Мирзо Турсунзода (1911 – 1977)

0
77

Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Мирзо Турсунзода яке аз бузургтарин адибони асри XX эътироф шуда, бо шоасарҳои ҷовидонааш дар байни халқҳои дунё шуҳрати хоса дорад. Ӯ соли 1911 дар деҳаи зебои Қаротоғи ноҳияи Шаҳринав чашм ба олам кушод. Вале бахти Мирзо омад накард. Дар тифлӣ модараш вафот кард. Дар ин рӯзгор, ки ӯ ҳануз хурд буд, дарду доғи модарро камтар ҳис намуд. Баъдтар Мирзо ёди модар мекунад, симои модари мушфиқу меҳрубонашро пеши назар меорад. Аммо рую муй, умуман симои модар барояш ноаён мемонад. Ин эҳсосоти самимиро адиб дар шеъри «Модар» баъдтар ба сад дарду алам баён кардааст:

Загрузка...

Тифл мондам аз ту, модар, руи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абруи ту дар ёд нест.
Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кую дар,
Чунки то имрӯз, модар, руи ту дар ёд нест.

Хушбахтона, шоир аз ҳаводис ноумед ва руҳафтода намегардад.

Дар анҷоми шеър боз модарро ситоиш карда, садои модарро дар шеъраш, деҳааш, дар симои занони солхурдаи кишвараш мебинад:

Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.
Солхурда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гуямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!

Мирзо дар хонаи бачагон камол ёфта, соҳибмаълумот мегардад ва дар матбуоти тоҷик кор мекунад. Пасон раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, то охири умр адои вазифа мекунад. Ӯ соли 1977 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм мепушад. Ҷасади ӯро дар ҷои хушманзараи водии Ҳисори Шодмон, доманакуҳи Лучоб, болотар аз Душанбе ба хок супурданд. Имрӯз дар баландии Лучоб мақбараи устод бисёр зебо қомат афрохтааст. Гирду атрофи он ҳамеша сабзу хуррам ва гулпуш аст. Махсусан, баҳорон, ки устод бисёр ин фаслро ситоиш карда буд ва дӯст медошт, боз ҳам ин мавзеъ рангинтар, назарработар мегардад. Имрӯз садҳо нафар мухлисони абёти шурангези устод Турсунзода аз Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар мамолики хориҷи кишвар ба зиёрат омада, аз шеъри дилангезаш қироат мекунанд, ба сари қабраш гулчанбар мегузоранд. Оид ба ҳамин лахзаҳо шоир Гулназар Келдӣ бисёр вокеӣ гуфтааст:

Дар сари қабри ту гиряд аз ҷудоҳо баҳор,
Нола хезад аз дили ҳар санги хомуши Ҳисор.
Ман чу гуям, ки ту худ боре ба ҳасрат гуфтаӣ:
«Чашми ман хоҳад, ки бинад навбаҳори бешумор».

Эҷодиёти устод рангин ва пурбаракат аст. Ҳоло муште аз хирвор чанд асари устодро бароятон пешкаш менамоем.


Хаёт ва фаъолияти Мирзо Турсунзода, зиндагиномаи Мирзо Турсунзода на таджикском, Мирзо Турсунзода биография на таджикском.