МИРЗО ТУРСУНЗОДА – МУНОДИИ СУЛҲ

0
53

Ба хотири шоири бузург, Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷозӣ сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд меорам.

Чингиз Айтматов, нависандаи бузурги қирғиз.

Загрузка...

 

 Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода фаъолияти меҳнатии худро аз матбуот, аниқтараш аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» оғоз намуда, баъдан дар театр, иттифоқи нависандагон ва дигар сохторҳои давлатӣ пурмаҳсул кор кардааст. Устод Турсунзода аз соли 1946 то охири умр ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор карда, дар ташаккули адабиёт нақши назаррас дорад. Даҳҳо эҷодкорони ҷавон бо маслиҳату раҳнамоии мавсуф аз як зина ба зинаи дигари адабиёт қадам зада, ба қуллаи мурод расидаанд. Барҳақ шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноатдар ситоиши устод Турсунзода гуфтааст.

   Барои ҳурмати мӯи сафедаш,

Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.

Барои дил, дили оинавараш,

Ки аз чашму нигоҳи ӯ пади даст…

Қасам ҷону виҷдони ҷавонам:

Агар дар шеър қутби нав кушоям,

Аз он ҳар субҳ чун ахтар бароям,

Ба пеши пои ӯ такъзим намоям.

Меҳрномаи Мӯъмин Қаноат далели одамият ва бузургии Мирзо Турсунзода мебошад.

 Маҷмӯаи нахустини ӯ «Байрақи Зафар» соли 1932 аз чоп баромад. Баъдан соли 1937 аввалин достони Турсунзода «Хазон ва баҳор» ба табъ расид, аз самимияту ҳиссиёти баланд, забони соддаву равон, образҳои аниқу айёнӣ, навоварӣ дар шаклу мазмун гувоҳи дод.

 Дар солҳои Ҷанги Бузуги Ватанӣ мавзӯи ватандӯстӣ дар ашъори Турсунзода боз ҳам вусъат ёфта, андешаҳои меҳандӯстии шоир дар навиштаҳои «Хайр, модари азиз», «Баҳодурии тоҷик», «Ҳамшираҳо», «Роҳи оҳан», «Ба ҷанг» баръало намудор гашт.

 Калонтарин асари М.Турсунзода достони «Писари Ватан» мебошад. Мавзӯи достони иштироки фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мубозаи фаъолонаи онҳо бар зидди фашистонро фаро мегирад. Қарамонҳои асосии достон Қодир, Саодат, Микола, Марина ҳамчун фарзандони фидокору вафодори Ватан аз худ маҳорати беҳамто нишон дода, образи халқро ба вуҷуд овардаанд.

 Асарҳои мансуру мазмуни Мирзо Турсунзода «Мамлакати тиллоӣ», «Води Ҳисор», «Қисcаи Ҳиндӯстон» «Ман аз шарқи озод»

«Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё» «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Аз Ганг то Кремл» бо фарогирии муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа мисли гулҳои муаттар ба боғи адабиёти ҷаҳонӣ накҳати тозае зам карда, эътибори ӯро миёни адибони номдор зиёд гардонид.

Тасвири робрази модар, бонувон низ дар эҷожиёти шоир травшан ба назар мерасад. Ба андешаи ӯ баробарҳуқуқи марду зан ва иштироки фаъоли бонувон дар кори давлатӣ омили асосии пешрафти мамлакт аст. Дар ин бора хеле хуб фармудааст:

 Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакт аз дасти зан гулзор шуд.

За нагар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо.

Хизматҳои содиқонаи ин шоири бузурги миллатро халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш наҳоҳад кард, Ҳамин аст, ки бо фармони Президенти Ҷ.Т. Эмомалӣ Раҳон 7-уми майи соли 2001 ба шори халқии Тоҷикстон М. Турсунзода унвони олии Қаҳрамони Тоҷикстон дода шудааст.

Халқи тоҷик хидматҳои содиқонаи ин фарзанди барӯмади худро қадр намуда, донишгоҳ, шаҳр ва кӯчаву хиёбонҳоро ба номи ӯ гузоштааст.