Мезолит (10 – 6 ҳазор сол пеш аз милод)

0
55

Мезолит ё асри санги миёна давраеро меноманд, ки баъди палеолит сар шуда, ҳазорсолаҳои 10-6 пеш аз милодро дар бар мегирад. Ин давра ба анҷоми яхбандиҳо ва гарму хушк шудани иқлим дар Осиёи Миёна рост меояд. Дар ин давра олоти сангӣ такмил ёфта шаклҳои нави он – микролитҳои ҳандасавӣ (варақаҳои хурди росткунҷа, секунҷа, доирашакл ва ғайра) пайдо мешаванд. Маданияти микролитҳои ҳандасавӣ дар Аврупо, кишварҳои атрофи баҳри Миёназамин, Шарқи Наздик, Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон паҳн шуда буд.

Дар Тоҷикистон бошишгоҳҳои мезолитӣ аз ҳама бештар дар ҷануб, дар Данғара (Тутқавул, Сайсайёд, Чилондара, Кӯли Сӯфиён, Даҳана ва Дараи Шӯр),  Шаҳртуз (Чилучорчашма) ва Обикиик ёфт шудаанд. Ин қабилаҳо бо Шарқи Наздик ва Шимоли Эрон алоқа доштанд.

Загрузка...

Дар Тоҷикистони Шимолӣ танҳо як бошишгоҳи мезолитӣ пайдо карда шудааст – Ғори Оқтанги дар Ӯротеппа  (8-7 ҳ.с. п.м.). Дар ду қабати поёнии он микролитҳои ҳандасавӣ ёфт шудаанд.

Мезолит ва эпипалеолит. Дар ин давра бошишгоҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо олоти микролити ҳандасавӣ вуҷуд надоранд ва бошандагони онҳо танҳо аз олоти сангиобӣ истифода мебурданд. В.А. Ранов онҳоро маданияти эпипалеолитӣ номида, ба мардуми маҳаллӣ нисбат медиҳад. Ба маданияти эпипалеолитӣ бошишгоҳҳои Бешкент (11-7,5 ҳ.c.п.м.), Сайсайёди Данғара (10-9 ҳ.c.п.м.), Учкули Шӯрообод дохил мешаванд.

Мезолити Помири Шарқӣ (ҳ. 8-5 п.м.) Дар ин давра одамони ибтидоӣ на танҳо дар водиҳо ва доманакӯҳҳо, балки дар минтақаҳои баландкӯҳ низ зиндагӣ мекарданд. Дар Помири Шарқӣ  50 бошишгоҳи кушода ва ду бошишгоҳи ғорӣ ёфт шудаанд, ки ба ҳазорсолаҳои 8-5 п.м. мансуб буда, баландтарин бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ дар ҷаҳон мебошанд. Онҳоро маданияти маркансуй меноманд. Калонтарини онҳо бошишгоҳи Ошхона мебошад. Дар он 10 ҳ. маснуоти сангӣ (белчаҳо, пайконҳо ва ғайра), мӯҳраи устухонӣ, устухонпораҳо, доғҳои оташ ва пайи оташдонҳо ёфт шудаанд. Устухонҳо ба гусфанд, буз, ғурм (гӯсфанди кӯҳӣ), нахчир, хирс, рӯбоҳ, сағур, парандаҳо тааллуқ доранд.

Қадимтарин тасвирҳои ғорӣ. Дар марҳилаи охири мезолит ва аввали неолит тасаввуроти бадеъӣ ва эҳсосоти зебопарастии одамони ибтидоӣ низ инкишоф меёбад. Дар ин бора суратҳои дар деворҳои ғорҳо мавҷуд буда, шаҳодат медиҳанд. Қадимтарин  суратҳои ранга дар Осиёи Миёна дар ғори Шахта, ки дар Помири Шарқӣ дар баландии 4200 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, пайдо карда шудаанд. Дар деворҳои ин ғор шикорчиён, парандаҳо, гурозҳо, хирс, қутос ва тирҳои пайкон бо ранги сурхча тасвир карда шудаанд. Дар наздикии он дар калп боз як мусаввараи бо ранги сурхча кашида шуда ёфт шудааст. Дар он нахчирҳо ва як одам тасвир шудаанд. Ин суратҳо бо маданияти маркансуй ҳамзамон буда ба ҳазорсолаи 8 п.м. тааллуқ доранд.