«МОДАРНОМА»-И ЛОИҚ

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.


 Модар ноёбтарин неъмати дунё, сарманшаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Канори модар дабистони кӯдакии инсон аст.

  Шояд ҳамин бошад, ки абармандони олам, шоҳон, шоирон ва олимон машҳури сайёра назди хидмати модар сари таъзим фуруд овардаанд. Шоири тавонои миллат Лоиқ Шералӣ дар радифи ҳикмати аркони сухан модарро ба Замин офаридаи табиат монанд карда, бо як илҳоми шоирона гуфтааст:

Ту монанди Заамин танҳоӣ модар,

Ту монанди Заамин яктоӣ модар.

 Пайдост, ки орифону фозилон, косибону олимон парвардаи боғи муаттари дунёи ҳавасҳои модаранд. Аз ин рӯ, донистани қадру манзалати модар вазифаи муқаддаси мост.

 Устод Лоиқ тамоми ҳастии худ, нуфузу эътибор ва шукофоии гулҳои боғи ашъорашро ба мавҷудияти модар нисбат дода, пеши ин ганҷи бебаҳо таъзим мекунад:

Аз сарвату зи шӯхрат гар ба фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз ба пеши пои модар.

 Кору амал ва ҳавасу симои модари тоҷик дар шеъи Лоиқ бо як нозукии шоирона хеле таъсирбахшу хотирмон зоҳир мегардад.

 Шоир симои модари тоҷикро аз кунҷи сандалӣ ба мушоҳида гирифта, ҷомадӯзӣ ва армоншикании ӯро дар тӯйи фарзанд моҳирона ва тоҷикона ба риштаи назм кашидааст:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,

Рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишкани армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният.

Шоир носипосӣ нисбати модарро носавоб пиндошта, аз амали ноҷои иддае изҳори норизоӣ мекунам. Дар ин маврид фармудааст:

Хири бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,

Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.

Устод Лоиқ дар васфи модар шеърҳои алоҳидае низ доранд, ба мисли «Ба модарам», «Модар», «Муноҷот ба модар», «Насиҳати модар», «Домони модар», «Модари бечора», «Суруди модар», ки дар маҷмӯаи «Дасти дуои модар» ҷамъ омадаанд, ҳамчун оина симои модари тоҷикро инъикос мекунанд.

Хулоса, модар дар нигоҳи ин шоири шаҳир шабеҳи Ватан аст. Шӯҳрату шаҳомати он дар “Модарнома”-и Лоиқ хеле мӯъҷазу табиӣ ба назар мерасад. Барои устод Лоиқ Модар ва Ватан давлати азим ва ягона маҳсуб меёбад. Дар ин маврид хеле хуб гуфтааст:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ин,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.


Калидвожаҳо: donishju tj, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент, мавзуи озод, мавзухои озод, мавзӯи озод, иншо, иншохо, сайти точики, сайти омузиши, сомонаи точики, сомонаи тоҷикӣ, сайтхои точики, сайти donishju tj, сайти донишчу тч, сомонаи омӯзишӣ, модарномаи Лоик.

Шарҳ баста аст.