Моҳият ва таркиби фаъолияти сиёсӣ

0
17

Фаъолияти сиёсӣ, аз як ҷониб, яке аз шаклҳои фаъолияти ҷамъиятӣ ба шумор рафта, аз ҷониби дигар, амалҳои гуногуни субъектҳои сиёсат мебошад, ки бо ҳалли масъалаҳои сиёсӣ алоқамандӣ дорад. Фаъолияти сиёсӣ бо шаклҳои дигари фаъолияти ҷамъиятӣ алоқамандии зич дорад. Масалан, бо фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо. Чунин алоқамандӣ бо он асоснок карда мешавад, ки ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҳамдигар вобастагии зиёд доранд. Масалан, манфиатҳои сиёсӣ ҳамчун сабаби зоҳиршавии фаъолияти сиёсӣ дар ниҳояти кор ба воситаи манфиатҳои иқтисодӣ муайян карда мешаванд. Аммо манфиатҳои сиёсӣ ҳам дар зери таъсири талаботи сиёсӣ ва ҳам дар зери таъсири талаботи маънавӣ, ахлоқӣ, экологӣ ва дигар навъи талаботҳо ташаккул меёбанд. Бинобар ин, манфиатҳои сиёсие, ки бояд ба воситаи фаъолияти сиёсӣ ҳимоя гарданд, талаботҳои гуногуни субъектҳои иҷтимоиро инъикос менамоянд.

Фаъолияти сиёсӣ дорои як қатор хусусиятҳои муҳим мебошад. Бинобар ин, онҳоро баъзан фаъолиятҳои бошуурона, мақсаднок ва дастаҷамъона меноманд. Бо назардошти хусусиятҳои мазкур фаъолияти сиёсиро чунин маънидод кардан мумкин аст: фаъолияти сиёсӣ — маҷмӯи амалҳои бошуурона, ҳадафмандона ва мақсадноки субъектҳои иҷтимоӣ мебошад, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои сиёсии худ ва махсусан барои ба даст овардани ҳокимият ва ё таъсир расонидан ба он мубориза мебаранд.

Загрузка...

Фаъолияти сиёсӣ сохтори дохилии худро дорад. Унсурҳои таркибии онро ба таври зайл нишон додан мумкин аст:

1.Объектҳои фаъолияти сиёсӣ. Ҳокимияти сиёсӣ объекти асосии фаъолияти сиёсӣ мебошад. Бо назардошти он, ки ҳокимият асоси сиёсат аст, ҳамчунин институтҳои сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ ва системаи сиёсӣ дар маҷмӯъ объектҳои фаъолияти сиёсӣ дониста мешаванд. Дар маҷмӯъ ҳамаи сохторҳо ва падидаҳое, ки ба муносибатҳои сиёсии ҷомеа таъсири бевосита ва ё бавосита мерасонанд, метавонанд ба сифати объекти фаъолияти сиёсӣ шинохта шаванд.

2.Субъектҳои фаъолияти сиёсӣ. Ҳамаи субъектҳои сиёсат ҳамзамон субъектҳои фаъолияти сиёсӣ дониста мешаванд. Чунончи: мақомоти давлатӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо, умумиятҳои этникӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, шахсони алоҳида ва ғ. Субъектҳои дуюмдараҷаи сиёсат дар миёни субъектҳои фаъолияти сиёсӣ мавқеи махсусро ишғол менамоянд. Онҳо дар як вақт ҳам объект ва ҳам субъекти фаъолияти сиёсӣ шуда баромад менамоянд.

3.Мақсадҳо унсури муҳимтарини фаъолияти сиёсӣ мебошанд. Мақсади ниҳоии ҳар як фаъолияти сиёсӣ ба даст овардан ва нигоҳ доштани ҳокимият мебошад. Мақсадҳои дигар хусусияти муваққатӣ дошта, танҳо барои амалӣ намудани мақсади ниҳоӣ ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар муносибат бо системаи сиёсии мавҷуда мақсадҳо метавонанд сохторӣ ва ғайрисохторӣ бошанд. Мақсадҳо инчунин аз рӯйи муҳиммият ва зарурияти худ ба навъҳои гуногун ҷудо мешаванд.

4.Вазъияти амалишавии фаъолияти сиёсӣ. Фаъолияти сиёсии самаранок дар аксар маврид аз вазъияти мавҷуда вобаста мебошад. Дар бисёре аз мавридҳо фаъолияти сиёсӣ дар зери таъсири омилҳои объективӣ маҳдуд мегардад. Масалан, меъёрҳои ҷамъиятӣ, анъанаҳо, урфу одатҳо ва дар шароитҳои мушаххас навъи сохтори сиёсии ҷомеа ба сифати омилҳои объективӣ баромад менамоянд. Аммо боз омилҳое низ мавҷуданд, ки фаъолияти сиёсиро тақвият мебахшанд. Чунончи, вазъияти дохилии мамлакат, самаранокии худи фаъолияти сиёсӣ, вазъияти хориҷӣ, фаъолияти институтҳои сиёсӣ ва ғ. ба ин гуна шароитҳо мисол шуда метавонанд.

Дар чунин шакл пешниҳод гардидани сохтори фаъолияти сиёсӣ шартӣ мебошад. Зеро дар шароитҳои мушаххас субъект метавонад дар шакли объект баромад намояд ва баръакс объект дар шакли субъект. Ҳатто дар баъзе аз мавридҳо вазъияти баамаломада низ ба сифати объекти фаъолият шинохта мешавад. Аммо унсурҳои таркибии фаъолияти сиёсӣ имкон медиҳанд, ки мазмун ва мундариҷаи он хубтар фаҳмида шавад.

Фаъолияти сиёсӣ бо назардошти фаъолнокии субъектҳои сиёсат дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Шаклҳои зоҳиршавии фаъолияти сиёсиро ба таври зайл нишон додан мумкин аст:

–  иҷроиши вазифаҳои сиёсӣ дар доираи фаъолияти ташкилотҳо ва институтҳои сиёсӣ;

– иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ (раъйпурсии умумихалқӣ, интихоботи парлумонӣ ва президентӣ);

– иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ;

– аксуламал нишон додан нисбат ба фаъолияти субъектҳои дигар;

– бо мақсадҳои мустаҳкамнамоӣ ва тағйирдиҳии муносибатҳои сиёсӣ фаъолона амал намудан.


Калидвожаҳо: реферат, равандхои сиёсии чомеа, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, Мохият ва таркиби фаъолияти сиёси, мохияти сиёси, моҳияти сиёсӣ.