Методология ва усулҳои тадқиқоти иқтисодӣ

Ҳар як илм бидуни таҳлили ҷараёну равандҳои ҳодиса, эҳёву инкишоф, тарзу услуб, методу методология ва принсипҳои дарку тадқиқи онҳо густариш ёфта наметавонад. Дар ин ҷода, илми назарияи иқтисод низ истисно нест. Аз давраи эҳё то имрӯз, вобаста ба замону макон, ва дараҷаи камолоти таҳлили равандҳои иқтисоди, илми назарияи иқтисод дар мояи принсип ва тадқикотҳои хос рушду нумӯъ намудааст.

Мавзӯҳои пурраи иқтисодиро инҷо мутолиа намоед >>> НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД

Ҳангоми омӯзиш, дарк ва тавсифи нақш ва мақоми фанни назарияи иқтисод лозим аст, ки дар навбати аввал, паҳлӯҳои муҳимтарини равандҳои тадқиқоти он муайян карда шаванд. Одатан, чунин лаҳзаҳои тадқиқоти иқтисодиро пешбарӣ мекунанд:

— муайян кардани ҳавзаи тадқиқот — ҳаёти иқтисодӣ ё худ муҳите, ки дар доираи он фаъолияти хонадорӣ, хоҷагидорӣ, давлатдорӣ… сурат мегирад;

— аниқ кардани объекти тадқиқот, яъне ҳодиса ё худ равандҳои алоҳидаи иқтисодӣ (бозор, корхона, нарх, хароҷот, иқтисоди миллӣ…);

— интихоби субъекти тадқиқот — инсон, сила, гурӯҳ, коллектив, ҷомеа, давлат…;

— тавсифи предмети тадқиқот— ҳаёти “иқтисоди инсон”, гурӯҳи одамон ва давлат, хулқу атвори онҳо дар доираи он муҳити иқтисоди, ки дар он ҷо сукунат доранд (41,25-26).

Бояд дар назар дошт, ки вазифаи асосии назарияи иқтисодӣ на дар таҳлилу тадқиқоти рӯякии ҳодисаву равандҳои иқтисодӣ, балки дар тадқиқи амиқу устувор алоқамандӣ ва баҳам пайваст будан бо дигар унсурҳои низоми иқтисодӣ ва дар ин асос муайян кардани моҳияти ҷараёнҳою равандҳои иқтисодӣ ва қонунҳову қонуниятҳои инкишофи он баён карда мешавад. Аз ин нуктаи назар назарияи иқтисод аз дигар илмҳо мушаххас фарқ мекунад.

Назарияи иқтисодӣ таҳкурсии методологии илмҳои гуногун: соҳавӣ (иқтисодӣ тиҷорат, сохтмон, саноат, кишоварзӣ…); функсионалӣ (молия, қарз маркетинг, менеҷмент, дурбинии ил-мӣ…); байнисоҳавӣ (ҷуғрофияи иқтисодӣ, демография, статистика(омор)…); таърихию иқтисодӣ (таърихи иқтисодӣ, таърихи аф-кори иқтисодӣ, таърихи хоҷагии халқ…); илмҳои маълумотию аналитикӣ (таҳлили фаъолияти хоҷагӣ, усулҳои иқтисодию риё-зӣ, тамсиласозии иқтисодӣ…) ва ғайра мебошад. Вай барои ҳа-маи ин илмҳо “ресептҳои” (нусхаҳои)  тайёрро пешниҳод карда наметавонад. Он ҳамчун илми назариявӣ, равияву самт, тарзу услуб роҳҳои ҳалли масоилҳои илмӣ-назариявӣ, равияву самт, тарзу услуб роҳу равиши ҳалли масоилҳои умдаи иқтисод, дарку тасвири воқеии онҳоро нишон медиҳад. Маҷмӯи ин ҳоди-саву равандҳо ва амалиётҳо методологияи курсро муайян мекунад.

Методология  ҳамчун низоми серпаҳлӯ ва шоҳроҳи таълимот оиди дарки услубҳои таҳлилу тадқиқот, роҳу равиш, шаклу намуд, меъёру низом, паҳлӯю самти ташкил, инкишофи таҳаввули ҷараёнҳои умумитарини иқтисодӣ баромад мекунад.

Методология масоили умдаву паҳдомани ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ ва мадании ҷомеаро ифода карда, самаранок ва қулайтарин услубҳои ташкили тарзи хонадорию фаъолияти хоҷагидориро ба нафъу фоидаи мардум ва таъмини рушду нумӯъи иқтисодӣ миллӣ тавсиф менамояд.

Таҳти методология, дар адабиёти муосири иқтисодӣ-илм оиди тасвир ва ташаккули методҳои дарку омӯзиши ҳаёти хоҷаги-дорӣ ва таҳқиқи воқеияту ҳодисаҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад. Он тавассути воқеият, фалсафа ва тафаккури ягона ва рафтору муносибати якхела нисбат ба объектҳои тадқиқшаванда шинохта мешавад. Дар ин васила, он дар ҳаллу фасли масоили: бо кадом тарзу услуби тадқиқот назарияи иқтисод қодир аст асли воқеияти ҳодиса, ҳақиқати пайдову инкишоф ва таҳаввули низомҳои иқтисодиро инъикос намояд — ҷавоб мегӯяд.

Натиҷагирӣ аз махзанҳои мавҷуда, далел аз онанд, ки методологияи назарияи иқтисод ба худ хос ва такягоҳӣ амиқу мустақим дорад ва он мувофиқан чунин тасниф карда мешавад:

-субъекти (зеҳнӣ);

-исботи ва таҷрибавӣ (позитивию эмпирикӣ);

-рафтори оқилона (ратсионалӣ, муносиб);

-диалектикию материалистӣ.

Мулоҳизаи субъективӣ аз он водор мекунанд, ки таҳқиқи ибтидоии ҳодиса ва ҷараёнҳои иқтисодӣ аз субъектҳои хоҷа-гикунанда-фардҳои алоҳида, гуруҳҳои одамон оиди ниёзу эҳтиёҷ, манфиатноки ва муайян кардани ҳадду ҳудуди онҳо оғоз карда шавад.

Услуби исботию таҷрибавӣ талаб мекунад, ки равандҳои иқтисодӣ ҳамаҷониба, дарк ва таҳлил карда шуда, натиҷаи тадқиқотҳо (дар соҳаи риёзиёт, эконометрика, кибернетика…) дар шакли тамсилаҳои иқтисодӣ, чӣ дар сатҳи “микро” ва чӣ “макроиқтисод” мустақиман истифода карда шаванд…

Методологияи ратсионалӣ дар ҷараёни тадқиқу таҳқиқи иқтисодӣ имкон медиҳад, ки бештар ба масоили мояи имконпазирии дарк ва истифодаи натиҷаҳои қонунҳои ратсионали иқтисодии тамаддун ва табиию иқтисодӣ, тарз ва услубҳои истифодаи беҳтарини хоҷагидорӣ, баланд бардоштани судмандию самараи истеҳсолоти ҷамъ-иятӣ аҳамият дода шавад.

Рафтори диалектикию материалисти тақозо менамояд, ки ҳодисаю равандҳои иқтисодӣ на аз нуктаи назари услуби исботию таҷрибавӣ, балки таҳлили айнӣ (объективӣ) ба роҳ монда шавад. Онҳо дар эҳё, инкишоф, зиддият, ҳаракат, нестшавӣ ва ғайра таҳқиқ карда шаванд (60,45-46; 62,34-36).

Дар амалия, методология ҳамчун тадқиқи методҳои мушаххас, алалхусус методҳои кулли илмию ҷузъӣ сурат мегирад.

Методҳои умумиилмӣ дар асоси принсипи материализми диалектикӣ, ки аз ҷониби файласуфони Юнони Бостон ғизо гирифтаву, минбаъд инкишоф ва густариш ёфтааст ба амал бароварда мешавад. Мувофиқи талаби ин метод — ҳодиса ва ҷараён-ҳои иқтисодӣ тавлид, густариш ва таҳаввул ёфта минбаъд аз байн мераванд. Ҳама чиз — ҳайт ва иқтисод дар мояи тазод (зиддият) ва таҳриқ (ҳаракат) сурат мегирад.

Ҳангоми дарк ва таҳлили онҳо, муомилаи (диди) таърихи ва мантиқӣ бештар истифода карда мешавад. Иттисоли онҳо имкон медиҳад, ки лаҳзаву равандҳои иқтисодӣ дар авзоқ (ҳолати) ибтидои, эҳёву инкишоф дар муозинию паи ҳамӣ, гузариш аз як шакл ба шакли дигар ва заволу аз нав эҳёшавӣ таҳти назар қарор гиранд.

Методҳои ҷузъӣ — ҳамчун тарзу услуби мушаххаси тадқиқот, таҳлилу тафриқасозии ҳодисаҳо, ба низом даровардани мафҳуму қонунҳо, санҷишу назорат, тамсилаву ва рушду нумуъи онҳо истифода карда мешавад. Онҳо чун методҳои алоҳидаи иқтисодӣ сурат мегиранд.

Методология ва методҳои назарияи иқтисодӣ таҳти сиёсату идеалогия, низомҳои ҳукмрона иқтисодӣ, ҳалли вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ… дар ҳар як давраи рушд ҳархела ташкил мегарданд. Масалан, дар давраи сотсиализм асоси метология ва методҳои иқтисодиро идеалогияи марксистию ленинӣ ва услуби (принсипи) материализми диалектикӣ, дар шароити бозор — идеологияи моликияти хусусӣ, фоидаҷӯй, соҳибкорию тавак-калӣ, дар баъзе давлатҳои ОсиёвуАфрика — дину мазҳабҳои гуногун ташкил медиҳад.

Новобаста ба хусусиятҳои мушаххаси ҳар як мамлакат, бо тарзи объективӣ (айнӣ) методҳои таҳлилу тадқиқотҳои илмӣ мавҷуданд.

Дар адабиёти иқтисодии муосир таҳти метод маҷмӯи тарз, шакл, роҳҳои коркардабарорӣ, омӯзиш ва дарку таҳлили тадқи-қотҳои ҷараёну равандҳои иқтисодӣ, яъне воситаҳои амиқу мушаххаси дарки илмӣ, ки бо мурури рушди илмҳои гуногун ва амиқгардидани алоқаи онҳо ғанӣ мегардад, фаҳмида мешавад.

Метод ҳамчун узв ва унсури муҳимтарини методология ба роҳ монда мешавад. Дар китобу васоилҳо ва дастурамалҳои мавҷуда, тахминан, чунин номгӯи методҳо тавсиф карда мешавад: мушоҳида ва коркардабароии маводҳо ба воситаи синтезу анализ, индуксияю дедуксия, таҳлили абстрактию конкретӣ, таърихию мантиқӣ, статистикию математикӣ, таҳияи низому қонунҳову мафҳумҳои иқтисодӣ, назорат ва тафтиши онҳо, гузаронидани экспериментҳо (таҷрибаҳо) тамсиласозии (модел-ҳои) математикию иқтисодӣ, оптимизатсияи иқтисодӣ ва ғайра.

Бахше аз ин методҳо соф сирати илмию назариявӣ дошта, ҳангоми эҳёву ташаккули илми “иқтисодӣ сиёси” аз ҷониби мутафаккирони алоҳида, барои таҳлилу амиқ ва ба даст овардани натиҷаҳои мушаххаси илмӣ истифода карда мешаванд. Дар шароити ҳозира, ҳоҷат ба таҳлил ва тасвири бахше аз онҳо нест. Дар акси ҳол онҳо дар китобҳои дарсӣ бо таври мукаммал шарҳ дода шудаанд. Дар ин ҷо мо ба шарҳу возеҳи баъзе аз онҳо кӯшиш ба харҷ  медиҳем.

  1. Абстраксияи (таҷриди) илмӣ услубест, ки тибқи он фақат хусусият ё муносибатҳои серпаҳлӯи ҷараёни ҳодисоти тадқиқша-ванда тафқиқ (ҷудо) карда шуда, дар шакли алоҳида дарк ва омӯхта мешавад. Объекти омӯхташуда аз элементҳо (унсурҳо)-и ғайримуқарарӣ, носолиму устувор ва муваққатӣ озод карда шуда, ба раванди доимию устувори он бештар аҳамият дода мешавад.

Абстраксия унсури муҳимтарини таҳлилу тасвири тадқиқо-ти илмие мебошад, ки бо воситаи он ҷараёни мураккаб, мураттаб ва ягонаи иқтисодӣ ё худ (системаи иқтисодӣ дар шакли том) ба қисматҳои алоҳида, зерсистемаҳо, унсурҳо ва ғайра тафқиқ (дифференсиатсия) карда мешавад. Ин давраи ибтидоии тадқи-қоти иқтисодиро усули аналитикӣ (таҳлилӣ) меноманд. Дар ин марҳала хусусиятҳои ҷузъию хислатҳои умумии унсурҳои (элементҳои) иқтисодӣ ба ҳам омезиш ёфта, мафҳуму қонуниятҳои иқтисодиро ба вуҷуд меоранд, ба тамоюл дароварда мешаванд.

Раванди минбаъдаи ба ҳам иттисол ва мутаҳид кардани абстраксияҳои алоҳида, тасаввурот ва мулоҳизот дар доираи низоми ягонаи донишҳои назариявии иқтисодӣ сурат мегирад, ки онро услуби тадқиқи синтетикӣ мегӯянд.

  1. Методи риёзиёт (математикӣ) ба ҷои методҳои пешинаи аз ҳаёти илмӣ дургардида ва паи ҳам (муозин) зикру нусхабардорандаи равандҳои иқтисодӣ, ки ҳодисаҳои умумибашариро (глобалиро) ба ҳам пайваст менамояд, ба миён омада, алоқа-мандии ҳодиса ва мувозинатии низому идоракуниро (дар асоси эҳсои ададҳои бешумори тағйирёбанда) шарҳу эзоҳ медиҳад.

Бо эҳёву таҳаввули ин метод назарияи иқтисодӣ аз андӯхти факту рақам, ба таҳлили воқеии иқтисодиву математикӣ қадам гузошт. Ин метод барои ба саҳна омадани методи “тамсиласозии иқтисодӣ” замина гузошт.

  1. Тамсиласозии (моделҳои) риёзию иқтисодӣ — тарз ва услуби махсусӣ зикр ва ба қайдгирии ҳодисаҳои иқтисодие мебошад, ки дар асоси қоида ва забони хосаи риёзи муайян ва ба роҳ монда мешавад. Воситаҳои тамсилаҳо (моделҳо) ҷанбаҳои махсусу мушаххас, сирати хосаи низомҳои иқтисодӣ, ҳамкорӣ, рақобатпазирӣ, ёрии ҳамдигарӣ, тағйир, қонуниятҳои ташаккул ва дурбинии онҳо муайян карда мешавад.
  2. Муносибгардонии (оптималикунонии) иқтисодӣ — ҳамчун шакл ва роҳҳои мухталифи интихоб ва ба таври аксар (мак-сималӣ) истифода кардани захираҳои иқтисодӣ ва таъмин намудани дараҷаи баланди самаранокии иқтисодӣ миллӣ пешниҳод карда мешавад. Масоили беҳтару мувофиқтар истифода кардани захираҳо ва омилҳои иқтисодӣ барои ҳамаи субъектҳову агент-ҳои иқтисодӣ чӣ дар сатҳи микро ва чӣ дар сатҳи макроиқтисод ҳатмӣ мебошад. Мақсади ниҳоии он — бо ҳарчи кам ба даст овардани самараи (фоидаи) беш нигаронида мешавад.
  3. Анализ ва синтез. Анализ (таҳлил) — ботинаи тафриқасозии ҳодисаҳои даркшаванда ва таҳқиқи онҳо дар шакли алоҳида. Синтез — омезиш ва иттисоли ҳодисаҳои таснифшуда ва дар ин асос баҳодиҳии ҳодиса дар шакли том.
  4. Индуксия ва дедуксия. Индуксия — услубест оиди андӯхти факту рақамҳо, истиқрори онҳо ва дар ин асос муайян кардани принсипҳои таҳлили иқтисодӣ — бозгашт аз факт ба назария, аз фард ба умумият. Дедуксия — баръакс, имкон медиҳад, ки таҳли-ли ҳодиса аз назария оғоз ёфта, минбаъд он бо факту рақамҳо мустаҳкам карда шаванд. Аз ин ҷиҳат таҳлил аз рӯи принсипи бозгашт аз умумият ба сӯи фарзият сурат мегирад.
  5. Эксперимент (таҷриба). Натиҷаи хоҷагидорӣ метавонад бо равиши ва услубҳои гуногун — тасвири хаттӣ, ҷумлабандӣ бо воситаи “забони зинда”, ҷадвалу намудорҳо (графика), тарзи ҷамъбастии риёзию оморӣ, гурӯҳбандӣ ва ғайра ифода карда шавад. Воқеан, маҳз дар ҳамин асно, таҷриба ва ҳа-ёти зинда мизони (ченакӣ) ҳақиқии муайянкунандаи иқтисод баромад мекунад. Чунки равандҳои иқтисодӣ бидуни истифодаи асбобҳои аёнӣ (микроскоп, реактивҳо…) сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, таҷ-риба, мизон ва меъёрӣ ягона ва ҳақиқии назария боқӣ мемонад.
  6. Ҷараёни мураккаби иқтисодиётро бе истифодаи намудору ҷадвалҳо тасаввур кардан имконпазир аст. Ифодаи графикӣ ҳамчун, инъикоси тамсила ва принсипҳои иқтисодӣ дар шакли истифодаи хатҳои геометрӣ тасаввур карда мешавад. Аксар вақт хатҳои шикаста, рост, каҷ, давраю нимдавра истифода карда мешавад.

Аз сабаби ноимконпазирии гузариш аз ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ бо воситаи таҷриба (эксперемент) — лозим меояд, ки онҳо чандин маротиба такрор карда шаванд, то ки дар натиҷа ҳақиқӣ ё нодуруст будани онҳо исбот  гарданд. Ин ҷараён дар раванда таҳлили исботӣ ва меъёрӣ муайян карда мешавад.

  1. Таҳлили исботӣ (позишивӣ) ва меъёрӣ (нормативӣ). Таҳти таҳлили исботӣ алоқамандии ҳодисаҳоро бо ҷараёнҳои дигар, ки дар асоси факту рақамҳои ҳақиқию аслӣ сурат мегиранд мефаҳманд. Он асосан, бо саволҳои чӣ ва чӣ хел равандҳои иқтисодӣ дар амалияи хоҷагдорӣ тадбиқ карда мешавад, ҷавоб медиҳад.

Таҳлили меъёрӣ — тарзи таҳлиле мебошад, ки он бештар ба фарзияту эҳтимолият, тахминкуниҳо асос меёбад. Ба саволҳои то чӣ андоза қарорҳо одилонаю хубанд такя мекунад.

  1. Фарзият (гипотеза) — дар асоси назорат, таҳлил, андӯх-тани факту рақамҳо, тахминкуниҳои илмӣ, муайян намудани самту равиши иқтисодиёт барои солҳои ҷорию оянда ва дур-бинии он истифода карда мешавад.
  2. Ҳақиқатпазирии ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ ҷанбаи муҳимтарини баҳодиҳии фаъолияти хоҷагидорӣ ва сиёсати иқ-тисодии давлат буда, дар асоси принсипи мушоҳида ба роҳ монда мешавад. Равандҳои иқтисодӣ на дар асоси ҳодисаҳои ягона ва эҳё бавуҷудоянда, балки гурӯҳи фактҳо, комплекси он-ҳо, истиқрору бардавом амалкунанда муайян карда мешаванд. Норозигӣ, камбудӣ, хатогӣ, носозӣ дар як звенои иқтисодӣ, ҳаргиз маънои қонуни шудани ин ҷараён, тамоюл пайдо кардани он ва вайрон кардани раванди умумииқтисодро надорад. Аз ин сабаб дар асоси як ҳодиса хулоса баровардан ва қадр кардани фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ аз ҳақиқат дур аст. Масалан, набудани ягон чиз дар мағоза, бозор ва ғайра маънои касодии иқтисодиро надорад. Бо ибораи дигар, ҳолат, вазъ ва тағйироти ҳодисаҳои хусусӣ (алоҳида), сабаби тағйирёбии ҷараёнҳои кул шуда наметавонад. Тағйиротҳо дар асоси равандҳои як омила (нарх, ҳаҷм, вазн…) ва баҳодиҳӣ дар асоси онҳо ҳақиқатно-пазиранд. Ҳақиқатпазирии ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ дар мояи истифодаи ҷараёнҳои бисьёромила сурат мегирад.
  3. Ягонагии миқдор ва сифат. Ҳодисаҳои иқтисодӣ дар ҳаёти муқаррарии одамон, ҳамчун маълумотҳои алоҳида, сифру рақамҳо, миқдор, ҳаҷм ва ғайра оиди ин ё он нишондиҳандаҳои иқтисодӣ (миқдори хӯрока, нарху наво, кор, нафақа, молу хизматҳо…), ҳамеша вирди забон давр мезананд. Одамони касбу ҳунарҳои гуногун, соҳибкасбу беихтисос, хурду калон, донистаю нодониста оиди онҳо ҳарф мезананд. Ин шарҳу эзоҳ фақат намуди зоҳирии равандҳои иқтисодиро ифода мекунад. Натиҷа-гирӣ ва хулосабандии ин равандҳо ҳамчун таҳлили миқдорӣ сурат мегирад. Таҳлили миқдорӣ худ ба худ бидуни назардошти таҳлили сифатии ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ имконнопазир аст. Аз ин ҷиҳат миқдор бояд бо таҳлили сифатӣ (фикру андеша, ақида, назариёт, мулоҳиза, хулосабарорӣ, натиҷагирӣ, дарк, исбот…) мустаҳкам гардад. Маҳз ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ дар асоси ягонагии таҳлили миқдорию сифатӣ хислати воқеӣ ва илмӣ пайдо мекунанд.
  4. Хулосаи иқтисодӣ — ҳамчун ҷамъбаст ё худ хулосаҳои санҷиши томи иқтисодӣ, ки дар асоси таҳлилу тадқиқоти ҳодисаҳои иқтисодӣ (сифру рақамҳо), алалхусус эҳтимолияту фарзият ва ғайра қарор гирифтаанд баромад мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки методҳои тадқиқотҳои иқтисодӣ ҳан-гоми тасвир ва ё тадвини равандҳои иқтисодӣ, бо таври яклухт, яку якбора (дар якҷоягӣ) — истифода карда намешаванд. Онҳо фақат бо таври идеалӣ, бо воситаи зеҳни инсон, ҳамчун қонуни “амри дил” ифшо карда мешаванд (20, 10-20; 27, 20-23; 62, 34-36).


Методология ва усулхои тадкикоти иктисоди, методхои тадкики иктисоди

Шарҳ баста аст.