МУБОЛИҒА

0
25

Муболиға яке аз санъатҳои маъмули адабиёти хаттӣ ва шифоҳист. Дар забони гуфтугӯӣ бештар истифода мешавад. Масалан, омӯзгор шогирдеро таъриф карда гуяд:

Қодир бисёр бачаи доно, ҳамаи асарҳои бадеиро хондааст.

Загрузка...

Албатта, Шумо сари андеша меоед, ки омӯзгор аз ҳад гузаронд, муҳобот кард, муболиға намуд. Қодир ҳамаи асарҳои бадеиро хонда наметавонад. Ин ба ақли одам рост намеояд.

Дар асарҳои бадеӣ адибон барои пурҷозиба, завқовар баромадани асарашон аз санъати муболиға васеъ истифода мебаранд. Яъне, ба тарзи дигар гӯем, муболиға санъатест, ки тасвири шахс, предмет, ҳодисаю воқеа аз ҳадди табиӣ мебарояд ё чунон муҳобот мекунад, ки ба ақли солим рост намеояд. Чанд мисол аз афсонаи «Эраҷи тилисмшикан»:

Ҳангоми мутолиаи афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» ба ҷумлаҳое вомехӯред, ки воқеаҳо хеле ҳам муҳоботноку ҳайратовар тасвир шудаанд. Масалан, дар ҷумлаҳои «Ногоҳ аз тарафи девон як нафар филсавор ба болои сари худ як санги осиёб гузошта, бо гурзи ҳафсадмании каллаи говмонанд ба майдон даромад ва чунон наърае зад, ки ҳамаи аспон рамида аз ҷой ҷастанд ва замин ба ларза даромад». «Ҷавони далер худро ба зери сипар пинҳон кард ва дев ба сари ӯ бо ғазаб чунон гурзе зад, ки миёни аспаш шикаст ва аз зарбааш замину куҳ ларзида рафт». «Эраҷ аспро чунон зад, ки дар як тохт аз болои сари дев парида гузашт». «Ӯ аспро пеш ронда, бо рикоб чунон зад, ки ду пои аспи Эраҷ ба китфи фили дев баробар шуд, пас бо шамшери «Ҷонситон» бо зарб ба даҳони Ҳенгил зад, ки сараш ҳазор газ парида рафт». «Эраҷ якеро аз камар ду тақсим кард ва дигареро аз фарқ то нуги по бо аспаш ду баробар сохта ва нуги шамшераш ба замин панҷ газ фуру рафт».

Тасвири қиёфаи зоҳирии девҳо маҳз ба воситаи тасвири муболиғанок ба назари хонанда хеле ҳам баднамою бадафт ва бадҳайбат менамоянд. Аз тасвири портрети девҳо маълум мегардад, ки қиёфаи зоҳирии онҳо ба сифатҳои инсонӣ муқобил гузошта шудааст. Аммо дар тавсифи портрети персонажҳои мусбат муболиғаҳои дабдабаноки ваҳмангез қариб дида намешаванд, дар амалиёти онҳо мо тахайюлоти баландпарвози гӯяндаи афсонаро мушоҳида менамоем, ки хонандаро ба ҳайрат меоварад. Маҳз ба туфайли чунин муболиғаҳо матонат ва қаҳрамониҳои персонажҳои мусбат ба назари хонанда равшан гардида, ба ногузирии ғалабаи онҳо боварӣ торафт зиёд мешавад.