯравии Туркистон ҳамаи пул ва қоғазҳои қурбноки бонкҳои дар Қӯқанд бударо мусодира намуда буд. Дар натиҷаи ҳамаи ин мушкилиҳо, махсусан мураккабии ҳолати молиявӣ, сарвари ҳукумати муваққатии мухториятчиён Мустафо Танишбоевро маҷбур намуд, ки ба истеъфо равад. Ӯро Мустафо Чоқай иваз намуд. Ҳукумати Мустафо Чоқай бо мақсади беҳтар гардонидани вазъияти молиявии мухторият ба миқдори 30 млн.сӯм /бо пули ҳамон вақта/ заёми дохилӣ баровард. Вале хоҳишмандони харидани чунин заём хело кам буданд. Аз ҳамин сабаб он ба тарзи маъмурӣ-зӯрӣ ба тоҷирони хурд, махсусан дӯкондорон ва ғайра тақсим карда шуд. Чунин чорабинӣ боиси норозигии тоҷирони хурди миллӣ гардид ва он натиҷаи дилхоҳ надод.

Вақте, ки аз ҳукумати Мустафо Чоқай ҳам умеди наҷот намонд, доираи болоии мухториятчиён яке аз саркардаҳои ҳаракати зиддишӯравӣ Эргашро, бо дастаи 2-3 ҳазорнафарааш ба хизмат даъват намуда, ӯро сарфармондеҳи “армияи ислом” таъин карданд. Вале баробари ба сари қудрат омадани Эргаш дар шаҳри Қӯқанд нооромӣ ба дараҷаи баландтарини худ расид. 17 феврали соли 1918 Эргаш М.Танишбоевро ҳабс намуд, Мустафо Чоқай ва баъзе аъзоёни дигари ҳукумати мухторӣ барои гурехтан муваффақ шуданд. Эргашро, ки махсусан аъзоёни “Шӯрои уламо” дастгирӣ мекарданд, хони Қӯқанд эълон карданд. Ин ҳодиса дар таърих ҳамчун “табаддулоти уламоиён” ё худ “табаддулоти Эргаш” маълум аст.

17 феврали соли 1918 дар шаҳри нави Қӯқанд баҳри сулҳ гуфтушуниди тарафи шӯравӣ ва мухториятчиён оғоз ёфт. Баъди табаддулоти Эргаш, тарафи шӯравӣ идомаи музокираро бо мухториятчиён нолозим шуморида, ба муқобили он ба амалиёти ҷангӣ ҷиддан шурӯъ намуд. 19 феврал қувваҳои ҳарбии Туркистони шӯравӣ дар Қӯқанд ҳозир шуда, худи ҳамон рӯз аз соати яки рӯз то нимаи шаб ба сӯи шаҳри кӯҳнаи Қӯқанд аз 12 тӯпҳо тир кушоданд.

20 феврал, яъне баъди тирпаррониҳои зиёд, ба Қӯқанд қисмҳои ҳарбии дашнакҳоро дароварданд, ки онҳо асосан мардумро ғорат карданд. Эргаш бо наздикони худ гурехт. 21 феврал гуфтушуниди байни намояндагии шӯроҳо ва мухториятчиёни аллакай мағлубшударо давом доданд. 22 феврал шартномаи тарафайн барои қатъ гардидани амалиёти ҷангӣ имзо шуд. Мувофиқи он беяроқ гардонидани тамоми тарафдорони мухторият; аз тарафи мухториятчиён шинохтани Ҳукумати Шӯравии кишвар ва ғайра дар назар дошта мешуд. Бо ҳамин “Мухторияти Қӯқанд”, баъди мавҷудияти 86 рӯза аз тарафи аскарони сурх барҳам дода шуд. Ин воқеа имконият дод, ки дар қатори дигар мулкҳои собиқ мухторият, инчунин дар Конибодом ва Исфара ҳам Ҳокимияти Шӯравӣ барқарор карда шавад. Вале бо барҳам додани “Мухторияти Қӯқанд” тухми гурӯҳҳои зиддиболшевикӣ ва зиддишӯравӣ, ки дар доираи мухторият муттаҳид гардида буданд, дар тамоми сарзамини Осиёи Миёна паҳн гардиданд.

Эълони ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон. 30 апрели соли 1918 дар анҷумани V Шӯроҳои кишвари Туркистон қарор аз хусуси ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон дар ҳайати Федератсияи Русия қабул гардид. Худи ҳамон рӯз «Низомнома оид ба Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии Туркистон» низ тасдиқ гардид. Дар асоси ҳамин ҳуҷҷат анҷуман бори аввал Кумитаи Иҷроияи Марказии (КИМ) Туркистонро дар байни анҷуманҳои Шӯроҳо ҳамчун органи олии давлатӣ интихоб намуд. Он аз 36 нафар: 18 нафар болшевикон ва 18 нафар эсерони чап иборат буд. Раиси КИМ болшевик П.А.Кобозев, ҷонишини аввали ӯ (раиси дуюм мегуфтанд) низ болшевик А.Ф.Солник интихоб шуданд. Ҳайати Шӯрои Комиссарони Халқии (ШКҲ) ҷумҳурӣ такроран бо сарварии болшевик Ф.И. Колесов, иборат аз 8 нафар болшевикон ва 8 нафар эсерони чап низ ташкил карда шуд. Дар ҳамин анҷуман яке аз хатогиҳои дар ташкили аввалин ҳокимияти шӯравии кишвар роҳ додашуда, ки аз ба корҳои давлатӣ ҷалб накардани намояндагони мардуми маҳаллӣ мебошад, қисман ислоҳ гардид. Аз ҷумлаи онҳо ба ҳайати КИМ-7 нафар ва ба ҳайати ШКХ -3 нафар дохил карданд.

15 октябри соли 1918 анҷумани VI фавқулоддаи Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Туркистон Қонуни асосии (Конститутсияи) ҶМШС Туркистонро қабул кард. Дар асоси он органи олии қонунбарори ҷумҳурӣ анҷумани Шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва деҳқонон ҳисоб мешуд. Органи олии доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ (дар байни анҷуманҳои Шӯроҳо) КИМ ба ҳисоб мерафт. Ҳокимияти иҷроия ва идоракунии ҷумҳурӣ ба ӯҳдаи Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) гузошта шуд.1 майи соли 1918 ин воқеоти таърихиро бо тантана эълон карданд. Чуноне маълум аст, эълон намудани мухторияти Туркистон яке аз талабҳои асосии зиёиёни маҳаллӣ, аз ҷумла “Шӯрои исломия” ва “Шӯрои уламо” ба ҳисоб мерафт. Агар моҳи ноябри соли 1917 сарварони болшевикии кишвари Туркистон чунин талаби мухториятчиёнро рад накарда, ақаллан иҷрояшро ба вақти дигар мегузоштанд, аз эҳтимол дур набуд, ки дар кишвари Туркистон яке аз сабабҳои бо ҳам муқобилистии қувваҳо аз байн мерафт.


Калидожаҳо: «Мухторияти Куканд» ва бархам додани он, Эълони ташкилёбии Чумхурии Мухтори Шуравии сотсиалистии Туркистон.