мохи рамазон, мохи шарифи рамазон, моҳи рамазон муборак

Моҳи шарифи Рамазон – 2019 (тақвим)

Маълумот оиди моҳи шарифи Рамазон

Моҳи Рамазон – моҳи нузули Қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд ва моҳи оғози нузули ваҳй ба ҳазрати Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад.

Дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи ин­соният кушо­да гардида ва баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст ва он шабе, ки нузули Қуръон дар он су­рат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр ба маъ­нои шаби боарзиш ва дорои ҷойгоҳи хосе номида шу­дааст.

Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рӯзаи онро бар мӯъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартарӣ бахшидааст ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил додааст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дӯзахро (ба бузургдошти он) фурӯ баста ва шайтонҳоро дар занҷир афкандааст, (то зиёфати ӯро бар бандагонаш табоҳ насозанд).

Паёмбар (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номидааст ва мефармояд:

«Рӯза сипаре аст. Пас касе аз шумо рӯзадор бошад, фисқу беҳудагӣ наварзад ва ба ҷаҳолат роҳ надиҳад. Агар касе ҳам бо ӯ ситеза (ҷанг) намояд ва ё ӯро дашном диҳад, ду бор бигӯяд: Ман рӯзадор ҳастам …».


Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон

Мардуми тоҷик моҳи Рамазонро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд.

Имсол (2019) моҳи шарифи Рамазон дар ҳудуди Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми май рост меояд.


Тақвими моҳи Рамазон барои шаҳри Душанбе

Сана Ният Ифтор Рамазон Ҳафта
06.05.19 3:50 19:31 01 Душанбе
07.05.19 3:49 19:32 02 Сешанбе
08.05.19 3:47 19:32 03 Чоршанбе
09.05.19 3:46 19:33 04 Панҷшанбе
10.05.19 3:44 19:34 05 Ҷумъа
11.05.19 3:43 19:35 06 Шанбе
12.05.19 3:41 19:36 07 Якшанбе
13.05.19 3:40 19:37 08 Душанбе
14.05.19 3:39 19:38 09 Сешанбе
15.05.19 3:37 19:39 10 Чоршанбе
16.05.19 3:36 19:40 11 Панҷшанбе
17.05.19 3:35 19:41 12 Ҷумъа
18.05.19 3:33 19:42 13 Шанбе
19.05.19 3:32 19:42 14 Якшанбе
20.05.19 3:31 19:43 15 Душанбе
21.05.19 3:30 19:44 16 Сешанбе
22.05.19 3:28 19:45 17 Чоршанбе
23.05.19 3:27 19:46 18 Панҷшанбе
24.05.19 3:26 19:47 19 Ҷумъа
25.05.19 3:25 19:48 20 Шанбе
26.05.19 3:24 19:48 21 Якшанбе
27.05.19 3:23 19:49 22 Душанбе
28.05.19 3:22 19:50 23 Сешанбе
29.05.19 3:21 19:51 24 Чоршанбе
30.05.19 3:20 19:51 25 Панҷшанбе
31.05.19 3:19 19:52 26 Ҷумъа
01.06.19 3:19 19:53 27 Шанбе
02.06.19 3:18 19:54 28 Якшанбе
03.06.19 3:17 19:54 29 Душанбе
04.06.19 3:16 19:55 30 Сешанбе

Эзоҳ:

Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо пеш аз вақти шаҳри Душанбе аст: Истаравшан-5 дақ., Кӯлоб-5 дақ., Хуҷанд-7 дақ., Рашт-7 дақ., Конибодом-9 дақ., Исфара-9 дақ., Ашт-9 дақ., Хоруғ-12 дақ., Мурғоб-20 дақ.

Шаҳру ноҳияҳое, ки вақти онҳо баъд аз вақти шаҳри Душанбе аст: Бохтар-4 дақ., Шаҳритуз-5 дақ., Айнӣ-5 дақ.


Тақвим аз тарафи Раёсати Шўрои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 27.04.2019 №04 тасдиқ гардидааст.

  1. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20000 сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 500 сомонӣ закот пардохт мешавад.
  2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 5 сомонӣ
  3. Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2019 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шуд. Барои як рўз 10 сомонӣ.

Тартиботи Рамазон ва рӯзадорӣ

Дар моҳи Рамазон ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд ва баъди Азонро шунидан рӯзаҳояшонро мекушоянд.

Бояд донист, ки дар Рӯза се фарз аст:

  • Аввал ният кардани рӯзагиранда аст аз шаб, ки фардо рӯза мегирад.
  • Дуввум худдорӣ кардан аст аз хӯрдан ва нӯшидан аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.
  • Саввум бозистодан аст аз заношӯӣ кардан дар ин муддат.

Нияти субҳгоҳии рӯза (арабӣ): “Валисавми ғаддин мин шаҳри  рамазоналлазӣ фаризатан навайту.”

Нияти шомгоҳии рӯза (арабӣ): “Аллоҳума лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту.”


Нияти субҳгоҳии рӯза (тоҷикӣ): “Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб.”

Нияти шомгоҳии рӯза (тоҷикӣ): “Парвардигоро! Барои ризогии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.”


Шахсонеро рӯзагирӣ фарз мебошад, ки аз мардон аз 12-сола боло бошад ва аз занон аз 9-сола боло башад.

Барои маълумоти бештар оиди фарз, макруҳ ва кафорати рӯза метавонед ин матлабро хонед: Масоили рӯзаи моҳи Рамазон

Барои ҳар як рӯзадор ин аст ки пеш аз субҳ дамидан чизе бихӯрад (яъне саҳархӯрӣ ) ва баъд аз хӯрдан ба зикри Худо ва  Қуръонхонӣ машғул шавад. Одатан бояд кӯшиш намояд, ки дар рӯзҳои рамазон Қуръон зиёдтар бихонад ва рӯзҳоро фақат бо беҳудагардӣ бо хоби зиёд нагузаронад ва дар вақти рӯзаро кушодан, яъне баъди фурӯ рафтани офтоб чӣ дархосте, ки дорад аз Худо ба дуо талаб намояд ва баъд бо дуъои махсус рӯзаашро бо мева (агар хурмо бошад беҳтар аст) ё бо об ё бо намак кушода каме бихӯрад то меъдааш ором гирифтан, баъд ба намози шомро адо кардан машғул гардад. Ва аз ҷумла суннат аст, ки дар шабҳои рамазон баъд аз намози хуфтан намози таробеҳ (маънояш – баъд аз 4-ракаат роҳат кардан аст) хонда шавад ва ин намозест, ки иборат аз 20-ракаат буда ва чаҳор ракаати хонда мешавад ва баъд аз ҳар чаҳор ракааат ба миқдори ин чаҳор ракаат нишастан (яъне истироҳат кардан) низ аз рӯи адаб аст.


Тановули ғизо дар Рамазон

Субҳ мардум барои тановули ғизо аз хоб бо истифодаи соатҳои зангӯладор ва имрӯзҳо тавассути телефонҳои ҳамроҳиву воситаҳои дигари техникӣ бедор мешаванд. Чун дар қарнҳои гузашта ин дастгоҳҳо набуданд, мардум вақти матлубро аз рӯйи гардиши ситораву сайёраҳои осмон ва бонги хурӯсу рафтори дигар ҷонварон муайян мекарданд. Бархе аз мардум шабзиндадорӣ карда, дар соати муайян ҳамсояҳоро низ садо мекарданд.

Мохи Рамазон муборак, Мохи шарифи Рамазон, Рамазон муборак, Моҳи Рамазон

Маъмулан, субҳгоҳон мардум хӯроки серғизо, ба монанди палав, манту, кашк, кабоб ва ғайраро истеъмол мекунанд ва дар вақти рӯзакушоӣ ё хӯроки шом ғизоҳои нисбатан сабукро мехӯранд, то ки дар вақти хуфтан ба бадан гаронӣ ва нороҳатӣ ҳис накунанд.

Пас аз хӯрдани ғизои субҳона нияти рӯзабандӣ мекунанд. Баъзе аз мардум бо такя ба китобҳои динӣ нияти рӯзабандиро ба забони арабӣ мехонанд, аммо бархе дигар гунаи тоҷикии он ниятро, ки байни мардум хеле маъмул аст, ба забон меоранд. Масалан, «рӯза гирифтам дар моҳи шарифи Рамазон, тавфиқ бидеҳ то намози шом». Пас аз ин ният се бор мегӯянд: «хуш омадӣ моҳи шарифи Рамазон!». Инчунин нияти субҳгоҳии рӯза бо забони тоҷикӣ ва  дар боло овардашуда буд.

Рӯзакушоӣ якчанд бовару шугунҳои худро дорад. Бархе бар он боваранд, ки рӯзаро бояд бо пораи себ кушоянд, зеро тибқи муътақидот себ меваи биҳиштӣ ҳисоб мешавад. Баъзеҳо рӯзаро бо намак мекушоянд ва баъзе бо об ва мегӯянд, ки савобаш бештар аст. Гурӯҳи дигар бо ҳар ғизо, ки рост омад, ба мисли нону чой, ангур ё таоме нияти рӯзакушоиро хонда, хӯрданро оғоз мекунанд.

Барои рӯзакушоӣ маъмулан дуои арабиро, ки аз китобҳои динӣ гирифтаанд мехонанд. Аммо дар радифи он гунаи тоҷикии он низ дар истифода аст. Масалан, «рӯза гирифтам ба номат, кушоям ба фармонат». Нияти шомгоҳии рӯза ё ифтор низ дар боло оварда шудааст.

Андарзҳои бузургон дар мавзӯи адаб аз Хазинаи маърифат инҷо метавонед мутолиа намоед: АДАБ


Калидвожаҳо: Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон, Мохи рамазон 2019 дар Точикистон, Моҳи шарифи Рамазон муборак, моҳи шарифи Рамазон 2019, нияти ифтор, нияти руза, нияти рузаи рамазон, таквими руза, таквими рамазон 2019, таквими мохи шарифи рамазон 2019.

Сарчашмаҳо: wikipedia.org

shuroiulamo.tj

Али

Салом Автор як 27.05.2019 ро Бин хатоги дорад