Моделҳои ягонагии олам

Муҳокимаҳои инсон дар бораи моҳияти оламу принсипҳои сохтори он, аз ҷумла принсипи ягонагии олам на танҳо мавзӯи илму фалсафаи рушдёфта буд, алҳол он дар шуури қадимиён ҷой дошт. Маводҳои дастрасшуда тартиб додани модели махсуси оламро имкон медиҳанд, ки В.В.Топоров онро асотирӣ-шоирона номидааст. Дар ин модел олам мувофиқи тасаввуроти давраҳои то пайдоиши тамаддунҳои Шарқи Қадим тасвир карда мешуд. Тарзи асосии мулоҳиза кардан дар бораи олам ва ҳалли зиддиятҳо дар ин марҳила асотир мебошад, ки он на танҳо низоми устураҳо, инчунин навъи махсуси тафаккур буда, аз рӯи пайдоиш ва моҳияташ ба навъҳои таърихӣ ва табиӣ-илмии тафаккур муқобил меистад.
Ин модел бо тарзи фаҳмиши интуитивӣ аз ҷониби инсон дарк кардани ягонагии олам, Кайҳон ва ҷустуҷӯи асосҳои ибтидоии ин олам, ки истиоравӣ тавсият намуда, ба асотир пайваст карда шудааст, алоқаманд мебошад. Чунин фаҳмишро инкор кардан лозим нест, чунки вай дар пояи идрок шудани олам ҷой дорад, ки баъдтар дар моделҳои гуногуни илмии олам, дар муҳокимаҳои фалсафӣ доир ба асрори олам амалӣ гашт. Дар шароите, ки маърифати мушаххас имкон надошт, маҳз идроки том пешбарӣ кардани фарзу тахминҳоро фароҳам сохт, ки баъдтар ғайричашмдошт аз назари илмӣ асоснок карда мешуданд.
Дар назари мо чунин модели фаҳмиш ҳамчун зинаи дуюмдараҷа, аз воқеият дурбуда тобиш дорад. Мо метавонем танҳо таҷдид намоем, яъне дар сатҳи шуури инсони муосир он тасаввурот дар бораи олам, ки хоси шуури қадимиён буд, бо тарзҳо гуногун бонизом аз нав ба вуҷуд оварем. Дар натиҷа манзараи универсалии олам ҳосил мешавад, ки асосҳои офарида шуданаш аз дарки абстрактӣ-мафҳумии хоси тафаккури муосир комилан фарқ мекунад. Дар маркази он фаҳмиши томи олам, ҳамчун ягонагии инсону муҳити зисти ӯ, ҷойгир шудааст. Ин ҷо объективият ба маънои имрӯзааш буда наметавонист ва воқеият низ хусусияти субъективӣ, дуюмдараҷа дошт. Ин айнан воқеияти ихтироъшуда буд. Асотир ҳамчун шакли мазкури муносибат ба олам на ҳамту ҳикоят дар бораи ҳодисаҳои воқеӣ, балки модели идеалӣ мебошад, ки ин воқеаҳоро тавассути силсилаи қаҳрамонон тафсир менамояд. Аз ин лиҳоз, на олам, балки маҳз ҳамин воқеаҳо ва қаҳрамонҳо воқеиятӣ дониста мешуданд.
Универсалии зикршуда ва тасаввуроти том дар бораи олам дар шуури асотирӣ аз печдарпеч будани муносибатҳои субъективӣ-объективӣ вобаста буд. Дар шуури одами қадим принсипи айниятдиҳии ҳама чиз ба ҳама чиз, пеш аз ҳама, айнияти пурраи табиат ва инсон ҳукмрон буд, ки дар ягона алоқаманд кардани ашёҳо, зуҳурот ва предметҳои мухталиф, узвҳои ҷисми инсон ва ғ.-ро имкон медиҳад. Дар натиҷа оламе, ки дар он инсон ва табиат ҷудонашаванда аст, комилан ягона тасаввур карда мешуд. Ин бошад, дар навбати худ, тасаввуроти куллӣ дар бораи олам ҳамчун дар бораи организми зинда (органитсизм)-ро ба миён овард.
Барои модели мазкур фаҳмиши ягонагии фазоӣ-вақтии муносибатҳое, ки ба сифати ибтидои муназзамсозандаи Кайҳон баромад мекарданд, хос буд. Олам дар фазо тавассути мавзеҳои муқаддаси фазоӣ ва муносибатҳои вақтӣ (бо ҷудокардани рӯзу идҳои муқаддас) ба тартибу низом дароварда мешавад. Вақту фазои муқаддас сабабиятҳои кулли ҳодисаҳоро ба миён меоваранд, ҳамзамон хосиятҳои муҳит ва инсонро якҷоя сохта, дар ҳар кадоми он ченаки махсуси кайҳонӣ дарёфт мекунад, ки инсон бояд ба он пайравӣ намояд.
Ин модел мантиқи худро дорад: ба ҳадафи гузошташуда даврӣ, тавассути бартараф кардани зиддиятҳои муҳимтарин, ки маънои мусбӣ ва манфӣ доранд (рӯз-шаб, сафед-сиёҳ, ҳаёт-марг ва ғ.), расида мешавад. Ҳамин тавр, аз аввал олам диалектикӣ тафсир карда мешуд, расидан ба мақсад бартараф кардани монеъаҳоро тақозо дошт. Диалектикаи ибтидоҳои баҳамзид, амалҳо ва зуҳуроти муқобил имкон медиҳад, ки низоми таснифоти олам офарида шавад. Чунин диди олам дар модели асотирӣ-шоирона воситаи ба тартиб даровардани ҳастӣ мебошад. Бо мурури замон ин тасаввурот ба фалсафа гузашт, ки махсусан дар амалҳои гуногуни офаридани қатори таснифоти олам ва низоми ибтидоҳои муқобил аёнтар буд.
Дар илм ва фалсафа низ сохтордиҳии моделҳои гуногуни олам, ҳастии табиӣ сурат мегирад.
Модели моддӣ-мабдавӣ ягонагии оламро дар ягонагии физикӣ-кимиёвии мабдаъ ва хосият ба қайд мегирад. Маълумотҳои илми муосир аз он далолат мекунанд, ки объектҳои табиати ғайризинда дар тамоми Кайҳон аз унсурҳои кимиёвии якхела таркиб ёфтаанд. Дар асоси ошкор шудани сохтори дохилии атом, кашф шудани заррачаҳои элементарии нав масъала гузошта мешавад, ки барои баён кардани ягонагии мабдавии унсурҳо назарияи ягонаи заррачаҳои элементарӣ офарида шавад. Тадқиқотҳои генетикӣ дар биология шаҳодат медиҳанд, ки ҳамаи организмҳои зинда коди генетикӣ дошта, он аз чор аминокислотаҳо таркиб ёфтааст. Маълум кардани айнияти таркиби физикӣ-кимиёвии материяи зинда ва ғайризинда давом дорад ва ғ. Охиран, маълум карда шудааст, ки кулли моддиёт ва унсурҳои олам бо ҳамдигар тавассути майдонҳои электромагнитӣ, гравитатсионӣ ва диг. алоқаманд мебошанд. Қайд мегардад, ки сабаби ягонагии олам моддӣ будани он мебошад.
Дар модели функсионалӣ (ё номологӣ; аз юнонӣ, nomos – қонун + logos – таълимот) ягонагии олам дар асоси ҳузуру амали қонунҳои ягона маънидод карда мешавад. Сухан дар бораи он меравад, ки дар олам робитаи универсалӣ амалӣ мегардад. Чунончи, Пифагор дар бораи қонунҳои илоҳии риёзии ҳамоҳангӣ ва тартиботи ҷаҳонӣ хотиррасон карда буд. Г.Лейбнитс мӯътақид буд, ки қонунҳои ягонаи илоҳии риёзиро дар низоми муодилаҳо татбиқ намуда, дар асоси он ҳар кадом зуҳуротро шарҳ додан мумкин аст. Лаплас қонунҳои универсалиро эътироф намуда, доир ба муттаҳидшавии донишҳо ва имкони комилан маърифат карда шудани олам ақида баён намудааст. Ин нуқтаи назар баъдтар «детерминизми лапласӣ» номида шуд, ки чунин аст: агар кулли донишҳо дар бораи олам, кулли нишондиҳандаҳои ҷисмҳо дар ягонагии том муттаҳид карда шуда, онҳоро бо муодилаи ягона ба қайд гирифта мешуд, он гоҳ формулаи ягонаро офаридан мумкин мебуд, ки тавассуташ ҳамаи гуногуниҳои олам шарҳ дода шавад.
Дар доираи модели номбурда қонунҳои махсуси соҳаҳои алоҳидаи ҳастӣ барои фаҳмидани кулли олам истифодашаванда ҳисобида мешавад. Дар натиҷа Кайҳон ташкили комилан якҷинса тасаввур мегардад ва аз ин ҷиҳат дар бораи пурра ва то охир маърифат шудани олам хулоса карда мешавад. Вале ин ба далелҳои илми муосир мухолиф аст. Аз ҷумла, маълум мегардад, ки робитаи кулл воқеан бо суръати паҳншавии ҳамтаъсирӣ, хотимаёбии вақти мавҷудияти объектҳо ва интиҳонокии энергияи объект маҳдуд карда мешавад.
Модели дигари ягонагии олам, ки ҳоло хеле маълуму машҳур буда, тасдиқи лозимаи илмӣ ёфтааст, модели генетикӣ (аз юнонӣ, genos – пайдоиш) мебошад. Дар он тасдиқ карда мешавад, ки олам том буда, он аз рӯи қонуни ягона дар асоси умумияти мабдавӣ ба самти ягона таҳаввул дорад. Ба як маъно, дар он тарзи ҳамҷоясозии диалектикии моделҳои мабдавӣ ва номологии ягонагии олам амалӣ сохта шудааст. Нуқтаҳои ин модел аз ҷониби синергетика, ки бо кашфи қонуниятҳои универсалии худташкилшавии низомҳои Кайҳон машғул аст, сахт пуштибонӣ карда мешавад. Принсипи антропии космологӣ аз ҷумлаи тасдиқсозандаи ҷиддитари ин модел ба шумор меравад.
Дар охир хотиррасон менамоем, ки ғайр аз ин моделҳои номбаршуда инчунин чандин моделҳои ҷавҳарии классикии ягонагии олам низ ҳастанд, ки қаблан дар бораашон гуфта будем. Бо зиёд шудани таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои фалсафаи табиат, аҳамияти онҳо низ дар мадди назар нигоҳ дошта мешаванд.

Шарҳ баста аст.