Моҳият, омил ва унсурҳои низомҳои иқтисодӣ

0
95

Одатан, таҳти низомқонун, қоида, тартиб, танзим ё худ механизми амали ҳодисаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар як давраи муайяни таърихӣ фаҳмида мешавад.

Аз ин лиҳоз, вобаста ба зарурият, вазифа ва мақсад онҳоро дар сатҳҳои гуногуни субъектҳои иқтисодӣ (фард, гурӯҳ, коллектив, ҷомеа, давлат…) таҳлил мекунанд. Дар натиҷа, низомҳои муайяни иқтисодӣ дар сатҳи хона, хоҷагӣ, давлат ва ғайра бунёд мегарданд. Маҷмӯи онҳо низоми воқеии иқтисодиро дар сатҳи хоҷагии ҷаҳон ташкил медиҳанд. Аз ин ҷиҳат дар адабиётҳои иқтисодӣ таҳлили низомҳои иқтисодӣ, ҳамчун низоми хоҷагидорӣ дар сатҳи “микроиқтисод”, “макроиқтисод”, ва “мегаиқтисод” баррасӣ карда мешавад.

Загрузка...

иктисодиёт, тахлил

Бояд дар назар дошт, ки хусусияти низоми томи хоҷагидорӣ маънои ба ҳам зам кардани хусусиятҳои муқаррарии ҳар як ҷузъи низомро надорад. Он шахшуда монда ҳам нест. Вай ҳамеша дар ҳаракат ва инкишоф буда, ба худ хусусиятҳои наву беҳтарин, истиқрору муозин, пурраву яклухт, тағйирёбандаю чандирӣ, ягонаву ба ҳам зид ва ғайраро қабул мекунад.

Зиддият – муҳаррики (двигатели) баҳаракатдароварандаи низоми иқтисодӣ мебошад. Он тамоюл, самти инкишофу таназзул, пайвасту ҷудосозӣ, ягонагию хусусият, марказияту дурсозӣ, тағйиру устуворгардонии низомҳои иқтисодиро муайян месозад. Аз ин лиҳоз, низоми ягонаву ба ҳам монанд ва таққосшаванда, умуман, вуҷуд надорад. Вобаста ба ин дар байни иқтисоддонон низ ваҳдат оиди баён ва тафсири моҳият ва мазмуни низоми иқтисодӣ вуҷуд надорад. Баъзе аз онҳо ақида доранд, ки инкишоф ва таҳаввули низомҳои иқтисодӣ дар асоси тамоюли якоҳангии (унификатсияи) ҳамаи унсурҳои низом (система) вуҷуд дошта метавонад.

Дар ин авзоъ дар доираи иқтисодиёти миллӣ, низомҳои гуногуни хоҷагидорӣ (молӣ, бозорӣ, натуралӣ ғайра) амал карда метавонанд. Инро дар мисоли назарияи “конвергенсия” (ба ҳам як ё худ наздик шудан) дучор омадан мумкин аст. Назарияи кунунии конвергенсия таъкид менамояд, ки низомҳои гуногуни иқтисодӣ дар раванди инкишоф ва такмил ботадриҷ ба ҳам наздик шуда, низоми нави хоҷагидориро ба вуҷуд оварда метавонанд.

Аз ин ҷо, хулоса бар меояд, ки байни мутафаккирон ақида ва назарияи ягона ё худ “универсалӣ” оиди низомҳои иқтисодӣ, моҳият, шаклу намуд, давраю марҳалаҳои рушд ва тамсилаҳои ташаккули он вуҷуд надорад. Критерия (маҳак, меъёр)-и ягонаи манобеи (сарчашмаи) таҳлили илмии онҳо низ дида намешавад. Амсоли таснифу (гурӯҳбандию) тафсири (баёни) онҳоро дар таърифҳои зер мушоҳида кардан мумкин аст:

  1. Низоми иқтисодӣ – шакли махсуси низоми алоқаи байни тавлидгарон ва истеъмолгарони неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ ва хизмматҳо мебошанд (10, 31);

2.Низоми иқтисодӣ, маҷмӯи механизм ва институтҳое мебошад, ки барои қабул ва амалӣ гардондани қарорҳо оиди истеҳсолот, даромад ва истеъмол дар доираи сарзамини муайян ба роҳ монда мешавад (П. Грегори., А. Стюарт), (60, 33).

3.Низоми иқтисодӣ, ҳамчун маҷмӯи институтҳо, ташкилотҳо, қонунҳо, қоида, анъана, тафаккур, қадр, рафтор ва қарору қарордодҳое, ки мустақим ё ғайри мустақим ба раванди ташаккули ахлоқ ва натиҷагирии он таъсир мерасонад сурат мегирад (Ф. Прайор), (60, 33).

Аз таҳлили ин назариётҳо нафақат фаҳмишҳои мухталифи низомҳои иқтисодӣ дар сатҳои гуногун, балки объекту субъект ва унсурҳои таркибии он низ чашмрас мебошад.

Назарияи иқтисод ҳамчун илм, на ба шакли инфиродиву мушаххаси низомҳои иқтисодӣ, балки ташаккули муносибатҳои иқтисодӣ – муносибатҳои байни одаму табиат оиди истифодаи муносибтарини захираҳои иқтисодӣ сарукор дорад. Ин муноси-батҳо ҳамчун муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, яъне муносибатҳои ташкилию иқтисодӣ дар доираи низомҳои ягонаи иқтисодӣ ва қисматҳои он қарор дорад.

Аз ин ҷиҳат ягонагии онҳо ҳамчун низоми иқтисодӣ тавсиф карда мешавад (10, 22). Бинобар ин низоми иқтисодии ҳамагуна ҷамъият мантиқан, ҳамчун маҷмӯи амалиётҳои (механизмҳои) ба ҳам мутобиқгардонии истифодаи захираҳои иқтисодӣ, қувваи коргарӣ, технология, материал, қобилияти идора ва соҳибкорию бизнес ташаккул меёбад.1

Аз ин ҷо мақсади ниҳоии низомҳои иқтисодӣ-ташкили равандҳои иқтисодӣ ва таъмин кардани афзоиш ва дурбини он, қонеъ гардондани этиёҷ ва ниёзҳои мардум бо неъматҳову хадамот низ омода мегардад.

Агар аз таҳлили назариявӣ ва таҷриди (абстракси)-и ҳодиса андаке сукуд намоем ва ба амалия муроҷиат кунем, онгоҳ низоми иқтисодӣ ҳамчун натиҷаи сиёсати иқтисодии давлат қарор мегирад ва мувофиқи хусусиятҳои таърихиву табиии онҳо муайян карда мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат, дараҷаи  инкишофу ташаккули онҳо низ зери таъсири омилҳои зиёди иқтисодӣ қарор мегирад, ки онҳоро метавон чунин тақсимбандӣ кард:

  1. 1.омилҳои табиӣ – мусоидии иқлим, ҷойгиршавии мамлакатҳо дар мавзеъ ва минтақаҳои ҷаҳонӣ, захираҳои об, канданиҳои фоиданок, ҳосилхезии замин…;
  2. иҷтимоию маданӣ – фаъолияти маънавию маориф, руҳӣ, фаъолияти ҳаётпазирии инсон, сатҳи инкишофи маориф, илм, фарҳанг, маданият…;
  3. истеҳсолию иқтисодӣ – предмет ва воситаҳои меҳнат, технологияи истеҳсолот, шакли ташкили истеҳсолот (меҳнат), дараҷаи даромаднокӣ, самаранокӣ, ҳосилнокию шиддатнокии меҳнат…;
  4. омили инсонӣ – нақш ва мақоми инсон ҳамчун коргар, шумораи мутахассисон, аҳолӣ ва таркиби иқтисодиву иҷтимоии онҳо, бекорон, шуғли аҳолӣ, камбуд ё барзиёдатии аҳолӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, сатҳи даромад ва зиндагонии одамон, таъмин будан ба ҷои кор, бо манзил…;
  5. техникию иқтисодӣ – сатҳи техникаю технология, ихтироотҳо, нововариҳо, такмили таркибии истеҳсолот, ҳаҷми фоида, сатҳи рақобат, сармоягузорӣ, захираҳои молиявӣ…;
  6. ҳуқуқию маъмурӣ – ташаккул ва волояти қонунҳои ҳуқуқӣ, ташаккули шакл ва намудҳои моликият, вазни қиёсии моликияти хусусию давлатӣ, вазъи хусусигардонию ғайридавлатигардонӣ…;
  7. фаъолияти хоҷагидорию соҳибкорӣ – таносуби шаклҳои гуногуни хоҷагӣ – инфиродӣ, молӣ, деҳқонӣ, бозорӣ, фермерӣ, коллективӣ…;
  8. идораву нақшагирӣ – хел ва намудҳои идора, сатҳи ташаккули менеҷменту маркетинг, бизнес, барномаҳои иқтисодӣ ва дурнамои онҳо, нақш ва мақоми ислоҳотҳои хоҷагӣ дар дигаргунсозиҳои иқтисод ва ғайра;
  9. омилҳои бурунмарзӣ – равобитҳои байналхалқӣ, сатҳ ва дараҷаи ҳамгироии иқтисодӣ, тиҷорат, муносибатҳои қарзию пулӣ, молиявӣ, ҳалли масоилҳои умумибашарӣ…;
  10. сиёсат ва сиёсати иҷтимоӣ – сиёсати хоҷагидорӣ, дараҷа ва такомули сиёсати иқтисодӣ, вазъ ва мақоми партияҳои гуногун, ҳалли масоили иҷтимоӣ ва ғайра (ниг. нақшаи 7).

омилхои низоми иктисоди

Аз ҷумлаи омилҳои номбар кардашуда, моликият мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Он ҳамчун муносибатҳои объективӣ (айнӣ) ҳамаи ҷанбаҳои муносибатҳои иҷтимоии ҷамъиятро инъикос мекунад.

Мазмун ва таркиби моликият, асаб ва устухонбандии низомҳои иқтисодиро тавсиф менамояд. Низоми иқтисодӣ, махсусияти таркиботи ҷамъиятро, ки дар натиҷаи фаъолият ва таҷ-рибаи амалии ҳар як халқияту миллат ба вуҷуд меояд, мушаххасан ифода мекунад. Дар он санъати хоҷагидорӣ, анъанаҳои таърихӣ, ташаккули маънавиёти мардум, сарвати фарҳангу маърифат ва дарку зикри ҷаҳони муосир тасвир меёбад.

Аз ин нигаҳ, низоми иқтисодӣ – ҳамеша сирати инфиродию мушаххас дорад. Таърих аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аз нуқтаи назари эҳёву ташаккул, байни давлатҳои ҷудогона, перомуни низоми иқтисодӣ умумият вуҷуд надорад. Аз ҳамин ҷиҳат низоми иқтисодӣ, ҳамеша дар доираи ҳадди муайян, яъне доираи сарбастаи низоми мушаххас (конкрет) амал мекунад. Истифодаи тамсилаи (модели) иқтисодии як давлат дар мамлакати дигар (аз сабаби гуногунии омилҳои дар боло қайд карда шуда) имконнопазир ё худ маҳдуд аст. Ин хусусиятҳо ҳамчун тамсилаҳои рушди иқтисодӣ сурат мегирад. Мавҷуд будани тамсилаҳои гуногуни иқтисодӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи хоҷагидорӣ минбаъд амиқ омӯхта шуда, низоми иқтисодии мавҷуда такмил дода шавад.

Аз ин ҷо, хулоса бар меояд, ки низоми иқтисодӣ на мувофиқи хислату афзалияти омилҳои алоҳида, балки маҷмӯи онҳо бунёд мегардад. Бинобар ин зарурат ба таснифи унсурҳои таркибии он ба миён меояд (ниг.нақшаи 8 ).

унсурхои низоми иктисоди


Мохият, омил ва унсурхои низомхои иктисоди


1 Ниг. Основы американской экономики.-М.: 1993.-с. 19-28.