Муборизаи суғдиҳо бо сардории Спитамен бар зидди истилогарони юнонӣ- македонӣ

Оғози муборизаи суғдиён бо сарварии Спитамен. Суғдиён, аз он ҷумла ҷанговарони сарлашкари далер ва ватандӯст Спитамен пайваста бар зидди истилогарони Юнонӣ — Македонӣ мубориза мебурданд. Баҳори с. 328 дастаҳои Спитамен ба Самарқанд ҳуҷум карда, онро ишғол намуданд ва қасрро, ки ҷанговарони юнонӣ дар он истеҳком гирифта буданд, муҳосира намуданд. Искандар аз ин ҳодиса бохабар шуда, ба таҳлука афтод ва дастаи ҷанговарони юнониро бо сардории Фарнух ба ёрии юнониҳои дар муҳосира монда фиристод. Барои ҷудо кардани дастаҳои юнонӣ Спитамен муҳосираро бас карда, ба самти даштҳои массагетҳо, ки яке аз қабилаҳои сакоӣ буданд, ақибнишини кард. Юнониён онҳоро таъқиб карданд. Спитамен фурсати муносибро мепоист, то ба ҳуҷум гузарад. Дар сарҳади даштҳои массагетҳо ҷанговарони Спитамен ба ҳуҷум гузашта, пиёдагардони юнониёнро тирборон намуданд. Саворагони юнонӣ чанд бор  ҳуҷум карданд, аммо шикаст хӯрда, ба қафо баргаштанд. Ҷанговарони Спитамен дастаи юнониҳоро аз ду соҳили дарёи Зарафшон  танг карда, несту нобуд карданд. Қисми дигари юнониҳоро сакоиҳо, ки дар парадиз камин гирифта буданд, нобуд карданд. Ин якумин шикасти дастаҳои юнонӣ буда, афсонаи мағлубнашавандагии онҳоро аз байн бурд ва рӯҳияи ҷангии суғдиёноро баланд бардошт.

Баъди ин ҳодиса Спитамен баргашта дуюмбора Самарқандро муҳосира намуд. Искандар сахт ба изтироб афтода, худаш бо лашкар ба Самарқанд раҳсипор шуд. Спитамен аз ин огоҳ шуда муҳосираро қатъ кард ва бо роҳи пешина ба ҷониби даштҳои массагетҳо равон шуд. Искандар аз хавфи дар даштҳои беоб ба шикаст дучор нашудан, онҳоро таъқиб накарда, лашкари худро ба куштори оммавии сокинони осоишта раҳнамоӣ кард. Ба қавли таърихнавис Диодор «Искандар шӯриши суғдиҳоро пахш карда, 120 ҳазор одамро кушт». Аз ин бармеояд, ки Искандар на танҳо сарлашкари боистеъдод, балки бераҳму қотил низ будааст.

Ба бераҳмӣ ва кушторҳои оммавии Искандар нигоҳ накарда,  суғдиён ва бохтариҳо муборизаро бар зидди истилогарони юнонӣ идома доданд. Искандар як қисми лашкарашро бо сардории Кратер барои пахш кардани шӯришҳо дар Бохтар монда, худаш бо қисми дигари лашкар барои пахш кардани шӯриш ба Суғд меравад. Дар роҳ дастаҳои юнонӣ қалъаҳои шӯришгаронро тасхир карда, ба Самарқанд наздик мешаванд.

Ҳуҷуми Спитамен ба Бохтар. Дар ҳоле, ки Искандар пайдо шудани дастаҳои Спитаменро дар Суғд интизор буд, ӯ ногаҳон ба Бохтар ҳуҷум карда, як қалъаро фатҳ намуд ва  ба пойтахти он шаҳри Зариасп наздик шуд. Дар ин ҷо ӯ як дастаи ҷанговарони юнониро несту нобуд кард. Ҳамроҳи Спитамен 600 сарбози массагетӣ омада буданд. Бар зидди Спитамен дастаҳои Кратер сафарбар шуданд. Ӯ аз муҳорибаи кушод худдорӣ карда, қафонишинӣ намуд. Дастаҳои Кратер онҳоро дунболгирӣ карда, ба онҳо расиданд ва муҳорибаи сахт ба амал омад, Спитамен маҷбур шуд ба даруни даштҳои сакоиҳо қафонишинӣ кунад. Дастаҳои Кратер ҷуръат накарданд, ки онҳоро дар даштҳо дунболгирӣ намоянд.

Дар ҳамин вақт дар вилояти Ксениппуи (Нахшеб) Бохтар низ шӯриш сар мезанад. Шӯришгарон 2,5 ҳ ҷанговари савора доштанд. Байни онҳо ва юнониён ҷанги сахт ба амал омад. Бохтариҳо далерона ҷангиданд, аммо бо сабаби нобаробарии қувваҳо шикаст хӯрданд, юнониён низ талафоти калон доданд.

Ҷанги охирини Спитамен. Соли 328 п.м. Спитамен ҷанговарони суғдӣ ва бохтариро дар назди қалъаи Бага, ки дар сарҳади Суғд ва даштҳои массагетҳо ҷойгир буд, ҷамъ карда, барои зарба задан ба юнониён тайёрӣ мебинад. Се ҳазор саворагони массагетӣ низ ба ӯ ҳамроҳ мешаванд. Юнониён ба муқобили ӯ лашкари калон мефиристанд. Байни онҳо муҳорибаи шадид ба амал меояд. Суғдиҳо мардонавор ҷангиданд, аммо бо сабаби нобаробарии қувваҳо шикаст хӯрданд. Онҳо 800 ҷанговари худро талаф дода, маҷбур шуданд қафонишинӣ кунанд. Баъди ин муҳориба бисёр ҷанговарони Суғд муборизаи минбаъдаро бар зидди юнониён бефоида шуморида, ба хонаҳояшон баргаштанд. Массагетҳо озуқаворӣ ва дигар чизу чораи дастаи Спитаменро ғорат карда, ба даштҳои худ баргаштанд. Спитамен ва наздиконаш низ ба даштҳои массагетҳо рафтанд. Ба қавли таърихнигор Арриан массагетҳо овозаи ба даштҳои онҳо омада истодани лашкари Искандари Македониро шунида, барои пешгирӣ кардани ин кор Спитаменро хоинона куштанд ва сарашро ба Искандар фиристоданд. Ба гуфти Курсий Руф Спитаменро занаш кушта, сарашро ба Искандар бурда додааст. Муборизаи Спитамен намунаи барҷастаи матонат ва ватандӯстӣ мебошад. Шӯришҳои пай дар пайи суғдиён ва бохтариён Искандарро водор намуданд, ки зимистони солҳои 328-327-ро дар ҷануби Суғд дар Навтоғ гузаронад.

Муборизони қалъаҳои кӯҳии Суғд ва Бохтар. Баҳори соли 327 п.м. суғдиҳо ва бохтариҳо бо сардорони худ Оксиарт ва Сисимитр қалъаҳои кӯҳи Суғд, Харена ва як чанд қалъаҳои дигари дастнораси кӯҳистонро ишғол карда, бар зидди юнониён шӯриш бардоштанд. Искандар баҳори соли 327 тамоми лашкари худро барои пахш карадани ин шӯриш сафарбар намуда, бо мушкилии зиёд ва макру ҳилла қалъаҳоро ишғол менамояд.

Шӯриши Катан ва Австан. Ба шӯриши бохтариён бар зидди истилогарони юнонӣ, ки соли 327 рух дод, Катан ва Австан роҳбарӣ мекарданд. Байни шӯришгарон ва лашкари юнониён задухӯрди хунин ба амал меояд. Аммо қувваҳо нобаробар буданд. Дар ин ҷанг 120 ҷанговари савора, 1500 пиёдагард ва сардори шӯриш Катан ба ҳалокат мерасанд.

Бохтариён ва суғдиёни шуҷоъ бо мақсади аз кишвари худ берун рондани истилогарони юнонӣ дар давоми дувуним сол (329-327 п.м.) бар зидди лашкари азим, машқдида ва хеле хуб мусаллаҳи Искандар далерона мубориза бурданд. Аммо қувваҳо аз ҳад зиёд нобаробар буданд ва аз ин рӯ онҳо ба мақсади худ ноил шуда натавонистанд.

Тағйирот дар сиёсати Искандар. Муборизаҳои далерона ва хомушнашавандаи суғдиён ва бохтариён Искандари ҷаҳонгирро маҷбур сохт, ки сиёсати худро нисбат ба аҳолии маҳаллӣ тағйир дода, роҳи бо онҳо муросо кардан ва наздик шуданро ҷӯяд. Бо ин мақсад ӯ баъди ишғол кардани қалъаҳои дастнораси кӯҳии Суғду Бохтар сардорони шӯришгаронро на танҳо ҷазо надод, балки хуш пазируфт ва дар вилотҳои худашон ё дар вилоятҳои дигар ҳоким таъин кард. Зиёда аз ин ӯ духтари Оксиарт Рухшонаро, ки ба қавли сарбозони юнонӣ баъди зани Дорои III зеботарин зани Осиё буд, ба зани гирифт ва бо ин васила бо ашрофони маҳаллӣ иртиботи хешу таборӣ пайдо кард. Бо ин корҳо ӯ тавонист ашрофони маҳаллиро ба худ моил намуда, то андозае пеши роҳи сар задании шӯришҳои навро гирад.

Ҳуҷуми Искандар ба Ҳинд. Соли 327 Искандар дар Осиёи Миёна пойгоҳҳои низомиёни худро гузошта аз Амударё гузашт ва ба самти Ҳиндустон равон гардид. Тобистони ҳамон сол юнониён Кобулро ишғол карда, ба Ҳиндустон ҳуҷум карданд. Искандар як сол ба муқобили халқҳои озодидӯсти кӯҳистони шимолу-ғарби Ҳиндустон ҷангида, бо мушкилот ва талафоти зиёд ин минтақаро забт намуд ва пас аз ин баҳори соли 326 ба водии дарёи Ҳинд ҳуҷум кард. Ҳиндуҳо бо сардории шоҳи худ Пор муқобилияти сахт нишон доданд ва юнониён қариб ду сол дар ин ҷо ҷангиданд. Муҳорибаи ҳалкунанда дар назди дарёи Гидасп (Ҷелам) рух дод. Дар ин муҳорибаи хунин юнониён ғалаба карданд, аммо талафоти калон доданд.

Ҷанги Искандар дар Осиё 10 сол давом кард. Ҷанговарони юнонӣ, ки аз ҷанг хаста шуда буданд ва аз боронҳои беисти тропикӣ  азият мекашиданд, талаб карданд, ки онҳоро ба Юнон ба хонаҳояшон баргардонанд. Декабри соли 325 п.м. аз назди ш. Қарочи бозгашти лашкари фотеҳи юнониён ва македониҳо ба ватан оғоз шуд. Лашкар ба ду қисм ҷудо шуда, як қисмаш бо сардории Неарх ба воситаи баҳри Ҳинд ва қисми дигараш бо сардории Искандар бо роҳи хушкӣ бо ҷануби Эрон ба Бобул баргаштанд. Аввали соли 324 п.м. аввалин  ҷанговарони юнонӣ ба Бобул расиданд.

Дар давоми 10 сол Искандар қариб тамоми он кишварҳоеро, ки дар ҳайати империяи Ҳахоманишиён буданд, забт намуд.  Ӯ Бобулро пойтахти империяи худ эълон кард. Аммо ба шоҳи ҷавон тақдир фурсат надод, ки давлати бо чунин машаққат сохтаашро, мустаҳкам кунад.Ӯ дар айни камолот, дар сини 33 солагӣ 13 июни соли 323 баъди касалии кутоҳмуддат дар Бобул вафот кард. Бо ҳамин қиссаи Искандари ҷаҳонгир ба охир расид ва қиссаи ворисони ӯ оғоз шуд.

Шарҳ баста аст.