Миқдори аҳолӣ ва сокиншавии он

0
15

Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Миёна аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ пас аз Ӯзбекистон ҷои дуюмро ишғол менамояд. Дар афзоиши он вазъияти демографӣ ва анъанаҳои миллӣ мусоидат менамояд. Вазъияти демографиро дараҷаи таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқ муайян менамояд. Андозаи мутлақи фарқи байни шумораи таваллудшудагон ва фавтидагонро (дар муддати муайяни вақт) афзоиши табиии аҳолӣ мегӯянд. Вобаста ба каму беш гардидани таносуби ин ҳодисаҳо андозаи он метавонад мусбӣ ва ё манфӣ шавад. Асоси афзоиши табииро таҷдиди (такрортаваллудкунӣ) аҳолӣ мегӯянд. Таҷдиди аҳолӣ ин як ҷараёни мунтазами бе фосила такроршаванда мебошад. Дар натиҷа ивазшавии насл ба вуҷуд меояд. Афзоиши табиӣ вазъияти демографиро муайян намояд. Вазъияти демографӣ чор равишро дар бар мегирад: таваллуд, фавт, ақти никоҳ ва талоқ. Аз ин нишондиҳандаҳои демографӣ таваллуд ва фавтро мавриди омӯзиш қарор медиҳем, ки афзоиши табиии аҳолӣ бевосита ба он вобаста мебошад. Аз ин нигоҳ демографҳо се намуди таърихии таҷдиди аҳолиро фарқ менамояд: қадимӣ, анъанавӣ, муосир. Таҷдиди қадимӣ барои давраҳои ибтидои ҷамъияти инсонӣ хос мебошад. Асоси иқтисодии он давраро хоҷагии азхудкунӣ ташкил менамуд. Онҳо аз ҳисоби аз худ намудани неъматҳои табиат зиндагӣ ба сар мебурданд. Касби асосии онҳо шикорчигӣ, моҳидорӣ ва чинда,  ғун кардани мева ва лундакҳои наботот ва дарахтон буд.

Инсон хӯроквориро аз табиат мегирифт, аммо барои афзун намудани он ғамхорӣ намекард. Афзоиши аҳолӣ ба имконияти хӯрокаи табиӣ маҳдуд карда мешуд. Дар ин давра таваллуд тақрибан ба фавт баробар буд.

Загрузка...

Равиши анъанавии афзоиши табиии аҳолӣ бо ташаккулёбии хоҷагӣ ва иқтисодиёти аграрӣ вобаста буд. Дар ин давр инсон аз рӯи анъанаи гузаштагони худ амал ва зиндагӣ мекард.

Табиӣ аст, ки дар ин шароит дар бораи танзими оила сухан намерафт. Барои ин равиши таҷдиди аҳолӣ дараҷаи баланди таваллуд ва фавт хос буд. Хусусан кӯдакони навзод бештар фавт меёфтанд.

Равиши муосири таҷдиди аҳолӣ ба хусусияти индустриалӣ пайдо кардани иқтисодиёт, зиёд шудани миқдори шаҳрҳо, ба миён омадани тарзи зиндагии шаҳрӣ ва ба соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ вобаста будани аҳолӣ вобаста мебошад. Чунин ҷамъият одамро водор менамояд, ки ба ҷараёни таҷдиди аҳолӣ шуурона назар афканад. Дар натиҷа дар ҷамъият зарурияти танзими оила ба яке масъалаҳои ҳалталаби рӯз табдил ёфт. Ҳар оила мустақилона муайян менамояд, ки чандто фарзанд дошта бошанд. Барои ин равиш кам будани фавти кӯдакон хос мебошад. Ин пешравии илми тиб инкишофи соҳаи тандурустӣ, беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, барои тағйир ёфтани назари аҳолӣ нисбат ба касалӣ ва тарзи ҳаёти худ вобаста мебошад.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2008 ба 7,4 млн. нафар мерасид. Ҳоло аз рӯи миқдори умумии аҳолӣ Тоҷикистон дар миқёси Осиёи Миёна ҷои дуюмро ишғол мекунад (ҷадвал).


Афзоиши шумораи аҳолии Тоҷикистон

дар солҳои 1959-2009

Солҳо

Миқдори аҳолӣ ҳаз. нафар

Аз он ҷумла

Аҳолии шаҳр

Аҳолии деҳот

1959

1978,8

641,6

1337,2

1970

2898,3

1073,5

1824,8

1979

3806,2

1315,8

2490,4

1989

5042,6

1655,1

3437,5

2000

6127,5

1626,3

4501,2

2008

7373,8

1941,3

5432,5


Тоҷикистон дар равиши дуюми таҷдиди аҳолӣ қарор дорад. Барои аҳолии он дараҷаи баланди афзоиши хос аст. То ба даст овардани истиқлолият таваллуд бар ҳар 1000 нафар аҳолӣ аз 27 то 28-29 нафарро ташкил мекард. Аммо ин нишондод дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва душвориҳои дохилӣ, паст рафтани сатҳи зиндагӣ, коҳиш ёфта, ҳимояи саломатӣ ва хизматрасонии тиббӣ паст рафт. Дар соли 1999 он то 14,4 ба 1000 нафар поён рафт. Ҳоло шумораи аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 7,4 миллионро ташкил менамояд, ки аз он 73,8 фоиз дар деҳот зиндагӣ мекунад. Шумораи таваллудшудагон ба 1000 нафар аҳолӣ 27,9 ва афзоиши табиии он 23,5 нафарро ташкил менамояд.  Ин ба теъдоди оилаҳо таъсири калон дорад. Дар айни замон теъдоди миёнаи оилаҳо зиёда аз 7,1 нафар ва дар деҳот 7,6 нафарро ташкил менамояд. Дар таркиби синну соли аъзоёни оилаҳо шахсони то синни 15 сола бартарӣ дорад. Мувофиқи баҳисобгирии оморӣ аҳолии то синни 15 сола 45 фоизи шумораи умумии онро ташкил менамояд. Ин ҷавонии миллати кӯҳанбунёди моро нишон медиҳад. Дар таркиби ҷинсии аҳолӣ тафовути зиёди миқдорӣ дида намешавад. Мардон 50,3 ва занон 49,7 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил менамоянд.

Тоҷикон қадимтарин сокинони ин сарзамин мебошанд. Дар таркиби миллӣ аҳолии ҷумҳурӣ аксариятро ташкил менамояд. Ҳоло 81,4 фоизи аҳолиро тоҷикон, 15,1 фоиз ӯзбекон, 0,4 фоиз русҳо, 1,1 фоиз қирғизҳо, 1,8 фоиз қазоқҳо, туркменҳо ва боқӣ қавму миллатҳои хурд ташкил мекунанд. Тоҷикон дар ҳама қаламрави ҷумҳурӣ маскун шудаанд. Як гурӯҳи хурди онҳо дар дараҳои баландкӯҳ ҳаёт ба сар мебаранд, ки онҳо забони қадимии худро нигоҳ доштанд. Ба ин гурӯҳ ваҳониҳо, ишкошимиҳо, шуғнону рӯшониҳо, язғуломиҳо дохил мешаванд. Забони маҳаллии онҳо боқимондаи саккоиҳо мебошад. Яғонибиҳои водии Зарафшон то ҳол бо диалекти забони суғдӣ бо якдигар гуфтугӯ мекунанд, ки як қисми гузаштагони тоҷикон то Осиёи Миёнаро тасарруф намудани арабҳо (то асрҳои VIIIX) бо он забон сухан мегуфтанд ва асарҳо эҷод менамуданд. Тоҷикон хусусан дар қисми кӯҳии ҷумҳурӣ бартарӣ дорад. Чунин ҷойгиршавӣ сабаб дорад. Дар натиҷаи ҳуҷуми тоифаҳои гуногуни аҷнабиён хусусан қабилаҳои бодиянишини турку муғул тоҷиконро аз ҳамвориҳои водии Зарафшон, Фарғона ва дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна танг карда бароварданд. Онҳо маҷбур шуданд, ки дар дараҳои қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз ва Помир маскан кунанд. Дар шаҳрҳои ҷумҳурӣ ҳам тоҷикон аксариятро ташкил менамоянд.

Дар давраи Шӯравӣ дар натиҷаи обёрӣ кардани даштҳои хушк як қисми аҳолии Кӯҳистон ба водии Вахш, дашти Марғедар, Мала, Гурусна ва Далварзин кӯчонида шуданд.

Ӯзбекҳо дар Тоҷикистони шимолӣ ва ҷанубӣ дар қисми ҳамвории водиҳо ҷойгир шуданд. Миқдори муайяни онҳо дар шаҳрҳо ҳам зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз якчанд қабилаҳо иборатанд. Қабилаҳои нисбатан қадимтарини онҳо қарлуқ ва туркҳо мебошанд, ки ҳаёти нимкӯчманчигӣ мегузарониданд. Дигар қабилаҳои туркзабон ба монанди лақайҳо, қатаған, дурман, юз, минг, чағатон ва амсоли онҳо пас аз асри XVI ба Осиёи Миёна сар дароварданд. Ин қабилаҳои бодиянишини саҳроӣ дар зери таъсири халқҳои муқимӣ пеш аз ҳама тоҷикону хоразмиҳо аз ҳаёти бодиянишинӣ ба нимбодиянишинӣ гузаштанд. Ҳокимияти Советӣ онҳоро нафақат муттаҳид намуд, балки ба тарзи зиндагии муқимӣ ҳидоят намуд.

Қирғизҳо дар Помири Шарқӣ ва қисман дар Тоҷикистони марказӣ маскун шуданд. Русҳо, украинҳо, белорусҳо ва қисман тоторҳо дар шаҳр ва шаҳрчаҳои хурд зиндагонӣ мекунанд. Қазоқон, қарақалпокҳо ва туркманҳо асосан дар водии Вахш ҳаёт ба сар мебаранд. Дигар халқҳои камшумор дар шаҳрҳо маскун шуданд. Тоҷикон аз давраҳои қадим ба зироаткорӣ – кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд. Ба ин бозёфтҳои бостонӣ, боқимондаи корезҳо ва каналҳои аз шахи кӯҳ гузаронида шуда гувоҳӣ медиҳад. Аҳолии шаҳр ба касбу ҳунарҳои гуногуни касбӣ машғул буданд. Беҳуда нест, ки дар шаҳрҳо кӯчаи бофандагон, кулолгарон, чармгарон, мисгарон, оҳангарон (челонгарон), кандакорон (чӯб) номгузорӣ шуда буданд. Дар деҳаҳо ҳам ҳунармандӣ васеъ паҳн гардида буд. Он малакаи ҳунармандиро ҳоло ҳам баъзе ҳунармандон истифода мебаранд. Ӯзбекҳо дар гузашта ба чорводории чарогоҳӣ ва лалмикорӣ машғул буданд. Занҳои ӯзбек намад мерехтанд, гилеми қоқма (палас), халтаҳои боркашӣ, хӯрҷин тайёр мекарданд. Қирғизҳо асосан гӯсфанд ва қутос парвариш мекарданд.

Дар давраи Ҳокимияти Шӯравӣ истифодаи малакаҳои истеҳсолӣ хусусияти ҷамъиятӣ гирифтани ҳунармандон дар артел, деҳқонон ва чорводорон дар колхозу совхозҳо муттаҳид гардиданд. Аҳолии шаҳр дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, савдо ва ғайра кор мекардагӣ шуданд. Дар замони гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ бошад, мувофиқи талаботи замон аҳолӣ соҳиби касб ва малакаҳои нав гардиданд.