Муҳаммад (с) – асосгузори дини ислом

а. Зиндагиномаи Муҳаммад. Асосгузори ин дини нав – ислом сокини Макка Муҳаммад ибни Абдулло буд. Аз рӯи маълумотҳои мавҷуда ӯ дар соле, ки дар таърихи араб бо номи «омму-л-фил» (соли фил) – соли 570 машҳур аст, ба дунё омад. Дар ин сол ҳокими ҳабашии Яман Абраҳа, ки масеҳӣ буд, ба Макка ҳуҷум оварда мехост онро вайрон созад. Азбаски дар лашкари ӯ фил низ вуҷуд дошт, арабҳо он солу он ҳуҷумро «соли фил» номиданд.

          Падараш Абдулло ибни Абдулмутталиб аз оилаи ашрофони Макка ва модараш – Омина бинти Ваҳб буданд, ки онҳо ҳамагӣ дар ҳудуди як-ду моҳ бо ҳам зиста, баъд аз ин Абдулло барои тиҷорат ба Шом (Сурия) сафар кард. Баъди дар сафар бемор шудан ӯ ба Ясриб (Мадина) бозгашта дар он ҷо вафот кард. Омина, ки ҳомиладор буд, Муҳаммадро ба дунё овард. Рӯзи аниқи таваллуди ӯ маълум нест, вале он рӯзро бештари муҳаққиқон 12-уми рабеулаввали (20 август) соли 570 дар Макка гуфтаанд.

          Муҳаммадро тибқи одати он замон то 5-солагияш дояаш Ҳалима ва баъд аз он бобояш Абдулмутталиб тарбия мекарданд. Ба зудӣ модараш баъди бозгашт аз сафари Ясриб, ки бо Муҳаммад дар давоми як моҳ дар он ҷо монда буданд, вафот кард. Баъд аз ин дар 8-9 солагиаш бобояш Абдулмутталиб низ вафот намуд ва тарбияи Муҳаммадро ба Абутолиб вогузор кард. Ӯ дар синни 12-солагиаш бо амакаш Абутолиб бо қофилаи тиҷоратӣ ба Шом сафар кард. Ӯ дар ин сафар бо роҳиби масеҳие вохӯрда сӯҳбат дошт. Ин сафар ҷаҳонбинии ӯро васеъ намуд. Абутолиб мисли Абдулмутталиб сарватманд набуд. Муҳаммад баъдтар дар ҷанги чорсолаи байни қабилаҳои Қурайшу Ҳавозин иштирок дошт. Баъд аз ин ӯ бештар ба чӯпонӣ шуғл меварзид. Ӯ гӯсфандони Абутолибу мардуми Маккаро мечаронид ва аз ин кораш баъдҳо бо хурсандӣ ёд карда мегуфт: «Ҳеҷ кас ба пайғамбарӣ нарасид, ҷуз ин ки чӯпон буд. Мӯсо, ки мабъус (ҳамчун пайғамбар фиристода шуд), чӯпон буд, Довуд низ чӯпон буд. Ман низ гӯсфандони касони худро мечаронидам».

          Муҳаммад дар синни 25-солагиаш бо зани беваи сарватманд Хадича бинти Хувайлид шинос гардид. Хадича ӯро барои тиҷорат бо молҳои худ бо қофилае ба Шом фиристод. Дар ин сафар низ Муҳаммад бо роҳиби масеҳии настуримазҳабе сӯҳбат дошт ва аз ин сафар нисбат ба дигарон бо фоидаи бештаре баргашт. Баъди бозгашт амакаш Абутолиб Хадичаро барои Муҳаммад хостгорӣ кард. Хадича розӣ шуд ва бо ҳамин зиндагии Муҳаммад хуб гардид.

          Аз Хадича ду писару чор духтар ба дунё омад. Ҳар ду писарон бо номҳои Қосиму Абдулло, бо лақабҳои Тайибу Тоҳир ҳанӯз дар кӯдакиашон вафот намуданд. Духтаронаш – Зайнаб, Руқайя, ва Уммкулсуму Фотима ном доштанд. Дертар писари дигари Муҳаммад – Иброҳим аз зани дигараш низ дар кӯдакиаш вафот кард.

          Ҳам марги фарзандон ва ҳам бисёрхудоӣ – бутҳои мухталиф ва динҳои мухталиф (масеҳӣ, яҳудӣ, зардуштӣ) Муҳаммадро ба тафаккуру андеша кардан  маҷбур месохтанд. Ӯ дар ду фарсахии Макка ба болои кӯҳе, ки дар он ҷо ғоре бо номи Ҳиро вуҷуд дошт, аксар вақт ба он ҷо рафта, ба тафаккур дар масоили мазкур машғул мегашт. Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат ӯ бештар ба хулосае меомад, ки аз он сангҳои бо ном муқаддас аз қабили Лоту Манот ва Ҳубалу Уззо ба мардум на фоидае мерасаду на зарар. Пас ҳақиқат қуҷост?

          б. Мабъас. Солҳо мегузаштанд ва Муҳаммад низ чиҳилсола шуд. Дар соли 610 ӯ мисли ҳарвақта ба ғори Ҳиро рафта ҳангоми тафаккур онҷо ба хоб рафт. Хоб дид, ки фариштае бо варақае наздаш омада гулӯяшро фишор дод ва гуфт: «Иқраъ» (бихон). Гуфт: «Чи бихонам?» Фаришта боз ду бори дигар гулӯи ӯро зер карда хонданро аз ӯ тақозо кард ва аз Муҳаммад мешунид, ки «чӣ бихонам?» Фаришта гуфт: «Иқраъ бисми раббика-л-лази халақ…», яъне «Бихон ба номи он парвардигорат, ки оламро офарид…» Вақте ки фаришта аз ӯ дур шуд ва Муҳаммад бедор гашт, дар дилу зеҳнаш он 5 ояти сураи ал-Алақ нақш баста буд. Ӯ тарсону ларзон ба хона баргашт ва аз Хадича хоҳиш кард то болои ӯро бо чизе бипӯшонад. Баъд аз ором шудан қиссаи хобашро ба занаш нақл кард ва гуфт: «Ба ман чӣ мешуда бошад?» Баъд илова намуд, аз он метарсад, ки ба роҳи хато рафта коҳин (фолбин) нашавад. Хадичаи меҳрубон ӯро дастгирӣ кард ва умедвор сохта гуфт, ки ӯ пайғамбари ин уммат хоҳад гардид.

          Дар таърих ин давраи ҳаёти Муҳаммад бо номи «мабъас» маъруф аст, яъне аз ҷониби худованд бо рисолати пайғамбарӣ ба назди қавм фиристода шудани ӯ. Ин ҳодиса дар соли 610 ҷой дошт ва ин сол  соли зуҳури ислом аст.

          Аввалин касе, ки ислому рисолати Муҳаммадро қабул кард, завҷааш Хадича ва баъди ӯ писарамакаш Алӣ ва писархондаш Зайд ибни Ҳориса буданд. Баъд аз онҳо Абубакру Усмон ва се-чор нафари дигар низ пинҳонӣ исломро қабул карда махфиёна дар дараҳои Макка намоз мехонданд.

          Баъди гузаштани се сол аз мабъас Муҳаммад хешу таборони худро аз қабилаи Қурайш ба тарзи ошкоро ба қабули рисолати пайғамбарии худ, шинохтани худои ягона ва тарки парастиши бутҳо даъват кард. Онҳо нафақат ин даъватро қабул накарданд, балки ба муқобили ӯ шӯриданд. Душмании онҳо бар мусулмонон зиёда гашт ва ҷамъияти мусулмонон бо ишораи Муҳаммад ба Ҳабашистон муҳоҷират намуданд. Бори аввал ёздаҳ марду чор зан ва бори дуюм ба ғайр аз занону кӯдакон ҳаштод мард ба Ҳабашистон муҳоҷират намуданд.

          Душмании Қурайш ба муқобили Муҳаммад рӯз ба рӯз дар тазоюд буд. Дар ин байн амакаш Абутолиб ва баъд занаш Хадича низ вафот карданд. Сипас дар соли 620 Муҳаммад ба Тоиф дар 100-километрии Макка сафар карда, ба мардуми онҷо исломро арза дошт, аммо онҳо қабул накарданд. Пайғамбар аз ин ноумед нагашта  дар айёми ҳаҷҷу зиёрати Каъба аз ҷониби қабоили араб ӯ ба назди онҳо рафта қабули исломро аз онҳо тақозо кард. Азбаски яке аз амакҳояш-Абулаҳаб аз паси ӯ рафта, он қабилаҳоро аз роҳ мезад, онҳо низ қабули исломро рад намуданд.

в. Меъроҷ. Дар соли 621 ҳангоме ки Муҳаммад дар хонаи духтари амаки худ Умм-Ҳонӣ хоб буд, ба меъроҷ рафт. Дар он шаб ба назди пайғамбар фаришта Ҷабраил бо маркабе, ки Буроқ ном дошт омада дастур дод, ки пайғамбар бар Буроқ бинишинад. Буроқ бо суръати тир ӯро аввал ба кӯҳи Сино, ки дар он ҷо худо бо Мӯсо сухан гуфта буд, бурд. Аз он ҷо тибқи ривоятҳо ба зодгоҳи Исо – Байтулаҳм ва аз он ҷо ба Байтулмуқаддас овард, ки ӯ дар он ҷо бо пайғамбарони мозӣ Иброҳиму Мӯсову Исо дар маъбади Сулаймон намоз гузошт. Пас аз ин боз ба Буроқ савор шуда, рӯ ба осмон овард. Дар шаш осмон Муҳаммад бо Нӯҳу пайғамбарони мозӣ-Ҳоруну Мӯсову Иброҳим ва Довуду Сулаймон ва Идрису Яҳёву Исо мулоқот кард ва дар он ҷо малаку-л-мавт Азроилро низ бидид. Баъд, аз осмони ҳафтум низ гузашта, пас аз таййи масофоти зиёд ба мақоми худо наздик гардид, нуре ва чизҳоеро мушоҳида намуд, ки ақл аз тасвири онҳо оҷиз аст. Баъд Ҷабраил ӯро ба ҷониби биҳишт бурд. Аз он ҷо пас баргашта ба Байтулмуқаддас ва аз он ҷо ба Макка омад.

          Аксари муҳаққиқон бар онанд, ки ин меъроҷи пайғамбар рӯҳӣ будааст на ҷисмонӣ. Бо вуҷуди он, вақте ки пайғамбар қиссаи меъроҷро дар миён гузошт, ҳатто як қисм аз онҳое, ки ислом оварда буданд, бовар накарданд ва баъзеҳояшон аз ислом рӯ гардониданд.

          г. Аҳди Ақаба. Дар ҳамин соли 621 ҳангоми ҳаҷ аз аҳли Ясриб 12 нафар ба Макка омаданд. Дар наздикии Макка дар мавзеи Ақаба онҳо бо Муҳаммад аҳд бастанд, ки онҳо дигар  касеву чизеро бо худо баробар нахоҳанд донист, дуздию зино намекунанд, духтаронашонро намекушанд ва ғайра. Муҳаммад ҳангоми бозгаштани онҳо нафареро Мусъаб ном ҳамроҳашон фиристод, то ӯ ба онҳо исломро таълим бидиҳад. Ҳамин тавр, ислом дар Ясриб қувват мегирифт. Акнун дар соли 622 миқдори ҳоҷиёни мусулмони Ясриб ба 73 марду ду зан расида буд. Пайғамбар дар дили шаб боз дар мавзеи Ақаба бори дигар бо ясрибиён аҳд баст. Муҳаммад ба онҳо гуфт: «Шумо аз манеду ман аз шумоям. Бо ҳар ки ҷанг кунед, меҷангам ва бо ҳар ки сулҳ кунед, сулҳ мекунам». Ясрибиён бошанд чунин гуфтанд: «Паймон мебандем, ки дар рӯзҳои сахтию фарохӣ ва роҳату ранҷ фармонбардори ту бошем. Ҳар куҷое бошем, бидуни тарсу бим аз сарзаниши касон, ҳақиқатро изҳор дорем».

          д. Ҳиҷрат. Чун қурайшиён аз паймони охири Ақаба хабар ёфтанд, муқобилияту душманиро дар нисбати мусулмонон зиёда гардониданд. Аз ин рӯ, Муҳаммад ба мусулмонони Макка фармуд то дар алоҳидагӣ оҳиста-оҳиста ба Ясриб муҳоҷират намоянд. Тибқи дастур, онҳо ин корро анҷом додан гирифтанд. Қурайшиён бо ҳар роҳ ба ин кор монеъ мешуданд. Оқибат онҳо ба хулосае омаданд, ки пайғамбарро нобуд созанд. Чун ин нияти онҳо бар Муҳаммад маълум шуд, ӯ ба ҷои худ дар хонааш Алиро гузошта, худ бо Абубакр аз тарси таъқиби қурайшиён на ба шимол ба сӯи Ясриб, балки баръакс ба тарафи ҷануби Макка ба ғори Савр рафта се рӯз онҷо монданд, то қурайшиён ором гиранд. Баъди ором шудани онҳо Муҳаммад бо Абубакр ва як нафар роҳбалад аз бероҳаҳо ба сӯи Ясриб дар 16-уми июли ҳамон соли 622 роҳ пеш гирифтанд. Баъд аз чанд рӯзи ранҷи сафар пайғамбар ба мавзеи Қубо дар ду фарсахии Ясриб расида, чор рӯз дар он ҷо зиндагӣ кард. Дар ҳамин ҷо Алӣ низ омада расид. Дар Қубо пайғамбар таҳкурсии масҷидеро бунёд кард. Баъд аз он ба Мадина рафт. Бузургони Ясриб ҳар кадом пайғамбарро ба фаромадан ба манзилҳояшон даъват мекарданд. Шутури пайғамбар ба мавзее, ки мутааллиқ ба ду ятим буд расида, он ҷо бихуфт. Муҳаммад пурсид, ки ин замин моли кист. Гуфтанд, ки моли Саҳлу Суҳайл – ду ятим. Замини мазкурро Муҳаммад бо пули нақд харида, фармуд то дар ин ҷо масҷиду хонаи пайғамбарро созанд. Ҳангоми сохтмон ӯ дар хонаи Абуаюби Ансорӣ зиндагӣ мекард. Баъди итмоми сохтмони масҷиду манзил Муҳаммад ба манзили худ даромада қарор гирифт.

          Мусулмононе, ки аз Макка кӯчида омада буданд – «муҳоҷирин» ва мусулмононе, ки дар Ясриб ба онҳо кӯмак мекарданд – «ансор» (ёридиҳандагон) ном гирифтанд. Ансор ба муҳоҷирин, ки амволи худро наоварда буданд, дар зиндагӣ ёрӣ мерасониданд.

          Е. Муносибат бо яҳудиён. Ҷангҳои Бадр ва Уҳуд. Муҳаммад бо яҳудиён, ки миқдоран дар деҳоти Ясриб зиёд буданд, қарордоди сулҳу дӯстӣ баст ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ муайян гардиданд. Дар Мадина ӯ Ойиша духтари Абубакрро, ки 10-11 сола буд, ба занӣ гирифт. Ясрибро акнун баъди омадани муҳоҷирин бештар «Мадинату-р-Расул», яъне «Шаҳри пайғамбар» (баъдтар фақат «Мадина») меномидагӣ шуданд. Дар Мадина хондани намозу додани закот воҷиб шуд ва барои даъват ба намоз гуфтани азон ҷорӣ гардид. Дар соли дуюми ҳиҷрат байни мусулмонони Мадина, ки дар худуди 350 нафар буданд ва қурайшиёни Макка, ки дар ҳудуди 900-1000 нафар буданд, дар мавзеи Бадр ҷанги сахт рӯй дод ва аҳли Макка шикасти сахт хӯрда, баъзе кушта, баъзе асир шуданд ва баъзеҳо гурехтанд. Аҳли Макка соли дигар бо тайёрии пухта дар ҳудуди се ҳазор нафар ба Мадина ҳуҷум оварданд. Дар теппаи Уҳуд дар наздикии Мадина онҳо бо мусулмонон бо сардории Муҳаммад, ки 700 нафар буданд, ҷангида ғолиб омаданд.

          Баъдтар чанд ҷанг бо яҳудиёни Мадина рух дод, ки дар натиҷа як қисми онҳо ронда шуда, заминҳои онҳо ба муҳоҷирин тақсим карда дода шуданд. Дар Мадина пайғамбар якчанд беваҳоеро, ки шавҳарҳояшон кушта шуда буданд ё аз шавҳар ҷудо шуда буданд, ба занӣ гирифт. Аз ҷумлаи онҳо Савдаро ҳанӯз дар Макка ба занӣ гирифта буд. Баъд Ҳафса духтари Умар, Зайнаб ва Умм-Саламаро ба хотири нигоҳубин намудани фарзандони ятиммондаашон ба занӣ гирифт. Пайғамбар фақат аз Хадича чор духтар дошт. Аз занони дигараш фақат Марияи қибтия аз пайғамбар писаре зод, ки ӯро Иброҳим ном карданд. Иброҳим дар дунимсолагияш вафот кард.

          Дар соли 8-и ҳиҷрӣ/630 Муҳаммад бо лашкари Мадина ба Макка ҳуҷум карда онро гирифт. Баъд аз ин лашкарҳои исломӣ ба гирду атроф ҳуҷум бурда, қабилаҳои мухталифи арабро тобеъ мекарданд ва исломро паҳн менамуданд. Муҳаммад дар синни 63-солагӣ дар соли 632 дар Мадина даргузашт. То ҳангоми вафоти пайғамбар ислом ҳамчун дин дорои расму русуми худ шуда  нисбатан комил  гашта буд.

          Дар давоми тамоми солҳои рисолату баъсати Муҳаммад (610-632) ба ӯ ба воситаи Ҷабраил оятҳою сураҳо  аз Қуръони маҷид нозил мегардиданд. Пайғамбар онҳоро ба мусулмонон меомӯзонид ва онҳо низ он сураҳоро ҳифз менамуданд. Протсесси нозил шудани оятҳою сураҳоро «нузули ваҳй» меноманд. Дар Мадина пайғамбар якчанд котиб дошт, ки онҳо оятҳою сураҳоро баъди нозил шуданашон сабт менамуданд.


Калидвожаҳо: Сомонаи Донишҷӯ, сомонаи омӯзишӣ, сайти омузиши, сайти точики, сайти тоҷикӣ, реферат, реферати точики, маводхои точики, маводхои омузиши, Ислом, дини Ислом, Зиндагиномаи Мухаммад (с), Мухаммад (с) – асосгузори дини ислом, паёмбари ислом, Паёмбар Мухаммади Мустафо, паёмбар Мухаммад (с), дини Ислом ва пайдоиши он, дини ислом чист, дини ислом реферат, дини ислом кай пайдо шуд, таърихи дини Ислом

Шарҳ баста аст.