МИНТАҚАҲО ВА МИНТАҚАҲОИ ТУРИСТӢ

Раванди ташаккулёбии ноҳияҳои туристӣ. Ҳадафи асосии ноҳиябандии туристӣ – азхуднамоиш ҳудуд мебошад. Ин раванд хосияти дарозмуддат дорад, яъне муҳлати дуру дарозро дар бар мегирад. Ба ақидаи олими рус Д.В.Николаенко раванди ташаккулёбии ноҳияҳои туристию рекреатсионӣ 4 марҳиларо дар бар мегирад.

Марҳилаи аввал. Мавҷудияти ҳудуди ҳанӯз азхудкарда нашуда, вале дорои моҳияти стратегӣ бо иқтидорҳои туристию рекреатсионӣ.

Марҳилаи дуюм. Рушди босуръати ноҳияи нав оғоз мегардад. Дар ин марҳила захираҳои туристии ноҳия ҳамчун захираҳои пурарзиши арзёбӣ мегардад. Рекреатсия ва туризм теъдоди зиёди аҳолиро ба худ ҷалб менамояд, ки баъдан ин одамон ҳудуди навро ҳамчун макони зисти доимӣ интихоб менамоянд. Ба ҳудуд воситаҳои хеле бузурги сармоявӣ ворид мегардад, инфрасохтори туристӣ – рекриатсионии тахассусӣ бунёд мегардад, ки ба хизматрасонии тамоми аҳолии ҳудуд равони гардидааст.

Марҳилаи севум. Ноҳия ба сатҳи баланди азхуднамоии иҷтимоӣ – фарҳангӣ муваффақ мешавад, аммо ҳамзамон давраи коҳишёбии оммавияти туристии ноҳия оғоз мегардад. Дар қатори дороии моҳияти рекреатсионӣ, ҳамзамон дигар бахшҳои иқтисодӣ инкишоф меёбад.

Марҳилаи чорум. Мӯътадилӣ ва гуногунтамоюлии ноҳияи туристӣ. Ноҳия ба маркази устувори туристӣ табдил меёбад.

Шумораи рекреантҳо дар ноҳия коҳиш ёфта ва теъдодашон мӯътадил мегардад. Ноҳия ба маркази мӯътадили рекреатсионӣ табдил меёбад.

Хусусияти ноҳиябандии рекреатсионӣ дар он зоҳир мегардад, ки он ба тағйирёбии падиҳою объектҳои табиию ҷамъиятӣ таъсир мерасонад.

Ба рушди ноҳияҳои рекреатсионӣ омилҳои гуногун ба монанди сатҳи рушди иқтисодии ҳудуд, дастрасии воситаҳои нақлиётии ҳудуд, дороии захираҳои меҳнатӣ, мавҷудияти мизони паҳншавии аҳолӣ таъсири амиқ мерасонад. Ташаккулёбии ноҳияҳои рекреатсионӣ дар асоси табиат такя менамояд. Нақши асосии табиат дар раванди ташаккулёбии ноҳияи рекреатсионӣ чандон якранг нест. Аксар мавридҳо муҳити табиӣ нақши асосиро иҷро менамояд. Захираҳои нотакрори табиӣ, табиатан ҷалбкунанда буда, ҳангоми аз худнамоии ҳудуди нав ҳар касс мехоҳад «шаршараи Ниагара»-и худро дошта бошад. Дар маҷмӯъ ноҳияҳои рекреатсионӣ дар заминаи захираҳои табиие ташаккул меёбанд, ки барои рушди рекреатсия ниҳоятан номусоиданд.

Масалан Лос-Вегас ҳамчун маркази рекреатсионии аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, дар қалби биёбони Невада ҷойгир шудааст.

Ноҳиябандии рекреатсионӣ- ин тақсимбандии ҳудуд аз рӯи принсипи ягонагии нишонаҳо ва хусусияти истифодабарии рекреатсионӣ мебошад. Нишонаи асосисии ноҳиябандии рекреатсионӣ сатҳи азхуднамоии рекреатсионии ҳудуд ва сохтори функсияи рекреатсионӣ (табобатӣ, беҳдоштӣ, туристӣ, саёҳатӣ) ба ҳисоб меравад.

Ноҳиябандӣ-раванди илмиест, ки бо омӯзиши ташаккулёбии ноҳия вобаста аст. Ноҳиябандӣ тариқи омӯзиши сарватҳои рекреатсионии ҳудуд амалӣ мегардад. Ноҳиябандии рекреатсионӣ ҷараёни муҳими илмӣ-амалӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин хотир ташаккули ноҳия аз рӯи раванди худ то андозае аз иродаву маърифати инсон вобаста набуда, аммо ҷараёни ноҳиябандӣ хосияти субъективиро ба вуҷуд меорад.

Вобаста ба вазифаҳои гузошташуда, ба сифати нишонаҳои бавуҷудоии ноҳия метавон тавсифи гуногунро пеш гирифт.

Интихоби нишона аз рӯи миқёси масоҳати ҳудуди таҳқиқшаванда (ноҳия, вилоят, ҷумҳурӣ) вобаста аст. Гузашта аз ин ҳар як нишонаи ташаккулдиҳандаи ноҳия, танҳо шароитҳои рушди туризмро дар ин ё он минтақа инъикос менамояд. Дар ин росто барои баҳо додани ҳолати туризми муосир ва дурнамои рушди он ба таври комплексӣ омӯзиш ва ташхиси истифодаи рекреатсионии ҳудуд ниҳоятан зарур мебошад, ки ин асоси ноҳиябандии рекреатсиониро ташкил медиҳад. Дар баробари ин принсипҳои умумигеографии ноҳиябандӣ: объективӣ, бисёрҷанбавӣ, зинабандӣ ва конструктивӣ бояд риоя шавад.

Объективӣ —ба он маъное, ки нишонаҳои ташаккулдиҳандаи ноҳия ба таври конкретӣ тавсиф гардад.

Бисёрҷанбавӣ— (баҳои комплексӣ) гуногунии намудҳои туризм, ки ба соҳаи туристӣ шомил аст, ба ҳисоб меравад.

Зинабандӣ- имкон медиҳад, ки ҳудуди кишварро ба минтақаҳо, зерминтақаҳо, ноҳияҳою зерноҳияҳо тақсим намуда, ки онҳо робитаи тарафайн ва тобеият нишон диҳад.

Конструктивӣ- аз рӯи гузоштани вазифаҳои ноҳиябандӣ муайян карда мешавад.

Аз нигоҳи иқтисодӣ дар мавриди ноҳиябандӣ фақат як функсияи ноҳия- хизматрасонии туристон дида мешавад ва дар ноҳиябандии рекреатсионии ноҳия ҳудудеро муайян менамоянд, ки аз рӯи хусусият дар он истифодаи захираҳои рекреатсионӣ ба амал ояд. Дар ноҳиябандии рекреатсионӣ ба сифати нишонаи ташаккулёбии ноҳия чунин хусусияти хосро интихоб менамоянд:

-сохтори функсияҳои рекреатсионие, ки аз истифодаи афзалиятноки захираҳои рекеатсионӣ вобаста аст;

-дараҷаи азхудкунии рекреатсионии ҳудуд (рушдёфта, миёна ва ноҳияи суст равнақёфта);

-дараҷаи бемаҳдуди кушодаи ноҳия; дурнамои азхудкунӣ.

Минтақаҳои рекреатсиониро вобаста ба аз ҷойгиршавии зичи пурраи муассисаҳое, ки барои истироҳати дурудароз ва аз худкунии захираҳои рекреатсионӣ равона гардидааст, ҷудо менамоянд.

Зери мафҳуми ноҳияи рекреатсионӣ ҳудуди томе фаҳмида мешавад, ки аз рӯи вижагиҳои ба худ хос, ки объектҳои рекреатсионӣ доранд, фаҳмида мешавад.

 Дар миқёси ноҳияҳои рекреатсионӣ маҳалҳои рекреатсиониро ҷудо менамоянд, ки дорои хусусиятҳои зеринанд, яъне мавқеи географӣ, захираҳои табиие, ки ба ташаккули муассисаҳои рекреатсионӣ таъсир мерасонанд, мебошанд.

Онҳо метавонанд ба сифати пойгоҳи муҳим ҷиҳати ташкили осоишгоҳ (курорт), минтақаи истироҳатӣ ва туризм хизмат намоянд.

Зери мафҳуми микроноҳияи рекреатсионӣ маҷмӯи муассисаҳои рекреатсионӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳамрадиф фаҳмида мешавад, ки дар як ҳудуди муҷтамаъ ва бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд.

Ноҳиябандии туристӣ- ин раванди тақсимнамоии ҳудуд мебошад, ки дар баробари он ноҳияҳо аз рӯи аломатҳои махсуси рекреатсионӣ, ки аз якдигар бо хусусиятҳои хос фарқ мекунанд, мебошад.

ТУТСММ (ЮНВТО) дар ҷаҳон 5-минтақаи бузурги туристиро нишон медиҳад, яъне Аврупо, Амрико, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Океания, Африқо, Ховари Наздику Миёна.

Ноҳиябандии туристии ҳудуд –масъалаи муҳим ба ҳисоб рафта, ҳалли он имкон медиҳад, к ибо назардошти таъсири камтарин ба табиат ҳудуди муайянро барои истироҳати мардум ва рушди фарҳанги онҳо истифода намуд. Тарҳрезии принсипҳои илмии ноҳиябандии туристӣ ва рушди минбаъдаи он имконият медиҳад, ки захираҳои нави рекреатсиониро ошкор намуда, барои тараққиёти туризм дар ҷойҳои аз худ намуда, ҳамчун замина хизмат намояд.

Муҳақиқи бахши туризм Худенких Ю.А. ҳафт принсипҳои асосии ноҳиябандии туристиро ҷудо менамояд.

  1. Тамомият (томият) — ноҳияи туристӣ як фазои ягонаи тақсимнашавандаи табиӣ-ҷамъиятӣ мебошад.
  2. Афзалиятнокии намудҳои муайяни фаъолияти туристӣ
  3. Ҷазбшавӣ ба марказ (ядро)- ҷудонамоии марказҳои ташкилшуда дар ноҳияҳо.
  4. Гумбасти хатсайрҳои туристӣ- хатсайрҳои асосӣ бояд дар дохили марзҳои ноҳия бошад.
  5. Табақабандии ҳудудҳои туристӣ.
  6. Сатҳи тараққиёти инфрасохтори туристӣ.
  7. Умумияти таърихии азхудкунонии хоҷагӣ ва рекреатсионӣ.

Гузашта аз ин ноҳиябандии туристӣ-масъалаи оддӣ нест. Мушкилоти он дар ду ҷанба мебошад, яъне ҳудудҳои тамоми ҷаҳон баррасӣ мешаванд, зеро ин ҳудудҳо хеле гуногунанд ва ба якдигар монанд нестанд. Сониян ноҳиябандӣ чунон сурат гирад, ки дар он ҷо тамоман соҳаи туризм вуҷуд надорад ва ё суст тараққӣ намуда бошад, вале барои туризм заминаҳои муайян мавҷуд аст.

Ба ҳайси омилҳои ташаккулдиҳандаи ноҳияҳо дар туризми байналмилалӣ дохил мешаванд:

— хусусиятҳои асосии мавқеи географӣ аз нуқтаи назари туризм (ҷойгиршавӣ нисбат ба бозорҳои туристӣ ва минтақаҳои қабули туристон, муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳое, ки аз ҳудуди онҳо қисми бештари коммуникатсияи туристӣ интиқол меёбанд);

— хусусиятҳои хоси табиат, дараҷаи муносиби шароитҳои иқлимӣ, гуногунрангии захираҳои рекреатсионӣ, имконияти муносиби истифодаи онҳо;

— ғановати ҳудуд аз ҷиҳати дороии ҷамъияти табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, омезиши онҳо ва мавқеи ҷойгиршавии онҳо нисбат ба минтақаҳо ва марказҳои туристӣ;

-дараҷаи азоббияти ҷолибиятҳои табиӣ ва фарҳангию таърихӣ барои қисмати асосии туристҳо ва муштариёни оянда;

— дараҷаи дастрасии ноҳия аз нуқтаи назари коммуникатсионӣ;

— дараҷаи зарурияти харҷ дар вақти омадан ба дестинатсия ва баргашт ба хона;

— дараҷаи умумии харҷи маблағҳои молиявии туристон барои анҷоми сайр;

-дараҷаи тараққиёти инфрасохтори туристӣ (муҷаҳаз будани ҳудуд бо воситаҳои ҷойгиркунонӣ, алоқа, нақлиёт, муассисаи хӯроки умумӣ, савдо ва ғайра);

— дараҷаи хизматгузорӣ (сервис) ва салоҳияти хизматрасонии кормандон ба туристҳо;

— ғунҷоиши ҳудуд барои қабули туристҳо;

— оромии вазъияти дохилии сиёсӣ;

— дараҷаи амнияти туристҳо аз нуқтаи назари криминалогӣ ва вазъияти экологӣ;

— дараҷаи рушди умумииқтисодӣ, таъминоти захираҳои меҳнатӣ, воситаҳои моддӣ ва имконияти молиявӣ барои ташкил ва рушди минбаъдаи индустрияи туризм ва меҳмондорӣ;

— ҷои ҳудуд дар бозори туристӣ, яъне ҳаҷми ҷараёни (урдуи) туристӣ ва заминаҳо барои ташкили чунин ҷараёнҳо дар оянда;

— сохтори муштариёни сохтори хориҷие, ки ба ноҳия омадаанд;

— хусусиятҳои асосии туризм дар ноҳияи мавҷуда набзи (мавсимнокӣ, давомнокӣ, намудҳои афзалиятноки туризм, мақсадҳои асосии ташрифот ва ғайра);

— муносибати ҳукуматдорон ва органҳои маҳалии туристӣ ба масоилҳои туризм;

— нақши иқтисодии туризм барои ноҳияи мавҷуда (ҳаҷми даромад ба буҷа аз туризм, харҷи маблағҳо барои рушди инфрасохтори туризм, ҷойгоҳи туризм дар миёни дигар бахшҳои иқтисодӣ ва алоқамандӣ бо онҳо, таъсири туризм ба уғли аҳолии маҳал, самараи умумии иқтисодӣ аз туризм);

— дурнамои рушди туризм дар ноҳияи мавҷуда.

Аҳамияти ҳамаи ин омилҳо дар ташаккули ноҳияҳои туристӣ гуногун мебошад. Амалии онҳо дар комбинатсияҳои гуногун таассум меёбад. Бояд зикр намуд, ки ноҳиябандӣ дар бисёр кишварҳо аз нуқтаи назари туризми дохилӣ одатан бо хусусиятҳои туризми байналмилалӣ мувофиқат наменамоянд, зеро барои шаҳрвандони худ чандон ҷолиб набошад ва барои туристони хориҷӣ низ чандон дастрас нашавад.

                Ноҳиябандии туристии хориҷӣ такя ба системаи сохторӣ ва воҳиди ҳудудӣ ба сифати воҳиди бузургтарини ҳудуд, минтақа интихоб мегардад, яъне рушди минтақаҳои географӣ: Аврупои Ғарбӣ, Аврупои Шарқӣ, Амрикои Шимолӣ, Амрикои Лотинӣ, Ховари наздик, Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Чанубу-Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, Африқо, Австралия, Океания. Воҳиди навбатии ноҳиябандии туристӣ-ии мамлакат. Ҳар як мамлакатро дар алоҳидагӣ баррасӣ намудан зарур аст, зеро сухан дар бораи туризми байналмилалӣ меравад. Аз ин хотир мубодилаи туристон байни мамлакатҳо сурат мегирад. Ғайр аз ин ҳисоби оморӣ дар туризми байналмилалӣ аз рӯи кишварҳо анҷом мегирад. Гузашта аз ин таъсири туризм ба иқтисодиёт низ аз рӯи мамлакатҳо баррасӣ мегардад. Ҳар як минтақаи туристӣ дар раванди барпошавӣ аз марҳилаҳои муайяни рушд оғоз меёбад. Яке аз сабабҳои асосии омадани одамон ба минтақа ин дидори пайвандон ва наздикон мебошад. Ғайр аз ин сафарҳои хизматӣ низ ба ин сабаб мешаванд. Баъдан аз рӯи шавқу таваҷҷуҳ тамошои ҷойҳои зебои табиӣ ва маконҳои фарҳангии минтақа сурат мегирад. Чунин талаботҳо бо мавҷудияти соҳаи хизматрасонӣ қонеъ гардонидашуда, нафарони омада бо як таассуроти хуб бармегарданд.

Дар ин марҳила рушди туризм як қисми инфраструктураи мавҷуд буда, вобаста ба теъдоди омадагон ва муҳлати будубоши онҳо мебошад.

Баъдан оҳиста- оҳиста иттилоот дар бораи афзудани гурӯҳҳои туристӣ мусоидат менамояд. Ин падидаро муассисаҳои туристӣ зуд пайхас менамоянд ва кӯшиш менамоянд, ки хизматрасонии махсуси худро барои ташрифовардагон равнақ дода, пешниҳод намоянд.

Гузашта аз ин ба минтақа нерӯи зиёди доимии корӣ дохил шуда, дар натиҷа ассимилятсия (омехташавӣ) бо мардуми маҳаллӣ ба вуҷуд меояд, ки ин сабаби азбайнравии фарҳанги миллии маҳаллӣ мешавад. Ин раванд ба ташаккули фарҳанги нав замина мегардад, ки барои минтақаи муайян хос намебошад. Ғайр аз ин тағйирёбии вазъи экологӣ ба вуҷуд меояд, ки дар натиҷа минтақа ҷаззобияти худро аз даст дода ва шумораи туристон кам гардида, иншоотҳои ҷойгиркунонӣ холӣ шуда даромад низ коҳиш меёбад.

Шарҳ баста аст.