географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Методҳои илмӣ ва тадқиқотии географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Географияи   иқтисодӣ   ҳамчун фанни  зербунёди фундаменталӣ  ба омӯзиш  ва   татқиқи   ҷойгиршавии   қувваҳои   истеҳсолкунанда,  рушд ва  ташаккулёбии ҳудудии системаҳои иқтисодию  иҷтимоӣ ва фаъолияти мунтазами онҳо машғул  мебошад.

 Асоси   илми   географияи  иқтисодиро   равияҳо   ва   қонуниятҳои ҷойгиршавии   қувваҳои   истеҳсолкунанда ташкил  менамояд,  давраҳои   гуногуни таърихӣ вобаста  ба тағйир ёфтани сохти сиёсию иҷтимоӣ   ҷомеа   тақмил  ва  густариш  меёбад.

Географияи иқтисодӣ қоида (принсип) ва омилҳои ҷойгиршавиро муайян намуда, дар ҷойгиршавии ҳудудии истеҳсолот таъсир мерасонад. Асоси омӯзиш ва тадқиқи  фанни географияи иқтисодӣ комплекси   ягонаи хоҷагии халқ ва ноҳияхои   иқтисодӣ мебошад.

Мавзӯи омӯзиш ва тадқиқоти географияи иқтисодии  Тоҷикистон   ин   муаян намудани  иқтидори   сарватҳои   бои   ҷумҳурӣ   ва   ноҳияҳои иқтисодии  он   мебошад,  ки   дар   ҳамбастагӣ   бо аҳолӣ, захираҳои меҳнатӣ, сохти ҷойгиршавии географии он, ташаккули соҳаҳои истеҳсолот   ва    ташкили   ҳудудии  ҷомеа  амал  мекунад.

Доираи  омӯзиши географияи иқтисодӣ ин  масъалаҳои  раванди иқтисодию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва ҳалли проблемаҳои демографии ҷомеъа мебошад. Хусусиятҳои асосии географияи иқтисодӣ   ин    омӯзиш   ва   тадқиқоти    комплексии    ҳудудҳо   буда,   вай   бо   дарёфт   ва   ҳалли    проблемаҳои    мураккаби    иқтисодию  иҷтимоӣ дар мисоли хоҷагии ягонаи комплексии Ҷумҳурии   Тоҷикистон   сарукор дорад.

Географияи   иқтисодӣ   бо   маҷмӯи   фанҳои    географӣ ,   асосҳои иқтисодиёт,  таърихи   афкори    иқтисодӣ,   сиёсатшиносӣ    ва    органҳои  идоракунии    давлат    алоқамандии   зич    дорад.

Географияи    иқтисодӣ    метод   ва   методологияи    омӯзиши    илмии ин   равияҳоро   барои    пешбурди    тараққиёт    ва   ҷобаҷогузории қувваҳои истеҳсолкунанда  истифода мебарад.

Мавқеи  омӯзиши географияи  иқтисодии Тоҷикистон барои   тайёр  намудани мутахассисони  соҳаи иқтисодиёт, менеҷерҳои    дараҷаи олӣ,  мутахассисони соҳаи  маркетинг,  таҳлили  молия   ва  фаъолияти   муҳосибӣ   хело  муҳим  мебошад.   Аз   ин   лиҳоз,  донистани   иқтидори   қунунии    сарватии   ҷумҳурӣ  ва   ноҳияҳои иқтисодии он, вазъи демографии аҳолӣ, хусусияти  ҷойгиршавии соҳаҳои хоҷагии халқ, комплексҳои минтақавӣ,  алоқаҳои  иқтисодии соҳаҳо   ва  ноҳияҳо,   зербунёди  бевоситаи    рушди   устувори  ҷомеа   ба   шумор   меравад.

Бе донистани  маҷмӯи   ин  фанҳо  тайёр  намудани   мутахассисони  соҳаи  иқтисодиёт  ва  идоракунии   корхонаҳои истеҳсолӣ  ғайриимкон  аст.  Суръати   боло   нагирифтани  соҳаҳои  истеҳсолот,   роҳ   додан  ба  хатогиҳо  дар  рушди  устувори  ҷомеа,  раванди  бӯҳронҳои  молиявӣ  иқтисодӣ  дар  давраи  гузариш  ба   иқтисодиёти  бозоргонӣ  аз  натиҷаи   суст  тайёр  намудани  мутахассисони   равияи  иқтисодӣ шаҳодат  медиҳанд.

   Ташаккул  ва   пешрафти  географияи  иқтисодӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  асосан  аз  солҳои  30-уми  асри  гузашта  ибтидо   мегирад.  Аммо оиди  равияҳои  гуногуни ҳаёти  иқтисодию иҷтимоӣ ва  фарҳангии мардуми Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон, мавқеи  иқтисодӣ-географии  шаҳрҳо,  зироаткорӣ,  чорводорӣ,   истихроҷи  сарватҳои  табиӣ,  ҳаёту  зиндагонии  халқҳои  ин  сарзамин   аз  ҷониби  олимон   ва сайёҳони  замони  пеш  маълумотҳои  нодир  оварда   шудаанд,  ки  аҳамияти  калони  таърихию иқтисодӣ  доранд.  Худи  мафҳуми географияи иқтисодиро  бори  аввал олим  ва  энсиклопедисти    рус   В.М.Ломоносов   соли  1760  истифода  бурдааст.

 Минбаъд дар  пешрафти тараққиёти  соҳаҳои  гуногуни  худ  равияҳои  алоҳидаи  онро  олимон  ва  тадқиқотчиёни  соҳаи  географияи  муосири  рус   инкишоф  дода,  устувор  гардониданд.

 Тадқиқотҳои   илмии  географҳои  Тоҷикистон  ба  омӯзиш, ҷобаҷогузории  соҳаҳои  истеҳсолот,  ташкили  ҳудудии   ҷомеа,   туризм  ва рекреатсия, ташаккул ва  рушди  соҳаҳои  алоҳидаи  истеҳсолот  бахшида  шудаанд.

  Айни  замон  дар  шароити  рушди  иқтисоди  бозоргонӣ , миқёси  проблемаҳои  ташкили  ҳудудии  истеҳсолот  васеъ  шуда  истодааст  ва  ҳалли  ин  масъалаҳо  дар  шароити  омӯзиши  ноҳияҳои  иқтисодии  Тоҷикистон бе  донистани  қонуниятҳо  ва омилҳои  географӣ   мушкилии  зиёд  ба бор меорад.

Бар хилофи  дигар  фанҳои  иқтисодӣ   географияи  иқтисодию иҷтимоӣ  ба тадқиқи  проблемаҳои  алоқамандии  табиату  ҷамъият  такя  менамояд.

Методологияи  омӯзиш  ва  тадқиқотҳои  географӣ ба  мавқеи   фазои  географӣ ва  таъсири  мавқеи   географиро ба  натиҷаи  фаъолияти  инсон, дигаргуниҳои антропогениро дар таҷрибаи тараққиёти  хоҷагидорӣ  омӯхтааст,  равон карда  шудааст.

Дар  замони  ҳозира  ташаккулёбӣ  ва  рушди  иқтисоди   бозоргонӣ  вусъат  ёфта  истодааст,  ки  он  ба  табиат  ва  сарватҳои  табиӣ ,  экосистемаҳо  таъсири  калон  мерасонанд,  бо  ин  сабаб  пешрафти илми  географияи  иқтисодӣ  низ  бояд  дар  асоси  қонунҳои  табиат  ва  иқтисодиёти бозоргонӣ амалӣ гардонида  шаванд.  Ҳоло дар Тоҷикистон  ба  проблемаҳои рушди  устувор ва  таъсиррасонии омилҳои  географиро  ба соҳаҳои истеҳсолот  аҳамияти  кофӣ  дода  намешавад,  ки  ин дар  навбати  худ  ба  нобаробар  ҷойгиршавии  ҳудудии  қувваҳои  истеҳсолӣ  оварда  мерасонад.

Дар истифодаи  методҳои  илмӣ-тадқиқотие, ки  географияи  иқтисодӣ  истифода  мебарад, нисбат  ба  дигар  фанҳои  иқтисодӣ  паҳлӯҳои  комплексии  масъалаҳои асосиро  дар  бар  мегирад.

Яке аз муҳимтарин  методҳои  тадқиқоти  илмии  географияи  иқтисодӣ —  методи  тадқиқотии ҳамтадбиқии  ҳудудҳо ба  шумор  рафта, он дар асоси омӯзиши  зинавии  қисматҳои алоҳидаи системаҳои ҳудудӣ ва  комплексҳои  соҳавӣ, ки мақсад, вазифа, хусусиятҳои  хоси  ҷойгиршавӣ, рушди қувваҳои  истеҳсолкунанда  ва  алоқамандии иқтисодии онҳоро муайян мекунад, равона карда шудааст. Масалан, комплекси гидроэнергетикӣ, металлургӣ, кимиёвӣ, пахтакорӣ ва  хӯроквории қисмати Ҷануби Тоҷикистон. Аз ин ҷост, ки ин метод    алоқамандии соҳаҳои  истеҳсолотро  аз  назари  комплексӣ меомӯзад.

Тадқиқоти комплексӣ ҳамаи  масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии  тараққиёти  онҳоро дар  бар  гирифта, ин  метод  зербунёди  дурнамои  соҳаҳоро  дар  ҳудуди  муайян  месозад. Ин метод  заминаи  илмии ягонаги тадқиқотӣ географии  иқтисодиро ташкил  намуда, зимни тадқиқ алоқаҳои дохилӣ ва берунии комплексҳоро  устувор мегардонад.

Методи  дигари  тадқиқотии географияи  иқтисодӣ , ин методи мувозинатӣ буда , беистифодаи  ин  усули  тадқиқот  ва омӯзиши  географии  ҳудуд, тараққиёти  баробар   ва  устувори  ноҳияҳо, дараҷаи  даромаднокии соҳаҳои  махсусгардонидашудаи ноҳияҳои  иқтисодиро  муайян намудан хело  мушкил мебошад. Дар натиҷаи истифодаи ин  методи  тадқиқотии илмӣ , инчунин  аҳамияти  рушди соҳаҳои  ёрирасон  низ муайян карда  мешаванд. Дар ҷойгиронӣ ва  рушди  устувори  соҳаҳои хоҷагии халқи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми зиёди методҳои илмӣ-тадқиқотӣ,ки  барои  рушди  соҳаҳо мусоидат менамоянд,  дар   гузашта истифода нашудаанд. Бинобар  қисми  зиёди  иншоотҳои  истеҳсолии Чумҳурии Тоҷикистон  аз  ҷумла: заводи  семент,  заводи азбесту семент, заводҳои хишт, иншооти барқии аловии шаҳри  Душанбе,  комбинати  бофандагӣ  ҷавобгӯи  талаботҳои ҷойгиршавии ин  соҳаҳои  саноат  нестанд.

Дар шароити  рушди  устувори иқтисоди  бозоргонӣ ва  гузаронидани дигаргуниҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши методҳои тадқиқотии иқтисодӣ-географӣ хело муҳим  мебошад, ки  дар  он  мақсадҳои  барномавӣ  аз  ҷумла: якум, инкишоф  додани соҳаи энергетика; дуюм, аз навсозии  роҳҳо;  сеюм афзун гардонии  истеҳсоли  маҳсулоти  саноативу кишоварзӣ.

Ин барномаҳо  дар асоси  омӯзиши    ҳисобҳои  системавӣ ва  вобаста  ба  тараққиёти ҳар  соҳа бояд  ба роҳ  монда шавад. Дар раванди омӯзиш ва тадқиқотҳои илмӣ масъалаҳои барномавии  иҷтимоӣ- минтақавӣ аҳамияти калон пайдо  намуда истодаанд. Бинобар он дар тартиб додан ва гузарондани тадқиқотҳои илмӣ ба барномаҳои  мақсадноки иқтисодӣ, соҳавӣ, минтақавӣ, ноҳиявӣ  бояд  диққати  ҷиддӣ   дод.

Нақшаҳои  генералии тараққиёти   иқтисодию иҷтимоӣ бояд   чорабиниҳои  давлатӣ ва ноҳиявиро ифода  намоянд аз  ҷумла: бунёди  иншоотҳои   нав,  азхуд  намудани  заминҳои  корам  ва  обёришаванда, сарватҳои табиӣ  ва ташкили ҳифзи  муҳити зист дар раванди  амалигардонии чорабиниҳои  барномавӣ.

Проблемаҳои  ташкили  ҳудудии истеҳсолот ва ташаккулёбии комплексҳои  истеҳсолию ҳудудӣ сол аз сол мушкилотҳои зиёдеро пеш  оварда истодаанд (сохтани нерӯгоҳҳои бузург,  соҳаҳои саноати кӯҳӣ,  кимиёвӣ) аз ин  нуқтаи  назар барои амалӣ гардонидани тадқиқотҳои мақсадноки барномавӣ  дар  ҳисобу китоби тадқиқотҳои географӣ, инчунин методҳои модели иқтисодию математикиро истифода  мебаранд, ки  онҳо чунин  масъалаҳои  муҳимро  дар бар мегиранд:

  1. тафовути ҳудудии рушд дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ;
  2. тараққӣ додани соҳаҳои хоҷагӣ дар ҳудуди мамлакат ва ноҳияҳоии иқтисодии он;
  3. ташаккулли комплексии хоҷагии ноҳияҳо;
  4. комплекси агросаноатии соҳавӣ.

Истифодаи модели иқтисодию математикӣ бо истифодаи компютерҳо  шароит  пайдо  менамоянд, ки бо сарфи ками  маблағ   ва  меҳнат, дар  мӯҳлати кӯтоҳ маводҳои зиёдеро таҳлил намуда, ба  натиҷаи илмӣ ноил  гардем.

Дар тадқиқотҳои илми  географияи  иқтисодӣ, инчунин методи  индуктивиро барои муайян  намудани  соҳаҳои  махсусгардонӣ  истифода  мебаранд.

Методи муқоисавӣ аниқтараш муқоисавию географӣ яке аз кӯҳнатарин методи тадқиқотӣ–географӣ, аз ҷумла географияи иқтисодию  иҷтимоӣ  мебошад. Методи мазкур ҳоло ҳам дар тадқиқотҳои географӣ васеъ истифода бурда мешавад, зеро  ки география дар ҳама давру замон бо минтақаҳо сарукор дорад. Минтақаҳо аз якдигар на фақат бо шароити табиӣ, балки бо хусусияти хоҷагӣ, тахассуси  соҳаи хоҷагидорӣ  хусусияти демографӣ ва ғайраҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Ҳамин ҷиҳати методи муқоисавию географиро ба инобат,  гирифта онро дар тадқиқоти мамлакатҳои гуногун, ноҳияҳои иқтисодӣ, шаҳрҳо, гиреҳҳои саноатӣ, хоҷагии кишоварзӣ, ноҳияҳои саноатӣ, комплексҳои истеҳсолию  минтақавӣ ва ғайра васеъ истифода мебаранд. Дар натиҷаи муқоиса намудани онҳо фарқият ва монандии онҳоро ба як ва ё якчанд хусусиятҳо муқаррар менамоянд. Ин имконият медиҳад, ки роҳҳои минбаъд инкишоф додани онҳоро муайян намоем. Ташаккулёбӣ  ва инкишофи объектҳои иқтисодию географӣ на фақат дар доираи фазо (минтақа), балки дар доираи вақт (таърих) ба амал меояд. Аз ин ҷо методи муқоисавию географӣ дар тадқиқотҳои объектҳои географӣ ҳамчун ҷузъи методи муқоисавию таърихӣ амал менамояд. Ба воситаи он на фақат объектҳои географӣ муқоиса,  балки ба гуруҳҳо ҷудо карда мешаванд.

Аз рӯи аломатҳои асосӣ на фақат объектҳои ҳамҷинс, балки  ҳамгурӯҳ низ муқоиса карда мешавад. Масалан, ноҳияи иқтисодӣ бо ноҳияи иқтисодӣ, на ноҳияи иқтисодӣ бо гиреҳи саноатӣ. Географияи иқтисодию иҷтимоӣ дар тадқиқотҳои худ, фақат аз нигоҳи фазо (минтақа) наменигарад, агарчанде ки он асоси тадқиқоти географиро ташкил менамояд. Зеро ки ташаккулёбии қувваҳои истеҳсолкунанда на фақат дар доираи фазо (минтақа), балки дар доираи вақт (таърих), ҷараён мегирад. Аз ҳамин сабаб географияи иқтисодию иҷтимоӣ дар баробари дигар методҳо  методи муқоисавии таърихиро пайваста истифода мебарад. Муайян мекунад, ки қувваҳои истеҳслкунандаи ин ва ё он мамлакат, ин ва ё он ноҳия  дар ташаккулёбии худ, кадом давраҳоро аз сар гузаронидааст  ва дар таркибу ҷойгиршавии он чи гуна тағйиротҳо ба миён омаданд. Географияи иқтисодию иҷтимоӣ на ҳама вақт дар тадқиқотҳои худ ба таърих ва географияи таърихӣ муроҷиат менамояд,  танҳо дар он маврид ба онҳо рӯй меоварад, ки маълумоти ҳар яки он барои асоснок намудани ғояҳои ҷойгир намудани қувваҳои истеҳсолкунанда, унсурҳои таркиби истеҳсолию минтақавӣ зарур  бошад. Аз ин нигоҳ, методи муқоисавии таърихиро дар тадқиқотҳои географияи иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамчун муҳимтарин метод, васеъ истифода мебаранд. Ин сабаб нест. Зеро ки географияи иқтисодию иҷтимоӣ, илми ҷамъиятию географӣ буда, он тарафҳои таърихию қаламрави ҳаёти ҷамъиятиро меомӯзад. Дар ин ҷода ба ташкили қаламрави қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият бештар рағбат зоҳир менамояд. Қувваҳои истеҳсолкунанда як системаи бисёрҷабҳа мебошанд. Бинобар он тадқиқотҳои он ғайр аз методҳои муқоисавию таърихӣ ва муқоисавию географӣ, инчунин аз дигар методҳои илмии муштарак  васеъ истифода мебарад. Яке аз онҳо методи  оморӣ мебошад. Онро ҳамчун воситаи муҳими дарккунӣ нафақат дар тадқиқотҳои географӣ, балки дар тадқиқотҳои дигар соҳаҳои илм низ истифода мебаранд. Дар географияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ методи омориро бештар дар тадқиқотҳои аҳолӣ (оморӣ — демографӣ) ва соҳаҳои хоҷагии халқ (оморӣ- иқтисодӣ) ба кор  мебаранд.

Барои гузаронидани тадқиқотҳои географӣ ҳаминаш муҳим аст, ки он ҳамон тарафи ҳодисаҳои ҷамъиятиро меомӯзад, ки ба қувваҳои исеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии ҷамъият вобаста мебошад. Натиҷаи омӯзиши худро ба шакли маълумотнома ҳар сол ба табъ мерасонад. Аз  тарафи  дигар, он дар бораи аҳолӣ ва иқтисодиёти ин ва ё он мамлакат, ноҳияҳои алоҳида тасаввурот пайдо мекунонад, ки барои тадқиқотҳои географияи иқтисодию иҷтимоӣ ниҳоят зарур аст. Дар асоси таҳлил ва муқоисаи ин маълумотҳо аз нигоҳи минтақавӣ, ба афзоиши аҳолӣ дараҷаи пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва ноҳияҳои иқтисодии он хулоса бароварда мешавад. Дар асоси ҷамъбаст сабаби пастравии иқтисодиёти мамлакат ва ноҳияҳои иқтисодии онро тадқиқ намуда, дар бораи баланд бардоштани дараҷаи иқтисодиёт аз нигоҳи илмӣ тавсия дода, пешрафти ояндаи онро дар ҳар ноҳия муайян ва пешгӯӣ менамоянд. Барои асоснок намудани хулосаҳои илмӣ дар заминаи маълумотҳои оморӣ намудҳои гуногуни диаграмма, аз ҷумла диаграммаи харитавӣ ва ҷадвалҳо тартиб дода мешавад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ инчунин баланси  хоҷагии халқ, таносуби содироту воридоти нархи молҳо, таносуби истеҳсолу истеъмоли  молҳо, даромад ва харҷи маблағ (баланси молиявӣ) ва ғайра тартиб дода мешавад. Муҳимаш он аст, ки география маълумотҳои омориро гирифта,  истифода  бурда, онро аз соҳаи оморӣ ба оморию географӣ табдил медиҳад. Яъне натиҷаи коркарди онро ба  гиреҳи саноатӣ, шаҳр, деҳа, хоҷагиҳои фермерӣ ва ғайра алоқаманд ва пайваст менамоянд. Минбаъд гурӯҳбандии маводи оморӣ-ибтидоӣ имконият медиҳад, ки ба нишондодҳои омории воҳиди калони минтақавӣ– ноҳияи саноатӣ, зонаҳои хоҷагии кишоварзӣ, комплекси истеҳсолию саноатӣ ва ноҳияи иқтисодӣ гузорем.

Маълумотҳое, ки география аз ҷумла, географияи иқтисодию иҷтимоӣ дар тадқиқотҳои худ истифода мебарад, ниҳоят гуногун ва бисёранд. Ҷамъ намудан ва минбаъд  кор кардану истифода бурдани он хело заҳмат талаб менамояд. Ин дар навбати худ талаб менамояд, ки ҷамъкунӣ ва коркарди маводи ибтидоиро ба таври автоматикӣ ба роҳ монем. Ин амалро бе истифодабарии методи омӯзиш ва машинаҳои ҳисобкунӣ  баррасӣ намудан душвор аст. Яке аз роҳҳои истифодаи он дар тадқиқотҳои географияи иқтисодию иҷтимоӣ  ба модел  даровардани объектҳои географӣ мебошад. Тавассути он система ва таркиби объектҳои географияи иқтисодию иҷтимоӣ омӯхта мешавад. Модели шаҳр, гиреҳҳои саноатӣ, комплекси минтақавию истеҳсолӣ, ноҳияи иқтисодӣ, таркиби қаламравии соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатҳои алоҳида, алоқаи байниноҳиявӣ, баланси иқтисодӣ ва ғайра аз қабили чунин объектҳо мебошанд. Дар илмҳои дақиқ барои натиҷагирӣ аз методи таҷрибагузаронӣ васеъ истифода мебаранд. География, аз ҷумла географияи иқтисодию  иҷтимоӣ барои бевосита таҷрибагузаронӣ қариб имконият надорад. Дар ин сурат мегӯяд, Ю.Г.Саушкин, «Дар географияи иқтисодию иҷтимоӣ таҷриба аз рӯи модели объектҳои географӣ гузаронида мешавад. Баъд илова менамояд:, таҷриба гузаронидан бо модел на фақат имконпазир, балки зарур мебошад: зеро ки гузарондани таҷриба бо модел имконият медиҳад, ки тадқиқотчӣ аз рӯи модел як масъаларо бо тарзҳои гуногун ҳал намуда, аз ҳама роҳи беҳтаринашро интихоб намояд». Аз дигар тараф, омӯзиши моделҳои риёзӣ ба тадқиқотчӣ имконият медиҳад, ки қоида ва қонуниятҳои географиро муайян намояд, ки бо методҳои анъанавӣ онҳоро муайян намудан душвор аст.

Бояд дар хотир дошт, ки аз ҳама методҳои анъанавии географӣ ин методи картографӣ ва риёзӣ дар тадқиқотҳои географӣ ба ҳисоб мераванд. Методи картографӣ яке аз методҳои кӯҳнатарин буда, онро дар тадқиқотҳои географӣ васеъ истифода мебаранд. Зеро он ки ягон тадқиқоти географӣ, аз ҷумла географияи иқтисодию иҷтимоӣ бе истифода аз  харита гузаронида намешавад. Ҳар як тадқиқоти географӣ аз истифодаи харита сар мешавад ва бо он ба охир мерасад. Беҳуда нест, ки харитаро Н.Н. Баранский «… алфа ва омегаи география» ва ба ин мутобиқ намуда, Ю.Г.Саушкин онро «алфа ва омегаи географияи иқтисодию иҷтимоӣ» гуфтааст. Дар ҳақиқат ҳар як тадқиқоти географӣ аз харита оғоз меёбад. Ин маълумот заминаест, ки ба он такя карда,  маводи тадқиқотӣ ҷамъ менамояд. Агар объекти тадқиқот ноҳияи иқтисодӣ бошад, он ҷамъ намудани миқдори зиёди маълумотҳои оморию  демографӣ, оморию иқтисодӣ ва ғайраро талаб менамояд. Дар асоси коркарди маълумотҳои ҷамъшуда маълумотҳои харитаи ноҳия аниқ ва такмил дода, аз ҳисоби маълумотҳои нав мазмуни он бой гардонида мешавад. Ҳамин тавр, ҳар як тадқиқоти навбатӣ дар харита акси худро мегузорад. Ҳамаи он методҳое, ки мо қаблан баён кардем, дар рафти тадқиқот дар алоҳидагӣ не, балки бо ҳам омехта ва бо ҳам пайваста истифода мешаванд. Дар ин раванди тадқиқотҳои илмӣ, инчунин методҳои омӯзиш, экспедитсионӣ, визуалӣ ва камералӣ низ истифода мешаванд,ки онҳо паҳлӯҳои гуногунитараққиёт ва ҷойгиршавии самараноки соҳаҳоро нишон дода, роҳу усулҳои ташкили ҳудудии истеҳсолотро дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок менамоянд.

Шарҳ баста аст.