Мор ва косаи шир

0
21

Беморонро аз ҳар куҷо оварда, дар сари роҳи Абуалӣ менишониданд. Вақто ки Абуалӣ ҳар рӯз субҳ аз хонаи худ берун мебаромад, аввал ба як тараф нигоҳ карда, беморони дар ҳамон ҷониб нишастаро ҳолпурсӣ мекард ва мегуфт: «Ин фалон мариз аст, илоҷи вай ин аст». Дар вақти бозгаштан ба ҷониби дигар нигоҳ мекард ва бо дастури боло илоҷи беморонро муқаррар менамуд.

 

Загрузка...

Рӯзе ба беморе бо диққат нигоҳ карда истода, дар бораи илоҷи дарди вай чизе нагуфт ва ба тарафи беморони дигар гузашта рафт.

Аз ин муомилаи Абуалӣ ба он бемор ҳолати аҷибе руй дод. Вай аз зиндагонӣ тамоман дил канд ва аз сиҳат ёфтан даст шуста, хоҳиш намуд, ки ӯро зуд бардошта ба хонааш баранд. Дар хона ба наздикони худ гуфт:

       -Эй азизон, дар фикри тобуту кафани ман бошед, кори ман нашуд. Абуалӣ донистааст, ки дарди ман илоҷпазир нест, бинобар он ба ман аҳамияте надода гузашта рафт.

Бемор ба марги худ интизор нишаста буд, ки аз сурохии кунҷи хона море берун шуд. Дар ҳамон вақт дар миёнаи хона косаи шир меистод. Мор ба оҳистагӣ худашро ба косаи шир наздик карда, шири косаро тамоман дам кашид. Пас аз чанде ба замин ғалтида печутоб хурд ва дубора даҳонашро ба лаби коса ниҳода, шири хурдагиашро тамоман қай кард.

Вақто ки мор ба сурохии хона даромада аз назар пинҳон шуд, бемор ба чунин андеша афтод: «Чун ман мурданӣ шуда ва дигар умедворӣ надорам, ҳолам соат ба соат бад мешавад, беҳтар он аст, ки ин ширро хурда ҷонамро аз азоб халос кунам».

Ӯ бо ҳамин фикр, ба пеш харакат кард ва косаи ширро гирифта тамоман дам кашид. Вале, баръакси интизории бемор, дарди ӯ соат ба соат сиҳат ёфтан гирифт. Бемор дубора ба худаш умедворӣ пайдо кард. Баъд аз чанд рӯз, ҳангоме ки худашро тамоман дуруст ҳис кард, фармуд, ки ӯро дубора ба сари роҳи Абуалӣ баранд, то ки ба он муомилаи Абуалӣ эътироз баён кунад.

Хоҳиши ӯро ба иҷро расониданд. Вақто ки Абуалӣ аз хона баромада ӯро дучор меояд, дар тааҷҷуб афтода мепурсад:

       -Эй мард, ту қайи мори афъиро аз куҷо ва ба чӣ кайфият пайдо кардӣ? Илоҷи касалии ту вобаста ба хурдани қайи мори афъӣ буд. Азбаски   ҳосил кардани он бисёр душвор ва ғайри мумкин буд, ман он рӯз ба касалии ту дахл накарда будам.

Марди бемор воқеаро ҳамон навъе, ки руй дода буд, нақл карда медиҳад.